Дониш андар дил чароѓи равшан аст....

Иҷтимоъ 12.08.2014 13:22

IMG 7545

Дониш андар дил чароѓи равшан аст....

агар он боз дар Маркази иттилоотӣ-омӯзишии Ҳилоли Аҳмар бошад

Барои навиштани боз як матлаби дигар дар бораи баҳрагирандагони Маркази иттилоотӣ-омӯзишии Ҳилоли Аҳмар барои муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо дар шаҳри Қурғонтеппа вориди синфхонаи ин Марказ мешавам. Дар миёни ҳама ҷавонписарон танҳо як духтаракро мебинам, ки дар сафи аввал нишаставу гӯшу ҳуш ба омӯзгор дӯхтааст. Рӯсарӣ дар сар, айнак дар чашм ин ҷавондухтар қариб ба ҳар як суоли муаллимаи забони русӣ бо русии хеле ҳам тоза ва шево посух медиҳад. Баъдан, пурсидамаш, ки оё дар мактаби русӣ таҳсил кардааст? Чашмонам бузург шуданд ва даҳонам во монд, вақте посух дод, ки мактабро умуман танҳо то синфи панҷ хондааст...

 IMG 7557

Мадина Ашӯроваи 16-сола дуввумин узви хонадонашон аст, ки дар Маркази Ҳилоли Аҳмар дарс мехонад. Қабл аз ӯ хоњари бузургаш Марворӣ, ки ду сол бузургтар аз Мадина аст, ду моҳ дар ин Марказ таҳсил карда ва бо гирифтани гувоҳномаи таҳсилаш шавҳар кардааст. Инак, Мадина дар курсие, ки хоњари бузургаш менишаст, мешинад ва бо русидонияш тамоми ҷавонписарони ҳамсинфашро қоил мекунад. Мепурсам, ки агар мактаб нахондааст ва намехонад, пас русиро аз куҷо ин қадар хуб ёд гирифтааст? Дар посух қиссаи дуру дарозу ва ҷолиберо мешунавам:

“Вақте ман ҳамчун духтари дуввум дар оила таваллуд шудаам, падарам аз модарам ҷудо мешавад, чунки ӯ писар мехостааст, вале модарам танҳо духтар таваллуд кардааст. Мо, сипас аз Кӯлоб ба Душанбе кӯчидем, манзили зисти аниқ надоштем ва модарам моро ба хонаи кӯдакон дод. Ман дар гуруҳи русӣ будам ва апаам дар гуруҳи тоҷикӣ, аз ин рӯ, ман русиро хуб медонам ва ба апаам низ, вақте дар ин ҷо дарс мехонд, ёрӣ медодам”.

Баъдан, модараш ӯро аз хонаи кӯдакон мегирад ва ба мактаб медиҳад. Сипас, мушкилоти зиндагӣ ва надоштани ҷойи зисти аниқ ба онҳо имкон намедиҳад, ки таҳсилашро идома диҳанд. Холо хушҳол аст, ки дар Маркази Ҳилоли Аҳмар таълим мегирад. Мегӯяд, ҳарчанд русияш хуб аст, вале гирифтани гувоҳинома зарараш намекунад, чунки агар шавҳар кунад, шояд шавҳараш ба Русия равад ва ӯ ҳам ҳамроҳаш хоҳад рафт:

“Бар илова, ин ҷо компютерро ёд гирифтам, аз қонуну қоидаҳои зиндагӣ ва кор дар Русия огоҳ шудам ва маълумоти зиёди дигари муфид дар бораи маризиҳои венерикӣ низ дарёфт кардам. Ба андешаи ман, коре ки дар ин Марказ мекунанд – ҳам таълими забони русӣ, компютер, маълумоти ҳуқуқӣ ва тиббӣ барои ҷавонони тоҷик хеле муҳим аст. Махсусан, ин ҷавонон ба Русия мераванд ва чизе дар бораи силу СПИД намедонанд, ва мумкин бо одамони хатарнок сарукор пайдо кунанд ва худро дар хатар монанд”.

