Истиқлол, яъне зистан ба қонуни навиштаи хеш

Иҷтимоъ 09.09.2016 15:20

Дар интиҳои соли 1991 яке аз бузургтарин империяҳо ИҶШС (СССР) аз ҳам пошид ва ҷумҳуриҳои миллӣ аз қайди тобеъият раҳо ва ба давлатҳои мустақилу соҳибихтиёр табдил шуданд.

 Инак чаҳоряк аср аст, ки Тоҷикистон давлати мустақил ва соҳибихтиёр мебошад.

Албатта, барҳам хӯрдани ИҶШС амри тасодуфӣ набуд.

Бо камоли таасуф бояд изҳор кард, ки Шӯрои Олӣ ва ҳукумати вақти ҷумҳурии мо дар амри ба даст овардани истиқлоли давлати Тоҷикистон хидмати шоистае накардаанд.

Дар аввалҳои соли 1990 раҳбарони Тоҷикистон лоиҳаи алтернативии Консепсияи мустақилияти иқтисодии Тоҷикистонро, ки рӯшанфикрон таҳия ва пешниҳод карда буданд, рад карда, бо амри марказ Консепсияеро қабул карданд, ки он ба ҳеҷ ваҷҳ мустақилияти иқтисодии Тоҷикистонро таъмин намекард.

Порлумони Тоҷикистон дар моҳи августи соли 1990, пас аз он ки аксари ҷумҳуриҳо истиқлоли худро эълон намуданд, ночор санадеро бо номи "Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон" қабул кард, ки он моҳиятан санади тобеияти халқи тоҷик буд, на истиқлоли воқеъии он. Дар айни замон лоиҳаи алтернативии "Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон"-ро, ки Тоҳири Абдуҷаббор, Халифабобо Ҳомидов ва чанде дигар аз рӯшанфикрон таҳия ва пешниҳод карда буданд ва таъмини истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро дар назар дошт, Шӯрои Олӣ напазируфт.

Дар охири соли 1990 ва июни соли 1991 Шӯрои Олии Тоҷикистон лоиҳаи аз Маскав расидаи "Паймони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои соҳибихтиёр"-ро, ки ҳадафи он минбаъд ҳам нигоҳ доштани империя ва поймол кардани ҳуқуқу озодии халқҳо буд, бо шитобзадагӣ, бидуни муҳокимаи ҷиддӣ тасдиқ кард ва аммо лоиҳаи алтернативии "Шартномаи иттиҳоди давлатҳои мустақил"-ро, ки боз ҳам Тоҳири Абдуҷаббор, вакили Шӯрои Олӣ ва Халифабобо Ҳомидов, муовини вазири адлия дар нимаҳои соли 1989 пешниҳод ва дар нашрияҳо чоп карда буданд ва метавонист истиқлоли комили Тоҷикистон ва соири ҷумҳуриҳоро таъмин намояд ва аз бисёр ҷиҳат комилтару беҳтар буд, ҳатто нахост баррасӣ кунад.

Ҳамин гуна аз чандин қарору қонунҳои Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон метавон ёдовар шуд, ки онҳо мухолифи озодию истиқлол ва манофеи миллии халқи тоҷик буданд…

Аммо халқҳо ва нируҳои озодихоҳи ҷумҳуриҳои дигар он санадҳоро напазируфтанд ва бо ҷасорату мардонагӣ барои озодию истиқлол ва баробарҳуқуқию адолат талош карда, яке аз паи дигар истиқлоли давлатии худро эълон доштанд. Дар натиҷа дар авохири соли 1991 ИҶШС ногузир ба суқут мувоҷеҳ шуд.

Порлумони Тоҷикистон санади Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро низ танҳо баъд аз саркӯб шудани кудатои 19-21 августи соли 1991, дар таърихи 9-сентябри ҳамон сол ва амалан пас аз пароканда шудани ИҶШС қабул кард. Ва аввалин банди он ҳамон пешниҳоде буд, ки дар тарҳи алтернативӣ як соли пеш қабул нашуда буд:

«Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона мебошад».

Ба ҳар сурат, акнун ки Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ расман ба сифати давлати мустақил арзи вуҷуд кардааст, муҳимтарин вазифаи халқ ва ҳукумати мо иборат аз амалан таъмин ва таҳким намудани истиқлоли сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад.

Фазои воҳиди иқтисодӣ, пули воҳид ва қувваҳои мусаллаҳи воҳид сифатҳои (атрибутҳои) давлати воҳид (унитарӣ) мебошанд.

Вазифаи ҳар як давлат муҳофизат кардани озодию истиқлол ва амнияту осоиши халқ, ҳимоят кардани ҳуқуқҳои мардум, ҳар як инсон ва расондани кумак ба эҳтиёҷмандон мебошад.

Биноан лозим аст, ки тӯдаҳои васеи мардум аз масоили сиёсӣ огоҳ ва якпораю муттаҳид бошанд, дар умури давлатдорӣ фаъолона ширкат намоянд ва барои ҳифзи озодию истиқлолияти Тоҷикистон бо қатъият талош кунанд, вагарна таъмину таҳкими истиқлоли мо басо мушкил хоҳад буд.

Озодию истиқлоли Тоҷикистон ва халқи тоҷик барои мо муқаддас аст ва дар баробари он манофеи ҳеч касе, ё гурӯҳе ва ё ҳизбе арзише надорад. Ҳар як сокини ин Ватан аз деҳқон то раиси ҷумҳур вазифадор аст, ки барои таъмину таҳким ва ҳимояи он то ҷон дар бадан дорад, мубориза барад. Ҳар касе, ки бар зидди озодию истиқлоли халқу Ватан амал мекунад он душмани халқ ва хойини Ватан аст ва он, хоҳ чӯпон бошад, хоҳ вазир, хоҳ деҳқон бошад, хоҳ вакил ва хоҳ коргар бошад, хоҳ раиси ҷумҳур, бояд дар назди халқ ҷавоб гӯяд!!!

Истиқлол муборак!

 

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97