«Агар Қаноат намебуд…»

Иҷтимоъ 20.06.2014 15:59

Ё вазну тамкини суханро кӣ мешиканад?!

Mumin Kanoat aqar-(идома)

Ҷои таассуф аст, ки даҳсолаҳои охир, аниқтараш аз замони шурӯъи маймунбозиҳои Горбачёви малъун ва Елтсини бадмасту бадсиришт маънавиёт дар ҳама ҷои собиқ кишвари бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, узлатнишин шуду пушти парда рафт, майдони адабиёт ва таблиғ бедарвоза монд ва акнун ҳар кас, ки хост, осон вориди майдон мегардад, ҳар чиз, ки хост, менависаду мегӯяду мекунад, аниқтараш, ба қавли Бедили Деҳлавӣ "Вафо рафту муҳаббат мурду бераҳмӣ таваллуд шуд".

Мехоҳанд, касро ба осмони ҳафтум мебардоранд, мехоҳанд, дар як он ба хоки тира яксон мекунанду пайсудаву поймол. Албатта, бештар ин амали мунофиқон аст, ки бо дурӯғу каззобӣ, ва макру ҳиял фитнаҳо бармеангезанд, муҳитро гардолуд месозанд, он чиро мегӯянду мекунанд, ки нагуфтану накарданашон беҳтар аст ва ба ин васила дар ҷои "даркорӣ" барои худ мақому мартаба пайдо мекунанд.

Мисоли равшан моҷароҳое, ки давраҳои охир дар атрофи шоири тавоно устод Мӯъмин Қаноат ба назар мерасад. Чанд сол пеш адабиётшинос Атахон Сайфуллоев гиребонгири устод Мӯъмин Қаноат шуда буд, ба хотири чанд ҳарфе, ки эшон дар мавриди забони асарҳои устод Садриддин Айнӣ гуфта буданд. Ёдам аст, ки нимаи дуввуми солҳои ҳафтод низ Атахон Сайфуллоев ба хотири… аз устод Сотим Улуғзода ва асари "Ривояти суғдӣ"-и ӯ "сухан"-ҳое пеш оварда буд, ки ҳамон замон зуд ҷавоби муносиб гирифт. Албатта Атахон Сайфуллоеву сухане, ки ӯ мегӯяд, ба ҳама маълум, вале ҳарфи нависанда Саттор Турсун касро ба ҳайрат мегузорад. Ба ин дуруштӣ изҳори назар кардан, шояд нагуфтанаш беҳтар мебуд. Дирӯз Устод мегуфту имрӯз бошад, "Мӯъмин Қаноат ба хотири ғаразҳои шахсӣ ё сиёсӣ тез-тез бемаънӣ мегӯяд" (Тоҷикистон. 6. 03. 2014. саҳ. 3) гуфтани "шогирд"-и дирӯзӣ ба устоди адаб магар аз рӯи андеша аст? Устоде, ки шеъраш аз ибтидои солҳои 60 ба баъд, дар муҳити адабии мо, ба майдони парвози шеъри муосири тоҷик табдил ёфт. Устоде, ки 82 солро пур кардаасту қадам ба 83 мегузорад. Ҷаноби Саттор Турсун, шеъру афкори ин бузургмардро қабул надорӣ, ҳадди ақал синну солашро эҳтиром бикун! Шояд бемаънӣ набошаду… Агар дӯсту ғамхору… бамаънӣ бошӣ, роҳе пайдо бикуну "ғаразҳои шахсӣ ва сиёсӣ"-и устодро (агар бошад?) аз дили ӯ берун барор, то "бемаънӣ"-гӯиҳо як тараф шаваду эҳтиром ҷои худро бигираду минбаъд ҳарф боиси ранҷиш қарор нагирад, махсус дар муҳити адабу адабиёт. Ё мегирем сӯҳбати байни рӯзноманигор Абдуқаюми Қаюмзод ва устод Мӯъмин Қаноатро бо унвони "Метарсам, ки таркиш нашавад" (Ҳафта. 15. 01. 2014. саҳ. 8-9), ки боиси қаҳру ғазаб ва эътирози сахту шадиди як нафар бо номи Назари Олимпур гаштааст, дар мақолаи "Дареғо, "вазну тамкин"-и сухан рафт…" (Минбари халқ. 30. 01. 2014, № 5). Ростӣ худи ман ҳам бо баъзе андешаҳои "мусоҳиба" чандон мувофиқ нестам. Аз ҷумла мусоҳиб аз номи устод Қаноат меоварад: "Он неруҳои исломие, ки доштем, аз ҳар ҷиҳат бедор ва фаъол шуданд". Аз кадом ҷиҳат ва барои чӣ? Яқин "бедор" ва "фаъол" шуданашон на ба манфиъати ҷомеъа буд. "Ин ҷо низ аз онҳое, ки аз илми ислом кам хабар доштанд, аз муллоҳои оддӣ суистифода карданд" гуфтани устод маънии онро дорад, ки роҳи пеш гирифтаи муллоҳо ғалат будааст, яъне "суистифода". "Мардумро барвақт ба майдон кашиданд. Ҳатто Тураҷонзода чанд бор баромад карда, даъват кард, ки мо омода нестем, ҳоло барвақт аст" (Ҳафта. 15. 01. 2014. саҳ. 8). "Омода нестем" ва "ҳоло барвақт аст" гуфтани Тураҷонзода чӣ маънӣ дошт, ё нақшаеро мехостанд роҳандозӣ кунанд? Ба ҳар ҳол ҳар чи гуфтанду ҳар чи карданд ба зиён буд, на ба манфиъат. Худо, он рӯзҳои мудҳишро дигар барнагардонад.

