Рӯдакӣ бидуни унвони «халқӣ» беш аз ҳазор сол зист,

Иҷтимоъ 02.07.2014 09:12

Jurabeg Nazri -Ho

«халқӣ»- ҳои имрӯз умри дурӯза доранд, чаро?

Чунон, ки дар боло ишора кардам, зиёдагӯиҳо зиёд ба назар мерасад, ҳар касе ҳар чи хост рӯи коғаз меоварад ё мегӯяд, вагарна ба ин тариқ суол додану муқоисаи бемантиқ кардан… беҳтараш ба мусоҳибаи рӯзноманигорон Шарифи Ҳамдампур ва Иззатбеки Идизода бо шоиру рӯзноманигор Муҳаммад Ғоиб бо унвони "Ғубори корвон", ки дар рӯзномаи "Тоҷикистон" ба табъ расидааст, таваҷҷуҳ фармоед: "Дар паҳлӯи устод Мирзо Турсунзода ҳамеша як шоири базлагӯ Боқӣ Раҳимзода қарор доштанд. Шумо (Муҳаммад Ғоиб дар назар аст- ҷ.Н.) низ як фарди базлагӯ ҳастед, чаро дар паҳлӯи Меҳмон Бахтӣ қарор надоред"? (Тоҷикистон. 13. 03. 2014. саҳ.5). Ошноҳои азиз, шумо беҳтар медонед, ки истифодаи истилоҳи "базлагӯ" айни ҳол як навъ тобиши манфӣ дорад, яъне масхарабоз. Дигар, Боқӣ Раҳимзода "базлагӯ" набуданд, балки як чеҳраи бузурги фарҳангӣ буданд дар бари Мирзо Турсунзодаю эшон дар бари ӯ. Муҳитро гулафшон мекарданд. Сониян, ҳарчанд Меҳмон Бахтиву Муҳаммад Ғоиб чеҳраҳои шинохтаи имрӯзи адабиётанд, маълум аст, ки на Меҳмон Бахтӣ метавонад мақоми Мирзо Турсунзодаро дошта бошаду на Муҳаммад Ғоиб мақоми Боқӣ Раҳимзодаро. Муқоисае, ки қобили қабул нест, ташбеҳи бемантиқ аст.

Азизони дил, ману шумову дигарон ҳам медонанд, ки буқаламунҳо дар ҳама ҷо ҳозиру нозиранду бо дурӯғ зиндаву маҳрами розу ноз ва кам рух додаст, ки дурӯғгӯёну хушомадгӯёну чоплусону мунофиқон маҳкум шуда бошанд. Ҳарчанд барои чунинҳо ҳеҷ муқаддасоте вуҷуд надорад, мебинед ҷонибдоре, "ғамхоре" пайдо кардаанд. Чаро? Худованд бар ҳама чизе огаҳӣ дорад.

Парвардигоро, зиндагии хубу муҳити муқаддасу поку муназзаду муназзаму муназзаҳ аз олоишро насибамон гардон! Ва "Моро ба роҳи рост ҳидоят кун, роҳи касоне, ки эшонро неъмат додаӣ, на хашмгирифтагони бар онҳо ва на гумроҳон"! (Сураи "Фотиҳа", оятҳои 6-7.)

Як лаҳза тасаввур кунем, ки Худо кунаду устодон Мирзо Турсунзода ё Боқӣ Раҳимзода ё Мирсаид Миршакар ё Сотим Улуғзода ё… умри дубора меёфтанду вориди ҷамоатхонае мешуданд, ҷои тардид набуд, ки  ҳама ҷоро фараҳ фаро мегирифт, ҳозирин хушомад мегуфтанду изҳори хурсандиву хушҳоливу адабу эҳтиром мекарданд. Ҳоло чаро? Худо ҳозиру нозир аст.

