МУРОҶИАТНОМА

Иҷтимоъ 22.08.2008 22:42

Иқдоми Ҷиргаи ҷавонони ҳизби миллигарои «Афғон миллат» ва гурӯҳҳои тундрави дигар дар содир кардани ҳукми қатл барои шоир ва донишманди тавонои Афғонистон ва раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон, Латифи Пидром, ки 15 сол боз узви раёсати ҷамъияти байналмилалии «Пайванд» низ ҳаст, иқдоме бар зидди як шахс нест, балки иқдомест басо хатарнок бар зидди як ҷараёни бузурги равшанфикрӣ, тозаандешӣ ва навсозию навоварӣ.

Илова бар он эъломи ҷоизаи 200 ҳазор доллар барои «овардани сари Латифи Пидром», ки аз он бӯйи террор, ваҳшоният ва хушунати бемисл бо таъбирҳои асримиёнагӣ меояд, бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, то дар амал бар эҷоди терроризм ва ҳомиёни пинҳону ошкори ин ҷараёни махуф мавзеъгирӣ намояд. Мо мутмаинем, ки агар пеши роҳи ин ҷараён гирифта нашавад, қатъан он бар аллайҳи дигар чеҳраҳои равшанфикри Афғонистон ва ҳатто берун аз он ҳам равона хоҳад шуд. Аммо дар ин миён сукути мармузи давлати расмии Афғонистон ва ҳомиёни ғарбии он (ки фалсафаи ҳузурамон дар Афғонистон мубориза бо терроризм аст) бисёр нигаронкунанда аст.

Бинобар ин мо бо судури Қарори мазкур тақозо мекунем:

1. Ҳукумати ҶИА мавзеи расмии худро дар қиболи ҳизби миллии «Афғон-миллат» ва Ҷиргаи ҷавонони вилояти Пактиё ва бозаргонони Пактико эълом ва таъмини амнияти ҷони Латифи Пидромро расман кафолат диҳад.

2. Аз порлумони ҶИА пурсида мешавад, ки ба ин қазия расидагӣ кунад.

3.Кишварҳои ИМА, Бритониёи Кабир, Фаронса, Олмон, Канада ва соири ҳомиёни ҶИА ва ҳомиёни мубориза бо терроризм дар ҷаҳон мавзеи худро дар баробари ин амали ҳизби «Афғон Миллат» ва ҳомиёну ҷонибдорони он ки даъвати ошкор ва ҳатто сармоягузорӣ барои терроризм аст, муайян кунанд.

4. Ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод карда шавад, ки ҳизби «Афғон миллат»-ро ҳамчун ҳизби ифротӣ ва ҳомии терроризм эътироф намояд.

5. Ба сарони кишварҳои узви СҲШ пешниҳод карда шавад, ки дар иҷлоси қарибулвуқӯъи созмон дар Душанбе (28 августи соли 2008) мавзӯъи расидагӣ ба таассуботи қавмӣ дар Афғонистонро ба ҷаноби Ҳомид Карзай гӯшзад кунанд.

6. Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ, Созмони хабарнигорони бидуни марз ва дигар созмонҳои марбута дар асраъи вақт иқдоми Ҷиргаи ҷавонони ҳизби «Афғон миллат» - ро маҳкум ва ҳимояти худро аз Латифи Пидром эълом намоянд.

7. Аз Анҷумани «Пайванд», ки Латифи Пидром 15 сол боз узви он аст, даъват мешавад, ки аз ин узви анҷуман ҳимоят ба амал орад.

8. Аз Давлати Тоҷикистон дархост карда шавад, ки то ҳал шудани қазия ба Латифи Пидром паноҳгоҳ фароҳам кунад.

Мӯъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон

Муҳаммадҷон Шакурӣ, академик

Ҷӯрабек Назрӣ, узви вобастаи АУ

Дӯстмуҳаммади Дӯст, доктори илми таърих

Маҳмадова Меҳрӣ, номзади илми фалсафа

Равшан Ёрмуҳаммад, нависанда

Ҳикмат Раҳмат, шоир

Султони Ҳамад, нависанда

Абдуғафори Камол, рӯзноманигор

Тилло Некқадам, рӯзноманигор

Нилуфари Собир, рӯзноманигор

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ, рӯзноманигор

Маҳҷуби Кифтон, рӯзноманигор

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор

Мавзӯнаи Муҳаммадалӣ, рӯзноманигор

Мушкиниссо Асозода, рӯзноманигор

Абдуфаттоҳи Воҳидзода, рӯзноманигор

Баҳриддин Нодиров, рӯзноманигор

Ҷаҳонгири Султон, рӯзноманигор

Азизи Хошок, соҳибкор

Толибшоҳи Сайид, хабарнигор

Исфандиёри Одина, хабарнигор

ва дигарон


Ҷаҳонгири СУЛТОН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97