Ғазолӣ ҳам ақл дошт, Комил Бекзода ҳам, аммо…

Иҷтимоъ 30.05.2014 19:39

Ё Имом Ғазолӣ ифтихори тоҷикон аст

Gazoli(Ҷавоб ба мақолаи "Оқилӣ кори Бӯалӣ Синост ё чаро Ғазолӣ илмситез шуд"  ном маводи Ҷамолиддин Саидзода, ҳафтаномаи "Миллат", № 7 (442) аз 19.02.2014).

Ҳар чи ба дил ҳаст зи поку палид,

Дар сухан ояд асари он падид.

       Ҷалолиддини Румӣ

Бешубҳа, андешарониҳои муаллифи ин мақола ҳар як шахси солимақл, миллатдӯсту ватандӯст ва мусулмони воқеиро бетараф гузошта наметавонад. Гурӯҳе исломситезу баддин аз интиқоду бӯҳтону мазаммати шахсиятҳои шинохтаи мазҳабӣ, эшону муллоҳо ва воизони нуктасанҷ ба мақсадҳои худ, ки нарасиданд, ба носазогӯии аҳли ирфону тасаввуф ва намояндагони барҷастаи он, ки 800-1000 сол пеш зиндагӣ кардаанд, пардохтанд ва тамоми мушкилоту қафомонии кишварро ба фаъолияту назароти онҳо рабт медиҳанд. Ба номи он зоти поку ҳамадон, ки ин хандаовар аст. Деҳ куҷову дарахтон куҷо?

Ҷамолиддин Саидзода чунин менигорад: "Агар Ибни Синоро ба ҳоли худ мегузоштанд, то озодона таҷрибаву кашшофӣ намояд, таъқиб намекарданд ва андӯхтаҳои илмиву амалии ӯро ба куфр мавсум намесохтанд ва умуман бар алайҳи илму ҳикмат намебаромаданд ва андешаи солим ва хирадмандонаро дунбол мекарданд, зиндагии имрӯз дигарсон буд."

Ногуфта намонад, ки Имом Ғазолӣ 21 сол пас аз даргузашти Ибни Сино (980-1037) ба дунё омадааст. Пас чӣ тавр ӯ барои пешрафту пажӯҳишҳои ин абармарди таърихӣ монеа эҷод карда метавонад? Мантиқ куҷост?

Дар мавриди шахсияти бузургу нотакрор будани Абӯалӣ ибни Сино ба ҷуз мақоли "он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест", чизи дигареро илова кардан нашояд. Аҳсан ба ӯ, ки дар риштаҳои мухталиф осори пурғановате аз худ ба мерос гузоштааст. Яъне, Ибни Синоро ҳар қадаре, ки таърифу тавсиф намоем, кам аст. Вале аз ҳама ҳайратовару тааҷҷубовар он аст, ки ин бародар бидуни эълони пешакӣ бо шахсияти ниҳоят маълуму маъруфи олами ислом шайхулислом Муҳаммади Ғаззолӣ (1058-1111) ба пайкору набард бармехезад ва нисбати ӯ бисёр суханони носазо мегӯяд, ки кас дар ҳайрат мемонад.

Ногуфта намонад, ки каминаи камтарин он касро намешиносам, шояд донишманду равшанбин бошад. Фақир ба шахсияту дар кадом дараҷаи илм қарор доштани ӯ кордор набуда, тибқи мақоли "Мангар, ки кӣ мегӯяд, бишнав, ки чӣ мегӯяд" амал намуда, рафтори ӯро аз камоли ҷавонмардӣ намедонам.

Аз мутолиаи мақолаи номбурда ба чунин хулосае омадам, ки муаллифи он нисбат ба дини мубини ислом на ин ки некбин нест, балки нисбати ин дини ҷаҳонӣ ва намояндагону ҳомиёни он муносибати бад ва ҳатто душманона дорад.

Ҳадиси набавӣ мефармояд: "Ё олим бош ё мутааллим, ё шунаванда ва ё дӯстдорандаи олим ва панҷуми он набош, ки ҳалок мешавӣ".

Маликушшуаро Муҳаммадтақии Баҳор (1886 - 1951) шоири шинохтаву машҳури Ирон низ чунин мегӯяд:

Расул гуфт: Гарат дидани Худой ҳавост,

Ба авлиёи Худо бин, ки шон ҷамоли Худост…

Бешубҳа, дар мавриди уламои исломӣ аз ин беҳтар сухан гуфтан амри муҳол аст.