Лаҳзае ҳеҷ аз хотир намеравад. Соли 1978 буд. Аз ноҳияи Ғарм бо чанд шогирдам ба сӯйи Душанбе бармегаштам. Дар маркази ноҳияи Файзобод Котиби якуми ҳизби коммунисти  ноҳия Мирзохӯҷа Шоевро (рӯҳаш шод боду хонаи охираташ обод, ки то имрӯз мардуми Файзобод аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд ва мегӯянд, коммунисти ҳақиқӣ буд, яъне марди шарифу поку озода- Ҷ.Н.) дидам, ки бо ҷамъе сӯҳбат дошт. Мошинро манъ кардаму ба саломаш рафтам. Гарм истиқбол карду бо самимият ва меҳрубоние, ки хоси эшон буд, гуфт, Ҷӯрабекҷон, туро Худо овард ва акнун меҳмони мо мешавӣ. Ҳамин лаҳза устод Боқӣ Раҳимзода ташриф меоваранд, Шуморо бинанд хуш мешаванд ва сухан дар даҳонаш буд, ки  мошини устод ҳам расид. Мардуми зиёде ба пешвозаш омада буданд. Баъди истиқболи гарм ва "хуш омадед" гуфтанҳои мардум устодро ҳалқа гирифтанду ба маҷлисгоҳ бурданд. Дар толор ҷои нишаст набуд. Дар лаби ҳама табассуму шодмониву ханда. Дар як гӯшаи саҳна се сандалӣ гузоштанду устод Боқӣ, котиби аввал ва банда нишастем.

Баъди ифтитоҳи маҷлис сухан ба устод Боқӣ дода шуд. Мавҷи қарсак ҳама ҷоро фаро гирифт. Устод барои истиқболи гарм аз мардум сипосгузорӣ карду бо зарофат, чунон ки мебинед, ман танҳо набошам гуфта, Ҷӯрабекҷонро бо самолёти махсус аз Душанбе овардам. Дар лаби ҳама хандаву хурсандӣ. Устод ҳарчи мегуфт ҳикмат буд, панду андарзу насиҳат буд, аз худ, аз Саъдиву Мавлонову Ҳофизу Иқболу дигар бузургони олами маъонӣ барои тақвияти андеша мисолҳо меовард. Албатта, банда низ чанд суруд хондам. Сӯҳбат беш аз се соат тӯл кашид. Мушоҳида кардам, ки омадани устод Боқӣ Раҳимзода барои мардум  фарруху фархунда буд ва хотирмон.

Ё лаҳзаи дигар. Охири солҳои ҳафтод буд. Ба шаҳри Кӯлоб ба ҷашни арӯсие даъват шуда будам.  Чун вақти зиёд доштам, сари роҳ ба зиёрати дӯсти хубам Муншии аввали ҳизби коммунисти ноҳияи Восеъ Неъмат Сулаймонов рафтам. Баъди салому алейк ва аҳволпурсӣ мушоҳида кардам, ки ҳолу аҳволи хуше дошт, дар лабаш табассуми гарм, гӯё қиматтарин тӯҳфа насибаш гашта бошад. Ман напурсида, худаш ба сухан даромад, Ҷӯрабекҷон, фардо устод Боқӣ Раҳимзода меҳмони ноҳияи мо мешавад, мо ин рӯзро орзӯ доштем, ростӣ, сӯҳбати шакаринашро худам ҳам ёд кардам, хурсандии мардумро низ ҳадду канор нест. Ҳоло дар андешаем, ки устодро куҷоҳо барем, то вазифаи мизбониро тавониста бошем хуб ба ҷо биоварем. Омадани Шумо ҳам фоли нек аст, умед дорем, ки устодро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунеду ширро бо шаккар омехта…

