Оқилӣ кори Буалӣ Синост

Иҷтимоъ 24.02.2014 15:49

ё чаро Ғазолӣ илмситез шуд?

Abuali- ibn-SinoМо агар вориси воқеъии Сино ҳастем, бояд аз имрӯз рӯ ба ақлгароӣ биоварем

Пои истидлолиён чӯбин бувад,

Пои чӯбин сахт бетамкин бувад. Мавлавӣ

Ақлситезӣ, таҳқири аҳли илму ҳикмату фалсафа, ки дар шеър ва адаби форсии тоҷикӣ мушоҳида мешавад, як сабаби таназзули маънавию фарҳангӣ ва мӯҷиби дар хурофоту таассуб печидани шаҳрвандони кишвар ва қафомонии сиёсиву иҷтимоиву ахлоқиву техникии миллати мо гардидааст. Ба вижа шоирони сӯфӣ, ки бо ақлситезӣ ва гурез аз воқеият ва нодида гирифтани ниёзҳои иҷтимоии башар дар ин замина афкору орои носавоб, ки рӯҳи ғуломонаро дар миллат парвариш медиҳанд, эҷод кардаанд ва бад-ин тартиб монеи пешрафту тараққиёти миллату кишвари мо шудааанд. Бо итминон метавон гуфт, ки агар синоситезӣ, таҳқири илму дониш сурат намегирифт, шояд миллати мо низ имрӯз чун урупоиён, агар силоҳи ҳастаӣ намесохт, аммо чизҳои дигар месохт ва дар кашфиётҳои илмиву техникӣ саҳм мегирифт ва ба қавли фарзонае, "ҷаҳонро бори дӯш" намешуд. Ба ин шак нест. Агар Ибни Синоро ба ҳоли худ мегузоштанд, то озодона таҷрибаву кашшофӣ намояд, таъқиб намекарданд ва андӯхтаҳои илмиву амалии ӯро ба куфр мавсум намесохтанд ва умуман, бар алайҳи илму ҳикмат намебаромаданд ва андешаи солим ва хирадмандонаро дунбол мекарданд, зиндагии мо имрӯз дигарсон буд.

Мутаассифона, на танҳо аҳли хурофоту таассуб, муллоёну фуқаҳо, охундҳо, сӯфиён, балки аҳли адабу дониш низ аксар авқот бар зидди илму донишу фалсафа баромадаанд ва афкору орои иртиҷоиву носудманд ва музирро ироа кардаанд ва бад-ин тартиб ба бузургтарин фарзандони миллати мо, аз ҷумла Ибни Сино, тохтанд. Масалан, Хусрави Деҳлавӣ, ки яке аз бузургтарин шоирони порсизабони Ҳинд маҳсуб меёбад, саргарми баёну андешаву орои тасаввуфӣ ва ирфонӣ гардида, бар алайҳи илму донишу ҳикмату озодандешӣ ва фалсафа, ки башарро пову моя ва арҷмандию шараф илқо менамоянд, баромадааст, Дар ин замина синоситезӣ ва таҳқири фалсафаи Юнон аз ҷониби ӯ ҳеҷ гоҳ аз мавқеи тараққихоҳонааш дарак намедиҳад:

Накӯтар донадаш девонае з-он оқили расмӣ,

Ки гоҳе дар "Ишорат" афтаду гоҳ аз "Шифо" гӯяд.1

Аз фалсафаву ҳикмату танҷим налофем,

"Қонун"-у "Ишорот"-у "Шифо"-ро нашиносем.2

Воқеан, синоситезӣ як мавзӯи алоҳида аст, ки мебояд ба баррасии он бипардозем, аммо ин кор фурсат мехоҳад. Лиҳозо, мо ба тариқи иҷмол ва бо нигоҳе гузаро ба ин мавзӯъ наздик мешавем ва алъон, то ҷое ки имконпазир аст, онро мавриди қазоват қарор медиҳем. Ба қавли Мавлоно:

