Қонун, ҷомеа ва ВНМО дар Тоҷикистон

Иҷтимоъ 01.08.2019 12:30

 “Бо Вируси Норасоии Масунияти Одам (ВНМО) ҳам метавон зиндагӣ кард. ВНМО беморие нест, ки ба осонӣ ба он сироят шуд. Одамон набояд ба ин ҳад аз мо биҳаросанду дурӣ биҷуянд. Бисёр мехоҳем, ки даркамон кунанд ва моро дар ҷомеа бипазиранд» - бо шиква мегӯяд ҳамсуҳбати ман Мадина. Яке аз мушкилоти аввалиндараҷаи гирифторони ВНМО дар Тоҷикистон ин табу донистани он аз суи ҷомеа мебошад. Тарс, нанг ва ноогоҳӣ далели густариши ин беморӣ шудааст. Ин омилҳо боиси кӯчидани Мадина аз маҳалли зисти ӯ будааст.

 “Ман ҳангоми ташхиси ҳомиладорӣ аз гирифториам ба ВНМО огоҳ шудам. Аз бемориам натарсидам. Ваҳшат аз шавҳарам ва наздикону ҳамсоягон маро фаро гирифт. Дертар бо шавҳарам ва наздиконам ба мушкил ин ҳолати маро қабул карданд. Аммо ҷомеаи маҳал дар муқобили ман қарор гирифт. Маҷбур ба тарки макони зистам шудам ва дар ҷойи дигар бемориамро шадидан махфӣ медорам» - мегӯяд Мадина.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 8026 нафар гирифторони ин беморӣ ба сар мебаранд.  Ҳукумати Тоҷикистон бар пояи қонуни мушаххас ифшои шахсияти гирифтор ба ВНМО ва ҳама гуна табъизу мухолифат бо онҳоро мамнӯъ элон кардааст. Ба гуфтаи Турахон Набиев,  масъули Маркази мубориза бо ВНМО дар шаҳри Душанбе ҳукумати Тоҷикистон барои гирифторони ин беморӣ бештарин шароитро фароҳам овардааст, аз ҷумла ташхис, табобат ва дорувориҳо ройгон мебошад.

Маъмулан дар кишварҳои дигари дунё бештарин ноқилони ВНМО танфурӯшон, муътодон ва ҳамҷинсгароён мебошанд, аммо дар Тоҷикистон муҳоҷирони корӣ воридкунандаи ин беморӣ ҳастанд. Ҳамсуҳбати дигари ман ҷавони 30 солаест, ки дар Русия ба ин беморӣ мубтало шудааст. Умар мегӯяд: “Ман ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтам. Аввал ба маводди мухаддир муътод ва дар пайи он бо роҳи тазриқ ба ВНМО мубтало шудам. Ба Тоҷикистон баргаштам, табобат гирифтам, ҳамсар ва ду фарзанди солим дорам. Аммо аз табу халос нашудам. Ҳанӯз ҳам баъзеҳо ба чашми бад менигаранд. Дар ҳоле ки дар ҷаҳон одамон аз бемории саратону сармохӯрдагӣ бештар мемиранд”.

Ба ақидаи Таҳмина Ҳайдарова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО, ҳар занеро, ки ҳамзисташ ба алоқаи ҷинсии номашруъ машғул аст, хавфи зиёди гирифтори ба ВНМО-ро дорад. Бахусус ҳамсари марди муҳоҷири корӣ, ҳамсари марди ҳамҷинсгарову нашъаманди тазриқӣ ва инчунин занони танфуруш аз ҷумлаи қишри осебпазир дониста мешаванд. “Маъмулан бештарин ниҳодҳои зидахл барои пешгирӣ аз афзоиши ин беморӣ бо нашъамандон, ҳамҷинсгароён ва танфурушон кор мекунанд, аммо ҳамсарони муҳоҷирони корӣ дар канор мемонанд. Дар ҳоле ки танфурушон нисбатан аз мубтало шудан эминанд, чун медонанд ба чи кор даст задаанду пешгирӣ мекунанд. Аммо ҳамсарони муҳоҷирони корӣ ҳатто дар фикри роҳҳои пешгирӣ нестанд.”

