Урупоиҳо дар як рӯз чи қадар вақти худро ба харид кардан ҷудо мекунанд?

Иҷтимоъ 26.11.2018 11:04

Бар асоси оморҳои мунташиршуда дар Евросет бо истинод аз муассисаи омори Урупо воқеъ дар Люксембург, урупоиҳо рӯзона ба таври мутавассит 28 дақиқа аз замони худро сарфи харид кардан ва дарёфти хадамоти шахсӣ мекунанд.

Бар асоси назарсанҷиҳое, ки байни солҳои 2008 то 2015 дар 18 кишвари урупоӣ анҷом шудааст, замоне ки мардуми Урупо сарфи харид кардан ва дарёфти хадамоти шахсӣ монанди рафтан ба ороишгоҳ ё муроҷиъа ба пизишк мекунанд аз 14 то 35 дақиқаро дар бар мегирад.

Олмон, Ҳоланд, Бритониё ва Белгия кишварҳое ҳастанд, ки мардуми онҳо ба таври миёнгин (миёна) рӯзона 30 дақиқа ё бештар аз замони худро сарфи харид кардан ё дарёфти хадамоти фардӣ (шахсӣ) мекунанд. Дар муқобил мардуми Туркия, Руминия, Сербия ва Юнон ба тури мутавассит камтар аз 20 дақиқа аз замони худро сарфи ин корҳо мекунанд.

Ин баррасӣ бар рӯи афроди 15 то 74 сола сурат гирифтааст. Рӯзона ва ба таври миёна гурӯҳи синнии 15 то 19 сол 13.4 дақиқа, гурӯҳи синнии 20 то 24 сол 17.8 дақиқа, гурӯҳи синнии 25 то 44 сол 23.4 дақиқа, гурӯҳи синнии 45 то 64 сол 28.4 дақиқа ва афроди болои 65 сол 29.9 дақиқа аз замони худро ба харид кардан ё дарёфти хадамоти шахсӣ ихтисос медиҳанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97