Арзишҳои оянда

Иҷтимоъ 28.10.2016 10:14

Ногузир, нав ҷойгузини куҳна хоҳад шуд

“Мо бояд ояндаро аз гузашта ҳифз кунем”

Валерий Пекар

Маълум аст, ки вобаста ба замону макон ҳар ҷомеае арзишҳои худро дорад. Ин арзишҳо ба рушду инкишофи ҷомеа дар замону макони муайян таъсири назаррас мегузоранд. Вобаста ба паҳншавӣ ва амалишавии як арзиш тасмимгириҳо ба манфиати он мешаванд. Арзишҳо тасмимгириҳоро аз сатҳи фардиву хонаводагӣ, то сатҳи давлатӣ муайян мекунанд. Ҳар қадар арзишҳои рӯзмараи як ҷомеа ҷавобгӯи талаботи замон бошанд, ҳамон қадар ҷомеа пешрафт мекунад ва баръакс ҳар қадар арзишҳои ҷории як ҷомеа догматикӣ ва аз замон ақиб монда бошанд, ҳамон қадар монеи рушду инкишофи ҷомеа мегарданд.

 Фаргашт ё худ сайри такомули инсон танҳо биоложӣ набуда, аз лаҳзаи пайдоиши шуур, зеҳни инсон ҳам такомул меёбад ва марҳила ба марҳила қавитар мешавад. Арзишҳо ҳам ҳамчун ҷузъе аз дастовардҳои фарҳангии ҷомеа пайдо мешаванд ва такомул ёфта, ҷомеаро ба самти созандагӣ мебаранд. Арзишҳое, ки тағйирпазир нестанд ва такомул намеёбанд ё худашон аз миён мераванд ё ҷомеаро нобуд мекунанд. Албатта, сабабҳои ақибмондагӣ ва дар буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣқарор доштани як ҷомеа гуногунанд, аммо нақши арзишҳои ҷории он дар ин ақибмондагӣ бузург аст. Омӯзишу таҳлили ҳар як арзиши дар ҷомеа амалишаванда ва муайян кардани таъсири манфӣ ё мусбати он ба раванди рушду инкишофи ҷомеа, қадами нахустинест барои баромадан аз буҳронҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва демографиву экологӣ.

 Арзишҳое, ки моҳияташон қудсӣ эълон шуда, тағйир доданашон номумкин аст ба догма табдил ёфта, монеи рушду инкишоф мегарданд ва омили асосии ақибмондагӣ ва буҳронҳо дар як ҷомеа мебошанд. Ба ин гуруҳ бештар арзишҳои динӣ-мазҳабӣ дохил мешаванд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо бештар аз дигар арзишҳо дар амал татбиқ мешаванд ва дар тасмимгириҳо дар ҳама сатҳ таъсири бузургу ҳалкунанда доранд.

Мусаллам аст, ки арзишҳои догматикие, ки боздорандаи рушду тавсеа дар соҳаҳои муайян мебошанд, дер ё зуд бознигарӣ шуда ё мутобиқи талаботи замон мешаванд ё ҷояшонро дигар арзишҳо ишғол мекунанд. Ин қонуни табиии фаргашт буда, шарти асосии бақои инсон ва ҳар мавҷуди зиндаи дигар аст. Ин ҷаҳон мутобиқи талаботи биоложии инсон сохта нашудааст, балки инсон аст, ки бо аз даст додани ҷони миллиардҳо ба он мутобиқ шудааст. Аммо арзишҳо сохтаи инсон ҳастанд ва агар арзише ба талаботи муосири инсоният ҷавобгӯ нест ё дигаргун шуда мувофиқ мешавад ё аз байн рафта, ҷойро ба арзишҳои нав медиҳад. Арзишҳои аз гузашта ба мерос мондае, ки дар маркази таваҷҷуҳи худ мавҷудоти мавҳуми метафизикиро мегузоранд ва инсонро дар хидмати он мегузоранд (арзишҳои динӣ), ё арзишҳое, ки инсонро дар хидмати идеологияи махсус қарор медиҳанд (арзишҳои коммунистӣ ва миллатгароӣ) ҳатман аз байн хоҳанд рафт. Ба ҷойи онҳо арзишҳое меоянд, ки дар маркази таваҷҷуҳи онҳо худи инсон аст (арзишҳои демократӣ ва трансгуманистӣ) ва ҳама бовару идеологияро дар хидмати инсон қарор медиҳанд. Худнигаҳдорӣ ва хирадгароӣ ҷойи ҷиҳод ва тақлидгароиро мегирад. Талаботи худнигаҳдорӣ (таъмини дарозумрӣ ва амният) ва истифода аз ақлу хирад қудсияти арзишҳои гузаштаро мешиканад ва ҳар арзиши гузаштае, ки ҷавобгӯи талаботи нави ҷомеа нестанд ё монеи рушду равнақи он шудаанд ҳатман бознигарӣ хоҳанд шуд. Арзишҳое боқӣ хоҳанд монд, ки моҳияти такмилёбӣ доранд ва метавонанд ҷомеаро ба самти пешрафту шукуфоӣ раҳнамоӣ кунанд. Арзишҳои нав пайдо мешаванд ва дар хидмати инсон ва ҷомеа қарор мегиранд.

