Девор кафиду айбҳо намоён шуд

Иҷтимоъ 28.05.2014 19:32

Ё ХОНА РӮШАН НАКУНАД НОМИ ЧАРОҒ

aktabi Panj devorБа таваҷҷуҳи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуриддин Саид

Ҷаноби Шарофиддин Асомиддинзода, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон! Гӯши ба таърифу тавсиф ва лаббайкгӯии зердастон одаткардаи Шумо, ба фикри мо, ҳушатонро ҳам дуздидааст, ки тобу таҳаммулу тоқати ниюшидани як кам интиқодро надоред...

Вокуниши Шуморо ба мақолаи танқидии рӯзноманигори ба қавли  Шумо "гапдаро" Ясриби Карим "Худои мо мудири маориф аст, аз ӯ иҷозат бигиред"-ро ("Миллат", №12(447) 26.03.2014) таҳти сарунвони "Худошиносон" "Худо"-ро нашносанд" ("Миллат", №14 (449)09.04.2014) пасту покиза хондам. Ҳайфам омад аз корфармое ҳамчун Шумо, ки натанҳо қоидаҳои сарфу наҳви забони модарии худ ва мантиқан дуруст ифода кардани фикру андешаро сарфаҳм намерафтаед, балки дар шинохти аломатҳои навишт низ чандон балад набудаед. Азбаски ҳампешаам ҳастед, аз нобарҷо кор фармудани пешоянду пасвандҳо, ҷумлаҳои харобу нотамом, афкори ғайримантиқӣ, сабки ғалати нигориши Шумо об ба даҳон мегирему бо тавзеҳи як нукта дар баробари сарлавҳаи вокунишатон "Худошиносон" "Худо"-ро нашносанд", ки чун узри бадтар аз гуноҳ ба назар менамояд қаноат медиҳем худрову хонандагони закии ҳафтавори "Миллат"-ро, аммо на хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ба вижа хонандагони мактаби №12-ро, ки бо кирду каирдорҳои бурун аз ваколату  пешаи мудири маориф ошно мебошанду мушоҳид. Вақте ки калимаи "Худошиносон" дар нохунак омада бошад, маънои маҷозӣ касб мекунад, яъне  ки Худоношиносонро мефаҳмонад. Пас, "Худошиносон" (?!) "Худо"-ро нашносанд, чӣ маънӣ дорад,  ҷаноби мудир? "Худо" бо ин тарзи навишт, на Офаридгорро ифода мекунад. Аз ин бар меояд, ки "Худошиносон" (?!) маорифхудоро, яъне ки мудир Шарофиддин Асомиддинзодаро нашнохтаанд? Дар ин сурат сад дареғ аз мудири маорифе мисли Шумо, ки ноогаҳу ғофил аз фитнаҳои оби зери коҳ, дар андозаи зеҳну заковати маҳдуду тангназарии худ ривоят бофтаю ҳикматашро ба суди хеш ёфта, зердасти мадеҳагӯи мансаби мудириатонро ҳақбаҷониб бишмурдаед. Нек агар бингарем, аслан ӯ ба мансаби Шумо эҳтирому арҷро қоил аст, ки "Худои мо мудири маориф аст", мегӯяд. Сари сарчашмаи турфа таърифҳои тамаллуқомези хеле хатарнокро бо тадбиру таъбири сарзаниш ва насиҳату накӯҳиш чим задан дар ин авзоъ беҳтарин тадбир аст. Чаро ки чун дарё шуд, касу хасро ба гирдоби худ хоҳад кашид. Ба хотир оваред қиссаи маъруфи бостониро дар бораи худро Худо эълом доштани Фиръавни мисрӣ. Эҳтимол ӯро низ кадом як навкараш ё ки ёвараш дар иштиёқи фармонбарӣ Худо хонда буд. Шояд ҳам манзури зердасти Фиръавн аз ин афрӯза фармонраво бошад, мисле ки Шумо молику соҳиб ангоштаед. Вале ин зарра дарё шуду бардамид. Чун ба гӯши хосу омм биншаст, бурун аз ақлу иродаи инсонӣ рафту Фиръавн воқеъан ҳам худро Худо ангорид. Аммо хайрият аст, ки қаламрави вилояти Шумо дар як риштаи маорифи ноҳия маҳдуд аст, вагарна… Оё медонед, ки баъди  мақолаи ҷавобии Шумо ва дурусту рост бишмурдани худохонони худ барои падид овардани "Мудирномаҳо"-и нав ба наву тоза ба тозаи назмию насрӣ ва шифоҳӣ дарвозаҳоро ба рӯи тамаллуқпешаҳо фарох яла мекунед? Оташсӯзӣ аз як донаи гӯгирду як чарахсаи алов  сар мезанад ва ҳама чизи бисёр аз андак. Гуноҳи бузург ҳам аз айби андак маншаъ мегирад. Худ беҳтар медонед, зеро Шуморо тамоюл ба тиҷорату судҷӯӣ бештар аст, ки ба таъмини дурустии ҷараёни таълим дар мактабҳо.

