"Занро зан, намурд..."

Иҷтимоъ 03.04.2019 13:03

Бино ба иттилои радиои “Озодӣ”, додситонӣ нисбат ба Сафарбек Маҳмадсаидзода, милисае, ки дар латукӯби як зан гумонбар мешуд, парвандаи ҷиноӣ боз накардааст.

Рафтори корманди милиса ҳамчун ҳимоя аз худ ва атрофиён "аз як зани маст" унвон шудааст.

Ба иттилои ин манбаъ,  мақомот пас аз омӯзиши масъала ба ин натиҷа расиданд, ки корманди милиса оинномаи кориашро вайрон кард, вале "қасдан ҷиноят содир накардааст". Ба гуфтаи манбаъи “Озодӣ”, ӯ аз ҳамлаи зани маст, ки ба худи корманди милиса ва атрофиёнаш таҳдид дошт, пешгирӣ кард.

Манбаъ афзудааст: "Гуфтаҳои шоҳидон ва наворҳои дигар нишон дод, ки ин зан аввал ба корманди милиса афтода, ба ӯ ҳамла мекунад. Корманди милиса бо талоши пешгирӣ аз ҳамлаҳои ӯ ва нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳамлаҳои ӯ танҳо посух гардонидааст. Корманди милиса дар ҳолати "казармавӣ" қарор дошт ва дар рӯзи Наврӯз супориши қатъӣ гирифта буданд, ки аз ҳар бетартибӣ пешгирӣ кунанд".

Аммо гуфта мешавад, танҳо тафтиши аввал оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ин корманди милисаро рад кардааст, вале агар шикояте дар ин замина аз ҷонибе сурат гирад, имкони бозбинӣ ҳанӯз вуҷуд дорад.

Зимнан, рӯзи Наврӯз, 21-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд, ки корманди милиса ба сару рӯи зане шаппотӣ мезанад, пас аз дахолати роҳгузарон зан канор меравад ва аз пушти сар ба милиса як шаппотӣ мезанад. Дар идомаи навор зан рӯи роҳрав афтода аст. ..

Дар пайи ин ҳодиса, аз суи ҳомиёни тартибот эълом шуд,  зане, ки мавриди латукӯб қарор гирифт, ҳолати рӯҳии хуб надоштааст. Вазорати корҳои дохилии кишвар дар пайи  нашри наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ корманди милисаро аз кор барканор кард ва чанд масъули "Воҳиди махсус"-и ВКД-ро ҷазои интизомӣ дод.

Латукӯби занон дар Тоҷикистон дар аксари маврид як амри маъмулӣ дониста мешавад, аммо дар ин авохир фаъолони ҷомеаи маданӣ корзореро барои рафъи хушунати хиёбонӣ дар баробари бонувон роҳандозӣ кардаанд ва бо ба иштирок гузоштани аксу видеои “қаҳрамонон”-и кӯчабозорӣ онҳоро ба дасти қонун месупоранд.

Аммо муҷозот нашудани корманди милиса нигарониҳоеро миёни ин ақшор ба вуҷуд овардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97