Вале ҳарфҳои зерини "сохтмони биноҳо, шикофтани нақбҳо, неругоҳҳо, яъне давраи созандагӣ шурӯъ шуд. Душанбе ҳам пас аз ин муоҳида нафаси озоду осуда кашид ва шурӯъ карданд ба бозсозӣ ва ҳоло оҳиста оҳиста ба яке аз шаҳрҳои замонавӣ табдил мешавад.

Сулҳ бошад, оромӣ бошад мардум метавонад обод кунад, офарад, ихтироъ намояд, зеро мо аз азал, азалӣ аҳли фарҳангу фарҳангофар будему ҳастем. Ҳамин тариқ корҳои хубе дар миён ба иҷро расид" (Ҳафта. 15. 01. 2014. с. 8)-ро, ки устод Мӯъмин Қаноат мегӯяд, чаро надида мегирӣ ё ҳақиқат надорад?

Дар ҳақиқат кишвари орому осуда дорем ва шукр бояд карду ин оромию осудагиро бо шахсиятҳои бузургаш ҳифз бояд намуд. Муболиға намешавад, бигӯем Душанбеи азиз бо боғу роғаш гулафшону гулбаргрӯй гаштааст.

Ин андешаи устод Қаноатро низ, ки ӯ мегӯяд: "…дар ҷаҳони имрӯза мисли Собит Неъматуллоев ҳеҷ кас нест. Ягона аст дар риштаи худаш. Ӯ марди рост ва ҳақгӯй аст" (Ҳафта. 15. 01. 2014. саҳ.9) магар метавон қабул накард? Академик Собит Неъматуллоев дар ҳақиқат бо инсофу ахлоқу хираду фазилати азалии хеш ҳам мақоми илмро боло бурду ҳам ба молу сарвати Академияи илмҳо хиёнат накард, вале баъди рафтани ӯ… ва дилам мехоҳад, ки ба чунинҳо таваҷҷуҳи махсус бошад. Ва баъзе эродҳои гирифтаи Назари Олимпур шояд ҷой дошта бошад, вале на дар он шакли зишту дуруште, ки ӯ мегӯяд. Аз навиштаҳояш бармеояд, ки ин "носеҳ" нишонаҳои бебокию худбинию худманиширо каме дар вуҷуд дорад, вагарна суханро санҷида мегуфт. Аз ҷумла меоварад: "…ба назар мерасад, ки гӯё лаҷоми забони устод дар дасти дигарон аст ва мисли тифли кӯчаке тавре ӯро ангеза диҳанд, ҳамонро мегӯяд. Дақиқтараш, бар рӯйи ҳама хидмату кардаҳояш дар тӯли зиндагӣ, хати батлон кашида истодааст" (Минбари халқ. 30. 01. 2014. саҳ. 13). Ҷаноби Назари Олимпур, таваҷҷуҳ фармоед, магар истифодаи ибораи "лаҷоми забони устод" нисбат ба як шахси маъруфу мӯътабар ва ниҳоят пири рӯзгордида як навъ беэҳтиромӣ ва беадабӣ нест? Устод, ки гуфтед, адабчӯб нашавед, таҳқир накунед, ё устод нагӯед! 