Ё худ мулоқотеро бо устоди бузургвор Мирзо Турсунзода ҳеҷ наметавон фаромӯш кард. Ибтидои соли 1977 буд, барф меборид, барфи шадид. Банда аз пеши мағоза-гастраноми назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ мегузаштам, ки чашмам ба чеҳраи шинос, чеҳраи мубораки устод Мирзо Турсунзода афтод. Ба зиёрати эшон рафтам ва баъди салому дуруд пурсидам, устоди азиз, зери ин барфи сахт куҷо ташриф мебаред? Устод дар ҷавоб бо нигоҳи нуронӣ ва каломи шаккарини хеш  чанд сухани нағз дар ҳаққи фақир гуфтанд, ҳунари сурудхониамро, махсус наъту ашъори орифона хонданамро тавсифу таъриф карданд ва боз ишора фармуданд, ки бо Мӯъминшоҳ (Устоди бузурги назми муосир Мӯъмин Қаноатро дар назар доштанд. Устодон Боқӣ Раҳимзода ва Мӯъмин Қаноат ашъори орифона ва сӯфиёна хонданамро зиёд шунида буданд ва яқин кардам, ки  заминаи  ба ин андеша омадани устод Мирзо Турсунзодаро ин ду марди равшанзамир гузоштаанд-Ҷ.Н.) маслиҳат доштем, ки ягон рӯз дар бӯстонсарои нависандаҳо нишасте баргузор кунему вориди олами ирфон шавем. Ин, албатта, лутфи назари эшон буд. Ва дар идомаи сухан гуфтанд, ки имрӯз Малика Собирова дар намоишномаи "Кӯли қувон" ҳунарнамоӣ дорад, меравам, ки билет бигирам. Банда каме бетакаллуфӣ кардаму гуфтам, устоди азиз, омадани Шумо ба театр ифтихор аст ва бешак роҳбарияти театр аз ташрифи Шумо шод мешавад, яъне ба гирифтани билет ниёз нест, сониян, агар зарур бошад, ман рафта билет мегираму меоварам. Не, ба эҳтироми Малика якҷо меравему билет мегирем. Якҷо рафтему бо пули эшон чаҳор билет гирифтему шоми ҳамон рӯз намоишномаро бо хонумҳоямон тамошо кардем. Бори аввал буд, ки бо ҳидояти ин бузургмард ба тамошои балет омадем. Ҳарчанд он замон бандаро мешинохтанду то ҷое байни мардум эҳтиром ҳам мегузоштанд, бароям ифтихор буд, ки дар бари ин марди шариф нишаставу балет тамошо мекунам ва мушоҳида мекардам, ки ҳар кас орзӯ мекард, ки дар ҷои ман дар бари ӯ нишаста бошад.

Афсӯс, он нишасти ҳам, ки эшон пешниҳод доштанду  банда он рӯзро бо тамоми хоҳиш интизор будам, баргузор нашуд. Ҳамон сол гулбарги орази нигорини устод пажмурда гардиду олами фониро падруд гуфтанд.

Ҳарфест, ки

Одамӣ аз барои лаззати хеш,

Зиндагии дароз мехоҳад.

Он ки ӯро зиндагонӣ дод,

Додаи хеш боз мехоҳад.

Овардани мисол ба хотири он аст, ки хонандаи хуб бидонад, ки ин шахсиятҳо бо вуҷуди ҳама бузургӣ ва эҳтироме, ки байни ҷомеъа доштанд, заминӣ буданд ва чи таваҷҷӯҳе мегузоштанд ба ҳунару ҳунарманди асил.

Банда метавонам даҳҳо чунин мисолҳо биоварам.

Ба унвони "халқӣ", барандаи "Ҷоизаи Рӯдакӣ" ва ҷоизаҳои дигар доштанашон  кор надорам, вале дидам, ки азизу маҳбуби халқанду, аз они мардум. Чаро?

"Бо саховату кушодадастие", ки имрӯз дорему "халқӣ"-ҳову ҷоизадоронро аз андоза берун "кашф" кардаему "коштаем" магар миқдор сифатро камранг накард, ё намекунад? Масъуди Саъди Салмон дар ин мавзӯъ ҳарфи хубе гуфтааст:

Макор "агар", ки зи кишта "дареғ" медаравӣ,

Дареғ медаравад ҳар касе, ки корад "агар".

Худо ҳамаро медонад.