Дар ҳоли ҳозир аз 8026 нафар гирифторони ВНМО ҳудуди 6000 мардон, ба хусус муҳоҷирони корӣ мебошанд. Ҳамин аст, ки тибқи Моддаи 15 Муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда, банди 1 ва 2 Кодекси Оилаи Тоҷикистон (ҚҶТ аз 15.03.2016с., №1290; ҚҶТ аз 14.11.16с., №1365) тамоми шаҳрвандоне, ки ақди никоҳ мебанданд, арус ва домод ба таври ҳатмӣ дар марказҳои ВНМО аз ташхис ба таври ройгон мегузаранд. Барои ҷуфтҳои никоҳшаванда тестҳои фаврӣ пешбинӣ шудааст, ки он дар зарфи 15 дақиқа натиҷаи таҳлилро муайян мекунад. Аммо ба ақидаи Шуҳрат Латипов, ҳамоҳангсози барномавии ташкилоти ҷамъиятии “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” механизми иҷроиши ин моддаи Кодекси оила бо назардошти ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони дорои ВНМО бояд такмил шавад. Зимни иҷрои он бояд ҳуқуқи шахсони гирифтори ин беморӣ ба инобат гирифта шавад. “ Зеро вақте, ки баъд аз муоинаи тиббӣ муайян мешавад, ки яке аз шахсони никоҳшаванда дорои бемории ВНМО мебошад, алҳол САҲШ, мақомоти танзим ва падару модари тарафи дигар никоҳшаванда аз ин ҳолати бемор огаҳ мешаванд. Дар ҳоле ки қонуни дигар ифшои сирри гирифтории беморони ВНМО -ро мамнуъ кардааст. Шахси дорои ВНМО танҳо бо хоҳиши худаш  ба шахси дуюм (никоҳшаванда) “дарди” худро ошкор намояд. Дар ҳолати зерин, ки якчанд нафар аз сирри тиббӣ огаҳӣ меёбанд, эҳтимоли фош шудани сирри тиббӣ ба дигарон низ зиёд аст.

Мутобиқ бар гузориши таҳлилии Анҷумани беморони ВНМО-и Осиёи марказӣ 55% гирифторони бемории мазкур дар Тоҷикистон бо таҳқир ва фишори равонӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ҳуқуқҳои шахсони гирифтори ВНМО-ро Кодекси Саломатӣ ва дигар меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоят мекунад. Аммо ба ақидаи мутахассисин баъзе бандҳои ин қонунҳо ба ислоҳу иловаҳо зарурат доранд. Масалан, дар моддаи 125, қисми 1-и Кодекси Ҷиноии ҶТ, ки омадааст “Дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам гузоштани шахси дигар бо маҳдуд кардан аз озодӣ ва ҷавобгарӣ кашида мешавад.  Шуҳрат Латпов, ҳамоҳангсози барномавии ташкилоти Ҷамъиятии “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” дар ин маврид мегӯяд “Мутобиқ ба ин модда ҳамаи шахсони мубталои ВНМО хавфи ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудан ҳастанд, зеро ки дар Тоҷикистон оилаҳое ҳастанд, ки яке аз онҳо дорои ВНМО ва дигаре солим мебошад. Шахсони мубталои ВНМО ҳангоми муолиҷаи пурраи АРТ (муолиҷаи зиддивирусӣ) ва дар ҳолати сарбории вирусиашон сифр (нол) будан ба ҳамзисти худ бе зараранд. Ҳатто имкони таваллуди кӯдаки солимро доранд. Бояд дақиқ кард ки маҳз дар кадом марҳила ва ҳолат “Хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам” ҷиноят дониста мешавад.

Он парвандаҳои ҷиноятии пурсару садое, ки нисбати занони мубталои ВНМО дар ду соли охир дар расонаҳо нашр шудаанд, бар асоси ҳамин моддаи 125, кисми 1 рӯйи кор гирифта мешаванд.  

Агарчи давлати Тоҷикистон барои табобат ва ҳифзи ҳуқуқу амнияти ин гурӯҳи одамон бештарин шароитро фароҳам овардааст, аммо ҷомеаи суннатии кишвар дар муқобили онҳо таъсири бештар дорад. Бинобар ин Маркази Ҷумҳуриявии Пешгирӣ ва мубориза бар зиди ВНМО ҳамроҳ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” TNW plus ва дастгирии техникии СММ ЮНОДС «Нақшаи миллӣ оид ба муқовимат ба табъиз ва табу (тамғагузорӣ) вобаста ба сирояти ВНМО барои солҳои 2019-2021» тарҳрезӣ кардааст.

Шаҳноз Комилзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97