Дар мавриди Худо хондани худ, аз роҳаткурсии мудирӣ бархоста, бурун аз утоқи корӣ дар ягон байғулаи танҳоӣ хилват бигзида, сар ба гиребони андеша фурӯ баред. Дар ин авзоъ ба мағзи масъалаву моҷаро сарфаҳм хоҳед рафт. Бидуни шак бӯ хоҳед бурд, ки таърифу тавсифҳоро дар нисбати Шумо, на реша дар қаъри замин, балки дар чархи барин аст. Магар фаротар аз Худо дар замину замон ва коиноти бекарон киеву чие ҳаст? Ҳар фарозро фуруде, ҳар кӯҳеро сарошебе бувад. Оҳистакору эҳтиёт бошеду бохабар ва зираку ҳушёр, то ба жарфнойи шармсориҳои хушомадгӯён аз осмони таърифҳои беасос нагунсор наафтед. Ҳанӯз вақт асту фурсат, ҷаноби мудир! Дар мавриди ифшои рози мармузи бо имзои Шумо сазовори "Ифтихорнома" гардидани муаллимаи мубаллиғатон қуфли хомӯшӣ бар лаб мезанем. Зеро моро гирди масъалаи ба ҳамин баргаи эътибор арзанда будан ё набудани барандаи он ё тасодуфан баъди Худо хондани Шумо воқеъ шудани ин қадрдонӣ, қасди доварӣ нест. Вале аз омӯзаҳои гузашти рӯзгору таҷрибаҳои зиндагӣ ва нуктаҳои файласуфони хирадсолори аҳду овони қадим пайдост, ки дар ҳар рӯйдоди тасодуфӣ тазоҳуре аз қонунияту воқеият низ ҳаст. Боз ҳам ба талқини зарбулмасали тоҷикии "Ба доно ишора…" бардоштро аз ин гуфтаҳо ба зеҳну фикри Шумо биспурда, хостем, ки хомӯширо авло бидонем. Аммо ҳикмати раҳомӯзи дигари дар миёни мардуми тамаддунофари маорифпарвари тоҷик роиҷу раво "Агар хомӯш биншинам гуноҳ аст", сари қарори дигарам овард, то чанд нуктаро дар баробари тарзи муошират ҳини ном бурдани мақому мансаби Шумо беибову рӯшод таъкид бикунам. Давлати моро сохтору шиор ҳуқуқбунёдисту мардумсолорӣ. Ин давлати яклахти бобақо мансаби ба Шумо амонатро мудири шуъбаи маориф унвон намудааст. Хӯҷаину хоҷа, калону ката, ҳазрату пешво, бойбобову молик, маорифхудо ва ғайраву ҳоказо, ҳамагӣ на аз рӯйи ахлоқу одоб асту на бар асоси қонунгузорию низомномаи расмӣ.    

