Айб шуд, не?! Духтурони рус Шаҳболро муолиҷа карданд, ворисони Сино натавонистанд

Иҷтимоъ 14.05.2014 19:34

Shahbol dar rusҶароҳии 5 соатаи Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи қушунҳои марзбонии Тоҷикистон табибони русро ба шифо ёфтани ӯ умедвор кардааст.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 6-уми май ба расонаҳои тоҷикӣ гуфтааст, ки ҷарроҳии Шаҳбол дар бемористони ба номи А.А. Вишневскийи вазорати мудофиаи Федератсияи Русия шаби гузашта муддати 5 соат гузаронида шуд ва ҳоло вазъи саломатияш хуб аст.

Ба гуфтаи падари Шаҳбол,  табибон гуфтаанд, ки баъд аз ҷарроҳӣ то миёни вай ба ҳаракат медарояд ва акнун Шаҳбол метавонад биншинад. Барои анҷоми ин ҷарроҳӣ ва амалҳои дигар ҳудуди 500 ҳазор рубли русӣ, тақрибан 14 000 доллар, лозим будааст. Аммо дар бораи маблағи ҷарроҳии якум падари Шаҳбол гуфт, ки табибон онро баъд аз анҷоми табобат талаб хоҳанд кард.

Шаҳбол Мирзоев рӯзи 28 апрел барои ҷарроҳӣ ба Маскав интиқол дода шуд. Ӯ феълан дар бемористони низомии шаҳри Красногорск, дар 8-километрии шаҳри Маскав табобат мегирад. Ҷарроҳии ӯ рӯзи 5 май дар ҳамин бемористон анҷом шудааст.

Шаҳбол Мирзоев, ки ним сол пеш, баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд довталабаона ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, моҳи март дар қисми низомии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари бадрафтории ҳамхидматонаш сахт маъюб шуд. Азбаски гуфта мешавад, ки мақомоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон ваъдаи табобати ӯро иҷро накарданд, бо дархости фаъолони ҷомеъаи маданӣ барои кумак ба ин сарбоз як ҳисоби бонкӣ таъсис ёфт. Аммо волидони ин сарбоз мегӯянд, дар ин ҳисоб ҳудуди ҳамагӣ 1700 сомонӣ ҷамъ шудааст ва онҳо барои табобати Шаҳбол чизу чора ва ҳатто хонаашон дар ноҳияи Аштро фурӯхтаанд.

Акнун дар баробари расидани хушхабари ҷарроҳии муваффақонаи ин сарбози маъюбшуда зеҳнҳоро ин суолот фишор медиҳад, ки чаро сабабгорони ба ин фоҷиа дучор шудани Шаҳбол ҷуброн намепардозанд? Ва оё ин ҳодиса ва ахбори манфии атрофи он дар пешорӯи муҳимтарин маъракаи давлатӣ - ҷалби сарбозон ба артиш як амри ногувор набуд? Чаро Қисми низомие, ки Шаҳбол довталабона барои иҷрои хидмати сарбозӣ ба он рафта буд, дар аввал изҳори омодагӣ барои табобати ӯро кард, аммо баъдан ақибнишинӣ кард? Чаро бояд давлат бемасъулиятӣ ва нокоромадии мудирони умурро бар дӯш бигирад? Чаро сафири Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев тавонист бидуни даъват ба дидани бемор ба бемористон биравад ва кумаки хешро дареғ надорад, аммо сабабгорони ин ҳодисаи нохушоянд худро канор гирифтанд ва тамоми бадномиро болои шонаҳои давлат вогузор карданд? Чаро ба ном фаъолони ҷомеаи маданӣ лоф заданду амал накарданд? Боз ҳам чаро пизишкони бемористони Вишневский тавонистанд дар муддати кутоҳе аҳволи сарбози маъюбшудаи тоҷикро рӯ ба беҳбудӣ биоваранд, аммо дар бемористони Қарияи боло дар дарозмуддат ин кор номумкин буд? Чаро бемористони Абуалӣ ибни Сино натавонист ба ин сарбози бечора ёрӣ расонад? Чаро???

Ин аст, ки боз ҳам ба ёди Бозор Собир шоири чанде боз аз қалами қаламфарсоён афтодаи тоҷик меуфтем, ки воқеияти кишвари моро бозгӯ кардааст:

Ҳар мамлакате ҳазор духтур дорад,

Доруву давову дасти гулбур дорад,

Дар мамлакати Абуалӣ духтур нест

Хокистару теғу як ду чукбур дорад...

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97