Бародари гиромӣ Ҷамолиддин Саидзода! Шояд суханони мо, ки соҳибунвону соҳибмансабе нестем ба Шумо таъсире нарасонад ва ҳангоми мутолиа ва ё шунидани он ба мо писханд зада бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир намоӣ. Вале дар мавриди он ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар аксари ҷаласаҳову нишастҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар бораи шахсиятҳои шинохтаи мазҳабӣ ва олимону мутафаккирону шоирони машҳури форсу тоҷик Имом Абуҳанифа, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Имом Муҳаммади Ғазолӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва чанде дигарон бо як ҷаҳон ифтихори миллӣ ҳарф мезананд, магар иттилоъ надорӣ ва бохабар ҳам бошӣ худро нодида мегирӣ? Агар бехабар бошӣ, пас бидон, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронии худ дар маросими ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар шаҳри Душанбе, 19 марти соли 2014 чунин гуфта буд: "Дар боби азхудкунии фазилатҳои неки инсонӣ Имом Ғаззолӣ нақши омӯзгорро бениҳоят бузург ҳисобида, мегӯяд, ки омӯзгор ва мураббӣ ҳамчун раҳнамои шогирдон дар навбати худ табиби қалби шогирдон мебошад. Ва омӯзгор то вақте ки ахлоқ ва амрози шогирдонро ба худ маълум накунад, аз кори анҷомдодааш набояд фориғбол гардад, ҳамон тавре ки табиб аз сиҳатии комили бемор итминон ҳосил мекунад."

Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ бузургтарин мутафаккири нимаи дуюми қарни 11-ум ва ибтидои садаи 12-ум маҳсуб меёбад. Ин аҳду замонест, ки дар саросари кишварҳои исломӣ ихтилофоти мазҳабӣ басе сахт авҷ гирифта буда ва гоҳ-гоҳ ба ҷангҳои мазҳабӣ меанҷомиданд. Ғазолӣ маҳз дар чунин рӯзгор ба майдони фарҳанг ворид шуд ва барои пуштибонии исломи тасаннун камари ҳиммат барбаст. Ба ҳамин хотир ба мухолифони маслаки хеш - муътазилиён, рофизиён, ботиниён, фалосифа ва масеҳиён ба муҷодала ва мубориза бархост ва дар радди онон китобҳои муҳим таълиф кард. Ба ин васила вай дар равнақи исломи тасаннун саҳми босазо гирифта, ба унвони "Ҳуҷҷатулислом" мушарраф гардидааст. Баъзеҳо ҳатто гӯшзад кардаанд, ки "Агар амр бар ин мебуд, ки Аллоҳ паёмбаре пас аз Муҳаммад Расули Аллоҳ барангезад, бешак, он паёмбар Ғаззолӣ мебуд" (Суютӣ, Бағият-ул-ваъот, Миср, 1964, саҳ.211). Ба гуфтаи Ҷамолиддин Ҳумойӣ Ғазолӣ тӯсӣ ва ҳамватани Фирдавсӣ аст. Ҳамон тавре ки Фирдавсӣ Аҷамро ба назми порсии "Шоҳнома" зинда сохт, Ғаззолӣ исломро ба неруи далелу бурҳон ва шеваи хома ва баён таъйид намуд. Кишвари Иронро дар миёни мамолики дунё Фирдавсӣ ба шеъру сухан ва Ғазолӣ ба фикр ва таҳқиқ баландовоза сохтанд. Ва аз ин роҳгузар Ғазолиро ҳамчун Фирдавсӣ ҳаққе бузург бар гардани ин обу хок аст, ки агар мардумаш ҳам сипосгузорӣ накунанд, рӯзгор фаромӯшкор нест." (Ҷамолиддин Ҳумойӣ. Ғаззолинома, Теҳрон, саҳ. 113-114).

Яке аз шоҳкориҳои ин олими нотакрор китоби безаволи ӯ "Эҳё-ул-улум-ид-дин" аст, ки дар тӯли солҳои 1095 -1106 навишта шудааст. Донишманди барҷастаи улуми исломӣ Ҳоҷӣ Халифа дар "Кашф-уз-зунун" дар мавриди аҳамияти он чунин мегӯяд: "Агар ҳамаи китобҳои исломӣ аз миён бираванд ва танҳо "Эҳё" боқӣ бимонад, ниёзе ба китобҳои аз миёнрафта набошад." Ин китоб ба сабаби арзиши бузурги маънавӣ доштан ҳанӯз дар соли 1223 дар Деҳлӣ аз ҷониби Муайиддини Хоразмӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума шуда ва солҳои 80-уми асри ХХ дар чаҳор ҷилд дар Теҳрон ба чоп расидааст.