Муаллифони китоби “Футурлогия (Асри 21. Бемаргӣ ё фоҷеаи ҷаҳонӣ)”, Алексей Турчин ва Михаил Батин дар ин китоби худ панҷ арзиши асосии ояндаро муайян кардаанд, ки ба андешаи инҷониб низ дар оянда бартарӣ ёфта, дар тасмимгириҳо таъсиргузор мешаванд:

1. Давомнокии умр ва бехатарӣ. Барои густариши аксари арзишҳо лозим аст, инсон умри зиёд бинад ва онҳоро дар амал зиёдтар татбиқ намояд. Инсони солим, фаъол ва дарозумр метавонад арзишҳои гуногуни бештарро амалӣ созад.

2. Пул. Пул имконият медиҳад гуфтугӯ миёни арзишҳо ба роҳ монда шуда, муноқишаҳои байни онҳо бартараф шаванд ва ба якдигарфаҳмӣ мерасонад. Пул ҳамчун андозаи арзишҳои гуногун баромад мекунад ва ҳамзамон нақши воситаи баргардонандаи арзишҳо ба ҳалли масъалаҳоро мебозад. Пул шакли нарми қудрат мебошад, ченшаванда аст, вобастагии «феодалӣ» надорад ва ба озодии дигар инсон таҷовуз намекунад.

3. Мартаба ва шараф. Дар ҷомеа аҳамияти инсон боло меравад, нақши афроди муайян зиёд мешавад. Ниёз ба арзёбии миқдории ин нақш фузун мегардад. Дар оянда мартабаи умумии шахсии инсон, аз руйи аҳамиятнокӣ бо пул, ҳамчун нишондиҳандаи мақоми ӯ дар ҷомеа, баробар мешавад. Мартаба гуфта, мо маҷмӯи тасаввурот дар бораи як инсонро дар чашми дигар одамон дар назар дорем, ки ба воситаи ягон ченкунандаи одӣ иброз шудааст (шумораи дӯстон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мақом дар кадом як рӯйхати муътабар, шумораи ишораҳо дар сайтҳои ҷустуҷу кунанда).

4. Таҳаммулпазирӣ. Ин эътирофи ҳуқуқи дигар одамон барои доштани арзишҳои дигар мебошад, ки метавонад онҳоро амалӣ созад, агар ба дигарон хатар надошта бошанд. Ба ибораи дигар, таҳаммулпазирӣ ин эътирофи озодии инсонҳо аст.

5. Вақтхушӣ. Аз сабабе ки нуқтаи пайванди арзишҳои гуногун қобилияти ба вуҷуд овардани таҷрибаи форам аст, батадриҷ шахсияте пайдо мешавад, ки дар арзишҳо печидааст ва онҳоро худхоҳона қабул мекунад. Барои чунин шахсият вақтхушӣ ягона андозаи арзишҳо дар ҳама воқеа ва падидаҳо мешавад.