Дар масири 46-соли заҳмати муаллимӣ қабл аз Шумо бо чандин мудири шоиставу донистакор ва ҳам роҳбарони тангназару тамаъҷӯ дучор омадаам. Мардона иқрор мешавам, ки ҳич кадом аз онҳоро чусту чобуктар аз Шумо дар ҳифзи манфиату мансаби худ дарнаёфтаам. Дар ҳама давру замон кӯшидаам, ки то ҳадди тавон пой бурун аз роҳи рост наниҳам ва ҳам аз ифшои ҳақиқат сар напечам. Аксар маврид ҳақталошиҳо бар зарари ман буду ба суди мактабу маориф ва ҳампешаҳоям. Бо ҳама ранҷу шиканҷаҳои ҷонгазо, иллату заъфҳои равонӣ пушаймон аз пешаву кори кардаи худ нестам. Маҳз аз ин пешаву мавқеи оштинопазиронаам нони ҳалол ёфтааму бонгу ном, ва низ давлату дороӣ дар тимсоли шогирдони сазоворам. Шогирдони шоистаю соҳибном, ботахассусу шуҳратманданд давлати бедору мояи ифтихори ман, на "Лексус", на ду-се зани ғайриқонунӣ, на зару симу суду сармояи  ҳангуфти ба шеваи рунду рӯ ҷамъкардаи баъзе арбобкамолакҳои мансабпаноҳ. Дар оби лой башаст шаст андохтану моҳии тилло гирифтан ҳунари ман набуду нест. Мактаб бароям даргоҳи муқаддас аст, мисле ки масҷид. Дар инҷо низ зоҳиру ботини ҳар муаллим бояд пок бошаду тоҳир, мисле ки вуҷуди кӯдакони маъсум. Мактаб қаламрави суду зиён бар пояи тамаъҷӯию судхорию тиҷорат нест, чуноне ки бархе соҳибмансабон чунин ангоштаанд. Мактаб сарҷӯи рӯдхонаи зиндагисту миробҳои мулоҳизакораш боядо мо, муаллимон, бошему Шумо, Шарофиддин Асомиддинзодаи мудир! Дар рӯди каҷ об, ки дар табиати покаш хилоф нест, каҷ маҷро хоҳад гирифт. Чун об, ба масал кӯдак, дар ин маҷрои каҷ ба таъсири мову Шумо афтод, ҳатман норост хоҳад рафт. Дар ин маврид ҳама ба сари мактабу муаллим, на ки мудир, асп мемонанду сиёсат мешинонанд ва ба шӯр меоянду зӯрӣ меҷунбонанд, фориғ аз он, ки  сарҷӯи рӯди таълимро аз боло турфа корфармое чун Шумо каҷ андохта буд.                                                  

Ба ростӣ аз вокуниши фавриатон ба як мақолаи танқидӣ хушам омад, танҳо бо эътино бар ин ки, Шумо тайи ифои вазифа ба ягон арзу дархости коруфтодаҳову муаллимони масъалагузори мактабҳо бад-ин осо сареҳу сареъ расидагӣ накардаед. Аммо аз мазмуну муҳтавои посухи Шумо эҳсоси мағшуши тааҷҷуббарангезу нигаронкунандае дар рагу решаам давид. Чаро ки мақолаи Шумо саропо ҳарф ба ҳарф, вожа ба вожа ва ҷумла ба ҷумла аз худсафедкуниҳо иборат асту таърифу тавсифҳои такаллуфии тантанавори тӯёнаи кори маорифу муассисаҳои таълимӣ ва накӯҳишу надомат аз ноогаҳии муаллифи мақолаи танқидӣ, ки ба ҷойи Шуморо дар ҷараён бигзоштан, ба роҳбаладони гӯё тасодуфию нохушбини мудир рӯ овардааст. Худ ҳамин гилаву гузор аз сатҳи фаҳму фаросат, ақлу заковат ва тарзу тариқи роҳбарии Шумо дарак медиҳад. Вагарна нукта ба нукта, банд ба банд, ҷумла ба ҷумлаи мақолаи Ясриб Каримро ботил шумурда, аз кору бори ба зоҳир бобарори худ ва мактабҳои ободи ноҳия пурифтихору дар ғояти қаноатмандӣ сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ ҷилва намедодед. Во аҷабо, наход ки лоақал як далелу мисоли мақолаи фавқ асоси воқеӣ надошта бошад? Пас, ё Шумо дурӯғ мегӯед, ё  мухбир ба хато рафтааст.

