Занҳои Шаҳритусу Қубодиён тавонистанд аз фақр наҷот ёбанд. Шумо чӣ?!

Иҷтимоъ 27.11.2014 16:25

SHahrituz QubodiynҲунар аз кони зар беҳ

Афзалият бахшидан ба истеҳсолоти ватанӣ, фароҳам овардан ва ташкили ҷойҳои нави корӣ бо истифодаи босамар аз ашёи хоми маҳалӣ аз мавзуъоте буд, ки дар як конфронсе, таҳти унвони "Соҳибкории занон, зиндагардонии ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён барои таъсиси ҷойҳои корӣ" бо ташаббуси ТҶ "Чашма", Ассосиатсияи миллии тиҷорати хурду миёна ва Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Лаҳистон дар ноҳияи Шаҳритус мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Матлуба Улҷабоева, раиси Ассотсиатсияи миллии тиҷорати хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конфронс ба занҳое, ки тоза ба соҳибкорӣ машғул шудаанд, муроҷиат карда гуфт: - Фақат талаботи бозорро нигоҳ карда, маҳсулот истеҳсол кунед, маҳсулоте бароред, ки на фақат сифат, балки намуди зоҳирии он низ зебо бошад ва харидорро ҷалб карда тавонад, он вақт муваффақ хоҳед шуд. Агар фаъолиятро дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузорони хориҷӣ  хубтар ба роҳ монед, метавонед дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, яъне муҳайё намудани ҷойҳои кории иловагӣ саҳми назаррас гузоред. Дар самти гирифтани патент ва дигар масъалаҳои вобаста ба андоз ва андозбандӣ, Ассосиатсияи миллии тиҷорати хурду миёна кор бурда истодааст ва ният дорем, коре анҷом диҳем, ки шумо аз ин ба баъд  барои ҳашт моҳ патент бигиред, чунки чор моҳ барои  коркарди маҳсулот омодагӣ мегиред. Боиси хушнудист, ки ТҶ "Чашма", узви фаъоли ассосиатсияи мо, бо Ҳукумати Лаҳистон робитаи хуби ҳамкориро ба роҳ мондааст ва умед аст, ки ин ҳамкориҳо дар оянда низ тавсеа ёфта, фақат ба додани қарзҳои хурд ва омӯзиш иктифо намекунанд, балки барои ҷалби технологияи нав мусоидат хоҳанд кард. Умед ва боварӣ дорам, ки солҳои наздик соҳибкорони ноҳия дар якҷоягӣ бо  ТҶ "Чашма" соҳиби корхонаи худӣ бо технологияи навтарин шуда,  маҳсулоти истеҳсолнамудаатон соҳиби бренди худ мегардад.

