«Риш дар масири таърих»

Иҷтимоъ 27.04.2017 13:59

(Аз шоҳ Франсиск ва Пётри I то имрӯз)

Мутаасифона, ба далели пойбандии беш аз андозаи афроди ҷомеъа тоҷикон ба боварҳои зарур ва нозарури мазҳабӣ ва ҳатто хурофот боис шудааст, ки баҳси риш, доштан ё надоштани риш ва андозаи он низ ба яке аз баҳсҳои агарчанд беҳуда, вале доғ табдил шудааст.

 Риш дар бовари эътиқодмандон яке аз суннатҳо мебошад. Вале ба бовари бархе аз донандагони таърихи адён, агар дар замони зуҳури ислом шароити лозим ва дастрасӣ ба фановарии мисли имрӯз ё ба истилоҳ теғҳои 20 дирамаи имрӯзи чинӣ фаровон мебуд, мутмаинан риши покиза тарошида аз ҷумлаи сунатҳо мебуд.

Муруре ба таърихи муборизаҳо ҷиҳати ба тартиб даровардани риш ва халос шудан аз проблемаи риш дар Аврупо шояд барои ҷомеаи мо низ муфид бошад.

Андоз аз риш

Андоз (молиёт) барои риш ё рӯёнидани андоз барои ришдорон дар кишварҳои гуногуни Аврупо аз миёнаҳои асри XVI оғоз шуда буд. Ин падида аввал аз Британия оғоз шуда ба кишварҳои ҳамсоя низ бетаъсир намонд. Мувофиқи дастур андозбандӣ барои ҳар табақа гуногун буд.

Дар соли 1535, Генрихи VIII дар Британия, андоз барои ришро ҷорӣ кард. Ин андоз аз ҳолати иҷтимоии ришдор вобаста буд. Баъдан духтари шоҳ, Елизаветаи I низ андози ҳамсонеро ҷорӣ кард, ки ҳар кадом риши дамидаи бештар аз ду ҳафтаинаро дар бар мегирифт.

Сабаби муди ришмонӣ байни дворянҳо ва диндорон дар Фаронса шоҳ Франсиск шуд (1515-1547с.). Пас аз ин давлат барои ришмонии ходимони калисо андоз ҷорӣ кард ва барои диндорони камбағал аз андозситонӣ дида пурра тарошидани ришро афзалтар донист. Кардинал Карло Борромео дар соли 1576 кӯшиш кард ришмониро пурра манъ созад.

 Ислоҳоти Пётри I

Маҳдудият ва андоз барои ришмонӣ дар Русия дар охири асри XVII ва аввали асри XVIII шуруъ шуд. Барои аввалин бор 29 августи соли 1698 дар Русия фармоне бо номи «Пӯшидани либосҳои олмонӣ ва тарошидани ришу бурут» содир шуд. Ин тасмимро Пётри I пас аз бозгашти сафари аввалаш аз Аврупо рӯи даст гирифт. Дар навбати аввал ин фармон ба ашрофзодаҳо, тоҷирон ва низомиён таалуқ дошт. Пас аз судури фармон, Пётри I шахсан риши якчанд ашрофзодаи номдорро ниқроз зад. Ин дар ҳоле буд, ки тибқи муқарароти 6-и Собори умумиҷаҳонӣ тарошидани риш мамнуъ буд ва руҳониён низ амали шахси риштарошидаро «норозигӣ аз сурати додаи Худо» медонистанд.

Ҳамин гуна, тибқи як фармони дигар аз 27 январи соли 1705 андозбандӣ барои риш дар Русия бо усули зайл табақабандӣ шуда буд:

• Аз аркони дарбор, дворянҳои шаҳрӣ, мансабдорон 60 рубл (аз як нафар) барои як сол.

• Аз меҳмонони дараҷаи аввал 100 рубл барои як сол.

• Аз тоҷирони дараҷаи миёна ва майда, инчунин косибон ва ҳунармандон 60 рубл барои як сол.

• Аз фойтунчиҳо, боркашҳо, руҳониёни калисо (ғайр аз попҳо ва ёрдамчиёнашон) ва ҳар кадом соҳибмансаб 30 рубл барои як сол.

• Аз деҳқонони ришдор ҳангоми даромад ва баромад аз шаҳр 2 копейк.

28 декабри соли 1713 дар Русия фармоне содир шуд, ки бо риш гаштан, инчунин пӯшидан ва савдои либосу пойафзори русиро манъ кард. Танҳо тиҷорати либосҳои олмонӣ иҷоза буду бас. Чаро ки либосу пойафзорҳои олмонӣ бо шаклу муди нави аврупоӣ дӯхта мешуданд. Дар соли 1715 андози ягона барои риш муқаррар шуд, ки 50 рублро барои як сол ташкил медод. Соли 1772 андоз барои риш пурра бардошта шуд.

 Чаро Пётри Кабир риши русҳоро қайчӣ зад?

 Чаро Пётри I чунин як тасмимеро гирифт(?). Имрӯз дар бораи ин таърих хондан ё шунидан хандаовар менамояд, аммо агар ба Русияи 300 соли қабл нигоҳ кунем маълум хоҳад шуд, ки мушкил ва масъалаи риш дар он замон беандоза муҳим будааст ва аз риш чи гуна суистифода мешудааст. Риш рамзи пайравии руҳоният, ифодакунандаи шахсият ва предмети ифтихор шуда буд. Ашрофҳое, ки чи қадар сарвату кушку марди крепостнойи зиёд медоштанд, кушиш мекарданд риши ҳар қадар паҳну дарозтар дошта бошанд.

Руси садсолаи ҳабдаҳум (асри XVII), аз нигоҳи Пётри I як ҷомеъаи «ришзада» буд ва ақибмонии ҷомеаро низ дар куҳнагароии он медид ва мондани риши пахолу дарозро низ як одати куҳна ва хандаовар медонист. Ӯ зиёд ба кишварҳои аврупоӣ барои омӯзиш сафар мекард ва бо фарҳанг ва рушди онҳо аз наздик ошно мешуд. Дар онҷо чунин риши пахолу дарозро мушоҳида намекард ва медид, ки ба риши русӣ масхара мекунанд ва инро қабул ҳам дошт. Пас аз бозгашт аз Аврупо, Пётри I дигар бо ин одати куҳнаи русҳо нахост созиш кунад ва муборизаашро на танҳо барои дигар кардани ботини онҳо, балки барои дигар кардани зоҳири онҳо низ шуруъ кард. Аз инҷост, ки ашрофҳоро ҷамъ оварда аввалин шуда шахсан риши онҳоро бо дасти худаш ниқроз зад.

Бояд тазаккур дод, ки Пётри I дар 300 соли қабл ислоҳоташро аз ниқроз (қайчӣ) задани риши ашрофу руҳониву низомии рус оғоз карда ба куҳнагории рус нуқта гузошт, санги асоси шаҳри бандарии Санкт-Петербургро дар соҳили Халиҷи Фин гузошта саноати киштисозиро шурӯъ кард ва роҳи обии русро ба Аврупо аз тариқи баҳри Балтика ба уқёнуси Атлантика кушод. Дар ғайри сурат, агар Пётри I низ ба риши онҳо ба ҷои ниқроз чарбу шона мезад, ба гумон буд, ки имрӯз сарҳади аврупоии рус аз баҳри Хазар то баҳри Сиёҳу Балтикаву Барентс тӯл мекашид.

«Миллат»

Бознашр аз нашрия

№8 аз 19.04.2017

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97