"Пайк" яксола шуд

Иҷтимоъ 07.07.2014 14:44

Суҳбати ихтисосии "Миллат" бо Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи "Пайк"

Ahmadi Ibrohim musohiba- Давоми ин як сол"Пайк" кадом пайраҳаҳоеро паймуд ва дар ин муддат чи мушкилоту муваффақият дошт?

- Қабл аз ҳама тавонистем то андозае халои иттилоотиро дар минтақа пур созем. "Пайк" ягона ҳафтавори мустақил дар сартосари вилояти Хатлон аст. Мушкилот, гумон дорам барои ҳамаи ҳафтаномаҳо анқариб яксон аст.  Аз ҳама мушкил дарёфти хонанда буд, ки мо онро ёфтем. Дигар мушкилот интиқоднопазирии ашхоси мансабдор аст, ки ба мо муяссар гашт, то андозае бо онҳо ҳамкории ҳасанаро ба роҳ монем. Яъне ба бисёрашон фаҳмонда тавонистем, ки журналистони танқидгар душманони масъулин нестанд, балки душмани ҳама гуна бемасъулиятӣ мебошанд.

Дигар, таҳдид ба ҷони сармуҳарриру ба муддати як ҳафта баста шудани ҳафтавору тундравӣ ва боз фишорҳои ба ҳамагон маълум буд.

Билохира, бояд башорат бидиҳам, ки пурсиш собит сохт, ки дӯстони ҳафтавор бештар аз душманонаш будааст.

-  Дар гузаштаҳо дида шуд, ки нашрияҳои маҳҳалӣ он қадар муваффақ набудаанд? Пас аз ду се соли фаъолият кор поён меёбад. Оё ба ҳафтаномаи шумо чунин хавфе таҳдид намекунад?

- Қабл аз ҳама набудани манобеъи кадрӣ мушкил эҷод мекунад. Барои он, ки "Пайк" 7 нафар ҷавонро барои ҷалби кор дарёфт кунад, ҳудуди 40 нафарро аз полоишгоҳи худ гузаронд. Ду нафареро ҳам, ки мо аввалан такя бар онҳо доштем ва аз беҳтаринҳо маҳсуб мешуданд, дигар расонаҳои хабарӣ аз мо рабуданд. Чун ин расонаҳо барои фаолият, аз мо бештар маблағ доштанд.  Мушкили дигар муносибати нек надоштани масъулин бо матбуоти озод аст. Танқидро бад мебинанд. Чуноне, ки дар боло зикр кардам, то андозае ин мушкилро мо дар баробари худ бартараф кардем. Табрикоту таманниёти неки раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонзода бахшида ба 1 солагии ҳафтавор ва пешниҳод кардани шароит барои таҷлили солгарди ҳафтавор исботи ин ҳақиқат аст.

То ҳол моро хавфи аз фаолият бозмондан таҳдид накардааст. Баръакс, мо тасмим дорем, то соли оянда дар заминаи ҳафтавор радио ва баъди ду соли дигар телевизиони мустақил таъсис бидиҳем. Фақат вақт лозим аст, ки мутахассисонро худи мо омода созем.

- Бархӯрд ва ҳамкории мансабдорон бо ҳафтаномаи шумо чӣ гуна аст?

- Вокунишҳои зиёд ба мақолаҳои танқидӣ бозгӯи ҳақиқатест, ки масъулин ҳамкорӣ кардан мехоҳанд ва бо мурури замон моҳияти созандаи маводи танқидиро дарк карда истодаанд. Аммо боз масъулине низ ҳастанд, ки инро дарк накардаанд ва аз афташ дарк ҳам карданӣ нестанд. Зерсохторҳои вазорати Адлияи ҷумҳурӣ дар минтақаи Кӯлоб, ба вижа идораи САҲШ ва Нотариалӣ назири онҳост, ки бо ҳар роҳу восита баъди чопи мақолаҳои танқидӣ  фишор ба мо оварданд ва таҳдидамон ҳам карданд. 

- Фикр мекунед, ки дар Тоҷикистон ҳам мешавад, дар минтақа истода ҳафтаномае саросарӣ таъсис дод?

- "Пайк" исботи зиндаи ин фикр ва посух ба ин савол аст. Шукр, ки имрӯз хонандаи мо душанбегӣ асту хӯҷандӣ ва ҳисорӣ асту қубодиёнӣ.

- Дар ҳоле ки дастрасӣ ба иттилоъ хеле сода шудааст ва хабар лаҳза ба лаҳза тариқи интернет, мубойл, ТВ ва радио дастрас аст, фикр мекунед, ки як нашрияи чопӣ чӣ гуна метавонад хонандаи худро аз даст надиҳад?

- Шояд баъди ду-се соли дигар хонандаи тоҷик ниёз ба ахбори чопӣ надошта бошад. Аммо газета фақат иборат аз ахбор нест. Матолиби таҳлилӣ ва мақолаҳое ба нашр расонидан лозим, ки хонданашон хеле ҷолиб бошад. Таъсири ҳафтавор ба ҷомеа назар ба интернет хело зиёд аст. Ҳафтавору рӯзномаҳо на танҳо дар ҳоли маҳвшавӣ қарор надоранд, балки гумон дорам онҳоро ояндаи дурахшону навин интизор аст.

- Бисёриҳо ба ин назаранд, ки хонандаи ҳафтаномаҳо зиёд аст, вале мутаасифона дастрас кардани ҳафтаномаҳо душвор ва ҳатто номумкин шудааст, яъне нашрияҳо тариқи почта расонида намешавад. Шумо дар ин маврид чӣ назар доред?

- Бале, дуруст қайд кардед. Аммо бояд кушиш ба харҷ дод, то ин мушкилӣ бартараф шавад. Мо ҳам ҳудуди 1300 нафар обуначӣ дорем. Дуруст аст, ки дар се-чор моҳи аввали фаъолият мушкили сари вақт расидани ҳафтавор вуҷуд дошт. Баъди такудавҳою сӯҳбатҳо бо масъулини почта ба мо муяссар шуд, ки мусоидат кунем, то ҳафтавори "Пайк" сари вақт ба дасти хонанда бирасад. Ҳафтавор рӯзи чаҳоршанбе чоп мешавад, панҷшанбе ва ҷумъа ба дурдасттарин навоҳӣ тавассути почта ё мошин ба дасти хонанда мерасад. Рӯзи чаҳоршанбе дар Кӯлоб паҳн мешавад.

- Як солагии ин тифли матбуотро барои Шумо ва хонандаи арҷманди "Пайк" табрик арз медорем. Рострӯӣ ва ростгӯӣ бароятон таманно дорем!

- Сипос!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97