Ва бешак адибони маҳбуби халқу халқӣ дар адабиёти муосири тоҷик устодон Садриддин Айниву Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакару Сотим Улуғзодаву Мӯъмин Қаноат баринҳо буданду боз Лоиқу Гулрухсору Бозору… Ҳарчанд ҷои таассуфу надомат аст, ки баъзе аз инҳо ва чандин чунинҳо дар заминаи "озодандешӣ", ба қавли худашон "ба умеди ояндаи дурахшонтар"  қариб монд вориди майдони тирагиҳо - бозиҳои зишти "бозсозии" Горбачёви алайҳилаъна ва Елтсини бадсиришту пайравони бадахлоқашон гарданд. Ба кишвари Шӯравии Сотсиалистии ятимпарвар ва Ленину Сталин баринҳо, ба сохторе, ки мардуми тоҷикро соҳиби мулк карду нону эмону баробариву бародарӣ, бетаваҷҷуҳӣ зоҳир шуд ва қариб монда буд бархе мақоми мардумии хешро аз даст бидиҳанду байни мардум нисбат ба худ як навъ беэҳтиромӣ ва нобоварӣ эҷод кунанд.  Афсӯс, ки…

"Ҳар кас, ки кори неке кунад, беҳтар аз онро подош гирад ва накӯкорон аз ваҳшати он рӯз дар амон бошанд" (Қуръони маҷид, сураи "Намл", ояи 89).

Ва имрӯз куҷоянд соҳибони маърифату адибоне чун Абдулғанӣ Мирзоеву Муҳаммад Осимиву Раҳим ҳошиму Абдусалом Деҳотиву Шарифҷон ҳусейнзодаву Холиқ Мирзозодаву  Носирҷон Маъсумиву Муҳаммадвафо Бақоеву Раҷаб Амонову Абдуқодир Маниёзову Ҳақназар Назарову Фазлиддин Муҳаммадиеву Убайд Раҷабу Аълохон Афсаҳзоду Зоҳир Аҳрориву Амрияздон Алимардонову … ки бо донишу хираду фазилату адабу ширинзабониву шаккаршиканиву меҳрубониву  покиву озодагӣ халқӣ буданду дар хидмати халқ, ки месазад… то дар гӯшаи фаромӯшӣ намонанд.

Дар ҳақиқат бузургмардоне чун устодон Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзодаву… бо хираду фазилату андешаву сӯҳбати гарму гуворову маънии тар ба дилҳо нуру сафо мебахшиданд, муҳитро ороставу пероста мекарданд, аз хубиҳо дарак медоданд, мардумро ба роҳи рост ҳидоят менамуданд, ба ваҳдату ягонагию бародарию баробарию меҳанпарастӣ ва бо ин рафтору гуфтору пиндор аз они халқ шуданд. Меҳани Мирзо Турсунзода фарох буд, Иттиҳоди Шӯравии бузург буду Ҷумҳурии Тоҷикистони азизаш:

Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,

Борҳо бӯсидам аз рӯхсораи поки Ватан…

Хоки Ватани Мирзо Турсунзода аз фурудгоҳи "Шереметово"-и Маскав шурӯъ мешуду мерафт… Чун нек назар кунед, Турсунзодаю он кас баринҳо адибони миллӣ ва миллатҳо буданд, на минтақаву маҳалу русто, он чунон ки, мутаассифона, шурӯъ аз нимаи дуввуми солҳои 80 то ба имрӯзҳо сари ҳар қадам ба назар мерасад. Вагарна ончиро, ки шеъри ноб мегӯянду ба дард мехурад, ҳанӯз Рӯдакиву Фирдавсиву Низомиву Саъдиву Мавлонову Хофизу Ҷомиву Бедилу Иқболу боз садҳо нафар гуфтаанду дурри маънӣ суфтаанд ва беш аз ҳазор сол аст, ки аз они халқанду маҳбуби халқ ва дар хидмати халқ, ки яқин унвони "халқӣ" надоштанд.

Чаро ва чӣ бояд кард, ки ҳамаи "халқӣ"-ҳо аз они халқ бошанду навиштаву эҷодашон дар хидмати халқ?