"Чашма" - чашмаи ҳаёт

Ба гуфти коршиносон дар шароити кунунӣ барои раҳоии саноат аз бӯҳрони иқтисодӣ, ин рӯ овардан ба ҳунарҳои бадеӣ- халқӣ ва дар ин замина ривоҷ додани саноати сабук мебошад. Албатта дар самти ҳунарҳои бадеӣ- халқӣ тоҷикон аз қадимулайём машҳуранд. Маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ аз қабили ҷомадӯзӣ, шерозбофӣ, тоқидӯзӣ, қолинбофӣ, сабадсозӣ, кулолгарӣ ва садҳо ҳунарҳои дигари бадеӣ- халқӣ тоҷиконро шӯҳратёр гардонидаанд. Чун имрӯз дар бораи аз нав эҳё ва ривоҷ додани ҳунарҳои бадеӣ- халқӣ сухан равад, пеш аз ҳама ассотсиатсия ва ташкилотҳои гуногунро дар маҳалҳо мисол меоранд, ки маҳз ин ташкилотҳо барои бо ҷойи кор таъмин кардани занҳо аз ин иқдом кор мегиранд. Масалан, ТҶ "Чашма" дар ноҳияи Шаҳритус аз соли 1998 фаъолият дорад. Солҳои аввали фаъолият вақте ки барқароркунии харобаҳои баъдиҷангӣ дар кишвар идома дошт, ташкилоти мазкур ба расонидани хидмати офияти рӯҳӣ машғул буд. Сарвари ташкилот Санавбар Имомназарова мегӯяд, ки нахуст бо гурезаҳо ва онҳое, ки ҷабр дидаанд, семинарҳои ҳуқуқӣ мегузарондему хидмати психологӣ мерасондем.Он солҳо ба мо бештар занон ва духтарон муроҷиат мекарданд, чун аз онҳо суол мекардем, ки чӣ кумаке ба шумо расонда метавонем, аксарият як ҷавоб доштанд: - "Роҳе нишон бидиҳед, ки ба умеди касе  нашуда, зиндагии худро пеш барем". Барои аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил будани занҳо лоиҳаҳое эҷод намудем, ки фарогири шуғл бошанд. Занҳоро ба шуғле фаро мегирифтем, маблағ пайдо менамудем ва дар наздашон шарт мегузоштем, ки даҳ фоизи даромадро ба мо бармегардонанд. Бо ин роҳ дар фондамон маблағ ҷамъ мешуд. Ҳамин тавр фонди хурди "Чилучорчашма" низ арзи ҳастӣ кард. То соли 2005 зиёда аз 300 нафар зан аз фонди мо қарз гирифтанд, ҳоло ин шумора ба 500 нафар расидааст. Дар ноҳия занҳо ба соҳибкорӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд, мехоҳанд, ки ҳунарҳои гуногунро аз худ намуда барои пешбурди рӯзгори худ ҳисса гузоранд. Се сол пеш бо як намояндаи давлати Лаҳистон Магдалена Ковалчук, ки аз  чашмаи овозадори "Чилучорчашма" дидан кард, шинос шудам. Магдалена ба фаъолияти мо мароқ зоҳир кард ва барои омӯзиши занон ва фаро гирифтани  онҳо ба ҳунарҳои гуногуни аҷдодӣ омодагии ҳукумати Лаҳистонро изҳор дошт. Ҳамин тариқ кори мо ҷараёни нав пайдо намуд. Акнун дар ноҳия гурӯҳҳои хурде, ки якчанд нафар занро фаро мегрифтанд, пайдо шуданд, баъди омӯзиш ин занҳо бо гирифтани қарзҳои хурд тиҷорати худр ба роҳ мемонанд. Фикр мекунам, ки иқдоми пешгирифтаи мо натиҷаи хуб дода истодааст, мебинам, ки аз байни ин занҳо занҳои "Сарвар" пайдо мешаванд. Дар воқеъ созандагӣ хоси занон аст ва зан чун ба ниру ва ғайрати худ боварӣ ҳосил намуд, кӯшиш мекунад, ки ин бовариро дар амал татбиқ кунад. Семинарҳо оид ба андоз, сертификати маҳсулот ва дигар қонунгузориҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти соҳибкории хурду миёнаро ба занҳо меомӯзем. Дар аввал душвор буд, аммо ҳоло занҳо хеле ёд гирифтаанд, омӯхтаанд ва муҳимаш ба худ боварӣ пайдо кардаанд. Даст задан ба соҳибкорӣ ва омӯхтани касбу ҳунарҳои гуногун ба буҷаи бисёр оилаҳо таъсир расонд ва шумораи зиёди занонро водор кард, ки ба қувваҳои корӣ ҳамроҳ шаванд.

Магдалена Ковалчук, координатори Маркази Байналмилалии Лаҳистон мегӯяд: - Бо ТҶ "Чашма"  се сол боз кор мекунем. Дар асоси тадқиқоти гузарондаи  ТҶ "Чашма" маълум шуд, ки мардҳо асосан барои пеш бурдани зиндагии худ муҳоҷиратро интихоб мекунанд, аммо як қисм занҳо, ки аз сарробони оила маҳрум ҳастанд ва фарзандони ятими худро худашон калон мекунанд, бекор ҳастанд ва мехоҳанд, ки дар ҷое кор кунанд, то шароити зиндагии худро беҳтар созанд. Аз ин рӯ, қарор додем, ки занҳоро омӯзонем. Таҳлилҳо нишон доданд, ки баъзе аз ин занҳо қитъаи наздиҳавлигии зиёд доранд, полезиҳои гуногун мекоранд, аммо намедонанд, ки онро чӣ гуна истифода бубаранд. Тарзи захира ва аз он тайёр намудани ғизоҳои гуногунро намедонанд. Ин омилҳоро ба инобат гирифта, нахуст бо гузаронидани семинарҳо занҳоро омӯзиш додем, ҳарчанд кори аз ҳама душвор ва заҳматталаб омӯзиши калонсолон аст. Баъдан  барои ба соҳибкорӣ машғул шуданашон қарзи бефоиз додем. Фикр мекардам, ки ин пул барнамегардад, аммо пул на фақат баргашт, балки занҳо дар баробари гирифтани фоида, дигарҳоро низ ба кор ҷалб карданд. Бартарии ин лоиҳа дар он буд, ки чанд нафар зан баъди ба худ боварӣ ҳосил намудан ва шароити иқтисодии худро ба низоми муайян даровардан, шавҳарҳои худро аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргардонданд. Ҳоло тибқи ин лоиҳа 17 гурӯҳ фаъолият доранд ва ҳукумати Лаҳистон ҳамасола барои ин кор маблағ ҷудо мекунад. Дар оянда ният дорем, ки бештар ҷавононро ҷалб созем. Чунин лоиҳаҳоро мо на фақат дар Тоҷикистон, балки дар баъзе давлатҳои дигар, ки дар ҳолати рушд қарор доранд, пиёда месозем, аммо вақте ки бо тоҷикҳо кор кардам, эҳсос намудам, ки занҳои тоҷик хеле ҳунарманд ҳастанд ва агар каме таҳрикашон бидиҳӣ, ба бисёр амалҳои нек қодиранд. Имрӯз духтаракҳои ҷавон ҳам аъзои гурӯҳ ҳастанд ва дар фурсати хеле кӯтоҳ на фақат дар самти ҳунаромӯзӣ, балки чорподорӣ низ муваффақона фаъолият доранд.  Умед дорам, ки дар баробари Ҳукумати Лаҳистон тоҷирони тоҷик низ барои муҳайё намудани ҷойҳои корӣ барои занҳо дар деҳот талош хоҳанд варзид.

