Донишкадаи басташуда дар мақоми аввал

Илм ва фановарӣ 07.10.2010 13:33
5Нашрияи «Миллат» дар оғози мавсими дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон саҳифаи махсусеро барои муайян намудани рейтинги донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ва чи гуна маҳбубияту маъруфият доштани онҳо миёни мардум ҷудо намуда буд, ки тибқи ваъда он мебойист дар шанбеи аввали моҳи октябр, мусодиф ба Рӯзи муаллим ҷамъбаст шавад.

Инак фурсате расида, ки мо барои хонандаи хеш аз ҷамъбасти назарсанҷӣ дар мавриди нуфузи макотиби олии кишварамон хабар бидиҳем. Чуноне маълум аст, раъйдиҳӣ ба донишгоҳу донишкадаи мақбули хонанда бо ду тарз; аз роҳи пур кардани варақабаргаҳои рӯзнома ва аз тариқи SMS- и ирсолнамуда роҳандозӣ шуда буд. Натиҷаи ҷамъбасти озмуни мазкур нишон дод, ки Донишкадаи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон бо касби 71 дар сади оро дар мақоми аввал, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо доштани 13 дар сади овозҳо дар ҷойи дуввум ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ бо гирифтани 3 дар сади раъй дар мақоми саввум қарор ёфтаанд. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо дарёфти 3 дар сади овозҳо ҷойи чаҳорум ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо касби 2,5 дар сади раъйи хонанда мақоми панҷумро дар ҷадвали озмун ишғол намуданд.

Ҷамъбасти озмун баёнгари он аст, ки макотиби олие чун Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ба касби орои хонандаи «Миллат» сазовор нагаштанд, яъне ҳеч SMS ва ё варақабаргае ба ҷонибдорӣ аз ин макотиби олии номбурда ба идораи нашрия нарасид. Албатта ин як назарсанҷи буд, ки он миёни хонандаи «Миллат» роҳандозӣ гардид ва мо гуфтанӣ нестем, ки масалан, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки ҳамагӣ ба 0, 4 овози хонанда соҳиб шудааст, аз макотиби олии барандаи озмун шуда камтар нуфуз ва эътибор миёни мардум дорад. Ва ҳамин 13 дар сад овози гирифтаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон албатта комилан ифодаи ҳамин қадар рейтинг доштани ин донишгоҳ дар ҷомеъа нест. Талош барои дохилшавӣ дар факултаҳое чун шарқшиносӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, журналистика ва ғайра дар тобистони имсол бозгӯи он буд, ки ин Донишгоҳ аз эътибор ва нуфузи хосае миёни мардум ва довталабон бархурдор аст. Вале бо вуҷуд мо натавонистем назар ва андешаи хонандаи хешро, ки дар ин озмун ширкат кардаву овози хешро ба донишгоҳу донишкадаи мақбулаш ирсол намудааст, нодида бигирем.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97