Низоъи "якасра"-и обу замин дар Ворух кай анҷом меёбад?

Иҷтимоъ 01.04.2019 10:04

Mуноқишаҳои марзӣ дар минтақаи Ворухи Исфара, ки ахиран сар зад, бо марги сокини маҳаллӣ Расоиддин Тешаев анҷомид. Дар ин задухурдҳо ҳамчунин 28 сокини дигари маҳаллӣ захмӣ шуданд.

Бино ба нақли шоҳидони ҳодиса, ин муноқиша санаи 14 март тахминан соати 15:00 рух дода, дар аввал байни сокинони ҷамоати Оқсойи вилояти Ботканд ва сокинони ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара сангпаронӣ сурат гирифтааст. Баъдан аз ҷониби Қирғизистон ба тарафи сокинони Ворух аз аслиҳа тир кушода шуда, аз тири то ҳол номаълум сокини 37-солаи ин ҷамоат Расоиддин Тешаев ба ҳалокат расид.

 

Ҳамакнун баъди марги Расоиддин 3 фарзанди ноболиғи вай - Шаҳбонуи 4 сола, Алишер ва Муҳаммадсаид, ки яке 7 ва дигаре 10 сол доранд, бе падар монданд.

Иномиддин Тешаев, падари Расоиддин, ки 84 сол дорад, мегӯяд, марги писари хурдии хонадон, ки ноновари оила буд, ӯро афсурда кардааст. “Писари ғӯрамаргам саробони оила ва рӯзидеҳи ману ҳамсарам ва зану се фарзандаш буд”, - бо андуҳи гарон мегӯяд ин пирамард.

 Иномиддин Тешаев мегӯяд, ки ба ночор минбаъд хароҷоти рӯзгорро аз ҳисоби маблағи нафақааш таъмин мекунад ва акнун барои ӯ ва аҳли оиалааш осон нахоҳад буд.

Очаниссо Тешаева, модари зор ва солманди Расоиддин марги писсаро “вазнинтарин имтиҳон”-и тақдир номида, мегӯяд, то ҳол бовар надорад, ки писараш фавтидааст. Модари фарзандгумкарда бо сӯзу гудоз мегӯяд: “Аз масъулин талаб мекунам, ки бигузор гунаҳкорро пайдо созанд ва қотили фарзанди ман дар назди қонун ба кардаи худ ҷавоб диҳад”.

Ин модаркалони 72-соларо ояндаи 3 набераи ҳамакнун ятимаш нигарон кардааст.

20190327_175127

Мақомоти шаҳри Исфара мегӯянд, ҳоло сари масъалаи омӯзиш ва таҳияи ҳуҷҷатҳои ҷабрдидагони муноқишаи охири марзӣ кор карда истодаанд ва гуфта мешавад, ки баъди санҷиши ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳо бо дарназардошти вазъи иҷтимоии оилавӣ ба онҳо кумакпулӣ расонида хоҳад шуд. Мақомот мегӯяд, фарзандони нафарони дар ин ҳодиса фавтида то синни 18 солагӣ бо кумакпулии ҳармоҳа таъмин карда мешаванд. Аммо то ҳол ҳаҷми маблағи он маълум нест.

Мавлуда Зайниева, сокини маҳаллаи Сангтӯдаи ҷамоати Ворух, ки дар муноқишаи марзии санаи 14 март ҷароҳат бардоштааст, мегӯяд, аз муноқишаҳо бо миллати қирғиз, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд, дилгир шудааст ва умед дорад, сулҳу оромӣ дар ин минтақа ба таври мудовим барқарор шавад.

Сулҳиддин Муҳиддинов - сокини дигари Ворух, ки шоҳиди чандин даргирии марзӣ будааст, мегӯяд, аввалин низоъ дар ин минтақа моҳи декабри соли 1974 барои замин сар зада буд. Вай бар ин назар аст, ки ягона роҳи бартараф намудани низоҳои марзӣ муайян намудани хатти марз аст. Ҳамчунинин ҳамсӯҳбати мо афзуд, бояд барои аҳолии ҷамоати деҳоти Ворухи ба ҷазирақаламрав табдил шуда, роҳи ҷудогона сохта шавад.

Баъди ба иҷора додани чарогоҳҳои минтақаи Ворух ба ҷониби Қирғизистон муаммои норасоии чарогоҳ барои чорпо моро ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст. Масъулинро зарур аст, ки сари ин масъала андеша намоянд, то ки омили сар задани низоъҳои дигар нагардад”, - мегӯяд Сулҳиддин.

Ихтилоф дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вақте ба амал омад, ки сокинони деҳоти марзии Қирғизистон сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқро, ки аз соли 2014 ба ин тараф манъ шуда буд, аз сар гирифтанд. То санаи 18 март вазъият дар ин минтақа ташвишовар боқӣ монд. Музокироти ҷониби Тоҷикистон бо Қирғизистон, ки 14-уми март оғоз гардид, чаҳор рӯз тӯл кашид ва рӯзи 18-уми март, ҳарду ҷониб гуфтанд, ки ба созиш расидаанд. Бино ба хабарҳои охир санаи 4-5-уми апрел давраи дигари музокира дар робита ба таъйин ва аломатгузории хатти марз дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Дар ин мавзеъ табиат аз фаро расидани баҳор хабар медиҳад, аммо андӯҳи гарони ин фоҷиа ба сокинони ин русто имкон надода, то накҳати онро эҳсос кунанд. На садои карнаю сурнай, на дасту по кӯбии беҳисоб, ва на таслиятҳои беҳудуди мо наметавонад, малҳами дилҳои дардманди сокинони ин мавзеъ бишавад. Магар ин ки ҳалли одилонаи ин низоъ, ки сокинони ғамзадаи ин диёр мунтазири он ҳастанд!

Ҷаҳонгир Мирсалимов,
Хуҷанд  -Ворух

Наврӯзи 2019

махсус барои маҷаллати онлайнии "Ҳавво",

замимаи "Миллат"

Аз идора: Ҷаҳонгир, хабарнигори ҷавон ва хеле пурталош дар рӯзҳои таътилоти Наврӯзӣ ба аёдати ҷабрдидагони ин фоҷиа рафт. Рафт то барои мардуми гирифтори андӯҳ изҳори ҳамдилӣ кунад. Ин ҳам раҳоварди ин сафар аст, ки бо худ овардааст.

          Рӯзгоратон баҳорӣ бод!

Сардабир

  

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97