"Забон донӣ, ҷаҳон донӣ"

Иҷтимоъ 30.06.2014 11:54

Matluba tagoevaМатлуба Тенгриева 16 сол дорад. Вале ба фарқ аз ҳазорон ҳамсолонаш дар Тоҷикистон ӯ нав ба тамошои шабакаҳои телевизионии русӣ оғоз кардааст. На, на ба он иллат, ки қаблан телевизор надоштанд, балки ба он сабаб, ки қаблан забони суҳбатҳои он шабакаҳоро дуруст намефаҳмид ва аз ин рӯ, рағбат ҳам надошт.

Матлуба чанд бор дугонаҳояшро мушоҳида кард, ки бар иловаи мактаб ба куҷое дарс мерафтанду сипас бо ҳам дар кӯчаҳо кӯшиш мекарданд, то русӣ ҳарф бизананду сатҳи забондониашонро беҳтар кунанд. Аз онҳо фаҳмид, ки онҳо дар як маркази наве дар канори шаҳри Қурғонтеппа забони русӣ меомӯзанд. Ва нархи ин омӯзиш ҳам ӯро ҳайрон кад - сифр сомонӣ ва сифр дирам...

Матлуба:"Мо дар хона бо забони узбакӣ ҳарф мезанем. Аз ин сабаб, забони русии ман заифтар буд. Вақте фаҳмидам, ки дугонаҳоям дар ин маркази нав забони русӣ мехонанд, омадам, худамро номнавис кардам ва ҳоло аз дарсҳои муаллимони ин ҷо баҳра мегирам".

Маркази иттилоотӣ-омӯзишии Ҳилоли Аҳмар барои муҳоҷирони корӣ ва аҳли хонадони онҳо моҳи чаҳоруми фаъолияти худро низ бо муваффақият ва бо дарсҳои пур аз донишомӯз паси сар кард. Маркази мазкур, ки ҳаштумин маркази вижаи Ҳилоли Аҳмар барои муҳоҷирон мебошад, ба хоҳишмандон забони русӣ ва кор бо роёнаро меомӯзонад ва ҳамчунин, машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ мерасонад.

zabon doni jahonҲамаи ин ҳашт марказ бо талош ва пуштибонии Намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дарҳои худро ба рӯи хоҳишмандон боз кардаанд. Шамсуддин Муҳиддинов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, мегӯяд, ҳама навъи хидматрасониҳои марказҳои мазкур комилан ройгон аст. Ҷаноби Муҳиддинов гуфт: "Марказе, ки дар шаҳри Қурғонтеппа кушода шудааст, бо маблағгузории созмони ҷамъиятии русиягии "СПИДинфосвяз" дар чаҳорчӯбаи барномаи русиягии "Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо маризиҳои сироятӣ" фаъолият мекунад. Муҳоҷирони эҳтимолии корӣ, муҳоҷирони бозгашта, ва ҳамчунин, аҳли хонадони онҳо дар ин марказ имкон доранд, ройгон дар мавзӯъи ВИЧ/СПИД ва ҳаққи қонунии дастрасӣ ба хидматгузориҳои тиббӣ дар Русия, ройгон машваратҳои ҳуқуқӣ бигиранд, ва ҳамчунин, ройгон забони русӣ ва кор бо роёна ва барномаҳои тозатарини фанновариҳои иттилоотӣ барои тамос бо наздиконашонро биомӯзанд".

Аҳмад Абдуллоев 18 сол дорад ва имсол мактаби миёнаро хатм кардаву барои идомаи таҳсил дар донишгоҳ ҳуҷҷат супоридааст. Ҳоло, дар баробари таҳсил дар Маркази мазкур, боз ба таъмири мошинҳо низ машғул ҳаст ва ҳамзамон, дар Маркази ҶҲАТ низ ихтиёран ба муаллимонаш ёрӣ мерасонад. Мегӯяд, ҳадафи рақами якаш дар ин марказ забони русист, чун аллакай кор бо роёнаро хуб балад аст: "Забон хеле муҳим аст ва дари ҳама имкониятҳои ояндаро маҳз донистани забон меомӯзад. Ман дар ин ҷо русӣ ва дар як ҷойи дигар боз арабиву инглисиро меомӯзам. Русӣ, феълан, дар корҳои таъмиргарии ман муҳим аст, бар илова, чун русиям нисбат ба инглисиям беҳтар шудааст, дар истифода аз интернету роёна низ кумак мерасонад. Падарам дар Русия чор сол боз таксӣ меронад ва мо акнун дар скайп талош мекунем, ки русӣ гап занем, то ҳам забондонии падарам беҳтар шавад ва ҳам аз ман. Падарам, ки 48 сол дорад, ва қаблан деҳқонӣ мекард, дар солҳои нахустини муҳоҷираташ дар Русия аз надонистани забон азоб кашида буд, аз ин сабаб ман ва ду додару ду хоҳарамро ба забономӯзӣ ташвиқ мекунад".

zabon doni jaМавлуда Қурбонова дар Маркази иттилоотӣ-омӯзишии ҶҲАТ барои муҳоҷирон дар шаҳри Қурғонтеппа аз забони русӣ дарс мегӯяд. Хонум Қурбонова мегӯяд: "Дар марказҳои вижа омӯхтани забон нисбат ба мактаби миёна осонтар аст, чунки агар дар мактаби миёна дар як синф 30-35 нафар дарс хонанд, дар ин гуна марказҳои махсуси забономӯзӣ ҳамагӣ 10-12 нафар ба омӯзиш машғуланд. Ҳам, омӯзгор барои шогирдон вақти бештар меёбад ва ҳам таваҷҷӯҳи шогирдон ба забон бештар банд мешавад. Бар илова, мо аз рӯйи барномаи махсусе дарс мегӯем, ки дар Русия ва барои онҳое, ки забони русӣ забони модарияшон нест, таҳия шудааст".

Матлуба Тенгриева, шогирди 16-солаи Маркази ҶҲАТ мегӯяд: "Пас аз як моҳи омӯзишҳо дар ин ҷо забони русии ман хеле беҳтар шудааст. Ҳоло филмҳо тамошо мекунам ва суханҳои қаҳрамонҳои филмҳоро ҳам такрор мекунам, то дар ёдам беҳтар биистад. Бародарам, ки пештар дар Русия кор мекард, маро ба омӯзиши забони русӣ ташвиқ медиҳад. На ба хотири ба Русия рафтан, балки ба хотири дарёфти кори беҳтар дар ин ҷо ва таълими фарзандони худ дар оянда".

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97