Ҷаноби Назари Олимпур, чунин масъалагузории рӯзноманигор Абдуқаюми Қаюмзодро"Мегӯянд, ки солҳои пеш ҷойгоҳи Мӯъмин Қаноат хеле баланд буд ва Шумо дар аксари маҷлисҳо ширкат меварзидед, аммо имрӯз мебинем мақоми Шуморо намешиносанд ва торафт Шуморо аз майдон берун мекунанд, сабабаш чӣ бошад?" (Ҳафта. 15. 01. 2014. саҳ. 9) чи гуна дарёфтед? Магар ҳарфи овардаи рӯзноманигор заминаи гилаҳоро ба миён намеоварад? Ё ба ҳарфи дӯсти донишмандам профессор Абдунабӣ Сатторзода таваҷҷӯҳ фармоед, ки гуфтааст: "Устоди арҷманд, маълум, ки Шумо озурдаед аз муносибати баъзе масъулон… ба суханҳоятон маслиҳату машваратҳоятон эътибор надодаанд, ба маҷлисҳо даъват накардаанд ва ғайра. Ман аз Шумо устоди меҳрубон, хоҳиш мекунам, ки бо бузургвориатон ин чизҳоро ба дил наздик нагиред. Онҳо ҳаргиз ба обрӯву эътибори сазоворе, ки дар назди мардум доред, халале ворид нахоҳад кард. Мардум Шуморо мисли пешина дӯст медорад…" (Озодагон, 9. 04. 2014. саҳ.9, Беҳтар нест, ки мақоми баланди устодро нигаҳ дорем, то "кини"( то ҷое медонам, устод меҳрубон аст, на кинавар) ӯ ба меҳр бадал шаваду нагузорем шикваҳо бошад.

Ҷаноби Олимпур, фикр мекунам ин гилаи устод Мӯъмин Қаноатро қабул доред, ки мегӯяд: "Дар ягон шабакаи телевизионҳои Тоҷикистон маро нишон намедиҳанд. Қариб чор сол мешавад, вале ман тоқат мекунам." (Ҳамон ҷо. саҳ.9), зеро худи Шумо ҳам мегӯед, ки: "Аз мусоҳибаи Мӯъмин Қаноат пай бурдан мумкин аст, ки шоир аз ҳукумат домангир аст. Ба хотири он, ки ин авохир ба шахсияташ таваҷҷӯҳи камтар зоҳир мешавад. Ҳамин ранҷиш ӯро ба ибрози суханҳои гилаолуд водор кардаасту аз паи "сенсатсия"-и беарзиш рафтааст" (Минбари халқ. 15. 04. 2014. саҳ.13). Ҷаноби мунаққид, аввал, ки устод Қаноат "аз паи "сенсатсия" нест, чуноне, ки мегӯед ва ниёз ҳам надорад ва агар ҳамчунон аст, ки устод Қаноату устод Сатторзодаю Шумо мегӯед, дастандаркорони сатҳи болои соҳаи маънавиёт ва шӯъбаҳои таблиғи Радиою Телевизион куҷоро нигоҳ карданд? Магар кори зишту носозу нописандро анҷом надодаанд? Чаро барои гила кардан замина фароҳам биоварем? Роҳи рафъи гилаву шиква буду ҳаст.

Бо тамоми масъулият мегӯям, ки имрӯз дар олами шеъри андеша дар мақоми Мӯъмин Қаноат касеро наметавон гузошт ва ману шумо баринҳо яқин имкони аз байн бурдани мақому мартаба ва "вазну тамкини" сухани ӯро надорем, каме дер шуд, ҳади ақал 50 сол дер кардем ва агар ҳам аз пайи поён бурдани мақому мартабаи ин пири равшанзамир шавем, шояд мақоми маънавию инсонию ахлоқии худро поён бибарем ё аз даст бидиҳем. Боз, кӣ медонад? 

