ОБИ ДАРИ ХОНА ё сиёсати қадршиносӣ дар амал

Иҷтимоъ 21.08.2008 22:58

Хирадманде гуфтааст, ки агар худро дӯст дорӣ, табибонро эҳтиром намо. Бале, хосса агар табиб фозилу донишманд бошад. Ҳоло мутаассифона мо дар марҳилае зиндагӣ мекунем, ки калимаҳои табиб ва донишманд на ҳама вақт муродифанд. Вале дар ҳар сурат олами тиб аз фарзандони фарзона орӣ нест ва чанд сол пеш вақте ки мо як гурӯҳ рӯзноманигорон аз пойтахт ба минтақаҳо ва ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар доираи як лоиҳаи созмони ҷамъиятии "Гендер ва тараққиёт" сафар доштем, бо чунин инсони нодире сӯҳбат доштам.

Ин табиб Ато Табаров мебошад. Он солҳо ӯ дар вазифаи мудири шӯъбаи тандурустии шаҳри Кӯлоб кор мекард ва мо рӯзноманигорон ҳангоми нишасти матбуотӣ тафовути рӯшанеро байни ҷавобҳои ӯ ва ҷавобҳои дигар кормандони Ҳукумати шаҳри Кӯлоб дарёфтем. Баъди нишасти матбуотӣ сари як пиёла чой сӯҳбати мо бо доктор Ато Табаров идома ёфт ва он дар шакли як мақола бо унвони "Аз Кӯлоб чӣ овардӣ?" дар маҷаллаи "Гуфтугӯ" дарҷ ёфта буд. Воқеан аз он сӯҳбат дар ёди ман Ато Табаров на танҳо ҳамчун табиби донишманд ва сарвари кордон, инчунин ҳамчун донандаи хуби адабиёт ва забони халқи худ монда буд.

Таи чанд соли минбаъд тасодуф даст надод, ки ман аз рӯзгори қаҳрамони мақолаи худ огаҳӣ дошта бошам ва имсол ҳангоми кор бо Хадамоти тандурустии Хазинаи Оғохон ӯро дар нақши яке аз роҳбарони ин идора дар шаҳри Кӯлоб дарёфтам. Ман аз вохӯрӣ хеле шод шудам, зеро барои рӯзноманигор инсоне чун Ато Табаров ҳамеша бозёфт аст. Доктор Ато ҳам маро шинохт ва баъд аз анҷоми семинар бо вуҷуди масруфии худ лутфан розӣ шуд, ки чанд фурсате бо мо сӯҳбати инфиродӣ дошта бошад. Мо аз сӯҳбати чанд сол пешина ёдовар шудем ва доктор Ато аз рӯзгори худ дар тӯли 4-5 соли сипаришуда бароямон накл кард. Рости гап хангоми сӯҳбати якум мо рӯзноманигорон байни худ доктор Аторо щӯхиомез "вазири тандурустии минтақаи Кӯлоб" ном дода будем, зеро паҳнои андеша ва тарзи тафаккураш хеле васеу мушаххас буду ғайрату ҷасораташ дар мавриди ҳалли масоил низ тез ба чашм мехӯрд. Вале аз сӯҳбати имрӯза маълум шуд, мутаасифона дар ин фосила имкони истифодаи донишу малакаи доктор Ато дар ҳалли масоили сершумори соҳаи тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб хелеҳо кам шудааст. Зиёда аз ин ғайрату ҷасорат ва ошкоргӯии ӯ сабаби мушкилоти рӯзгор ва ниҳоят тарки вазифа карданаш гардидааст.