Дар мавриди Имом Ғаззолӣ ва хадамоти миёншикани ӯ барои тақвияти дини мубини ислом, агар даҳҳо китоби калонҳаҷм нависем ҳам, кам аст, чӣ расад ба он, ки боз ӯро танқиду мазаммат намоем. Бояд тазаккур дод, ки илму дониши Имом Ғазолӣ ба андозае амиқу фарох буд, ки дар тӯли ҳаёташ ягон нафар дар баҳсу мунозираҳои илмӣ аз ӯ сабқат набурдааст. Аз ҷумла, бингаред, ки Давлатшоҳи Самарқандӣ чӣ мегӯяд: "Аммо устод Асъад Маҳна аз фаҳули уламо буд ва дар маҷлиси Султон Муҳаммад бинни Маликшоҳ бо имом Ҳуҷҷатулислом Муҳаммад Ғазолӣ мунозира кард ва уламои Хуросон тақвияти устод Асъад карданд ва дар маҷлиси Султон Муҳаммад аввал саволе, ки бар Имом кард, он буд, ки гуфт: "Ту мазҳаби Абуҳанифа дорӣ ё Шофеъӣ? Имом дар ҷавоб гуфт: Ман дар ақлиёт мазҳаби бурҳон дорам ва дар шаръиёт мазҳаби Қуръон, на Абуҳанифа бар ман хате дорад ва на Шофеъӣ бар ман бароте. Устод Асъад гуфт, ки ин сухан хатост. Имом гуфт: Эй бечора. Агар ту аз илмуляқин шаммае медонистӣ, намегуфтӣ, ки ман хато мегӯям, андар қайди зоҳир мондаӣ ва маъзурӣ ва агар ҳурмати пириву муқаддамии ту набудӣ, бо ту мунозира кардаме ва роҳи таҳқиқ ба ту намудаме". (Тазкираи Давлатшоҳи Самарқандӣ, чопи Лидан, саҳ.85).

Ногуфта намонад, ки Саидзода ба танқиду носазогӯии Имом Ғазолӣ иктифо накарда, балки тамоми муллоҳо, фуқаҳо, охундҳо, сӯфимашрабон ва умуман, аҳли ирфону тасаввуфи исломиро зери тозиёнаи танқиду мазаммат қарор додааст. Аз ҷумла, ӯ чунин менигорад: "Саноиву Хоқониву Мавлавӣ ва дигар шоирону андешамандони баъдина бар зидди ақлу дониш қиём мекунанд, зеро эшон ақлу донишро дар роҳи маърифат бесамар ва фоқиди арзиш медонанд."

Ин гуфтор ва андешаи муаллиф билкул ғалат аст, чунки ҳар инсони аз улуми исломӣ огоҳ медонад, ки аввалин ва беҳтарин махлуқе, ки Худованд офаридааст, ақлу хирад аст. Пас чӣ гуна Ғаззолӣ, аҳли ирфону тасаввуфи исломӣ ва дигар урафои шинохта, ки аз Қуръону аҳодиси набавӣ сабақ гирифтаанд, метавонанд алайҳи ақлу хирад андеша ронанд? Аз ҷумла, Саноии Ғазнавӣ, ки дар қатори дигарон аз ҷониби муаллифи мақола бо ақлситезӣ муттаҳам дониста шудааст, чунин мефармояд:

Ақлро худ ба худ чу роҳ намуд,

Пас ба шоистагӣ варо бисутуд.

К-аввали офаридаҳо ақл аст,

Бартар аз баргузидаҳо ақл аст.

