Фаҳимхон ғурурманд ва озода буд.

Иҷтимоъ 28.03.2014 15:38

fahim afganistanХабари вафоти муовини 1- уми Раиси давлати Афғонистон, маршал Муҳаммадқосими Фаҳим маро озурдаву ғамин кард. Маршал Фаҳимро дар рӯзи ҷанозаи Устоди равоншод, Шаҳиди Қаҳрамони Сулҳ профессор Бурҳониддини Раббонӣ 23 октябри соли 2011 як бор дар умрам аз наздик дида будам. Ӯ ягона аз шогирдони Устод Раббониву Масъуд буд, ки дар он рӯзи сиёҳ аз дидагон ашк намерехт, вале суханрониаш саросар дард, сӯз ва мотам буд. Ва Маршал дарун- дарун месӯхт ва ӯ хуб мефаҳмид, ки набояд ашки дидаи хешро ба намоиш гузорад, зеро аз заъфу сустиву беғайративу афсурдаҳоливу варшикастагиаш дарак медод. Ӯ сутуни Кобул буд. Кобул аз сиёсати маршал Фаҳим меларзид. Ман он ҷо эҳсос кардам, ки ҳама мансабдорони Афғонистон ва ҳатто қумондонҳои собиқадори ҷиҳодӣ аз Фаҳимхон метарсиданд, дар пеши Ӯ даступохурда мешуданд. Ӯ як салобат ва шаҳомати аҷибе дошт, ҷиддӣ буд. Ёд дорам чанд шумораи нашрияи «Миллат»- ро гирифта ба манзилаш, ки дар шаҳри Кобул дар ҷавори хонаи Устод Пидром мавқеъ дошт, рафтам. Сардори посбонони манзили Ӯ нашрияро варақ зада гуфт:

- Моршол- соҳиб сириликро балад нест.

Гуфтам, ту бигир ба Моршол- соҳиб бирасон, ӯ як илоҷ мекунаду мехонад.

Гуфт: Моршол аслан вақти рӯзномахонӣ надорад. Ӯ мариз аст.

Ман шунида будам, ки Фаҳимхон ғурури баланди миллӣ дорад, аммо мисли дигар қумондонҳои афғонӣ шахсияти фарҳангӣ нест. Ӯ ғуруру шаҳомати миллии хешро замони аз вазифаи вазири умури дохилаи Афғонистон дар Парлумон барканор шудани генерал Бисмиллохон ба намоиш гузошт. Рӯйирост ба Карзай ва вакилони Парлумон таҳдид кард, ки агар Бисмиллохонро бевазифа гузоред, ҳамин шаб Кобулро такурӯ мекунад. Ҳамон рӯз Бисмиллохон ба вазифаи баландтар- вазири дифоъи Афғонистон таъин шуд.

Маршал Фаҳим аз дӯстон ва шогирдони Қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуди диловар буд. Ӯ як тоҷики ғурурманд ва сарбаланд ва озода ва сафшикан ва муҷоҳид буд. Таслияти хешро ба миллати сарбаланди Афғонистон мерасонам. Ёдат ба хайр ягона Маршали Тоҷик!!!!

Толибшоҳи Сайидзода,

муҳаррири собиқи нашрияи «Миллат», узви ИЖТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97