Барқро аз моҳи сентябр қатъ мекунанд

Иҷтимоъ 24.07.2008 19:29

Дар як нишасти матбуоти, ки дар вазорати энергетика ва саноат баргузор гардид, Гул Шералӣ, вазири Энергетика ва саноати ҶТ гуфт: «Дар ошхонаву тарабхонаҳои пойтахт аз моҳи сентябр «лимит» муқаррар карда мешавад. Аллакай ангишти кофӣ, махсусан барои тарабхонаву ошхонаҳои пойахт дар деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор захира шудааст, ки ишон метавонанд истифода баранд.»

Гуфта шуд, ки сатҳи оби обанбори Норак бо сабаби камбориш омадани баҳори имсола нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 метр кам аст. То имрӯз вазорати энергетика муваффақ шудааст, ки нақшаи муқарар гардидаи қувваи барқро 103% иҷро кунад. Ҳамчунин қайд гардид, ки барои тайёрӣ ба зимистон як гурӯҳи корӣ ташкил карда шудааст, дар пойтахт ҳамаи трансформаторҳоро равғанмолӣ кардаистодаанд.

Бо кушода шудани 2 агрегати НБО Сангтуда-1 барои бо энергетика таъмин кардани аҳолӣ кумаки зиёд мерасонанд. Вале ҳоло кафолат дода намешавад, ки имсол дар фасли сармо, ҳадди аққал, пойтахт пурра бо қувваи барқ таъмин карда мешавад.

Феълан корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун идома дорад. Аз ҳисоби буҷаи ҳукумат 40 милион доллар ҷудо шудааст, ки то имрӯз 20 миллионаш аз худ карда шудааст.

Тибқи маълумотҳои пешакӣ гуфта мешавад, ки моҳҳои сентябр ва октябри имсол ҳам бебориш меояд, ки ин боиси коҳиш ёфтани тавлиди нируи барқ мегардад.

Ҳамчунин Гул Шералӣ қайд кард, ки имсол корхонаи алюминиюми Регар бояд барқро аз Туркманистон харидорӣ кунад.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97