Тавре мушоҳида мешавад, Абулмаҷд Саноӣ (1080- 1141) дар мисраъҳои болоӣ ақлу хирадро ба дараҷаи олӣ таърифу тавсиф намуда, вале дар маърифати Офаридгори олам онро кофӣ намедонад. Балки барои шинохтани Ҳақ ба ҷуз ақл чизи дигаре лозим аст, ки онро ишқ меноманд ва ишқ бидуни омӯзишу дарки Қуръону аҳодиси набавӣ дар қалби инсон ба вуҷуд намеояд. Магар ҳазорон олимону донишмандони қуруни гузашта, Марксу Энгелс, Ленину Сталин, ки ҳоло ҳам баъзе афроди худоношиноси миллати мо номашонро бо эҳтиром ба забон мегиранд ва ҳатто ононро пайғамбар меҳисобанд, Ҷорҷ Буши хурдӣ, ки Ироқро ба хоку хун кашид ва садҳо ҳазор нафар мусалмонро дарбадару хокбасару аз ҷони ширин маҳрум кард ва Ариэл Шарон, ки дар давлати Исроил чандин солҳо соҳиби вазоифи баланд, вазири корҳои хориҷӣ ва то ба маризии комӣ гирифтор шуданаш сарвазири ин кишвар буд ва сабабгори марги даҳҳо ҳазор нафар мусулмонони фаластинӣ гардида буд, беақл буданд? Магар Комил Бекзода ва шарикони ӯ, ки чанде қабл китоби "Ҷаҳонбинии оянда"-ро нашр намуда, дар он мавҷудияти Худоро инкор мекунанд, ақлу хирад надоранд?

Ҳамин тавр, барои маърифату шинохти Парвардигор ақл дар танҳоӣ кифоя намекунад. Танҳо пайравӣ аз Қуръону суннат ва дӯст доштани Худо ва Расули Ӯ (с) мӯҷиби шинохти ҳақтаъоло мегардад.

 

Ҳоло як иқтибосеро аз мақолаи мазкур, ки гумон меравад маҳз ҳамин чиз бародарамон Саидзодаро ба навиштани матлаби мазкур таҳрик намудааст, пешкаши хонанда мегардонем: "Донишманди Ҳинд Кошинотҳ Пандито, ки ба таҳқиқи адабиёти форсии тоҷикӣ машғул аст, доир ба донишситезӣ ва таҳқири фалсафа пас аз рӯзгори Сомониён, бо дареғу афсӯс изҳори назар менамояд, ки наметавон онро нодида гирифт ва бидуни ҳаяҷон хонд: "Гузашта аз хусусияти забонӣ ва дастурӣ, мушаххасоти шеъри тоҷикии давраи Сомониён зиёд аст… Пояи афкори шоирони тоҷики ин давра, ғолибан, бар ҳикмат ва фалсафа қарор ёфта, маънии шеър аз лиҳози фикру ахлоқ бисёр баланд будааст… Яке аз ҷанбаҳои ахлоқӣ, ки шоирони ин давра ба он аҳамияти фаровон додаанд, арзиши дониш дар боло бурдани фарҳанги башарӣ мебошад… Аммо нахустин зарбае, ки бар андешаи бартарии дониш ворид шуд, аз тарафи ҷамъи мутаассибони мадрасаи Низомияи  Бағдод, бо сарварии Муҳаммади Ғазолӣ буд, ки дар миёнаҳои қарни ёздаҳуми мелодӣ, яъне замони ҳукмронии Алпарслони Салҷуқӣ, зиндагӣ мекард. Бояд гуфт, ки дар ҳақиқат, бунёдгузори ҷараёни иртиҷоии фикр дар Хуросон ва сарзамини Омӯ дар он замон Низомулмулки Тӯсӣ - вазири маъруфи Салҷуқиён ва душмани ашаддии исмоилиёну равшанфикрони он давр буд, ки онҳоро зиндиқ ва мулҳид мехонд. Доир кардани мадрасаҳои Низомия дар нуқоти мухталифи кишвар - Ҳирот, Марв, Тӯс ва ҷойҳои дигар ба ин манзур буд, ки иртиҷоъро ҳимоят кунад ва муртаҷеъин мисли Ғазолӣ дар он мадрасаҳо тарбият биёбанд. Илмҳое, ки омӯхта мешуданд, фиқҳ, тафсир, қироат ва дигар улуми динӣ буданд. Вале таълими илмҳои ақлонӣ, мисли фалсафа, риёзӣ, ҳандаса, нуҷум ва ғайраҳо мамнӯъ буд…"

 

Хонандаи арҷмандро огоҳ месозем, ки иқтибосро ихтисор намудем ва матнро тавре ки буд (панҷ хатои имлоӣ дорад) ҳамон гуна овардем.