Ҳамчун як мушоҳиди холиси вазъи воқеии мактаби №12, ки ҳанӯз ҷойи кори писандидаи ман аст, ба худ виждон гирифта, иқрор мекунаму исрор, ки гузоришбозию далелсозӣ ва санадороӣ шеваи баргузидаи фаъолияти Шумост. Нигоштаи Шуморо, на, ғалат гуфтам, таърифномаи Шуморо, бо як ибораи маъруфи тоҷикӣ метавон тавзеҳ доду хулоса кард: "Қанди фанд". Бигирем, ки бо қанди фанди худ ҳафтавори "Миллат", ниҳодҳои зидахл ва нафарони ноогаҳи бурун аз ноҳияро  қаноат додан ёристен. Вале Ҷӯрабек Носирови муаллими ба қавли Шумо дастонаш нонозук, аммо воқифи вазъи воқеии мактабро, Мақсуд Нуруллоеви роҳбалади мухбири "гапдаро"-ро, сокинони деҳаи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагонро, садҳо хонаводаи таҳдони таҳҷоиро бо дурӯғҳои бефурӯғ чӣ сон сари эътимод оварда метавониста бошед, намедонам, илло, ки ба сеҳру чашмбандӣ?! Дар ҳоле ки худ нохоставу надониста навишта кардаед: "Дар ниҳоят девори кафидаи хонаи муаллимон бо дастони нозуки омӯзгорон, ки умри хешро вақфи таълиму тарбияи волидайни бошандагони деҳаҳое, ки имрӯз бархе бо овардани (?!) рӯзноманигор худро "дилсӯз" мегиранд ва фарзандони онҳоро тарбия карда истодаанд…" Аз ҳамин иқрору исрор бар меояд, ки девори ниёзманди таъмиру тармими асосиро баҳри фиреб додану гул задани ҳама, танҳо рӯякӣ ребу ранг додаеду пардоз. Чаро ки девори кафидаро пурра дубора мебояд сохт. Инак, боз ҳам дар ин девор тарқиш падид омадааст, ки асрори рангомезиҳои Шуморо ифшо мекунад. Аз ин манзара хулоса мешавад кард, ки омӯзгорони пардозгару андовакор, рангмолони нозукдасти мактаб хеле ғайрат ба харҷ дода бошанд ҳам, зӯрашон танҳо ба қумшӯии саридастакию рангубори рӯякии деворҳои кафидаи дар ҳоли садамавӣ қарордоштаи муассисаи таълимӣ расидааст. Чаро ки шикасту рехти асосиро танҳо бинокорони касбӣ анҷом дода метавонанд, на муаллимони ҳашарчӣ. Ва ҳам, рисолати аслии омӯзгорон бо зеҳни нозук, заковати нозук, маҳорату малакаи нозук, шеваю шигирдҳои муосири дарсгӯии нозук, ҳунари нозук, афкору андешаҳои муассири нозук саводу дониш ёд додани мактаббачагон аст, на ки дасту остин барзада дар ҷабҳаи нангу номи мудирро харидан худро ба лойшӯрию хокзанию рангмолӣ андохтан бошад! Гузашта аз ӯ, гилаву гузору миннат овардан дар баробари волидайни хонандагони мактаб аз рӯйи инсоф нест. Бавижа, баъди сар тофтани мудири шуъбаи маорифу раиси ноҳия аз мулоқоти таиншудаи рӯ ба рӯ бо онҳо, ки мебоист дар он масъалаи мактаби №12 мавриди муҳокима қарор мегирифт. Сокинони инҷо ҷонон одаманд, вагарна як қисми боми мактабро аз ҳисоби худ бо 800-дона палмосанг (шифер) намепӯшониданд.

Ҳалолат бод, мудир, ки бо як шеваи сеҳру соҳирии булъаҷаб дар 2-3 рӯзаке мактаби бунёду бунлодаш нобарҷо ва бораю болорҳояш кафидаю тарқишхӯрдаро, гӯё ки ҳамчун стаханчиёни фидокори замони шӯравӣ ба зудтарин фурсат шикасту рехт кардаед. Афзуда бар ин сохтакорӣ ва таъмири рӯякӣ, бандаро ва ҳам волидайни хонандагонро дар қатори мушоҳидони нодилсӯзи бетараф шомил намудаед.

