Саволи рӯз: Чаро туризм дар Тоҷикистон рушд наёфтааст?

Иҷтимоъ 09.07.2014 17:46

 

Саъдии Маҳдӣ, устоди ДМТ:Sadi Mahdi 1

 

- Ин суол воқеан бисёр муҳим аст. Давлатҳои дигар, ки нисфи табиати моро надоранд, баҳри ин саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, маблағи зиёдро баҳри ин соҳа ҷудо мекунанд, мисли сохтмони иншооти замонавӣ, меҳмонхонаҳое бо дизайни шарқӣ. Дар шаҳри Самарқанди таърихӣ будам. Дар он ҷо барои туристҳо ҳар гуна сувенир тайёр мекунанд. Китобча - буклетҳои суратдор, ки табиати зебо, ҷойҳои таърихии Узбакистонро ҷо кардаанд ва мефурушанд.

Агар мо ҷойҳои гуногуни кӯҳистони Тоҷикистонро сурат гирем ва тавассути ин гуна буклетҳо паҳн кунем, ё тавассути телевизион ба намоиш гузорем, хеле аз сайёҳони хориҷӣ ҷалб мешаванд ва буҷаи давлат ғанӣ мегардад. Барои туризм маблағ бояд ҷудо кард, то ин маблағ даҳчандон ба буҷаи давлат бозгардад.

 Бунафшаи Абдураҳим, ровии барномаҳои иттилоотии радиои "Ватан":

Bunafsha Abdurahim

- Сабаби рушд наёфтани туризм дар кишвар ин пеш аз ҳама ба талабот ҷавобгӯ набудани минтақаҳои туристӣ мебошад. Инчунин, то ҳол кишвари мо то андозае, ки кишварҳои сайёҳӣ пешрафта мебошанд, ба ин дараҷа ноил нагардидааст. Ба фикрам ягона роҳи ҳал, ба талабот ҷавобгӯ будан ва бо роҳҳои гуногун ҷалб сохтани сайёҳҳони хориҷӣ мебошад. Масалан, дар Туркия барои сайёҳон имкониятҳои зиёд дода мешавад. Ҳар сайёҳе, ки ба ин кишвар сафар мекунад, як ҳафтаи аввал ғизо ва ё ҷои зисташон ройгон аст. Ҳамчунин сайру сайёҳат низ. Фикр мекунам, агар дар кишвари мо низ чунин имкониятҳо ҷорӣ шавад, сафи сайёҳон афзоиш меёбад.

Shahriyi AhtamzodШаҳрияи Аҳтамзод, шоир:

- Мутаассифона он шароити хубе, ки дар дигар кишварҳои туристӣ барои сайёҳон омода мегардад, дар Тоҷикистон нест. Ман ба наздикӣ аз Тавилдара омадам, ҳамин қадар мавзеи зебо, вале роҳи мошингарди он солҳо рӯи таъмирро надидааст.

 

 

Mahin EmomovМаҳини Даврон, хабарнигор:

- Чунки хориҷиҳо дар бораи Тоҷикистон кам иттилоъ доранд. Манбаи асосии иттилоь дар ҳоли ҳозир интернет мебошад ва ҳар як нафаре, ки мехоҳад ба кишваре сафар кунад, ҳатман дар қадами аввал аз интернет кумак мегирад. Мутаассифона дар интернет дар бораи Тоҷикистон иттилоъи зиёд нест. Масалан агар як хориҷӣ ҳутел ё меҳмонхонаеро бихоҳад пайдо кунад, чизе гираш намеояд. Меҳмонхонаҳоямон дар интернет худро кам таблиғ мекунад. Дар бораи нарху навои меҳмонхона ва хонаҳои иҷора иттилоъ кам аст. Яьне чунин иттилоъот ва роҳнамоҳои ҷузъӣ барои ҷалби туристон ба кишвар хеле заруранд. Агар таблиғу ташвиқ зиёд шавад, ҳатман турист зиёд меояд.

 

Sipehr QalandarshoСипеҳри Кароматулло, донишҷӯи ДМТ:

 

- Чанд омилҳое вуҷуд дорад, ки монеъи аслии рушди туризм дар Тоҷикистон аст. Пеш аз ҳама сатҳи пасти хидматрасонӣ ба сайёҳон мебошад. Бо шароити хидматрасоние, ки мо дорем, сайёҳон бо як бор омадан дигар ҳич вақт намеоянд. Дувум, роҳҳои хароб ва набуди ҷойи иқомат дар ҷойҳое, ки минтақаи туристӣ эълон шудаанд, мушкили дигари ин соҳа мебошад. Мушкилоти зиёди дигар, аз ҳуҷҷатбозии зиёд то гаронии нархи билет ва мушкилоти визо ва ғайра умдатарин монеъа аст, ки монеи ҷалби бештари саёҳон ба кишвари мо мегардад. Гузашта аз ин, кишвари мо ҳанӯз ба чашми ҷаҳониён ношинохта боқӣ мемонад. Яъне, ҳанӯз мо натавонистем кишварамонро барои сайёҳони хориҷӣ рӯнамоӣ кунем. Аз ин рӯ, барои рушди ин соҳа хеле корҳоро анҷом додан лозим аст.

