Интихоботи Афғонистон ба Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад гузошт?

Иҷтимоъ 05.05.2014 15:35

Саволи рӯз: - Фикр мекунед чаро мардуми Тоҷикистон ба интихоботи Афғонистон бештар таваҷҷуҳ доранд, то ба масоили дигар, масалан буҳрони Украина (дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин бармалост) ? Ва ба назари Шумо интихоботи Афғонистон ба Тоҷикистон чи таъсир хоҳад гузошт?

Rano ZoirdukhtРаънои Зоирдухт, шоир:

- Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва гуфтугӯҳои миёни ҳамдигар таваҷҷӯҳ зоҳир кардани бештари мардум ба интихоботи Афғонистон масъалаи мубрами форсизабонҳо ба шумор меравад. Кишварҳои ҳамзабонони мо, чи Афғонистону Ирону дар ин қатор Тоҷикистон ҳам, мисли гулҳои ба гулдонҳо тақсимшударо мемонданд, ки агар чанде барояшон нуру гармӣ фароҳам буд, барои нашъу намо монеъаҳо аз ҷониби абарқудратҳо эҷод мешуд.

Маҳз истиқлолиятҳо аст, ки сангару монеаҳоро шикаста ва обу ҳавои мусоидат барои ҳам омадани ҳамсуннату ҳамоину забонон шароит фароҳам кард. Барои эҳёи суннатҳои қадимаи ниёгон ва гиромидошти фарҳангу забон ва таъриху тамаддун, мардуми форсинажод  инитхоботи ҳар кишвари ҳамзабононро решапайвандонаш мавриди баррасиву ҷонибдорӣ қарор медиҳанд. Ҳар як кишвар тақдири худро бояд худ ҳаллу фасл созад. Интихоботи Афғонистон рабте ба масъалаҳои Украина фикр мекунам, надорад. Сулҳу суботи кишвари Афғонистон барои сарзамини тамоми форсизабонони беш аз 200 млн нафара танҳо бурд аст ва барои оромишу осоиши кишварҳои ҳамсоягон айни муддаост. Ногуфта намонад, ки пирӯзии раисҷумҳури тозаинтихобро дар маъракаи навбатии сиёсӣ таҳният дорам. Ватандӯстӣ, иродатмандӣ, нангу номуси миллӣ, ҳифзи хоки аҷдодиро, ки мардуми афғон солҳои тӯлонӣ нигаҳбонӣ карда меояд, барои ҳамаи ватандорони порсигӯ умедворам.

Sanjar HamidovСанҷар Ҳамидов, хабарнигор:

- Афғонистон барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро ки мо ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва ҳаммазҳаб ҳастем. Сарбозони Амрико ва Урупо хоки ин кишварро тарк мекунанд, вале барои Тоҷикистон сулҳу суботи ҳамсоя мисли обу ҳаво аст, пойдории субот дар ин кишвар барои Тоҷикистон ин раҳоӣ аз бумбасти нақлиётӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, яъне роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Сенарияе, ки дар Украина мову шумо мушоҳида мекунем, билкул мисли ҳодисаҳои соли 1992-1997 дар Тоҷикистон аст. Мардуми шарифи Украина гаравгони мубориза миёни eltshoyeye ҳам дар даруни кишвар ва ҳам миёни Урупо ва Русия аст.

Mirzosho VatanshoМирзошо Ватаншо, таҳлилгар:

- Албатта, ин як амри табиӣ ва мантиқист, ки мардуми мо ба интихоботи Афғонистон таваҷҷуҳи бештар доранд, то ба рӯйдодҳои Украина. Чунки ҳамсоя ҳастем, наздик ҳастем, ҳазорҳо километр марзи муштарак дорем, ҳамзабону ҳамфарҳангу ҳамкеш ҳастем…

Фикр намекунам, ки ба Тоҷикистон таъсири мустақим хоҳад гузошт. Чунки дар низоми иҷтимоӣ, сафороии неруҳои сиёсӣ, сохтори миллӣ ва дигар авомили ду кишвар тафовут зиёд аст. Аммо фаъолмандии мардуми Афғонистон барои ширкат дар интихобот, рақобати озоди интихоботии номзадҳо ба руҳияю равони истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатман таъсиргузор хоҳад буд…

Ва ин ҷо суханони Қаҳрамон Аҳмадшоҳ Масъуд, навъе васияти ӯро меорам, ки зимни сафари таърихиаш ба Урупо ва дар роҳи бозгашт ба миҳан дар соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар конфронси матбуотӣ изҳор дошта буд:

 - Мо хоҳони низоми сиёсие ҳастем, ки аз тариқи интихоботи озод ва бо меъёри нуфус таъсис ёбад, мо хоҳони демукротиза шудани тамоми ниҳодҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар мувофиқ бо рӯҳияи дини мубини Ислом ҳастем…

Shahriyi AhtamzodШаҳрияи Аҳтамзод, шоир:

-  Шахсан таваҷҷуҳи ман бештар ба ин интихобот аз он аст, ки бародари гиромии мо доктор Абдуллоҳи Абдулло, ки будани ӯ ба ёд Аҳмадшоҳи Масъудро мерасонад, номзад аст ва ҳамчунин Афғонистон аз Украина дида, бо мо наздиктар мебошад. Ҳамзабону ҳамқавм ҳастем.