Шумо зимни вокуниши худ, мисле ки аз сари минбар маърӯзаи қолабии ҳисоботиро қироат мекарда бошед, бо як виқору қаноатмандӣ навишта намудаед: "Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 соли 1962 ба истифода дода, баъдтар дар назди он боз 10 синфхонаи иловагӣ сохта шудааст. Соли 2012 10 синфхона ва боми муассиса ба маблағи 56 ҳазор доллари амрикоӣ таъмиру тармим карда, дар назди мактаб ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ ҳоҷатхонаи замонавӣ сохта шуд. Ба замми ин, баъди таъмири мактаб соли гузашта аз ҳисоби буҷаи маҳал 2500 сомонӣ ва падару модарон 5080 сомонӣ маблағ масраф гардидааст".

Дар бораи он ки мактаби мазкурро бо масрафи 56 ҳазор доллари амрикоӣ фақат болои бомашро пӯшондаед, такрор мекунаму таъкид, танҳо болои бомашро, дандон сафед намекунему ҳарфе намезанем. Фақат бо таъкиди саридастакии чанд далелу нукта, дар радифи таърифҳои рӯякию таъмирҳои хасакии Шумо, иктифо мекунем. Далел ин аст, ки мактаб, мисле ки пареру пор, пешинаю дерина дар ҳоли садамавӣ буд, ҳаст. Мояи тафохури мудир ҳоҷатхонаи замонавиро моҳу сол аст, ки бикшодани дарашро касе ҷуръат намекунад. То ҳанӯз ҳама, чӣ марду чӣ зан, чӣ писару чӣ духтар сарҷамъ ба ҳамон мабрази дақёнусии харобу вайрона, бо як ҳоли зору низор ба қазои ҳоҷат мераванд. Ин ҳоҷатхонаро, ки дар ҳоли ниҳоят харобу шармовар қарор дорад, дар як вақт истифода бурдани ҷинси марду зан комилан раво нест. Аз корҳои хоми Шумо дар бахши сохтмон, далелу мисолҳои вофир дар ихтиёр дошта бошем ҳам, ифшо карданашро ба худ раво надонистем. Дар бораи азми афрохтани синфхонаҳои иловагӣ дар мактаби рақами №38 низ, ки бо хиштҳои тақдимкардаи волидайни хонандагон мебоист анҷом меёфт, қазоват намекунем. Вале ба ростӣ ҳам, дили кас ба ҳафт ё ҳашт радда хиштҳои барчидаи синфхонаҳои иловагӣ, ки ба зери барфу борон афтодаанд, месӯзад.         