Дар амалӣ кардани ин арзишҳо хирадгароӣ нақши муҳим мебозад. Маҳз хирадгароӣ аст, ки ҳақро аз ботил ҷудо месозад ва танҳо он арзишҳоеро қабул ва татбиқ мекунад, ки ба дарозумрӣ ва амнияту хушбахтии инсон мусоидат мекунанд. Давомнокии умри инсон ва ҳифзи он аз бемориҳо, ранҷу азоб ва беадолатиҳо танҳо аз роҳи ақлу хирад таъмин карда мешавад. Дар оянда ҳар арзише, ки бар пояи ақлу мантиқ аст ва ҳадафи асосияш ҳифзи ҳаёт ва бемаргии инсон аст, бартарӣ пайдо мекунад. Таҳаммулпазирӣ ҳам бо хирадгароӣ пайваста аст ва дар ҳифзи ҳаёти инсонҳо нақши муҳим мебозад. Ҳарчи бештар амалӣ шудани ин арзиш дар як ҷомеа ба манфиати аъзояш мебошад. Бе шак дар оянда арзиши таҳаммулпазирӣ дар миқёси ҷаҳон бештар амалӣ мешавад ва дар аксари арзишҳои диниву идеологӣ тағйирот ворид мекунад ё баъзе аз онҳоро аз миён мебарад. Имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки ҳатто арзишҳои қудсии тағйирнопазир аз ҷониби пайравонашон таҳриф карда мешаванд, то ба талаботи нави инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ ҷавобгӯ нишон дода шаванд. Инчунин кушишҳо бештар аз ҷониби ашхосе карда мешавад, ки пойбанди арзишҳои динӣҳастанд. Бо вуҷуди он, ки дар дастурамалҳои асосии динии онҳо баръакси он равшан дида мешавад. Ин баёнгари он аст, ки арзиши таҳаммулпазирӣ аз имрӯз бартарият пайдо кардааст ва дигар арзишҳо барои ҳифзи бақо ва обирӯву шарафи худ, навобаста аз қудсият ва дараҷаи паҳншавии худ, ба он мутобиқ карда мешаванд.

Агар дар оянда вақтхушӣ яке аз арзишҳои асосӣ бошад, ҳатман пойбанди хирад хоҳад буд. Роҳҳои амалисозии вақтхушӣ гуногунанд ва он роҳҳое боқӣ хоҳанд монд, ки инсонро ба таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ, табиатдӯстӣ ва раҳмдилӣ ҳидоят мекунанд ва дар таъмини амният ва дарозумрии инсон нақши муҳим мебозанд.

Асри 21 асри дигаргуниҳои куллист. Махсусан дар кишварҳои ҷаҳони сеюм вазъият ба куллӣ дигар мешавад. Ин тағйиротро дар 15 соли охир дидан мумкин аст. Дастрасӣ ба иттилоот ба воситаи фановариҳои иттилоотӣ ба маротиб зиёд шудааст ва шабакаҳои иҷтимоӣ имконияти хуби муҳокимаронӣ ва муоширатро фароҳам овардаанд. Ин ҳама имкониятҳо ба тарзи ҳаёти мардум таъсир расонда талаботи онҳоро дигар кардааст. Арзишҳои куҳна, ки муҳофизакор ҳастанд, ба ин дигаргуниҳо муқобил баромада, вазъияти кишварҳои алоҳидаро ноором кардаанд. Нақши фановариҳои иттилоотӣ дар инқилобҳои ранга дар кишварҳои Африқои шимолӣ, Ховари миёна ва Аврупои шарқӣ назаррас аст. Ҷангу хунрезие, ки дар ин кишварҳо ба вуқуъ пайваст, бархурди арзишҳои куҳна ва нав буд. Ин бархурд аз он сар зад, ки раҳбарони ин кишварҳо арзишҳои навро дуруст дар ҷомеа татбиқ накарданд ва аксари мардум моҳияти арзишҳои навро дарк накарданд ва дар баробари ин, дар амалисозии арзишҳои суннатии худ маҳдудият доштанд. Албатта, маҳдуд сохтани арзишҳое, ки хоси асрҳои миёна буданд ва дар асри нав қобили қабул нестанд лозим аст, аммо дар баробари ин раҳбарони ин кишварҳоро мебоист арзишҳои навро ба пуррагӣ дар амал татбиқ кунанд ва зарурияти ин ҷойивазкунии арзишҳоро ба мардум арза кунанд. Аммо ин амал иҷро нашуд ва раҳбарони ин кишварҳо ба хотириҳифзи курсӣ арзишҳои навро ба пуррагӣ амалӣ накарданд ва моҳияти онҳоро ҳам дуруст ба мардум муаррифӣ накарданд.