Бузургони пешин мисли Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, академикҳо Муҳаммад Осимӣ ва Собит Неъматуллоев бузургии ӯро қабул доштанду ману Атахон Сайфуллоеву Назари Олимпуру Саттор Турсуну Раҳим Масову боз чанд "бузург"-и дигар инкор кунем, Худо моро намебахшад. Муҳаммад Осимӣ дар суҳбатҳо чун аз Мӯъмин Қаноат сухан мерафт, мегуфтанд, ки Мӯъминшоҳи мо шоири мутафаккир аст. Худи банда чанд даъфа аз забони Лоиқи ширинкалом шунида будам, ки мегуфт, "ману мо (адибони нимаи дувуми солҳои шаст ба баъдро дар назар дошт) аз остини муаллим Қаноат баромадем". Ин андешаро дӯсти донишмандам Абдурраҳмон Абдуманнонов дар чанд маҳфил аз забони Лоиқ оварда буд. Ё ба қавли олими шинохта ва шоири донишманд Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ ҳар сол рӯзи мавлуди устод Мӯъмин Қаноат, ки ба рӯзи таваллуди Лоиқ Шералӣ рост меомад, аввалин гулдастаро устод Лоиқ мегирифту ба табрики устод Мӯъмин Қаноат меомад. Ё ҳарфи зерини Гулрухсори азиз дар ҷашни 70 солагии Мӯъмин Қаноат ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки гуфта буд: "Агар устод Қаноат ва мактаби устод Қаноат намебуд, имрӯз на ман будам, на Лоиқ ва на Бозор". Абёти зерини шоири соҳибистеъдоди мо Бозор Собир дар бораи устод Қаноат ҳам тақвиятбахши афкори болост:

Дар баҳри арӯз ҳамчу дар баҳри муҳит,

Гӯянд, ки дар садаф шавад марворид.

То дар садафи чашми ту парварда шудем,

Чун гавҳари чашм гавҳари зинда шудем.

("Хуни қалам", Душанбе, 2010, саҳ. 83)

Бешак ин шаҳодати… Пас беҳтар нест, ки ба ӯ таваҷҷуҳ бештар шаваду аз тариқи телевизион барномаҳои ҷолибу сухани гуҳарборашро шунавему барои бозигарон заминаи ба бероҳа бурдани ӯро аз байн бибарем? Ҷаноби Назари Олимпур, биё, ин корро бо ҳам анҷом бидиҳем ва гилаҳоро аз байн бибарем. Ҳам "суханро вазну тамкин" боқӣ мемонаду ҳам устодро мақому мартаба ва ҳам моро эътибор.

Боз чандин шахсиятҳо ва чеҳраҳои шинохтае ҳастанд, ки гилаҳо доранд, дар гӯшаи фаромӯшӣ мондаанду имрӯз ба меҳрубонию таваҷҷӯҳу маслиҳату кумаку ёрӣ ниёз доранд. Чунин меҳрубониҳо ҳам аз ҷониби мову шумо баринҳо бояд сурат бигирад.

Дар атрофи ин мавзӯъ Раҳим Масов ҳам дар рӯзномаи "Самак" (№4. 22. 01. 2014) ҳарфҳое гуфтааст, ҳарфҳои зишт. Ӯро маъзур бояд дошт, зеро эшон ба шеъру шоирӣ камтар таваҷҷӯҳ дорад, аниқтараш… Дигар, суханҳои по дар ҳаво, аз қабили "Дар замони Сомониён сомониҳо туркҳоро оварда калон карданд. Туркҳо давлатро гирифтанду ҳӯҷаин шуданд…" ё "Як бор таркиш шуд, гурехт. Ин бор куҷо мегурезад?" зиёд гуфтааст. Сониян, чун як ҷумлаи сиҳат ҳам пайдо нашуд, дар овардани иқтибос тааммулро афзал донистам, то нагӯянд... Ба ҳар ҳол Мӯъмин Қаноат мисли баъзе "олим-афлотун"-ҳо дар майдонҳо беҳудагӯиҳо накард, фитна барнаангехт. Умуман аз миллату маҳали дигар эрод нагирифт. Боз кӣ медонад, кӣ хуб асту кӣ бад? (идома дорад)

Ҷӯрабек Назриев, 

Узви вобастаи Академияи илмҳоиҶумҳури Тоҷикистон

Узви Иттифоқи нависандагониҶумҳурии Тоҷикистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97