То ба кай ҳамраҳи андешаи ботил бошем?

Иҷтимоъ 19.03.2014 09:11

Jurabeg Nazri -Hoандешаи хоси муаллиф

Чанд мақолаеро дар саҳифаҳои шуморе аз нашрияҳои ҳафтаи гузашта дар мавриди таъиноти кадрӣ хондам, ки ҷуз як навъ "маълумотнома" ва зиёдагӯиҳое беш нест, аниқтараш хабари афвоҳӣ, ки зиштиву дилсиёҳиҳо ба бор меовараду заминаи ғайбату бадгумонӣ.

Муаллифи яке аз "мақолаҳо" баъди эроде овардан возеҳу равшан мефармояд, ки фалониҳо (Матлубхон Давлатов, Гул Шералӣ, Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ) "ба сабаби ба синни нафақа расидан" рафтанд…ба ҷои онҳо ҷавонон омаданд". Дар ин ба "нафақа рафтан"-ҳову "омадани ҷавон"-ҳо чи коре рух додааст, ки хилофи қонун бошад? Ҳама шаҳрвандони комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонанд ва ҳақ доранд ба нафақа бираванд ва ё мансабу вазифаеро соҳиб бошанд. Кӣ рафту кӣ омад, муҳим нест, муҳим (агар дар ҳақиқат хоҳед кори хайре ба ҷо биоваред) таҳқиқ бурдан ва равшан сохтани он ки ба нафақа рафтагон чӣ кори хайру… карданду чи нақше аз худ боқӣ гузоштанд ва ҷавонон чи кунанд, ки муваффақ бошанд.

Шахсан банда ҷонибдори ақидае ҳастам, ки "ҷавонон ояндаи миллату кишваранд", вале мехоҳам шиори "такя ба ҷавонон"-ро ба "ҷавононро тарбият бояд кард" табдил диҳанду шиори дигарамон "ҳиммати пирон ҷавононро ба манзил мебарад"  буда бошад. Бо вуҷуд аз чанд кас дар боби ҷавониву ҷавонон ва соҳиби вазифаҳои аввалӣ гаштани онҳо дар кишвар суол кардам. Назарҳо гуногун буд ва бештари мардум андешаи "Такя ба пирони рӯзгордида ва таҷрибаандӯхта бояд кард", "Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир" ва "Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор"-ро қабул  доштанду доранд  ва хирадманде андарзе овард  ба ин тариқ:

Пирони солхурда сухан пухта мекунанд,

Шохи ниҳол меваи хеш нимрас кунад,

ки зиёд хушам омад.

Вале дар мавриди раиси ҷавони Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ ва фаъолияти кориву муносибати ӯ бо ҳамкорон ҳарфҳои хубе шунидам.  Махсус маҳкум шудану фош гардидани амали зишти зумрае аз "кормандони" бахши терминали "Хадамоти гумрук"-ро фоли нек медонанд (ва умед доранд маҳкум кардани чунин тоифаҳо идома хоҳад ёфт) ва хидмати назарраси раиси ҷавони ин идора ва "Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия". 

Албатта ҳама чизро дар муқоиса муайян мекунанд ва бештари кормандони собиқадори ҳамин соҳа бо боварӣ мегӯянд, ки дар муқоиса бо раиси пешин Гурез Зарипов Рустами Эмомалӣ чун роҳбар, ба маънои мусбат, аз ҳар ҷиҳат фарқ мекунад.

Яъне мешавад, ки аз байни ҷавонон ҳам роҳбари лоиқу баинсоф пайдо кард. Боз ровиёни ахбор медонанд.

Акнун меоем сари мавзӯе, ки бешак баҳонаи рӯи саҳафоти рӯзномаҳои"Нигоҳ" (26.02.2014,саҳ.2), "Пайк" (26.02.2014, саҳ.7), "Озодагон" (.26.02.2014,саҳ.2) дарҷ гардидани ҳарфҳое гаштааст, ки моҷароовару тафриқаангезанд. Аз навиштаҳои қаламбадастони арҷманд мутаассифона як навъ бӯи ғараз меояд. Матлаб маълум, гардолуд сохтани номи поки раиси навтаъиншудаи шаҳри Қурғонтеппа Амирулло Холов ва баҳона бародари ҳамсари муҳтарами роҳбари давлат будани эшон ва  зумрае... Назари банда дар ин мавзӯъ хеле дигархелтар аст, зеро Амирулло Холовро хуб, хеле хуб мешиносам, чанд сол аст, ки мешиносам. Дар ин муддати шиносоӣ мушоҳида кардам, ки мардест, дар мақоми ростиву покиву озодагӣ, шахсе, ки дар зиндагӣ бо кирдору гуфтору рафтору пиндори нек, бо заҳмату меҳнати  ҳалол  хеле муваффақ гаштааст. Марди қавлу вафост.

Бо шумо мувофиқам, ки мегӯед "Ӯро ҳоҷӣ ва шоир ҳам меноманд". Шоир ба ин маъно, ки хеле сухандон аст…" ("Нигоҳ.26.02.2014,саҳ.7) Дар ҳақиқат то ҷое  банда дарк кардам, мутолааи зиёд дораду аз пайи ҷустуҷӯст ва бо олами шеъру шоирӣ низ хуб ошност, ки ин ҳам шаҳодати хираду фазилати ӯст. Ва номи ҳоҷиро ба худ гирифтанаш аз он аст, ки зиёрати хонаи Худо кардааст, яъне марди Худост. Бо он ки бо сардори давлат риштаи хешу таборӣ дорад чи ҷои луқма партофтан, балки  боиси ифтихор аст ва чун шаҳрванд аз рӯи дарку доноиву тавоноӣ ҳуқуқ дорад мақому мартабаеро соҳиб бошад.

Мавсуф чанд сол мешавад, ки ба таври расмӣ,  огоҳона вориди майдони сиёсат гаштааст ва ҷои тардид нест, ки ӯ ваколату вазифаи хешро  хуб медонад. Дар вазифаҳои  роҳбарӣ, ба қавли ҳолдонҳо, аз масъулиятшиносиву кордонии хеш дарак медиҳад. Ҳам дар Неругоҳи барқии Роғун, ҳам дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ хубу поку озода фаъолият намудаву соҳиби эҳтиром гаштааст. Бешак ошиқи Ватан асту мардуми шарифи ин марзу бум. Ба муқаддасоти кишвар арҷ мегузорад. Ба раҳбари давлату ҳукумат садоқату муҳаббати беандоза дорад.

Хулоса насанҷидаву надониста… Беҳтар мебуд барои амалӣ гаштани иҷрои корҳои хайр ва ободиву ободонии шаҳри нозанини Қурғонтеппа ба Раиси навтаъингаштаи шаҳр ва шаҳрвандонаш комёбиву комёрӣ таманно мекардему имкон мешуд, худамон ҳам дар пешравиҳои ин диёр ҳиссагузор мешудем.

Ин албатта назари банда аст, ки аз рӯи мушоҳидаҳову дидаҳову шунидаҳо рӯи коғаз овардам. Тавфиқ ра-фиқ бод!

Бо орзуҳои нек шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабеки Назрӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97