Азбаски Ато Табаров ба худаш содиқ аст, ҳоло аз нигоҳи обрӯ ва маош кори хуб дорад. Ғайрату садоқати ватанпарастӣ боиси кашфи ҳунари тозаи ӯ - тарҷимонӣ гардидааст. Бо кӯмаки Ато Табаров тамоми маводи тақсимотии Хадамоти тандурустии Хазинаи Оғохон дар Кӯлоб хеле шево ба забони тоҷикӣ гардонда шудааст Мо намунаҳои кори ӯро бо ҳаловат мутолиа кардем, зеро на ҳар тарҷимони касбӣ баъзан чунин равон беғалат тарҷима мекунад ва борҳо шудааст, ки аз тарҷимаҳои беҳунаронаи сарихудӣ, табъи моро хира мекунад. Ба назарам дар аввал чунин намуд, ки доктор Ато дар вазифаи имрӯзааш худро хеле роҳат ҳис мекунад, зеро тамоми ғайрату донишаш ин ҷо татбиқ ва қадр мешавад. Вале аз рафти сӯҳбат чизи дигаре равшан шуд, ки дили маро харошид. Дарвоқеъ ӯ дар ин вазифа танҳо малакаву дониши роҳбарӣ ва ташкилотчигии худро сарф карда метавонад, вале на ҳунару касби асосиаш - ҷарроҳиро. Ман чанд сол инҷониб теғи ҷарроҳиро ба даст нагирифтаам, - дардомез гуфт ӯ дар сӯҳбат. Аслан мо тоҷикон аҷоиб табиати пуртаззоде дорем. Дар мамлакате, ки табибони соҳибсаводе чун Ато Табаров ангуштшумору бемориҳо беҳисобанд, ҷарроҳе бо чунин савияи донишу ғайрати кор, аз фаъолияти духтурӣ дар канор мондааст. Ба саволи ман "чаро Шумо ба Душанбе барои кор нарафтед, он ҷо имкон бештар аст" доктор Ато ҷавобе дод, ки ман кайҳо боз аз касе нашунида будам. "Ман фарзанди Кӯлоб ҳастам ва дар ҳамин ҷо кор кардану ин ҷоро обод дидан мехоҳам". Дарвоқеъ аксари мо ҳангоме ки рушд кардан хоҳем ё дар ҳалли мушкилоте дар маҳале дармонем, ҳатман рӯ ба минтақаи дигар меоварем, агар дар маҳал бошем, ба пойтахт меравем, агар дар пойтахт бошем, ба ягон кишвари дигар рафтан мехоҳем. Вале доктор Табаров роҳи гурез ё тарзи осони корро намеҷӯяд ва ин шояд аз он бошад, ки садоқат - хислати асосии Ато Табаров аст ва он дар муносибати ӯ ба ҳама чиз - касб, принсипҳо, диёр, забон, оила ва умуман ба ҳар чизе, ки ӯ дорад, зоҳир мешавад.

Дар мисоли рӯзгори доктор Табаров - бори дигар таззоди талхи воқеияти имрӯзаи ҷомеаи мо. ки сад ҳазор афсӯс, ки барои миллати мо хусусияти меросӣ касб кардааст ва бешакку шубҳа ба бунёди мо табар мезанад, равшан акс меёбад. Ин ба қадри фарзандони фарзонаи худ нарасидани мо ва бадин минвол миллату ояндаи онро аз ғановати ҳунару дониши онҳо маҳрум кардан аст. Мусаллам аст, инқирози фарҳангӣ сарчашмаи кулли инқирозҳои дигар - иқтисодиву сиёсӣ, экологиву иҷтимоӣ ва ғайра мебошад. Эҳтиёт ва қадршиносии кадрҳои варзида бояд қисми таркибии фарҳанги сиёсати мамлакат бошад, вагарна имрӯз, ки аз кишвар берун рафтани мардум, хосса мутахассисони кордон шакли оммавӣ пайдо карда истодааст, фардо вой бар ҳоли миллату мамлакат хоҳад буд. Ҳоло баъзеи ин кадрҳо дар созмонҳои байналхалқӣ ҷои кору фаъолият пайдо карда дар ватан мемонанд, вале сохторҳои давлатӣ аз нерӯву имконияти онҳо маҳрум мегарданд.

Ва дар чунин муҳит Ато Табаров ноумед нест. Ӯ зимни сӯҳбат орзуи худро баён карда гуфт, ки мехоҳад клиникаи шахсии замонавие ташкил кунад, ки он ҷо тамоми шароит барои беморон муҳайё бошаду дар иҷрои ҷарроҳиҳои мураккаб имконпазир гардад, вале барои ин маблағи заруриро надорад. Ман метавонистам аз мамлакатҳои пешрафта таҷҳизоти истифодашудаи онҳоро, ки арзонтар меафтад пайдо кунам. Азбаски дар он мамлакатҳо таҷҳизоти тиббӣ хеле зуд иваз карда мешавад, чунин таҷҳизот барои минтақаи мо ҳоло фақат орзуест., - мегӯяд доктор Табаров.

18 август - рӯзи кормандони тандурустист. Дар ин рӯз ман мехостам доктор Ато Табаров ва чун ӯ садоқатмандони касби худро табрик бигӯям ва орзу дорам, ки замоне беморон аз минтақаву кишварҳои дигар ба Кӯлоб, ба клиникаи шахсии Ато Табаров барои муолиҷа биёянд ва ба ин минвол авлодони Синои бузург будани тоҷикон бори дигар собит шавад. Агар дигар роҳи татбиқи ҳунари ҷарроҳии доктор Ато дар Тоҷикистон набошад….


Марям Давлатова, Кӯлоб- Душанбе
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97