«Номаи бахт»

Иҷтимоъ 26.01.2018 10:55

 Ё бозӣ бо боварҳои мардум

 «Номаи бахт», яъне чӣ?

Тибқи омор, бо номаҳои хушбахтӣ анқариб ҳар кадоме аз мо дучор омадаем. Бархе бар ин номаҳо эътиборе намедиҳанд, аммо бархе дигар баръакс дақиқан аз рӯи дастуроти он амал ва фармудаҳои онро иҷро мекунанд.

 Таърихи зуҳури «номаҳои бахт»

Таърихи пайдоиши «номаҳои бахт» реша дар Мисри қадим дорад. Он ҷо Китоби мурдаҳо мавҷуд буд, ки дар он ваъда мешуд, ҳар кӣ ҳамроҳ бо ин китоб гӯронида шавад, аз нав зинда хоҳад шуд. Дар арсҳои миёна ин номаҳоро «номаҳои муқаддас» унвон мекарданд. Ин номаҳо характери динӣ доштанд. Дар онҳо дуоҳои ҳифзкунанда нигошта шуда буданд, ки бояд ҳамроҳи хеш мегардонданд ва ба дигарон мерасониданд. Ононро ҳамчунин «номаҳои осмонӣ» меномиданд.

 «Номаҳои бахт» имрӯз чӣ хусусият доранд?

«Номаҳои бахт»-и замонавӣ асосан тариқи пусти электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд. «Номаҳои бахт» дар сурати паҳн кардани он аз сӯи номагиранда ва ё наздикони ӯ ваъда (хушбахтӣ, саломатӣ, муваффақият, пул) медиҳад. Он характери фалсафӣ, асотирӣ ва хислати таълимдиҳанда доранд.

Аксари вақт ин гуна номаҳо ба муҳассилони мактаб ва донишҷӯён, дақиқтараш бо такя ба зудбоварӣ ва ҳасосияти онҳо нигаронида мешавад.

«Номаи бахт» метавонад «спам»-и ниқобпӯш бошад, ки метавонад ба компютери Шумо вирус ворид кунад.

 Сохтори «Номаи бахт»

Аз рӯи қоида, «Номаи бахт» чунин сохтор дорад:

– унвон

– достон (қисса) дар бораи пайдоиши нома

– шаҳодат дар бораи дар куҷо маҳфуз будани нусхаи асли нома

– исботи қувваи хориқулоъдаи ҳуҷҷат

– талаби ба теъдоди муайяни одамон фиристодани нома

– вақти муайяни паҳн кардани нома

– дар вақти муайяншуда барои паҳн кардани нома, ваъдаи хушбахтӣ ё барои беэътиборӣ ба нома муҷозот шудан.

Номаҳои бахт ҳамеша бе ном (ананимӣ) мебошанд. Дар онҳо аксари вақт далелҳои овардашуда ғалат мебошанд. Ҳеч кас намедонад, ки ин нома чанд маротиба даври заминро гаштааст ва ё дар куҷо маҳфуз аст, агар он дар ҳақиқат мавҷуд бошад.

Дигар навъи «номаҳои бахт»

Баъзе вақт «номаи бахт» аз чаҳорчӯбаи як бозӣ берун шуда ба навъи «кулоҳбардорӣ» ё фиребгарӣ табдил мешавад. Ба ғайр аз асли матн, дар ҳошияи он оварда мешавад, ки бо суратҳисоби дарҷшуда бояд миқдоре пул бирезед. Баъдан суратҳисоби худро боз кунед. Пас аз 5, 10, 30 рӯз «бахт ба рӯи Шумо механдад» соҳиби миқдори муайяни пул хоҳед шуд.

Ҳамчунин номаҳое ҳам мерасад, ки дар девори сафҳаи иҷтимоии дӯстонатон паёми муайнеро дарҷ намоед. Вобаста ба чӣ қадар ва чӣ гуна дарёфти посух, шумо дар бораи тақдири худ ва ё ягон чизи дигар огаҳӣ хоҳед ёфт.

Боз навъи номаҳои имдодхоҳӣ низ мавҷуд аст. Дар ин гуна номаҳо дар бораи бемории одамон (бештар кӯдакон) қисса мекунанд. Дар нома илтиҷо мекунанд то кумак бикунед. На ҳар аз гоҳе ин гуна номаҳо бардурӯғанд. Агар Шумо дар ҳақиқат мехоҳед ба маризон кумак кунед, ба заҳмат ҳувияти беморро мушаххас кунед, ба бемористон тамос бигиред ва хулоса, дақиқ кунед, ки кумакатон ба бемори воқеӣ бирасад.

Ҳар шахс худаш тасмим мегирад, ки ба ин гуна «номаҳои бахт» дода шавад ё нашавад. Муҳимтараш шумо ба ҳамчунин номаҳо ба гунаи як бозӣ ва бофта муносибат кунед, ва иҷозат надиҳед шуморо гумроҳ созанд.

P.S. Ҳоло дар вайберу фейсбук ва дигар сафҳаҳои иҷтимоӣ номаҳое, бештар ҷанбаи хурофотӣ дошта паҳн мешаванд, ки хондан ва ирсоли он ба дӯстонатон як кори беҳудае хоҳад буд. Зеро аз он ба шумо ҳеч манфиате намерасад. Баръакс он хотири шуморо ошуфта месозад. Дар мавриди мавҷудияти ҳамчунин номаҳо дар замони шӯравӣ низ қиссаҳои зиёд мавҷуд аст. Ба хусус, ниҳодҳои интизомӣ ва қудратӣ барои пеши роҳи раванди паҳншавии ин гуна номаҳоро гирифтан талошҳои зиёде ба харҷ медоданд. Дар шумораҳои оянда дар бораи ҷузъиёти ин гуна номаҳо ва бархӯрди мақомоти интзомӣ ба расонандагони ин гуна номаҳо хоҳем навишт. Ва агар нафаре аз шумо шоҳиди ҳамчунин ҳодисае будед ва ё дар ин бора шунидае доред, хуб аст, ки онро ба унвони рӯзномаи «Миллат» бифиристед. Хонандаи закӣ худ қазоват хоҳад кард, ки чӣ номае ба дардбихур аст ва чӣ номае пӯчу фиребанда.

«Миллат»

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97