 

Тавре ки мушоҳида намудем, азбаски гумон меравад, муаллифи матлаб Ҷамолиддин Саидзода нисбат ба дини мубини ислому шахсиятҳои барҷастаи мазҳабӣ кинаву адоват ва ҳисси бадбинӣ дорад, онро бо "ҳаяҷон" хонда баромадааст. Вале каминаи камтарин баъд аз мутолиаи ҷумалоти боло нисбати ҳардуи онҳо нафрат пайдо кардам. Агар Саидзода шахси миллатдӯсту эътиқодманди дини ислом мебуд, бояд матлаби он донишмандро аз нуқтаи назари танқидӣ мехонд ва ба ӯ ҷавоби сазовор медод. Охир, Низомияҳои бо нишондоду супоришоти вазири донишманди Салҷуқӣ Низомулмулк бино ёфта дар тарбияи донишмандони исломӣ ва умуман густариши ислом нақши муҳимеро доро мебошанд. Мо бояд аз Низомулмулк ва Имом Ғаззолӣ арзи сипос ва миннатдорӣ баён намоем, на ин ки эшонро нақд кунем.

 

Дар иқтибоси овардаамон гуфта шудааст: "Илмҳое, ки омӯхта мешуданд, фиқҳ, тафсир, қироат ва дигар улуми динӣ буданд". Вале Ғазолӣ тамоми улумро ба улуми ботил, ки ба инсон ҳеҷ нафъе намеоваранд ва улуме, ки дар ин дунё ва охират ба инсон нофеъ ҳастанд, ҷудо мекунад. Ба улуми аввалӣ сеҳр, ҷоду, нуҷум ва фолбинӣ аз рӯи ситораҳо тааллуқ доранд. Қуръон ва улуми динӣ, аз қабили фиқҳ, суннат ва тафсир, сарфу наҳв, ки хидматгузорони улуми динӣ ҳастанд ва улуми воҷиба, яъне тиб, ҳисоб, ҳунарҳои мухталиф, улуми фарҳангӣ, адабиёт, таърих, баъзе бахшҳои фалсафа, чун риёзиёт, мантиқ, баъзе бахшҳои табииёт, сиёсат ва ҷамъиятшиносӣ шомили гурӯҳи дуюми илмҳо буда, дар мадрасаҳо таълим дода мешаванд.

 

Бояд гуфт, ки баррасии масоили асосии назариёти иҷтимоии Ғазолӣ нишон медиҳад, ки умдатарин хусусияти ҳикмати амалии ӯ аз тарғиб ва таҳкими гуманизми динӣ иборат аст. Гуманизми ӯ қабл аз ҳама дар таблиғи васеи адолат, бархӯрди нек ба раият, танқиди шар ва зулм зоҳир мегардад. Ӯ дар китоби "Насиҳат-ул-мулук" навиштааст: "Он чи миёни ту ва халқ аст, афв ба он наздиктар аст. Ва, аммо он чи ба мазолими халқ тааллуқ дорад, дар қиёмат ба ҳеҷ ҳол фурӯ нагузоранд ва хатари он азим аст ва аз ин хатарҳо нараҳад ҳеҷ султон, илло он ки адл кунад ба раият" (Муҳаммад Ғазолӣ, Насиҳат-ул-мулук, Теҳрон, саҳ. 8.).

 

Агар Ғазолӣ дар китоби "Мақосид-ул-фалосифа" моҳияти фалсафаи Машоъро барои худ ошкор карда бошад, дар "Таҳофут-ул-фалосифа" кӯшиш ба харҷ додааст, ки таноқуз, иштибоҳот ва нопайгириҳои фалосифаро ҳувайдо созад. Ин асар шомили оғоз, чаҳор муқаддима, 20 масъала ва як хотима мебошад. Дар тамҳиди (оғоз) китоб Ғазолӣ сабаби таълифи онро баён кардааст: "Чун дидам, ки ба сабаби тақлид ба фалсафа бисёриҳо гумроҳ ва кофир шудаанд, ба таҳрири ин китоб тасмим гирифтам, ки бар фалосифаи пешин рад бошад ва таҳофути ақида ва таноқузи суханони ононро дар боби он чи ба илоҳиёт тааллуқ дорад, ошкор созад, фасод ва заъфи равиши ононро кашф намоянд". (Муҳаммад ал-Ғазолӣ. Тафоҳут-ул-фалосифа. Бейрут, саҳ. 38-39).

 

Аз мутолиаи мақолаи Саидзода кас ба чунин андеша меояд, ки дар назари ӯ ба ғайр аз Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Берунӣ, Закариёи Розиву Асадии Тӯсӣ, Носири Хусрав ва чанде дигарон боқӣ ҳамаи донишмандону мутафаккирон ва аз он ҷумла орифону аҳли мутасаввифа қаҳрамонони манфӣ ба ҳисоб мераванд.