 

Nurali DavlatНуралӣ Давлат, таърихчӣ:

- Ман фикр мекунам, ки қабл аз ҳама ба он хотир, ки яке аз номзадҳоро, яъне доктор Абдуллоҳро тоҷик мешуморанд. Ва омили дигар ин аст, ки Афғонистон кишвари ҳамсарҳади мост. Ҳамчунин, барои бисёриҳо ин чиз боиси нигаронӣ аст, ки агар Эътилофи ғарбӣ неруҳои худро аз Афғонистон хориҷ кунад, оё толибон аз нав ба сари қудрат меоянд ё не. Ба иборати дигар, толибон то кадом андоза метавонанд барои минтақа хатар ба вуҷуд биоранд ва президенти ояндаи Афғонистон то кадом андоза метавонад дар муқобили онҳо амал кунад.

Akmal QadamovАкмал Қадамов, муҳоҷир, аз Амрико:

- Чеҳраи нав дар курсии раёсати ҷумҳурии кишвари ҳамсояи Афғонистон барои рушди муносибатҳои иқтисодию фарҳангии ду кишвар нақши муҳим хоҳад дошт.

Душанбе худ медонад, ки Афгонистони имрӯз он кишваре, ки 10-15 сол пеш буд нест, ки инро рушди муносибатҳои иқтисодӣ дар даҳсолаи охир ва сохтани пулҳо бар фарози рӯди Панҷ миёни ин ду кишвар собит кард. Кор ба ҷое расида, ки имрӯз садҳо тан тоҷикистонӣ дар ин кишвар кору фаъолият доранд.

Расонаҳои дохилии Тоҷикистон, ки бештар дар масоили интихоботи ҳамсоякишвар таваҷҷуҳ доранд, боиси аҳсан ҳаст, чун масоили ҷаҳон, аз ҷумла буҳрони Украинаро аллакай шабакаҳои Русия ва нашрияҳои русзабони кишвар пур карданд, ки ҳоҷат ба такрор надорад.

KHurshedi atovulloХуршед Атовулло, сардабири ҳафтаномаи "Фараж":

- Украина бо вуҷуди он ки кишвари пасошуравӣ аст ва сиёсаташ беш аз Афғонистон бо Тоҷикистон шабеҳ аст, дуртар аз кишвари мост ва бовар надорам, ки солҳои наздик перомуни кишвари мо чунин хомталошӣ аз суи абарқудратҳои ҷаҳон сурат бигирад. Дастгирии Абдуллоҳи Абдуллоҳ вопасин кушиши мактаби Аҳмадшоҳи Масъуд барои пойдор мондани ин мактаб ва нуфузи тоҷикони ин кишвар аст. Агар Абдуллоҳ пирӯз нашавад, метавон гуфт, ки ин мактаб шикаст хурд...

Suraj01Сураҷ Назаров, муҳоҷири меҳнатӣ:

- Таваҷҷуҳи хоса нисбати интихоботи Афғонистон дар он аст, ки ҳамсарҳадем ва қариб нисф зиёде аз мардуми ин кишвар ҳамдину ҳаммиллатони мо, яъне Тоҷикон мебошанд. Ва ин омилҳо боис шудаанд, ки ҳисси миллатдӯстии мо тоҷикистониён боло рафт ва бисёртар сари ҳамин мавзуъ таваҷҷуҳ мекунем. Интихоботи Афғонистон ба мо нишон дод, ки халқи ин кишвар бо он ҳама қафомондагӣ ва нооромиҳо аз мо Тоҷикистониён дида дар додани раъй фаъолтар ва озодтар буданд. Мо, ки ҳамсоякишвар бо Афғонистон ҳастем, умед аз он дорем то баъди интихобот бо омадани шахсони нав ба сари давалат раванди сулҳу салоҳ тезтар шуда, равобити дӯстию ҳамкорӣ боз мустаҳкамтар мешавад.

Munavvari MunavarzodМунаввар Мунавварзод, рӯзноманигор:

- Ман, ки барномаҳои телевизионҳои ин кишварро тамошо намекунам, аслан, атои онҳоро ба лиқояшон бахшидаам! Дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон бастагӣ дорад, ки онро чи гуна баррасӣ мекунанд. Дар бораи Украина маълум аст дигар; ҳукумат намехоҳад, ки мардумаш донанд, ки онҳо ҳам одаманд ва одам будан - яъне чӣ?..

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97