Зан кони мӯъҷизот аст

Парвона Валиева ҷавонтарин узви гурӯҳи "Сомон" аз ҷамоати Тахти сангини деҳаи Ҷарқурғон аст. Падари Парвона Сайалӣ Валиев мегӯяд, ки "бад будани шароити иқтисодиямон Парвонаро водор сохт, ки аз ТҶ "Чашма"  қарзи бефоиз гирад. Бо ин маблағ як гов харидем. Меҳнат кардем, як говамон шаш гов шуд, чун фаъолияти гурӯҳ хуб шуд, мардҳоро ҳам ҷалб намуданд, ба бозор бурдан ва савдо намудани маҳсулот вазифаи ман аст. Ҳамагӣ 6 моҳ мешавад, ки фаъолият дорем, аммо хеле пешрафт кардем ва 10 нафари дигарро низ ба кор ҷалб намудем. Дар як гектар замин ҷуворимакка, лубиё, каду, помидор ва дигар полезиҳо корида аз ҳосили ба даст омада маҳсулоти гуногун тайёр намуда, ба бозор баровардем. Муҳимаш он аст, ки баъди семинарҳои кӯтоҳмуддат занҳо ва духтаронамон омода кардани маҳсулотҳои гуногуни бозоргузарро ёд гирифтанд."

- Занҳои деҳ сарсахтанд, - ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд, Нигина Низомова, роҳбари гурӯҳи "Сомон", - албатта коркарди маҳсулоти гуногунро омӯхтем, занҳое буданд, ки аз аввал кор кардан намехостанд, метарсиданд, ки аз ӯҳдаи баргардонидани қарз намебароянд. Кор бемушкилӣ намешавад, шароити деҳот ба ҳама маълум, барқ нест, об надорем, чоҳ даркор, барои маҳсулот анбор, барои анбор чӯбу тахта лозим аст. Аммо бо ин нест, он нест гуфта, шиштан ҳам мурод ҳосил намешавад, бояд худамон барои худамон шароити беҳтаре муҳайё созем. Нав як сол мешавад, ки фаъолият дорем, боварӣ дорам, ки агар мисли дигарҳо се сол фаъолият кунем, шароитамон хеле беҳ мегардад. Ташаккур ба Хукумати Лаҳистон, ки дастгириямон кард, нӯҳсад сомонӣ қарз гирифта, картошка шинондам ва 2000 сомонӣ фоида кардам. Аз фоидаи ба даст овардаам гов харидам. Дигар интизор намешавам, ки кай пайвандонам аз Русия пул мефиристанд. Шукри Худо, чун имрӯз фаъолиятам хуб аст, шавҳарамро аз Русия ба назди фарзандонам баргардондам.

Чӣ масъулияти гаронеро ба дӯши кӯчакаш гирифтааст зани тоҷик, яке барои баргардонидани падар ба назди фарзандон заҳмат мекашаду дигаре барои пеш бурдани рӯзгори падар, дар ҳоле ки як масъули баландпояи як вазорат иддао дорад, ки кумаки аз давлатҳои хориҷӣ барои рушди деҳот пешниҳод шударо бо фоиз ба мардум қарз диҳанд. 