Ҷаноби Шарофиддин Асомиддинзода, тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳои муътамад ва иқрор омадани шоҳидони ҳол Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Хоҷа Ҳофиз"-и мутааллиқ ба Шуморо баъди ба курсии мудири шуъбаи маориф биншастанатон бозори тиҷораташ ранг гирифту чархаи даромадаш гардон гардид. Аз як нигоҳи сатҳӣ низ пеши чашми мо манзараи мазкури муомилоту тиҷорати бидуни рақобат таҳти шиори "Аз мост, ки аз мост", падид меояд. Аз инояту раҳмати ҷамъияти "Хоҷа Ҳофиз"-и таъсисдодаи мудири коғазпарвар хонандагону муаллимони мактабҳо шоҳиди шиоршорон, овезарезон ва билохира, селборони  варақаҳои  таблиғию тарвиҷӣ  шуданд. Соли гузашта, болои дари ҳуҷраҳои кории директорон, мудирони қисми илмӣ ва ташкилотчиёни мактабҳои ноҳияро навиштаҷоти зикри вазифа зебу зиннат бахшид. Аммо кош ройгон мебуд. Ба ҳар номгӯй 10 сомонӣ масраф шудааст, ки дар маҷмӯъ 30 сомонӣ мебошад. 30 сомонӣ зарби  45 мактаб баробар аст ба 1350 сомонӣ пули нақд. Азбаски моли пастсифат буд, лоақал як сол ҳам напоист. Аз рӯи баъзе тахмину фарзияву фолҳо ҷамъияти "Хоҷа Ҳофиз"-и Шумо, на дар фикри ҷуброни маблағи моли бесифаташ, балки дар ташвишу тараддуди тавлиди дубораи чунин навиштаҷоту пул кардани он афтодааст. Ё бигирем иқдоми Шуморо оид ба таҳияву тавлиди як варақаи калонҳаҷми дигар дар бораи таблиғи (ё пул кардани) Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10 декабри соли 2013, №30 69 "Дар бораи дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку ва манъ намудани нӯшокиҳои спиртӣ", ки ҳар нусхааш бо нархи 35-сомонӣ ба мактабҳо "ихтиёрӣ" фурӯхта шуд. 45 мактаб зарби 35 баробари 1575 сомонӣ. Дар бораи хатту чаки муомилот чун мароқ надорем, ҳарфе бар забон намеорем. Фақат бим дорем, бим, аз чунин хаёли хом пухтанҳои сари Шумо, ки мабодо боз дар авҷи садоқатҷунбонӣ ба вазир аз тамоми фармонҳои содиршудаи ӯ, ки хеле сероб асту бисёр, варақаҳо барсохта, дар мактабҳо ба савдо нагузоред. Дар ҳоле ки фармоиш ва дастури вазирро мавриди амалу истифода қарор додан кофист. Боз ҳам гиребон гирифтаму тавбаву шукрона ба ҷо овардам, ки Худо аз ин бад накунад. Шукр аз Шумо, ки фармони ба ин вазифа таъин шудани худро варақа сохта, ба фурӯш набаровардаед. Зеро бозори судҷӯиву нафси носерамро табиат ҳамин аст: "Бардоштӣ ҳам зам мекунанд, набардоштӣ ҳам!". Чаро ки кам кардан дар бозори Шумо унсури бегонаи тиҷоратӣ маҳсуб мешавад. Бо ҳар нархе, ки бошад, мудир, ки гуфт, мемурию мехарӣ! Ин буд, ки бо ибтикори расмиятпарастии Шумо дар иштиёқи судҷӯӣ дар тамоми мактабҳо нишони сарисинагии талабагӣ ё ба истилоҳи дигар "Ситорача" бо қиммати се сомонӣ бозорӣ шуд. Дар бораи шумораи нишони номбурда, дар кадом асос ба савдо баровардани он, ихтиёрӣ ё ҳатмӣ будани харидорию гардонданаш, хабар, ки надорем, тафсилоти бештарашро истисно мекунем. Бигзор, ки қанди фанди навбатии ҷаноби мудир бошад ҳам! Дар пайравӣ ба Шумо дар мактабҳои ноҳия бо ҳар узру баҳона, аз хонандагон пул ҷамъ карданҳо ба анъана табдил ёфтааст. Аз ин хусус чӣ гӯям, ки нагуфтанам беҳтар аст. Изҳори норозигию вокуниши шадиди волидайни хонандагони мактаби №38-и ноҳия аз ин пулситониҳоро низ, азбаски як ҳодисаи муқаррарист, қиссаашро ба дарозо намекашем. Китоби ашъори шоираи навқалам Шоирабонуи Раҳмонӣ низ дар маорифбозори гардоннамудаи Шумо харидоронаш зиёд будааст. Бигзор, ки нархаш барои хонандагон бад гарон ҳам, ки буд. Ба ҳар ҳол онро назар ба муаллимон ба мактаббачаҳо 10 сомонӣ арзон ба фурӯш доданд. Муаллимони фанни забону адабиёт, ки иштирокчии як семинари соҳавии ороста бо ташаббуси мудир буданд, китоби номбурдаро бо нархи 40 сомонӣ ба даст оварданд. Ибтикору навкориҳои ғарибу ғалатии Шумо, натанҳо дар ноҳия, балки берун аз он ҳам овоза шудааст. Аз ҷумла, ғулғулаи  боғкории Шуморо ҳезумчинҳо барангехтанд ё ҷорчиёни муқаррабатон, дақиқ огаҳӣ надорам, аммо фарои гӯши ман ҳам он расид. Ба худ андешидам, ин иқдом, азбаски деҳқонисту ободкорӣ, қобили ташвиш нест. Аз куҷо медонистам, ки дар ин иқдом низ фитнаи пулситонӣ нуҳуфта будааст. Дар 15 гектар бо ҷалби муаллимон маъракаи боғкорию ниҳолшинонӣ авҷ гирифт. Вале ногаҳон чун мудир  дар фароварди ҳашар харидани иҷбории ду ниҳолӣ олу буд ё зардолуро эълон намуд, дами ҳама гирифт. Зеро ниҳолхариро ба гардани ҳамаи муаллимон бор намуданд. Ҳатто омӯзгороне, ки дар биноҳои бисёрошёна ба сар мебурданду ҳавлию ҳота надоштанд, аз иқдоми табиатдӯстонаи мудир барканор  наафтоданд. Дар ноҳия зиёда аз 1500 муаллим заҳмат мекашад. Ҳар кадоми онҳо аз ҷайби худ 12 сомонӣ бароварда, ду ниҳолӣ харид карданд.