Ва имрӯз ҳам "халқӣ"- ҳое дорем, ки дар муҳити мо, албатта, дар қаламрави шеъри муосири тоҷик, бешак халқианду бештар метавонанд дар хидмати халқу Ватан бошанд, агар хубу ба ҷо истифода шаванд, сӯҳбаташон ҳам гарму гуворо, шеъри хуб ҳам суфтаанду сухани хуб ҳам  гуфтаанду мегӯянд ва маслиҳатҳои хуб ҳам  додаанд ва тақозо доранд ва дуруст ҳам фармудаанд, ки дарёи сухан баҳри пуробро бояд монад, то аз қаъри он гуҳар тавон бардошт. Яқин аз баҳри тиҳӣ гуҳар наояд, яъне:

Суханро вазну тамкини замин бояд,

Суханро қудрати ҷонофарин бояд…

Суханро сеҳри мурдан, зинда гардидан,

Хазон дидан, баҳорон боз сабзидан…

Суханро талхии ашки дили модар

Ва ширинии ёди бӯсаи дилбар…

Сухан бояд раҳи тақдирро гирад,

Дуои модарони пирро гирад,

Ки бо ҳикмат дами шамшерро гирад,

Ба ним овоз эъҷози туро гӯяд…

Ва бо ин фармуда ашъори хубе ҳам офарида шуд, ки муште аз хирворро меоварем:

Зоиндарӯд, меравӣ, ҳамчун суруди ман,

Чун ханда дар даҳан,

Чун навҳа аз сухан,

Савти Аҷам зи ларзаи мавҷи ту медамад,

Ё аз вуҷуди ман.

Мо ин ҷаҳони ташнаро бас об додаем,

Аз оби рӯи хеш,

Аз оби ҷӯи хеш.

Аз оби лаъл мо лаби хубон кушодаем,

Бо шеваи дарӣ,

Бо шеъри ховарӣ…

Ё

Рӯзҳо мегузаранд,

Рӯзҳо аз сари мо, аз дили мо мегузаранд.

Хабари соати дидору ҷудоӣ бар лаб

Аз раҳи манзили мо мегузаранд.

Ба назар мо ҳама боист зи умр

Судҳо бардорем.

 

Бояд аз рӯз ба рӯз асаре бигзорем,

Бояд аз рӯз ба рӯз  боз ҳам бихраду солор шавем.

На чу дирӯза ба як қоида такрор шавем…

Рӯзҳо мегузаранд,

Рӯзҳо аз сари мо, аз дили мо мегузаранд.

Гар натонем ҳақи хеш ситондан аз вақт

Рӯзҳо ҳар яке чун қотили мо мегузаранд.

Ё

Ман дардро ба тоқати дармон супурдаам,

Номардро ба нафрати мардон супурдаам…

Бар ҳосидони шӯҳратам каҳдуди қаҳқаҳа,

Бар оҷизони иззатам девон супурдаам.

Сар то ба пой дардаму дармонда нестам,

Ман дардро ба довари дармон супурдаам...

Ҳушёру маст водии ҳиҷрон гузаштаам,

Паймона то ба вориси  паймон супурдаам.

Ёрони хасмгаштаву хоину сифларо

Аз рӯи меҳр бар худи Яздон супурдаам.

Ё

Бо асои қоматат худро қапида

Чун шавӣ пайдо ту дар толори донишгоҳ,

Бингаранд аз ҳар тараф сӯи ту шогирдон,

Чун ба сӯи соати девори донишгоҳ.

Хотират ҷамъ аст гӯё бениҳоят,

Дар таги поят замин бошад кифоят.

Бе ғалат по мегузорӣ зина-зина,

Вақтро дар зери поят  мефишорӣ зина-зина.

 

То ҳанӯз овозаву овозат аз ёдам нарафта,

Дарсҳои он ҳама озодат аз ёдам нарафта.

Олами тиллоии афсонаҳо будӣ,

Қиблаву қутби ҷавониҳои мо будӣ.

 

Гар бипурсандам, чиҳо омӯхтам аз мактаби ту,

Ҷаста аз ҷоям ишорат мекунам ман бар лаби ту.

Ҳам забони модариро,

Ҳам ғазалҳои дариро.

Ҳам забони модариро аз Ҳусейнзода,

Ҳам ғазалҳои дариро аз Ҳусейнзода.

 

Эй сипоси мӯю абрӯи сафедат,

Эй сипоси шонаи хамгаштаат,

Эй сипоси умри пурфайзат, ки бар ман

Андаке аз нури имонат расида,

Андаке аз гарди домонат расида.

