ЯРМАРКАҲОИ КОРВОН, ГАНҶИНА, ШОҲМАНСУР АЗ ҲАМДИГАР ЧӢ ТАФОВУТ ДОРАНД?

Иҷтимоъ 25.08.2008 13:16

Бо ба забон овардани калимаи ярмарка дар ин айём пеши назар ярмаркаҳои сабзавоту меваҷот меояд. Вале ярмаркаҳои Корвону Ганҷина… ярмаркаҳои хоҷагии деҳқонӣ набуда, балки ярмаркаҳои мактабианд. Дар ин ярмаркаҳо ба ҷои картошкаву пиёзу бодирингу помидор пойафзолу куртаву шиму костюм ва ҷо-ҷо мисли маҳсулоти камёфти кишоварзӣ асбоби хониш- дафтару қаламу рӯзномаву китоб мефурӯшанд.

Миёнаҳои моҳи июл миёни мардум миш-миш буд, ки дар мактабҳои миёна дарс аз 1-уми август оғоз мешавад. Ин хабарро баъзе волидайн ҳақиқат пиндошта то замони ошкор шудани дурӯғин будани он аллакай сару либоси фарзандони мактабхонашонро харида буданд. Вале, соли нави хониш аз 1-уми сентябр оғоз меёбаду боқимонда волидайн имрӯзҳо дар тараддуди ба он омода кардани фарзандони худ ҳастанд. Бо ибтикори раёсати бозорҳои пойтахт дар чанд бозори нисбатан калон ярмаркаҳои мактабӣ таъсис дода шудааст. Сар карда аз бозори яклухтфурӯшии Корвон то бозори Шоҳмансур ҳамарӯза садҳо нафар мактаббача, чи аз дохили пойтахт ва чи аз ноҳияҳои тобеъу дурдаст, сару либоси мактабӣ ва ҷиҳози хонишро харидорӣ мекунанд.

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф 3 июли соли 2007 "Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ" тасдиқ шудааст, мегӯяд Ҷалолиддин Амиршоев, сармутахассиси райёсати таҳсилоти то мактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф.

Дар банди 1.1 ин қарор омадааст: "Аз моҳи сентябри соли 2007 Дастурамали мазкур дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (новобаста аз шакли моликияташон, давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ) амалӣ гардонида шавад."

Ҷалолиддин Амиршоев мегӯяд: - Ҳарчанд ки ин дастурамал соли гузашта то оғози таҳсил интишор шуда буд, аммо фурсат ҳам аз даст рафта буд. Бинобар ҳамин сабаб қисми зиёди хонандагон дар интихоби сару либос ва ҷиҳози хониш ба хатоӣ роҳ додаанду либосҳоеро харида буданд, ки тибқи ин дастурамал манъ карда шудааст. Имсол ба Шӯрои педагогӣ, Шӯрои ҷамъиятӣ ва Кумитаи падару модарон супориш дода шудааст, ки ба амалӣ гардидани ин дастурамал назорат баранд.

"Дастурамал намуди тавсиявии либосҳои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумиро муайян менамояд. Либосҳои мазкур баробари хонандагонро дар мактаб таъмин менамояд. Либосҳои мактабӣ аз матои пахтагину пашмӣ ва абрешим омода карда мешаванд. Барои ба саломатии кӯдакон таъсири манфӣ нарасонидан аз истифодаи матоъҳои синтетикӣ худдорӣ карда мешавад", омадааст дар муқаддимаи дастурамал.

Ана аз ҳаминҷо сар мезанад хараҷу мараҷ ва эътирози мардум ба ярмаркаҳои мактабӣ. Агар чанд намуд либосҳои гаронбаҳои туркиро ба ҳисоб нагирем, дигар ҳамаи матоъпораҳое, ки дар намуди куртаву шиму костюм ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд, дар ягон ҷои онҳо калимаи "Cotton" дарҷ нагардидааст! Ва агар дарҷ ҳам гардида бошад ба ин тарз: cotton-15%!

Ҳамчунин истифодаи дафтарҳои дорои расмҳои урён ва тарғибкунандаи фаҳш, ҳар гуна расмҳо аз ҷумла ситораҳои санъат ва ғайра барои хонандагон манъ карда шудааст. Аҷиб аст, ки то ҳол ин гуна дафтарҳо ба чашм мехӯранд ва хонандагон даста-даста барои фанни химия, алгебра, таърих…аз ин намуди дафтарҳо харидорӣ мекунанд. Агар бовар намекунед- марҳамат ба ярмарка!

Булаҷабии мавзӯи ярмаркаҳои мактабии пойтахт ин аст: Дар ярмаркаи мактабии воқеъ дар бозори яклухтфурӯшии Корвон як шиму костюм барои хонандаи синфи 10-ум аз 50 то 120 сомонӣ, пойафзол аз 20 то 50 сомонӣ, курта аз 10 то 30 сомонӣ, галстук аз 5 то 8 сомонӣ, ҷузвдон аз 15 то 30 сомонӣ, дафтари 12 -варақа аз 30 дирам, дафтари умумӣ аз 50 дирам, ручка аз 20 дирам боло қиммат доранд. Бояд гуфт ки арзонтарин ярмарка айни ҳол ин ярмаркаи яклухтфурӯшии бозори Корвон аст. Меоем ба бозори Ганҷина: ин бозор дар ду нуқта ярмаркаи мактабӣ таъсис додааст. Бо вуҷуди ҳамон молу ҳамон матоъ будан, нархи ҷиҳози мактабии ярмаркаи Ганҷина аз Корвон фарқ мекунад. Масалан, айнан ҳамон шиму пиҷаке, ки дар бозори Корвон 110 сомонӣ қиммат дорад, дар Ганҷина 130 сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Ҳамин гуна тафовути нархҳо дар ҳамаи ашёи ярмарка дида мешавад. Ручкае ки дар Корвон 30 дирам қиммат дорад, онро дар Ганҷина 40 дирам нарх гузоштаанд. Ҷузвдонҳо дар бозори Корвон 8 сомонӣ, дар Ганҷина аз 12- сомонӣ боло нарх доранд.

Ман намедонам ки аз Чин то бозори Корвон чанд километр роҳ аст ва аз Корвон то бозори Шоҳмансур чи қадари дигар, аммо дидам ки ҳамон шиму костюми 110 сомонаи бозори Корвон дар ярмаркаи мактабии бозори Шоҳмансур 170 сомонӣ аст!

Ин аст булаҷаб коре дар ярмаркаҳои мактабӣ!

Ин ҷо аз боби сифати маҳсулоти мактабӣ ҳарф намезанем, зеро дар тӯли чанд соле, ки ашёҳои истеҳсолии чиниро ба бар мекунем, ҳамагон ошноии комил дорем ба сифати "аълои" колои чинӣ.

Аммо рӯи ин масъала бояд дуруст фикр бикунем, ки билфарз як хонавода 3- нафар фарзанди мактабхон дошта бошад, барои ҳар кадоме аз 150 то 200 сомонӣ маблағ сарф карда либоси мактабӣ бихарад, беҳтар нест, ки вазорати маориф ин дастурамалро каме тағйир дода, ба ҷои ҳамаи вариантҳое, ки дар дастурамал овардааст танҳо либоси ягонаи мактабӣ тартиб медод, беҳтар мебуд. Зеро бар хилофи ин дастурамал боз ҳам ҳастанд нафароне, ки бо дороӣ ва либосҳои қимматбаҳои худ мехоҳанд миёни фарзандони нодору камбағал фарқ намоянд.


Ёқуби САИД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97