Хеле дар тааҷҷубаму ҳайрон, ки чаро дар мақолаи довталабонаи худ аз ин саргузаштҳои ғариб, ки хеле ҷолибанду ҷозиб, ҳарфе нагуфтаед? Хоса дар бораи мошини нав харидани худ барои идора, ки гӯё ба хотири хонандагони болаёқатро ба озмунҳои гуногун бурдану бозпас овардан бошад. Ин амали нек ҳам таҳранге дошааст. Зеро бо ин баҳона аз ҷайби ҳар муаллим 20 сомонӣ кашида шудааст, аммо то ҳанӯз сурату сумоти мошини мазкурро касе надидааст. Дар бораи вайрону нокора будани нақлиёти мазкур интиқод намекунем, зеро медонем, ки як рӯз не, ягон рӯзи дигар, боз пул гирд оварда, онро ба ҳаракат медарояд. Фақат ҳайронем, ки чаро як мошини "клета"-ро бо нархи бештар аз 30 ҳазор сомонӣ харидорӣ бояд намуд?

Бо эътино ба ривоҷу равнақи маорифбозори Шумо ба дил азм кардам, ки тоҷири муваффақ унвон бинмоямтон. Аммо зуд аз ин райъам баргаштам. Чаро ки тиҷорати гардонкардаи Шуморо дар муассисаҳои зертобеи худ, агар нек бингарем, сӯистифода аз мансаб унвон метавон дод, ё не, ҷаноби мудир?

Ва ниҳоят мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Шарофиддин Асомиддинзода!  Ба Шумо ягон қонуну дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ ҳич кадом касро ба сабаби безанию бефарзандӣ иҷозати таъна задану накӯҳиш надодааст. Ин амал на аз рӯйи қонун асту на мувофиқи аҳкоми шариату на одоби хуби тоҷикона. Аз дигар сӯ, бад-ин ҷиҳат мешавад Шуморо ба додгоҳ кашид.

Ба ҳар ҳол Мақсуд Нуруллоев маскуни ҳамин деҳа асту хатмкардаи мактаби  №12. Муҳимтару болотар аз ин, ӯ мисли баъзе афроди ғарраи мансаб на 2-3 зани ғайриқонунӣ дорад, на чанд кушку хонаву дар. Азбаски дилаш пок аст, дар ифшои ҳақиқат бебок аст. Ба вазъи хароби мактаби деҳааш дилаш месӯзаду бетараф истод кардан намехоҳад. Зеро ин мактаб ёдгорест, аз ободкориҳои бобояш Нурулло Шарифзода, ки раиси вақти колхози "Маданият" буд.

Дар гузоришу ҳисоботи Шумо ҳама гулфишон асту нурборон, аммо дар асл кори маорифу мактаб дар ноҳия рӯ ба нишеб ниҳодааст. Зеро, ба фазои беназоратию ҳисоботбозии оростаи Шумо аксар роҳбарони мактабҳо одат кардаанд, ки фарҷомаш хеле ҳузнангез хоҳад буд. Ин беҳамиҳо дар ҷараёни таълиму тадрис иштибоҳи бузург асту шикасти як насли ояндасоз. Чаро ки онҳо низ дар иҳотаи чунин носозкориҳо тарбияту таълим гирифта, ба камол мерасанд. Кори маориф рӯшанисту муаллим чароғи дили шогирд. Пас, ин чароғро афрӯхта бояд кард, на ки ҳамвора чароғ гуфт, зеро: "Хона рӯшан накунад номи чароғ!" 

Ҷӯрабек Носиров омӯзгор аз ноҳияи Панҷ 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97