Оби дарёро агар натвон кашид,

Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид.3

Мусаллам аст, ки баъди барҳам хурдани давлати миллии Сомониён, боло рафтани таассуб, илмситезию китобсӯзии Маҳмуд ва ҳамандешону хидматгузорони ӯ, таҳқири хирад, илму дониш, аҳли фалсафаву ҳикмату маориф меафзояд. Ба сухани дигар, ҷаҳл баландӣ мегирад, фазл ба пастӣ мегарояд. Суннати илмгароиву хирадситоии Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Берунӣ, Закариёи Розиву Асадии Тӯсӣ, Носири Хусрав ва дигар андешамандони милливу мутараққӣ шикаста мешавад ва мардум дар ҳалқаи ҷаҳлу таассубу хурофот ба сар мебаранд ва ақлу дониш, аҳли илму ҳикмат мавриди фишору бемеҳрӣ қарор мегиранд. Ин маъноро дида ва мулоҳиза карда, шоири форсизабони асри ХVII Ҳинд, Фонии Кашмирӣ аз беимтиёзии аҳли илму маърифат ва нодида гирифтани хидматҳои яке аз пешвоёни ҳаракату наҳзати илмгароӣ, табиб, донишманд, шоир ва файласуфи воқеъгарои асри Х-ХI тоҷик-Шайхурраис Абӯалӣ Сино, ки ҳикмату донишаш то имрӯз чашми ҷаҳониёнро хира мекунад, бо афсӯсу дареғ мегӯяд:

Нест дар бозори гетӣ имтиёзи илму ҷаҳл,

Бӯалӣ беҳуда аз дониш дӯконе чидааст!4

Аммо, мутаассифона, ӯ худ низ зери таъсири афкори сӯфиёна мемонад ва ба синоситезӣ иқдом мекунад. Ба ин байти ӯ мутаваҷҷеҳ шавед, ки мегӯяд:

Фонӣ, чу бар абрӯву лаби ёр назар кард,

Аз чашми худ андохт "Ишорат"-у "Шифо"-ро.5

Намунаҳои дигар аз синоситезӣ ва радди афкори ӯ, ки барои хонанда пешниҳод менамоем:

Ҷуз ба ҳикмат май нанӯшанд ин тунукзарфон, магар

Тарҳи ин майхонаҳоро Бӯалӣ Сино кашид?6

Хуш намеояд ба ҳикмат бода хӯрдан дар баҳор,

К-ин бинои бебақоро Бӯалӣ Сино ниҳод.7

Аммо, хушбахтона, Анварӣ, ки бо сабабҳои айниву зеҳнӣ, ба шеъру шоирӣ назари чандон нек надошт, баръакси бархе аз шоирон, ба илму ҳикмату фалсафаи Юнон алоқмандӣ зоҳир менамояд. Бинобар ин, дар ҷое бо ифтихор мегӯяд:

Туро гар амале дод рӯзгор, чӣ шуд?

Маро ба ҷои амал илмҳои юнонист.8

Зимнан бояд гуфт, ки агарчи шӯҳрати Анварӣ бо шеъри ӯст, аммо ӯ ба шеъру шоирӣ, ки дар рӯзгораш ба дасти як мушт шоири маддоҳ афтода буд ва касби шоирӣ ва шоирон хору зор гардида буданд, чандон хушбин набуд. Аз ин рӯ, вай илмро бар шеъру шоирӣ тарҷеҳ медод:

Мардро ҳикмат ҳаме бояд, ки доман гирадаш,

То "Шифо"-и Бӯалӣ бинад, на жожи Бӯҳтурӣ.9

Дар камоли Бӯалӣ нуқсони Фирдавсӣ нигар,

Ҳар куҷо омад "Шифо", "Шаҳнома" -гӯ, ҳаргиз мабош!10

Агарчи мо ба шеър ва шоирситезӣ, алалхусус фирдавсиситезии Анварӣ, ки сабабҳои иҷтимоиву сиёсиву ахлоқии худро дорад ва аз ҳолату рӯҳияи шоир сарчашма мегирад, ҳаргиз ҳамово нестем, аммо ба ситоиши илму донишу намояндагони он, ба вижа яке аз нобиғагони илму адаби форс-тоҷик Ибни Сино пардохтан ва ба чашми эҳтиром нигаристан ва тамҷид намудани китоби "Шифо"-и вай аҳсант мегӯем, зеро Анварӣ баръакси аҳли таассубу хурофот арбоби тасаввуфу илмситезон ва амирону ҳокимони замон, ки аз бегонагон буданд ва рӯҳияи зиддимиллӣ доштанд ва ба илму дониш ва мақоми ақлу хирад ва ҳикмату фалсафа арзиш намениҳоданд ва ҳамвора арбоби илму донишу аҳли ҳикмату фалсафаро мавриди ҳуҷум қарор медоданд, аз илму донишу фалсафаву ҳикмат ва аҳли он пуштибонӣ менамояд ва ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Ӯ бад-ин тартиб дар мавқеи фаъолу размандаву мутараққӣ ва миллӣ қарор доштани худро ба намоиш мегузорад Воқеан, Анварӣ ҳамеша аз намояндаи илм, яъне ҳаким будани худ дар осораш ёд кардаву ифтихор кардааст:

Маро ба ҳазрати олӣ тақаррубе фармуд,

Ба номи шоҳ бипардохтам яке дафтар.

Ҳазор фасл дар ӯ лафзҳо ҳама дилкаш,

Ҳазор иқд дар ӯ-нуктаҳо ҳама дилбар.

Бар он умед, ки шоҳи ҷаҳон шараф диҳадам,

Шавам ба давлати ӯ некбахту некахтар.

Ба ҳар ду сол бисозам зи илм таснифе,

Барои давлати Мансуру хусрави сафдар.11

Рӯҳи илмӣ, тафаккуру андеша дар ашъори Анварӣ, ба вижа дар қасидаву қитъаҳои ӯ, нисбат ба эҳсос афзалият дорад. Ин нишон медиҳад, ки Анварӣ воқеан ҳам ба илму дониш, ки худ марде ҳакиму донишманд буд, ишқу алоқаи вофир доштааст. Лиҳозо, шеъраш ағлаб ба сурати шеъри "донишмандона" ҷилвагар мешавад. Дигар, Анварӣ вақте ба таърифи илм мепардозад ва хирадгароӣ мекунад, ба шоирони замони Сомониён наздик мешавад ва худро ҳамчун шоиру ҳакими ақлгарову хирадситой ва мутараққиву пешқадам нишон медиҳад. Мо инро дар шеъри "Дар таърифи илм ва шаъни он", ки ба мақому бузургии яке аз ақлгароёни беназири ҷаҳонӣ-табиб, олими камназир Ибни Сино бахшида шудааст, ба вузӯҳ боздид менамоем:

Дидаи ҷони Бӯалӣ Сино

Буд аз нури маърифат бино.

Сояи офтоби ҳикмати ӯ

Ёфт аз машриқи "ва лав шеъно".

Ҷони Мусосифати ӯ равшан

Ба таҷаллию шахси ӯ Сино.

Эй сафеҳи фақеҳ ном, ту кай

Боз ёбӣ зумуррад аз мино.

