Таъзиянома

Иҷтимоъ 03.07.2019 11:54

     Боз як модари меҳрубон, як гулпарвари хонадон, боз як ҳамсари вафодор, як ҳамсояи қадрдон дар авҷи камоли меҳру муҳаббат аз олам даргузашт.

      Як бонуе, ки бояд ҷамъият ӯро медиду мешинохт, аммо ӯ хидмат ба ҷамъияти хонаводаашро интихоб кард, ки он низ хидмат ба ҷамъият ҳаст.

     Рӯзигул Убайдуллоева, ҳамсари ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хонаи ҷовидонааш рахти сафар баст. Ба руҳи ин модари дилсӯзу фидокор, ки фарзандони накукор тарбият карда, ба воя расонид, сано мефиристем, ҷояш ҷаннат бод ва Худо раҳмати ҳаққаш кунад.

      Бигузор, ин чанд сатр ҳамдардии мо-  ҳамсоягон барои таскини аҳли хонаводаи Рӯзигули худораҳматӣ бошад.

      Рӯзе, ки Рӯзигул рафт, дил зор гиря мекард,

      Бо ёди хандаҳояш, гулзор гиря мекард.

 

      Рӯзи азои модар ҷӯйбор чашми нам дошт,

      Акси ҷавонии ӯ аз рафтанаш алам дошт.

 

      Рӯзи азои модар рӯзи азои гул буд,

      Боғи пур аз фаришта мотамсарои гул буд.

 

      Нури сафои имон дар чеҳрааш аён, рафт,

      Хуршеди хона модар, хуршеди осмон рафт.

 

Гулрухсори Сафӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97