“Мобайл – клиник” дар Хатлон

Иҷтимоъ 19.08.2014 12:20

mobileclinic3

“Дар тақ-тақ шуд. Кушодам, ки ду нафар, як марду як зан, бо либоси сурх ва чанд варақа дар даст дар пушти дар истодаанд. Худро шинос карданд, ҳолпурсӣ карданд, варақаҳоро доданд ва боз гуфтанд, ки ба ҷамоат як мошини калони тиббӣ омадааст ва ташхисҳои гуногун мекунаду ягон дирам барои кораш намегирад. Ба хона даъват кардам, надаромаданд ва ба сӯи хонаи ҳамсоя рафтанд”.

 mobileclinicНақли холаи Нисо, ки дар сояи дарахте дар назди Дармонгоҳи сайёр навбати худро интизорӣ мекашид, ҳамин гуна оғоз ёфт. Холаи Нисо ва занону ҷавонони дигарро, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ якояк барои ташхис ва машварати тиббӣ ба Дармонгоҳи сайёр ворид мешуданд, ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз манзилҳои истиқоматияшон даъват кардаанд.

Дармонгоҳи сайёр ҳадяи созмони ҷамъиятии русиягии “СПИДинфосвяз” мебошад, ки андарунаш таҷҳизоти замонавии ташхис насб шуда, дар чаҳорчӯбаи  барномаи русиягии «Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо маризиҳои гузаранда» ба мардуми вилояти Хатлон хидмат мерасонад. Фаъолияти мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти маъмурӣ ва тиббии вилояти Хатлон, Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ва созмони ғайриҳукуматии “Амирҷон” гузаронида мешавад. 

mobileclinic1Дар дармонгоҳи сайёр табибон ва мутахассисони соҳаи тиб – духтури умумии оилавӣ, духтури таҳлилгар, момодоя ва акушер, ва пизишки пӯсту амрози зуҳравӣ, ки таҷрибаи корӣ дар ниҳодҳои тиббии вилояти Хатлонро доранд, фаъолият мекунанд. Дармонгоҳи сайёр аз рӯи ҷадвали муайяншуда ба чаҳор ноҳияи вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷамоатҳои дурдаст равон мешавад. Ин Дармонгоҳ ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Бохтар ва Вахшро пӯшиш медиҳад. 

mobileclinic2

Ҳадаф аз фаъолияти ин Дармонгоҳи сайёр пешниҳоди ташхису машваратҳои тиббӣ ба қишрҳои ниёзманд дар манотиқемебошад, ки дастрасии маҳдудтар ба дармонгоҳҳои тиббӣ доранд.

 

Фаррух Қосимов, раҳбари барномаҳои муҳоҷират дар Намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, бо назардошти таҷрибаи баланди кор бо мардум ва шабакаи бузурги ихтиёриён дар саросари Тоҷикистон, тасмим шуд, Ҳилоли Аҳмар низ ба фаъолияти ин Дармонгоҳ ҷалб гардад. Ҷаноби Қосимов мегӯяд: “Ихтиёриёни тамриндидаи Ҳилоли Аҳмар дар даъвати мардум ба ин Дармонгоҳ, интишори огаҳӣ аз ҷадвали фаъолияти Дармонгоҳ ва баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ саҳми назарраси худро мегузоранд. Мо, ҳамзамон, баргаҳои вижаи иттилоотӣ дар мавзӯъи бемориҳои гуногуни сироятиро низ таҳия кардаем, ки ба воситаи ихтиёриёни худ паҳн мекунем, то огаҳияшон аз роҳҳои пешгирӣ ва табобати саривақти ин гуна маризиҳо боло равад”.

mobileclinic4

Ихтиёриёни Ҳилоли Аҳмар, ҳамчунин, бо фаъолони маҳаллаҳо, бо намозгузорони масҷидҳо, бо омӯзгорону шогирдони мактабҳо низ вохӯриҳо мегузаронанд ва онҳоро аз хатарҳои бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои солим нигаҳ доштани руҳу бадан огоҳ месозанд. Танҳо дар се моҳи фаъолияти ихтиёриён бештар аз 7,000 нафар дар ин чаҳор ноҳия бо корҳои фаҳмондадеҳӣ ва ҳамчунин, бо даъват ба ташхис дар Дармонгоҳи сайёр фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон, бо ҳадафи таҳияи ҷадвали сатҳи огаҳии мардум аз бемориҳои сироятӣ, дониши мардум аз ВИЧ СПИД, сил, ва гепатит пурсида мешавад. Пурсишномаҳои мазкур муайян карданд, ки шумораи онҳое, ки аз бемории сил огаҳӣ доранд, нисбатан бештар буда, вале тақрибан то нисфи пурсидашудагон аз маризии гепатит камтар огаҳӣ доранд. Дониши мардум доир ба ВИЧ СПИД, роҳҳои гузаришу пешгирӣ аз он, дар васати ин ду бемории дигар меистад. 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97