Донистан роҳро ба Русия ҳамвор месозад

Иҷтимоъ 05.08.2014 14:58

donistaniroh

Бародарон Ҷаҳонгири 17-сола ва Худоёри 18-сола имсол ҳамроҳ мактабро хатм карданд ва акнун ҳамроҳ ба мисли садҳо ҳамсоли худ ба Русия рафтан мехоҳанд. Вале дар муқоиса бо бисёре аз ҳамсафарону ҳамтақдирони ояндаи худ, бародарон Назаровҳо бо худ дониши кофии забони русӣ, кор бо роёна, ҳуқуқҳои худ, ва огаҳӣ аз хатари маризиҳои сироятиро ба Русия мебаранд.

 

Маркази иттилоотӣ - омӯзишии Ҳилоли Аҳмар барои муҳоҷирони корӣ ва аҳли хонадони онҳо дар шаҳри Қурғонтеппа, ки ҳаштумин маркази вижаи Ҳилоли Аҳмар барои муҳоҷирон мебошад, ба хоҳишмандон забони русӣ ва кор бо роёнаро меомӯзонад ва ҳамчунин, машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ мерасонад. Ҳамаи ин ҳашт марказ бо талош ва пуштибонии Намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дарҳои худро ба рӯи хоҳишмандон боз кардаанд. Ҳама навъи хидматрасониҳои марказҳои мазкур комилан ройгон аст. Марказе, ки дар шаҳри Қурғонтеппа кушода шудааст, бо маблағгузории созмони ҷамъиятии русиягии “СПИДинфосвяз” дар чаҳорчӯбаи барномаи русиягии «Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо маризиҳои гузаранда» фаъолият мекунад. Муҳоҷирони эҳтимолии корӣ, муҳоҷирони бозгашта, ва ҳамчунин, аҳли хонадони онҳо дар ин марказ имкон доранд, ройгон машваратҳо дар мавзӯъи ВИЧ/СПИД ва ҳаққи қонунии дастрасӣ ба хидматгузориҳои тиббӣ дар Русия, ва машваратҳои ҳуқуқӣ бигиранд, ва ҳамчунин, ройгон забони русӣ ва кор бо роёна ва барномаҳои тозатарини фанновариҳои иттилоотӣ барои тамос бо наздиконашонро биомӯзанд.

Худоёр, ки як сол дертар ва ҳамроҳ бо бародари хурдияш ба мактаб рафтааст, мегӯяд, аллакай аз ин марказ фоидаҳое ба даст овардааст: “Кор бо роёнаро ёд гирифтам, қаблан, ҳатто рӯшан карда наметавонистам, ҳоло корҳои соддаро метавонам анҷом бидиҳам. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ номнавис шудаам, то тавассути онҳо бо амӯзодаҳоям, ки дар Русия ҳастанд, тамос бигирам ва агар, ки худам ҳам ба Русия рафтам, падарамро меомӯзонам, то бо ӯ тамос бигирам баъдан”.

Ҷаҳонгир назари дигаре ҳам дорад: “Магар бе донистани забони русӣ дар он ҷо осон хоҳад буд? Ҳеч гоҳ! Омӯзиши забони русӣ барои дарёфти кор дар Русия ва фиреб нахӯрдан дар он ҷо хеле муҳим аст. Ҷойи кор ёфтан осонтар мешавад, корҳои беҳтар мешавад ёфт. Аз ҳуқуқҳои худ ҳангоми баҳс бо корфармо ё мақомот метавон ҳимоя кард. Ҳамаи ин магар бе донистани забони русӣ имконпазир аст? Не, албатта!. Аз ин рӯ, ман шодам, ки дар ин ҷо имкон дорам бе сарфи ягон дирам забони русӣ биомӯзам.”

donistaniroh1

Аз маълумоти дигари муҳим, ки дар ин Марказ бародарон бардоштаанд, донишҳо дар бораи маризиҳои сироятӣ мебошад. Зубайдулло Толибов, раҳбари дафтари ҶҲАТ дар минтақаи Қурғонтеппа, ки худ ҳамзамон пизишк ва ҷарроҳ мебошад, ба донишомӯзони марказ зуд - зуд дарсҳои огаҳӣ аз маризиҳои сироятӣ бо таваҷҷӯҳи вижа ба силу СПИД ва гепатит мегузаронад. Ҷаноби Толибов мегӯяд: “Масалан, сил. Мутаассифона, дар Тоҷикистон шумораи маризони сил кам нест ва вилояти Хатлон низ дар баробари ин маризӣ осебпазир аст. Бо назардошти шароите, ки муҳоҷирони мо дар Русия зиндагӣ мекунанд – чандин нафар дар як хона ё ҳуҷра зиндагӣ мекунанд, шароити зисташон ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ нест, вазъи хурду хурокашон шояд низ мушкил аст, бар илова, гирифтори фишорҳои равонӣ дар як кишвари бегона мебошанд – ин ҳама сабабҳо шароитеро фароҳам меоварад, ки муҳоҷирони мо барои гирифторӣ ба сил осебпазиртар мегарданд. Мо дар ин Марказ ба онҳо мегӯем, ки нишонаҳои сил кадом аст, чӣ гуна метавон аз гирифторӣ ба ин маризӣ пешгирӣ кард, дар сурати мушоҳида кардани нишонаҳои беморӣ ба куҷо муроҷиат кард ва чӣ кор бояд кард ва амсоли ин. Баргаҳои махсуси иттилоотӣ дар бораи маризии сил низ дорем, ки тақсим мекунем”.

 

Як хешованди наздики бародарон Назаровҳо низ замоне гирифтори маризии сил шудааст ва баъдан муваффақона табобатро то ба охир ба анҷом расонидааст, то аз беморӣ раҳо ёбад.

 

Ҷаҳонгир: “Таҷрибаи талхе барои мо буд. Мо хеле шодем, ки дар ин ҷо низ акнун ба ҳама мегӯянд, агар касе бемори сил бошад, набояд мавриди истеҳзо ва ҳазар қарор гирад, набояд табъиз шавад. Дастгирӣ кардан лозим, дилбардорӣ лозим аст. Бемориро агар аз аввал фаҳмиву дар табобаташ талош кунӣ, аз он метавон раҳо ёфт”.

 

Худоёр: “Муносибати ҷиддӣ ба саломатии худ ин пешгирӣ аз хатари густариши беморӣ дар миёни аъзои дигари оила мебошад. Ба мо ҳам дар дарсҳо ҳаминро гуфтанд, ки агар кадом нишонаҳои сил ва ё касалиҳои дигарро дар худатон ё дӯстонатону хешовандонатон мушоҳида кардед, ҳатман ба духтур равед ва дар пайи табобаташ шавед, то ба оқибатҳои мушкилтар набарад.”

 

Ин ду бародар худро аз нигоҳи дониш ва аз нигоҳи равонӣ омодаи кор дар Русия медонанд. Агар шумо ҳам ба Русия меравед, оё омода ҳастед? Барои маслиҳат ва машварати бештар ба Ҳилоли Аҳмар муроҷит намоед – машваратҳо ва дарсҳо сад дар сад ройгон!

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97