 

Дар таки чоҳи ҷаҳл чу монӣ

Масканат руҳи қудс мискино.12

Донишманди Ҳинд Кошинотҳ Пандито, ки ба таҳқиқи адабиёти форсии тоҷикӣ машғул аст, доир ба донишситезӣ ва таҳқири фалсафа пас аз рӯзгори Сомониён, бо дареғу афсӯс изҳори назар менамояд, ки наметавон онро нодида гирифт ва бидуни ҳаяҷон хонд: "Гузашта аз хусусиёти забонӣ ва дастурӣ, мушахасоти шеъри тоҷикии давраи Сомониён зиёд аст… Пояи афкори шоирони тоҷики ин давра, ғолибан, бар ҳикмат ва фалсафа қарор ёфта, маънии шеър аз лиҳози фикру ахлоқ бисёр баланд будааст… Яке аз ҷанбаҳои ахлоқӣ, ки шоирони ин давра ба он аҳамияти фаровон додаанд, арзиши дониш дар боло бурдани фарҳанги башарӣ мебошад… Аммо нахустин зарбае, ки бар андешаи бартарии дониш ворид шуд, аз тарафи ҷамъи мутаасибони мадрасаи Низомияи Бағдод, бо сарварии Муҳаммади Ғазолӣ, буд, ки дар миёнаҳои қарни ёздаҳуми мелодӣ, яъне замони ҳукумронии Алпарслони Салҷуқӣ, зиндагӣ мекард. Бояд гуфт, ки дар ҳақиқат, бунёдгузори ҷараёни иртиҷоии фикр дар Хуросон ва сарзамини рӯди Омӯ дар он замон Низомулмулки Тӯсӣ - вазири маъруфи Салчуқиён ва душмани ашаддии исмоилиёну равшанфикрони он давр буд, ки онҳоро зиндиқ ва мулҳид мехонд. Доир кардани мадрасаҳои Низомия дар нуқоти мухталифи кишвар-Ҳирот, Марв, Тӯс ва ҷойҳои дигар ба ин манзур буд, ки иртиҷоъро ҳимоят кунад ва муртаҷеъини мисли Ғазолӣ дар он мадрасаҳо тарбият биёбанд. Илмҳое, ки омӯхта мешуданд, фиқҳ, тафсир, қироат ва дигар улуми динӣ буданд. Вале таълими илмҳои ақлонӣ, мисли фалсафа, риёзӣ, ҳандаса, нуҷум ва ғайраҳо, мамнӯъ буд. Муқобили файласуфон ва ҳакимон Ғазолӣ китобе ба номи "Таҳофатал-фалосифа" навишт. Ҳайф, ки бо таъсири аҳли иртиҷоъ Хоқонӣ барин шоири нуктасанҷ низ дониши юнониёнро маҳкум кард. Чунонки мегӯяд:

Фалсафа дар сухан маёмезед,

В-он гаҳе номи он ҷадал маниҳед.