Сурфа ҳам бозоргузар шуд

Зарина, роҳбари коргоҳи дӯзандагӣ мегӯяд: - Бо мақсади инкишоф додани соҳибкорӣ чӣ корҳоеро, ки анҷом додем. Мо аз нахустин гурӯҳҳои ташкилшуда будем, соли сеюм аст, ки бо ТҶ "Чашма" ҳамкорӣ дорем, аввал чорподорӣ мекардем, баъдан мурғпарварӣ, ҳоло дӯзандагиро интихоб кардаем. Корро бо ҳазор сомонии кумаки Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон шурӯъ кардем. Дар аввал баъди омӯзиши бозор ба хулосае омадем, ки сурфа дӯхта фурӯшем. Духтарҳо шарм медоштанд, мегуфтанд, ки онро касе намехарад. Хушбахтона, ин маҳсулотамон бозоргир шуд. Дар баробари сурфа ба дӯхтани рахти хоб низ шурӯъ кардем. Ҳоло тамоми ноҳияи Қубодиён рахти хоби моро харидорӣ мекунад. Фармоиш бошад, барои дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ тайёр карда метавонем.

Занҳои деҳот мушкилота-шонро ҳал месозанд

Назрбибӣ, яке аз бонувони фаъоли хоҷагидории пешқадам мегӯяд: - Имрӯз барои ман бахти баланд аст, ки мо занони деҳотӣ мушкили худро худ ҳал карда метавонем. Соли равон комёбӣ ба ман даст дод, ки дар озмуни "Зан ва замин" ғолиб биоям. Ин умед ва бовариямро ба ояндаи нек дучанд кард. Аз ин рӯ мақсад дорам, ки соли 2015 гурӯҳи нав ташкил, карда бо истифодаи самаранок ва оқилона аз замин маҳсулоти гуногун истеҳсол намуда, сайри бозорҳои худӣ ва берунӣ кунем. Дар ин самт алакай таҷриба ҳам андӯхтем. Беҳуда нагуфтаанд; "мушкиле нест, ки осон нашавад".

Моро ҳам нависед

Салима Насриддинова ва Саодат  Давлатова (модар ва духтар) аъзои фаъоли яке аз гурӯҳҳо мебошанд. Апаи Салима мегӯяд: -То соли  2000- ум зиндагии хеле вазнин доштам, намедонистам, ки зиндагии фарзандони ятимамро чӣ гуна пеш барам. Дар бораи ташаббуси дастгирии соҳибкорӣ дарак ёфтаму дарашонро кӯфтам. Дастгириям карданд, сехи қолибофӣ ташкил кардам, бо кумаки ҳукумати Лаҳистон сехро васеъ намудем, на фақат қолибофӣ, балки қоқмабофӣ ҳам мекунем. Шогирдҳои зиёде тайёр намудам, аз фоидаи ба даст омада духтарҳоямро тӯй кардаму соҳиби хонаву дари обод шуданд. Духтарҳоям ҳам аз ин ҳунар баҳраманданд. Хозир бо фармоиш кор мекунем, ҳарчанд имрӯз баъзе проблемаҳо аз қабили ба таъмир эҳтиёҷ доштани бинои сех ва ашёи хом садди пешравӣ ҳаст, аммо умед дорам ин камбудиҳо низ ҳалли худро меёбанд . Муҳим имрӯз дар фикри тайёр кардани рангҳои табиӣ ҳастам ва фикр мекунам, бо истифода аз ин рангҳо маҳсулоти мо харидорони бештар пайдо хоҳанд кард. 

Хостан тавонистан аст

Ҳамин тавр занҳо  як як  аз таҷриба ва ҳунарҳои андӯхтаашон нақл мекарданду ба худ гуфтам; "Мешудааст -ку"! Оре, агар дил бихоҳад, ҳама корро кардан мумкин. Масалан, Моҳистон нақл мекард, ки мо дар гурӯҳ панҷ нафар ҳастем ва аз кала -поча намудҳои гуногуни ғизо тайёр мекунем. Харидор зиёд дорем. Ҳатто дар тӯйҳо фармоиш мегирем. Махфират Саидраҳмонова, ки роҳбарии хоҷагии деҳқонии  "Идибек"- ро даҳ сол боз ба ӯҳда дорад, нақл кард, ки ду сол пеш бо номи "Чӯянчӣ" гурӯҳе ташкил кардааст. Дар гурӯҳ 15 нафарро гирди ҳам оварда, ҳар як аъзои гурӯҳро ба шуғле фаро гирифтааст. Ба сари ҳар як узви гурӯҳ 200 долларӣ қарз гирифтаанд. Соли равон бо тоҷирони афғонӣ аз вилояти Қундуз ба маблағи сад ҳазор сомонӣ ҷиҳати хушк кардани зардолу шартнома бастаанд. Умед доранд, ки аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ мебароянд ва аз фоидаи ба даст оварда, як корхонаи хурд месозанд. Махфират мегӯяд, чанде пеш аз сафари Амрико баргаштааст ва дар самти соҳибкорӣ таҷрибаи худро хеле сайқал додааст.

Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем

Умуман, баъди нақли занҳо аз таҷрибаашон, ба хулосае омадан мумкин аст, ки агар ба сохтани корхонаҳои бесуд, ки ба ғайр аз омори бардуруғ пешниҳод намудан, ба амал гузарем ва барои рушди деҳот ва бо ҷойи кор таъмин намудани занҳо, иқдоми ҷиддитареро роҳандозӣ кунем, бо ин созандагии зани тоҷик, бовар кунед, метавон садҳо мушкилотро рафъ сохт. Бояд корхонаҳо дар кишвар тарзе сохта шаванд, ки аз якдигар вобаста бошанд, агар дар як минтақа қоли бофанд, дар минтақаи дигар барои он пашм тайёр кунанд ва дар ноҳияе дигар ранг. Имрӯз амалӣ нагаштани аксар барномаҳои ҳукуматӣ ва рӯи коғаз мондани онҳоро сабаб он аст, нафароне, ки аз болои ин барномаҳо кор мекунанд, аз утоқи кории худ дурро надидаанд, бо вазъи минтақаҳо хуб ошно нестанду намедонанд, ки кадом манотиқи Тоҷикистон чӣ захира, имконияту иқтидор дорад. Барномаҳо фақат дар сурате муваффақ мегарданд, ки баъди таҳлили амиқ ва ҳаматарафа рӯи коғаз оянд, яъне то оне ки аз рӯи мақоли "сад бор чен куну баъд бибур" амал накунем, ба натиҷаи ниҳоӣ расиданамон дар гумон аст. Ва ин воқеияти имрӯзаи рӯзгори мо аст. Масалан, солҳост, ки дар бораи рушди деҳот, бо ҷойи кор таъмин кардани мардум, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатарии маводи озуқа сухан меронем, аммо дар ин самт иқдоми ҷиддиеро аз сар нагирифтаем. Агар ба ғайр аз суханҳои хушку холӣ дар ин самт иқдоми ҷиддитареро пеш мегирифтанд, имрӯз муҳоҷирати корӣ ба маротиб коҳиш меёфту дар деҳот воқеан ҳам ҷойҳои корӣ зиёд мешуд ва мардум тарки деҳот кардаву ба шаҳр кӯч намебастанд. Дар воқеъ барои кашф ва истихроҷи сарватҳои табиӣ, рушди саноати кӯҳӣ, сохтани корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли автомобил пеш аз ҳама мутахассис, барқ, техника ва технологияи пешқадам, инчунин маблағгузории зиёд зарур аст, аммо чун имрӯз саноат ва иқтисоди кишвари мо дар шароити бӯҳронӣ қарор дорад ва ин бӯҳронро бе рушди саноат ва ҷалби сармояи  хориҷӣ паси сар карда наметавонем, пас ягона роҳ ин ривоҷ додани соҳибкории хурду миёна дар ҷумҳурӣ аст. Бешубҳа, соҳибкорӣ яке аз механизмҳои асосии рушди иқтисод ва яке аз самтҳои пешбарандаи иқтисодиёти давлат маҳсуб меёбад. Маҳз соҳибкорон ҳастанд, ки ба ҳазору як мушкилоте, ки пешорӯяшон мегардад, нигоҳ накарда, баҳри осоиштагию оромӣ, серию пурӣ ва некуаҳволии мардум заҳмат мекашанд ва табиист, ки аз маҳсули дасти онҳо бозор ғанитар мегардад. Умуман, соҳибкорони ватанӣ ба хубӣ дарк кардаанд, ки асоси равиш ва равнақи соҳибкориро бояд масъалаҳои иҷтимоӣ ташкил бидиҳанд. Аз ин хотир барои рушди соҳибкорӣ дар кишвар истифодаи захоири дохилӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ ногузир аст. Аз тарафи дигар урфу одат, тарзи усули зиндагии мардуми деҳот низ дар ин ҷо нақш мебозанд ва фақат бо гузаронидани тадқиқот муайян кардан мукин аст, ки дар кадом минтақа мардум ба кадом намуди соҳибкорӣ шуғл варзида метавонанд, яъне омилҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва табиию ҷуғрофӣ дар соҳибкорӣ мақоми аввалин дорад.  

Мавҷудаи Соҳибназар

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97