 

Эй бародари ҳамадон, Ҷамолиддин! Оё намедонӣ, ки агар мавзӯоти тасаввуфӣ ва ирфони исломиро аз адабиёти форсии тоҷикӣ берун кунем, қариб чизе намемонад? Маҳз орифон ва шуарои сӯфӣ адабиёти тоҷику форсро ба қуллаҳои баландтарин бардоштаанд. Ҳамаи онҳо аз мактаби Қуръону Ҳадис сабақ омӯхтаанд. Ба фикрам огоҳӣ дорӣ, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар мавриди Мавлавӣ Ҷалолуддини Румӣ фармудааст:

 

Маснавии Маънавии Мавлавӣ

 

Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

 

Ва ҳамзамон худи Мавлавӣ чи хуш фармудааст:

 

Мо зи Қуръон мағзро бардоштем,

 

Қишрро бо дигарон бигзоштем.

 

Ҷамолиддин Саидзода ба таърифу тавсифи фалсафаи Юнон чунон дода мешавад, ки онро ба риштаи тасвир кашидан амри муҳол аст. Ҳар инсони аз илму дониш баҳравар медонад, ки фалсафаи Юнон ба дини мубини ислом рабте надорад. Аз ҷумла, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ онро амиқ омӯхта, ба хубӣ дарк намуд, ки аз омӯзиши он ягон манфиате ба даст намеояд. Ин аст, ки ӯ мегӯяд:

 

Маро зи мансаби таҳқиқи анбиёст насиб,

 

Чӣ об ҷӯям аз ҷӯи хушки юнонӣ?

 

Фаридаддин Аттори Нишопурӣ (1145-1221) фалсафаи Юнонро душмани дини ислом медонад:

 

Кай шиносӣ давлати рӯҳониён,

 

Дар миёни ҳикмати юнониён.

 

То аз он ҳикмат нагардӣ сард ту,

 

Кай шавӣ дар ҳикмати дин мард ту.

 

Дар ҷои дигар ӯ изҳор медорад, ки ақли фалсафӣ дорои иллат аст, дин бошад аз иллату гумон орӣ аст:

 

Чу ақли фалсафӣ дар иллат афтод,

 

Зи дини Мустаф обе давлат афтод.

 

На ашкол аст дар дину на иллат,

 

Ба ҷуз таслим нест ин дину матлаб.

 

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492), ки имсол бо қарори ЮНЕСКО 600-солагиашро ҷашн мегирем, барҷастатарин шоиру донишманди асри ХV ба ҳисоб рафта, тамоми улуми маъмули замонаро аз худ карда буд. Ӯ ҳикмати фалосифа ва аз ҷумла фалсафаи Юнонро пучу бемағз дониста, мардумро ба он ташвиқ мекунад, ки рӯ ба фармудаҳои Худову Расули Ӯ (с) оранд:

 

Фалсафӣ аз ганҷи ҳикмат чун ба фулсе раҳ наёфт,

 

Менадонам дигареро чун сӯи он раҳбар аст.

 

Ҳукми ҳоли мантиқӣ хоҳӣ зи ҳоли фалсафӣ,

 

Кун қиёс онро, ки асғар мундариҷ дар акбар аст.

 

Ҳикмати юнониён пайғоми нафс асту ҳаво,

 

Ҳикмати имониён фармудаи Пайғамбар аст.

 

Яке аз шартҳои дини ислом ин дар байни мардум пиёда намудани амри маъруф ва наҳйи мункар аст. Пас вобаста ба ҳамин Имом Ғазолӣ вазифадор буд, ки камбудиҳои Ибни Синоро нишон диҳад, то ба дигарон ибрат шавад. Агар ин корро намекард, ҳамчун як шахси донишманд дар назди Парвардигор ҷавоб мегуфт.

 

Ҳангоме Абӯсаид Абулхайр (967-1049) бо Абӯалӣ ибни Сино вомехӯрад, дар омади гап Ибни Сино рубоии зеринро мехонад:

 

Моем ба авфи Ту таманно карда,

 

Аз тоату маъсият табарро карда.

 

Он ҷо, ки инояти ту бошад, бошад,

 

Нокарда чу карда, карда чун нокарда.

 

Абусаид бадоҳатан дар ҷавоби ӯ мегӯяд:

 

Эй нек накардаву бадиҳо карда,

 

В-он гаҳ халоси худ таманно карда.

 

Бар афв макун такя, ки ҳаргиз набувад,

 

Нокарда чу карда, карда чун нокарда.

 

Оё дар ҳолати мазкур амали Абусаид Абулхайр нодуруст аст?

Саидмурод ШАРИФОВ, филолог


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97