Нақди ҳар фалсафӣ кам аз фулс аст,

Фулс дар кисаи амал маниҳед"...13

Зимнан бояд гуфт, ки агарчи таҳқири илму хирад, ба вижа синоситезӣ аз ҷониби аҳли таассубу хурофоту ҳокимони бегонатабору ғосиб ба таври мухталиф дар дарозои таърих идома дошт ва мардуми моро аз пешсафӣ, пештозӣ, тараққиёт монеъ шуд, аммо эшон орову афкори дурахшони Ибни Синоро билкул натавонистанд аз байн бибаранд ва аз қалби мардум берун кунанд. Баръакс, ҳар чӣ қадар мутаассибон, ҷуҳҳол, хирадситезон бар зидди андешаву афкор ва шахсияти Ибни Сино қиём мекарданд, ҳамон қадар ному шӯҳрати вай густариш меёфт. То ба Урупо расидани шӯҳрат ва осораш далели гӯёи ин андешаҳои мо метавонад буда бошад. Дигар, дар ашъори шоирони мутараққӣ ва миллӣ ва донишдӯсту хирадгаро тавсиф ва ёдоварӣ шудани ӯ ва осораш низ дар адвори гуногун аз шӯҳрату маҳбубияти вай дар байни халқ ва аҳли фазлу дониш дарак медиҳад. Масалан, дар маснавии "Беҳрӯз ва Баҳром"-и Биноӣ дар асри ХУ ба сифати китоби дарсӣ ёд шудани асарҳои машҳури Ибни Сино-"Ал-қонун", "Ишорот", "Шифо" далели ҳамин гуна эҳтиром ва қадрдонӣ ва мақоми варҷованди илмиву адабию маънавии ӯст. Дар ин бора Абдулғанӣ Мирзоев - яке аз муҳаққиқони асосии эҷодиёти Биноӣ, чунин менависад: "Дар мероси адабии Биноӣ ёдоварӣ карда шудани асарҳои ҷудогонаи Ибни Сино чунин нишон медиҳад, ки дар ин давра ҳам, бо вуҷуди ба ҳуҷуми сахти уламои исломӣ дучор шудани фалсафаи ӯ, таъсири вай дар доираҳои расмии илм хурд набудааст. Масалан, Биноӣ дар боби "Аҳамияти илм ва муносибати илму дониш", дар яке аз ҳикоятҳои худ, ҳангоме ки ба касби илму дониш машғул шудан ва аз мактабхонӣ ба таҳсили мадраса қадам гузоштани Беҳрӯзро тасвир мекунад, ҳамон тарзе ки дида мешавад, аз осори Сино-"Ал-қонун", "Ишорот" ва "Шифо"-ро ҳамчун китоби дарсӣ ёдоварӣ кардааст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ин се асари Ибни Сино дар асри ХV ҳам ҳамоно аз китобҳои асосии таҳсили расмӣ ҳисоб мешудааст":14

Ровии турфа достони рафеъ,

З-ин маонӣ кунад баёни бадеъ,

Ки чу Беҳрӯз баҳри касби адаб

Рафт чанде ба ҷониби мактаб…

Ҳар чи буд аз муқаддамот нахуст,

Кард ҳифзи мутун ба раъй дуруст.

Дид пеши муаллими мушфиқ

Сарфу наҳву маониву мантиқ…

Чун фароғат зи илми олӣ ёфт,

Ба мақосид ба ҷидду ҷаҳд шитофт.

Раҳи "Қонун"-и Бӯалӣ Сино

Аз "Ишорот" бурда рӯ ба "Шифо".15

Мусаллам аст, ки дар замони Сомониён шоирон аз донишу хирад ва ҳикмат мавфур ситоиш менамуданд. Ин мавзӯъҳо дар осори Рӯдакӣ, Абӯшакур, Фирдавсӣ ва дигарон ба таври дурахшон инъикос ёфтаанд. Асадии Тусӣ, Фахруддини Гургонӣ низ, агарчи дар асри Ғазнавиён зистаанд, бо вуҷуди заъфи андешаи миллӣ, дар ин заминаҳо хидмати шоиста кардаанд.  Аммо дар замони Салҷуқиён ва ҳукмронии муғулҳо ва густариши орову афкори Ғазолӣ ва махсусан нуфузи тасаввуф, хирадситезӣ, таҳқири ҳукамо, илму ҳикмату фалсафа, ки бо аз байн рафтани давлати хирадгарои миллии Сомониён ва рӯи кор омадани давлати хирадситез ва ғайримиллии Ғазнавиён шурӯъ шуда буд, ба авҷи аълои худ дармерасад ва ҷои далелу бурҳону мантиқро таассубу хурофоту каромот, шӯру ваҷду ҳолу ишқ мегирад. Шоироне мисли Саноӣ, Аттор, Хоқонӣ, Мавлавӣ ва дигарон ба таҳқири рӯирости аҳли донишу фалсафа даст мезананд. Дар ҳамин адвор аст, ки ситез бар зидди Сино, Закариёи Розӣ, Фахри Розӣ, Арасту, Афлотун ва соири файласуфони ирониву юнонӣ аз ҷониби фақеҳону орифону мутакаллимон ва ба вижа Ғазолӣ, сурати густарда касб менамояд. Ин амали иртиҷоӣ боиси таназзули илму ҳикмату фалсафаи миллати мо мегардад, ки нақши манфии он то асри имрӯз бармалост. Нуктаи доғ ва мӯҷиби таассуф ин аст, ки илму фарҳанг, ки маркази он дар Шарқ, дар Ирон, алалхусус Бухорову Самарқанду Балху Нишопур буд, ба Ғарб кӯч мебандад ва сабаби рушду нумӯ, кашфиёту ихтироъот ва шукуфоии ин минтақаи олам мегардад, аммо Шарқ, ба вижа ақвоми иронӣ, дар доираи хурофоту каромот ва орову андешаҳои асримиёнагӣ то имрӯз мемонад ва ҳатто дар замони кашфиётҳои беназир низ бар алайҳи илму хираду фалсафа меситезанд ва ба мақоми онҳо ҳеҷ гуна арзише қоил намешаванд, зеро агар дар дарозои таърих Рӯдакиву Абӯшакур, Фирдавсию Носири Хусрав (дар ибтидои шеъру шоирии навин) чун шоирони милливу мутараққӣ ва ақлгарою илмситой аз илму дониш ва ақлу хирад ситоиш карда бошанд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.16