 

Эй сипоси чун ту пири  мӯсафедон,

Хӯҷаи Хизри қаламдастон.

Ё

Ба навои резаборон дили ман наво надорад,

Ба ҳавои навбаҳорон ҳавасу ҳаво надорад,

Ба нишот ҷо надорад.

 

Ба саройи бесаробон ҳама дардаму фиғонам,

Ба куҷо равам, надонам,  ки ба лаб расида ҷонам,

Аламам садо надорад.

 

Сари соликони раҳгум сухан аз ирода гӯяд,

Ба ҳавои бода гӯяд, ба Худо,  ки сода гӯяд,

Суханаш бақо надорад.

 

Ба баҳори нобаҳангом зи хазон ҳамекунам ёд,

Ки ба бод додаст он ҳама неъмати худодод,

Хабар аз Худо надорад.

 

Чӣ кунам сари баландам нашавад ба назди касс хам

Ва худ аз гаронии ғам ба дарун кашидаам дам,

Нафасам фазо надорад,

Аламам садо надорад…

Ё

Дар ин диёр оҳ кашидан чи мушкил аст,

Тарсам, ки санги кӯҳ ба фарқам фурӯ шавад.

Ё

…Заврақе соз зи андешаву бар об андоз,

Ҳамраҳаш зуд шино кун.

Зи бари соҳили ҳасрат,

Ё ба вақте, ки ғуруб

Гулшане аз шафақ афрӯхтааст…

Ё

Дар бубастам, ки пур аз шаъшаъаи ёр шавам,

То ба гумномии ман рашк барад машҳурӣ.

Ё

Дар дашти ташна заҳмати боғу чаман макаш,

Кошонае, ки бом надорад, ватан макун.

 

Саҳар омаду валекат ман аз ин хабар накардам,

Ту, ки дар канор будӣ, ҳаваси саҳар накардам.

Ё…

Пас чи бояд кард, ки майдони адабу адабиёт ва илму маърифат ҷои покону озодагону бихрадон бошаду беҳунарону камҳунарон мақоми  худро бишиносанд ва на "халқӣ" бошанду на соҳиби ҷоизаҳо ва боз нагӯянд, ки "Ва гумроҳон аз пайи шоирон мераванд. Оё надидаӣ, ки шоирон дар ҳар водие саргаштаанд. Ва чизҳое мегӯянд, ки худ амал намекунанд"? ( Қуръони маҷид, сураи "Шуъаро", оятҳои 224-225.)

Чӣ кунем, ки адибони соҳибэҳтироми мо аз муҳити минтақаю маҳалу русто ба таври ростин берунтар қадам бигузоранд ва аз хориҷи кишвар, ки баргаштанд, хуб бидонанд, ки Ватан аз хоки поки фурудгоҳи шаҳри нозанини Душанбе шурӯъ мешаваду ба атрофу акнофи Тоҷикистон меравад.

Чӣ кор кунем, ки муҳаққиқу мунаққидони хуби мо он чиро бигӯянд, ки ҳақиқат дошта бошад, эҳсосро канор бигузоранду бузургманишӣ накунанд ва дар муҳити шеъри муосири Тоҷикистон нобиғаро наҷӯянду насозанду нагӯянд, харчанд, ки шеъри хуб ҳам гуфтаанд.

Азизони нуктасанҷ, шояд ҳарфҳое гуфта бошам, ки қобили қабули ҳузури муборак ва файзмаъмури шумо нагашта бошад? Метавонед барои ислоҳи андешаҳои банда ва тақвияти афкор ҳарфи хубу мақбулу писандидаи худро бигӯед! Боқӣ шумо донед.

"Ва бар Худои пирӯзманду меҳрубон таваккул кун"( Қуръони маҷид, сураи "Шуъаро", ояи 217).

Худованд ҳамаро медонад.

 

Ҷӯрабек Назриев, 

Узви вобастаии Академияи илмҳои Ҷумҳури Тоҷикистон

 

Узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Моҳи майи соли 2014

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97