Бе шак, арзишҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи замон дер ё зуд ҷойгузини арзишҳои куҳнаи динӣ ва идеологӣ мешаванд. Аммо ин ҷойивазкунӣ на дар ҳама кишварҳо бо роҳи осоишта мегузарад. Таҷрибаи талхи Тунис, Либиё, Яман, Ироқ, Сурия ва Украина ба эҳтимоли зиёд дар кишварҳое, ки мардум ва раҳбаронашон барои қабул ва амалисозии арзишҳои нав омода нестанд, такрор хоҳад шуд. Ҷомеаҳое, ки ба ин дигаргуниҳо омода нестанд ба ҷангу хунрезӣ кашида мешаванд ва бо хисороти зиёди моливу ҷонӣ ба марҳилаи нави фаргашт ё худ такомули арзишҳо мегузаранд. Баръакс ҷомеаҳое, ки бо кушиши давлатмардон ва зиёиёну равшанфикронашон ба қабул ва амалисозии арзишҳои нав омода шуда, арзишҳои куҳнаро ба осонӣ раҳо мекунанд, ин марҳилаи гузаришро ба осонӣ мегузаранд. Гуфтан метавон, ки инсоният ҳатман арзишҳои навро қабул ва амалӣ сохта, ояндаи аз ин беҳтар ва бехатарро дар асоси ақлу хирад месозад ва ба марҳилаи нави такомули худ мерасад. Мушкил инҷост, ки на ҳамаи ҷомеаҳо ин марҳилаи гузаришро оромона ва бе фоҷеа паси сар мекунанд.

Бинобар ин, ба хотири оромона ва бе ҷангу хунрезӣ тай кардани ин марҳилаи гузариш зарур аст, ки бо муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи арзишҳои нави инсонмеҳвар, ҷомеаро барои ба осонӣ қабул ва амалӣ кардани арзишҳои нав омода кард. Арзишҳои куҳна бознигарӣ шуда, ҳар арзише, ки ба талаботи замони нав ҷавобгӯ нест ва ба бехатарии ҳаёт ва саодати инсонҳо дар ин ҷаҳон халал мерасонад, навобаста аз қудсият ва дараҷаи паҳншавияш нақд карда шуда, зарурияти ивазкунии он ба мардум арз карда шуда, ба тадриҷ аз миён бардошта шавад.

Албатта шахсиятҳо ва гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз нақди арзишҳои догматикӣ ба шур меоянд ва муқобилият нишон медиҳанд. Онҳо ҳамон қишре ҳастанд, ки аз мавҷудияти арзишҳои куҳна манфиати моливу сиёсӣ мегиранд ва дунболи манфиатҳои шахсии худ гашта, навобаста аз он, ки ин арзишҳои куҳнаи догматикӣ чи зиёне ба раванди тавсеаи ҷомеа мерасонанд, кушиш мекунанд аз нақду баррасии хирадмандонаи онҳо пешгирӣ кунанд. Аммо оянда дар дасти хираду дониш аст ва ҷомеа ҳам тамоил ба хирадгароӣ ва ислоҳоту пешравӣ дорад. Ҳазор соли амалисозии бештари арзишҳое, ки дар ҷомеаи мо ҷорӣ ҳастанд нишон дод, ки натиҷаи мусбат аз амалисозии онҳо ба даст наомадааст. Ҷомеа ҳам наметавонад доимо аз арзишҳое пуштибонӣ кунад, ки дигар мушкили онро ҳал карда наметавонанд. Аз ин рӯ, метавон интизор шуд, ки бо муаррифии дурусти арзишҳои нав (арзишҳои инсонмеҳвар) ва нақди холисонаи арзишҳои куҳна (арзишҳои динмеҳвар ва шоҳмеҳвар), ҷомеа арзишҳои навро бо осонӣқабул мекунад ва марҳилаи гузариш дар кишвари мо бе ҷангу хунрезӣ ва фоҷеа тай карда мешавад. Арзишҳои нав дар навбати худ ба тасмимгириҳо таъсир расонда, боиси рушду инкишофи босуръати кишвар мегарданд ва кишвари мо ҳамқадами кишварҳои пешрафта мешавад.

 

Меҳр Собириён

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97