Ӯ, МО РОССИЯ СОХТАГӢ!

Иҷтимоъ 17.07.2008 20:42

Бобо, бачаи ҳамсоя мегӯяд, ки қалъаи Ҳисора бобояш сохтааст. Паат фахр мекунад. Шумо чӣ сохтагӣ?
Э ҷони бобо! Ту напурс ҷони бобо, ту напурсу ман нагӯям! Ту глобуса дидагийӣ? Харитая-чӣ? Ино ҳамаш ерунда, бачам! Кадом давра шунидӣ, ки дар ватани мо аққалан ҷӯгӣ мардикор шуда бошад?
Ан-не! Ҳозир, ба шарофати мо, шукргузорӣ, ки немису италянетс мурда-мурда Қас­ри Миллатҳо месозанд, хитойчаҳо шабу рӯз нагуфта ғуломвор роҳ месозанд. Ӯ, мо эрония медонӣ чи кор кадагӣ! Ҳа-ҳа-ҳа! Ҳамин ту таги замин даромада тунел мековӣ? Дидӣ, эронӣ мековад!
У бобои вай балбес чӣ кардас - қалъа сохтас. Чӣ мекунӣ қалъая? Қалъа барои одамои чумо. Агар душман ҳуҷум кунад, дарунаш пинҳон шуда, худро ҳимоя мекунад. Мо чумо не! Моба қалъа даркор не. Мо ҳуҷум кадагемо кадагӣ! Ана Россия. Ҳамаи сохтмонаша мо месозем. Заводаша, фабрикаша, хонеша… О унҷаба саҳми мо ҳам ҳаст. Рӯзаш расад даъво мекунем. Чӣ, Россия моба шарики стратегӣ бошад, бачаҳомоба чӣ? Бачаҳои мо расиян! А-а-а! Тиха, бачам, момот нафаҳмад. Ҳа, туям мардак-ку! Гап байни худамо, ду-сета амакои туям ҳастан ҳамунҷа-ба.
Урусо ба қавле омада моя мустамлика кадагӣ. Уно армия-кати омадагӣ. Карамултук, калашникуф. Мо кетман-кати рафтагӣ. Рафтагемоям рафтагӣ-да! Панҷо соли дига ними урус Иван-тоҷик мешад. Мо ниқори миллӣ мегирем. Анекдота медонӣ? Ҳӯ дар бораи кампирак. Очаша бенам гуфтагӣ-ку.
Инаш як тараф, зӯреш гуҷо-ба кӣ ҳар сол миллиард-миллиард доллар аз унҷа пул мебиёрем. Фоидаи мо ҳиҷ чӣ. Зарари уноя гӯ! Оста-оста оқтисоди Россия худди иқтисоди мо барин мешавад.
Урусо одамои аҷоиб. Ҳар чепуха-ба бовар мекунанд. Ванга, Нострадамус, Глоба… Э, бечораҳо. Ина раисои мо. Ванга-панга пеши ино-ба дурӯғгӯ! Ҳамеш точно медонад, ки пагоҳ чӣ мешавад. Беғалат пешгӯйӣ мекунанд, шерамардҳо. Мегӯянд газ намешавад-газ намешавад. Беоб мемонед гӯянд - об нест мешавад. Барқ гӯянд - торикӣ-гарантия! Ин хелӣ экстрасенсҳо дар давлатҳои дигар баҳои бриллиант меистанд. Мегӯм урусо агар мефаҳмиданд, раисои моя бурда ба худашон экстрасенс мекарданду моба раис мефирсонданд ҷонон мешуд-да!
Ӯ бобо! Бас! Маразм шудагӣ Шумо!



Сафват Бурҳонов
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97