 

Rustami vahobРустами Ваҳҳоб, шоир ва адиб:

 

- Дар Тоҷикистон зербинои (инфраструктураи) зарурӣ барои туризм мавҷуд нест ё кам аст. Туризми Тоҷикистон бояд баэҳтиёт ва ба мизони зарфиятҳои мавҷуд бошад. Туризмро набояд барои Тоҷикистон бахши асосии иқтисод қарор дод. Кишваре, ки иқтисоди худро зиёд ба туризм вобаста мекунад, осебпазирии бештаре дорад.

 

Jumakhoni saydaliҶумъахони Сайидалӣ, хабарнигор:

 

- Ҳоло гуфта намешавад, ки сабаби аслӣ набудани тарғиби кофӣ дар ин соҳа аст. Зеро ки дар шароити имрӯза ҳар кадом нафаре аз ҳар куҷое мехоҳад тавассути сомонаҳои интернетӣ дар бораи дилхоҳ кишвар маълумот пайдо карда метавонад. Чанд сол қабл  бо яке аз дӯстонам  филме барои муаррифии Душанбе таҳия карда будем, ки фарогири аксари манотиқи зебоманзар ва мавзеъҳои таърихиии кишвар буд. Ростӣ аз сатҳи хидматрасонӣ ба сайёҳон огаҳӣ надорам, вале як чизро ба хубӣ медонам, ки дар бархе аз кишварҳо ба хориҷиҳо ҳамчун ба мардумони сарватманд нигоҳ мекунанд ва нархи маҳсулоту хидматрасониҳоро боло мебаранд. Дигар ин ки барои ба ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон расонидани сайёҳон, ба назари ман, нафароне аз ҷумлаи ронандаҳои таксӣ масъул бошанд ва ё ронандаҳои таксие, ки соҳибмаълумотанду одобу муошираташон нисбатан болост, дар созмонҳои давлатию хусусии туристӣ сабти ном ва барои ин кор муваззаф карда шаванд. Ва бояд қимати хидматрасониҳои меҳмонхонаҳо низ омӯхта шавад.

 

hamzabek-hakimzodaҲамза Ҳакимзода, ҳуқуқшинос:

 

- Барои он, ки туризм дар Тоҷикистон рушд намояд, бояд ҳатман маҷмааи шаҳрҳои торихии даврони ренессанси тоҷик - Сомониён шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Нишопуру Мадрас ва Ҳирот сохта шуда, ҳамчун Наврӯзгоҳ ва ҷои тӯю тамошо ва сайругашти мардум гардад, то диққати сайёҳонро низ ҷалб намоянд, агар сармоягузоре бошад, масалан, ман метавонам ҳамин тарҳро амалӣ намоям…

 

zarin 0Заринаи Хушвақт, коршинос:

- Агар ҷаҳонгард дар кишваре, ки ба он сафар мекунад, худро озод эҳсос накунад, ӯ дубора ба ин кишвар барнахоҳад гашт. Ҳамчунин ба дӯстону ҳамватанони худ низ машварат хоҳад дод, ки ба ин кишвар сафар накунанд. Ҳамчунин кишваре, ки фасод дар он ҳукмронӣ мекунад, ҷаҳонгардонро аз худ дур мекунад.

 


Shahloi GulkhojaШаҳлои Гулхо
ҷа, хабарнигор:

- Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон беҳтарин кишвар барои сайёҳӣ муаррифӣ мешавад, вале монеаҳои бюрократӣ, ба хусус раводид ва талаби иҷозатномаҳои иловагӣ барои сафар ва дидани мавзеъҳои мухталиф  сайёҳонро озурда ва барои ҷалби бештари онҳо мушкил эҷод мекунад. Дар ин баробар нархи баланди билетҳо ва меҳмонхонаҳо дар кишвар низ то андозае барои гурезондани сайёҳон аз кишвар ва пайдо кардани заъф дар фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ боис шудааст.

Хулоса, фикр мекунам, мушкилот дар хадамот ва имконоти инфрасохторӣ, сабабгори он шудааст, ки то ҳанӯз ин ришта дар Тоҷикистон рушд пайдо накунад.

Mirzosaid SultonovМирзосаиди Султон, муҳоҷир, устоди донишгоҳи Ҷопон:

- Набудани хати парвози доимии мустақим аз шаҳрҳои калон ба Душанбе, таҷрибаи нокифояи мудирият дар соҳаи ҷаҳонгардӣ ва гоҳ-гоҳ номусоид гардидани вазъияти сиёсӣ аз сабабҳои асосии рушд накардани туризм ва ё ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон мебошанд.

 

Rahim QalandarovРаҳим Қаландаров, корманди радиои "Муҳоҷир":

- Рекламаи кам дорем!!! Филмҳои ҳуҷҷатӣ кам дорем ва ширкатҳои сайёҳӣ низ дар мо хеле кам ҳастанд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97