IMG 7580

Маркази иттилоотӣ-омӯзишии Ҳилоли Аҳмар барои муҳоҷирони корӣ ва аҳли хонадони онҳо дар шаҳри Қурғонтеппа ҳаштумин маркази вижаи Ҳилоли Аҳмар барои муҳоҷирон мебошад. Ин ҷо хоҳишмандон забони русӣ ва кор бо роёнаро меомӯзанд ва ҳамчунин, машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ мегиранд. Ҳамаи ин ҳашт марказ бо талош ва пуштибонии Намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дарҳои худро ба рӯи хоҳишмандон боз кардаанд. Ҳама навъи хидматрасониҳои марказҳои мазкур комилан ройгон аст. Марказе, ки дар шаҳри Қурғонтеппа кушода шудааст, бо маблағгузории созмони ҷамъиятии русиягии “СПИДинфосвяз” дар чаҳорчӯбаи барномаи русиягии «Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо маризиҳои гузаранда» фаъолият мекунад. Муҳоҷирони эҳтимолии корӣ, муҳоҷирони бозгашта, ва ҳамчунин, аҳли хонадони онҳо дар ин марказ имкон доранд, ройгон машваратҳо дар мавзӯъи ВИЧ/СПИД ва ҳаққи қонунии дастрасӣ ба хидматгузориҳои тиббӣ дар Русия, ва машваратҳои ҳуқуқӣ бигиранд, ва ҳамчунин, ройгон забони русӣ ва кор бо роёна ва барномаҳои тозатарини фанновариҳои иттилоотӣ барои тамос бо наздиконашонро биомӯзанд.

Зубайдулло Толибов, раҳбари дафтари ҶҲАТ дар минтақаи Қурғонтеппа, ки худ ҳамзамон пизишк ва ҷарроҳ мебошад, ба донишомӯзони марказ зуд-зуд дарсҳои огаҳӣ аз маризиҳои сироятӣ бо таваҷҷӯҳи вижа ба силу СПИД ва гепатит мегузаронад. Ҷаноби Толибов мегӯяд: “Дониши кам аз хадамоти тиббӣ, ба мисли огоҳӣ ва ҷилавгирӣ аз ВИЧ ва сил, амрози зуҳравӣ ва ироаи ёрии аввал ба осебпазирии муҳоҷирон меафзаояд. Агар дар мавриди худи ҳамин СПИД гӯем, дар ҷомеаи мо ба ин мавзӯъ табу гузошта, ва касе дар борааш суҳбат намекунад, кам нафаре ба писаронашон дар бораи ин маризӣ маълумот медиҳанд. Дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа мо ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии муҳоҷирони корӣ аз масоили тандурустӣ ва беҳдоштӣ таваҷҷӯҳ мекунем”.

Муҳиддин Абдураҳмонов ҳамагӣ 15 сол дорад ва имсол ба синфи нуҳ меравад. Ба Русия равона нест ва барои муносибат бо духтарон худро ҳанӯз ҷавон мешуморад. Вале, мегӯяд, маълумоте, ки дар Марказ дар бораи маризиҳои гузаранда мегирад, барои ӯ аз фоида холӣ нестанд.

“Бародарам дар Русия аст. Намедонам, ки чизеро медонад ё не, вале ман масалан зуд-зуд ба ӯ мегӯям, ки мо дар ин Марказ чӣ омӯхтем. Масалан, аз русӣ фалон чизро омӯхтем, дар компютер фалон барномаро кор кардем ва дар бораи СПИД ва ё сил бошад, муаллимон фалон гапро гуфтанд. Боварӣ дорам, барои ӯ ин маълумот лозим мешудагист. Ман медонам, ки СПИД табобат намешавад, тавассути алоқаи ҷинсӣ ва ӯ сӯзандоруи нафари бемор мегузарад ва беҳтар аст, ки одам эҳтиёткор бошад, то ки баъдан як умр дар даводави табобат наафтад.”

Дониш андар дил чароғи равшан аст. В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст. Ин аст шиоре, ки Муҳиддин ва ҳамфикрони ӯро барои омӯзиш овардааст. Ва маҳз барои дониш андӯхтан Муҳиддин ҳар рӯз аз ноҳияи Бохтар бо дучарха дар ним соат ба Қурғонтеппа меояд, то ин ҷо дарс омӯзад. Дарсе, ки на танҳо барои ӯ, балки барои аҳли хонаводааш низ манфиатбор аст. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97