Миллати маҳкум

Иҷтимоъ 03.03.2014 14:56

Hoshim gado 12Ба таваҷҷуҳи Вазорати фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ё Ашимов дар хонаи сеошёнаю Ҳошим Гадо таваллои таъмир дорад!!!

Барномаи "Поговорим и показываем"-и  НТВ писандам аст. Ҳар бори тамошо кардани ин барнома орзу мекунам, ки телевизиони тоҷик низ соҳиби чунин лоиҳаҳои ҳамсони "Поле чудес", "Очная ставка", "Что? Где? Когда?" "Слова за слава" бошад. Дунё ба умед.

Аммо дар ин матлаб мехоҳам дигар масъаларо дар миён бигузорам. Чанде пеш барномаи "Поговорим и показываем"-и НТВ намоишеро пахш кард, ки зиндагиномаи Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ, актёри машҳури қазоқ Асаналӣ Ашимов қисса мекард. Вақте ки муаллифони барнома хонаи васеъ ва боҳашамату сеқабатаи Ашимовро дар Алмаато нишон доданд, беихтиёр муроҷиати имдодталабонаи  Ҳунарманди маъруфи тоҷик Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Устод Ҳошим Гадо ёдам омад, ки дар ҳафтаномаи "Миллат", №53 аз 30 декабри 2013  ба табъ расида, таъмири ҳуҷраашро (бале , ҳуҷраашро, на хона, ки дар яке аз биноҳои баландошёнаи пойтахт воқеъ аст - муаллиф) аз сӯи шаҳрдори пойтахт илтиҷо дошт.

Бовар кунед, замони муқоисаи ин ду сарнавишт, яке тоҷику дигаре қазоқ хории кас меояд. Наход мо ин қадар ҳақир ҳастем, ки тавоноии ташкили зиндагии муътадили чунин як нобиғаи санъати ҷаҳониро ( мо чунин нобиғаҳоро зиёд надорем, шояд ба теъдоди ангуштони дасти як инсон бишавад онҳоро ҳисоб кард - муаллиф) ҳам  надошта бошем? Вазорати фарҳанг бояд ин масъаларо вазифаи аввалиндараҷаи худ дониста, иҷрои онро зери назорат бигирад. Наход инҷо ҳам бояд интизор буд, ки Президенти кишвар чӣ амру баҳое медиҳад? Ҳолати зиндагии имрӯзи Ҳошим Гадо ягона нест, балки мо ҳунарманду қаҳрамонҳои арзишманде дорем, ки шояд бадтар аз ин ҳолат бошанд. Агар муносибат чунин аст, пас масъулони вазорати фарҳанг ба чи кор машғуланд? Охир арҷгузории бузургон як самти тарбияи кадрҳост? Не?!

Мирзоҳамдам Шарифзода, рӯзноманигор, н.Мастчоҳ

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97