Паёмовари раҳмат

Илм ва фановарӣ 08.12.2010 16:39

muhammadsalom44Чанде пеш интишороти маъруфи «Петербургское Востоковедение» китоби профессори Донишгоҳи Теҳрон Сайид Алӣ Миршариф «Паёмовари раҳмат» («Вестник милости»)-ро, ки ба сираи (зиндагиномаи) Паёмбари ислом ихтисос гирифтааст, ба забон русӣ мунташир намуд. Тарҷумаи китоб тавассути ҳамватани мо Муҳаммадсалом Махшулов анҷом шудааст.

Ҳадафи ин нашрия ошно намудани хонандаи русзабон бо таъолим ва арзишҳои исломӣ ва бавижа зиндагиномаи Паёмбари акрам аст. Муаллифи китоб бо истифода аз мӯътабартарин манобеъи хаттии қадим ва муъосир муҳимтарин ҷанбаҳои зиндагӣ ва фаъолияти Паёмбарро бо истифода аз таҳлили амиқи илмӣ ва услубшиносӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ба унвони вижагии мунҳасир ба фарди ин китоб бояд аз он ёдовар шуд, ки муаллиф бо як маҳорат ва огоҳии хосе сатҳи эътибор ва арзиши илмии манобеъ ва сарчашмаҳои хаттии мавриди истифодаашро низ баррасӣ ва мушаххас намудааст.

Нашри китоб бо тавзеҳот ва табсираҳои зарурӣ низ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки ин тадбир дарки иборот ва матолиби вижаи исломӣ ва фарҳангиро барои хонандаи русзабон осонтар менамояд.

Ҳаққи тарҷума ва чопи ин китоб дар кишварҳои мухаталифи ҷаҳон мутааллиқ ба Маркази рушду таҳқиқи улуми инсонии «Самт» (Ирон) мебошад. Маркази мазкур дар соли 1984 бо ҳадафи таъмини донишгоҳҳои Ирон ва дигар кишварҳои исломӣ бо адабиёти зарурӣ дар заминаи маънавиёт ва улуми инсонӣ таъсис ёфтааст.

Дар Русия тайи чанд соли ахир дар тарҷумаи Муҳаммадсалом Махшулов теъдоди зиёде аз осори донишмандони исломӣ аз зумраи Имом Ғаззолӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ, Аллома Таботабоӣ, Сайид Ҳусайни Наср, Абдулҳусайни Зарринкӯб ва дигарон тавассути интишороти академии ин кишвар – «Восточная литература РАН», «Петербургское востоковедение» «Исток» ва «Андалус» ба забони русӣ ба табъ расидаанд.

Муҳаммадсалом Махшулов моҳи феврали соли ҷорӣ барои тарҷумаи ду асари донишманди маъруфи ҷаҳони Ислом Муртазо Мутаҳҳарӣ – «Хадамоти мутақобилаи Ислом ва Ирон» ва «Инсони комил», ки аз ҷониби интишороти академии «Петербургское Востоковедение» ба табъ расида буданд, сазовори дарёфти Ҷойизаи Байналмилалии «Китоби Соли Ирон» гардида буд. Пас аз устод Сотим Улуғзода Ӯ дуюмин тоҷикест, ки сазовори дарёфти ин Ҷойизаи байналмилалӣ шудааст.

Ҳоло эшон машғули тарҷумаи китоби сеҷилдаи донишманди шаҳири иронӣ Муҳаммад Тақӣ Мисбоҳи Яздӣ – «Омӯзиши ақойид» аст. Ва қарор аст, ки ин китоб дар ояндаи наздик аз тарафи як интишороти академии Маскав ба табъ бирасад.

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97