                                                           Рӯдакӣ

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,

Ба дониш тавон  риштану бофтан.17

                                                      Абӯшакур

Ба дониш равонро тавонгар кунед,

Хирадро бад-ин бар сар афсар кунед!18

                                                         Фирдавсӣ

Беҳ аз ганҷи дониш ба гетӣ куҷост?

Киро ганҷи дониш бувад, подшост!19

                                                       Асадӣ

Саноиву  Хоқониву Мавлавӣ ва дигар шоирону андешамандони баъдина бар зидди ақлу дониш қиём мекунанд, зеро эшон ақлу донишро дар роҳи маърифат бесамар ва фоқиди арзиш медонанд. Лиҳозо, ба Синову Афлотуну Закариёи Розӣ ва дигар олимону хирадгароёни мумтоз метозанд:              

Ақл дар кӯи ишқ нобиност,

Оқилӣ кори Бӯалӣ Синост.20

                                               Саноӣ

Қуфли устураи Арастуро

Бар дари аҳсанулмилал маниҳед.

Нақши фарсудаи Фалотунро

Дар тирози беҳин ҳилал маниҳед.21

                                                      Хоқонӣ

Андар ин раҳ гар хирад раҳбин будӣ,

Фахри Розӣ роздори дин будӣ!22

                                                    Мавлавӣ

Оқилон нуқтаи паргори вуҷуданд, вале

Ишқ донад, ки дар ин доира саргардонанд.23

                                                                     (Ҳофиз)

Бояд таъкид кард, ки имрӯз дар кулли олам ба хирадстезӣ ва таҳқири илму дониш ва аҳли он хотима бахшида шудааст, аммо мардуми мо алъон низ ҳаводори ҷаҳлу таассубу каромоту мӯъҷизаву шӯру ҷаззабаву пиру муриданд ва чун фақеҳону мутаассибони асри Ғазнавӣ, охундҳову муллоёну хурофотгарёну кароматписандон ба илму хираду дониш ва аҳли он метозанд ва ҳанӯз ҳам ба каромоту мӯъҷизоту андешаҳои мавҳум этиқоду этимод доранд ва кашфиёту мӯъҷизоти ҳайратангези ақлу донишро, ки худ аз он ба таври густарда истифода менамоянд, нодида мегиранд ва инкор мекунанд. Агарчи баъд аз замони Аҳмади Дониш ва хусусан баъди Инқилоби Октябр ва Бухоро (1920), тавсиъаи илму дониш, тарғиби маориф дар осори шоирон мақоми шоиста пайдо менамояд ва мардуми мо дар ин роҳ ба дастовардҳои қобили мулоҳиза ноил мешаванд, аммо, мутаассифона, ҳамон рӯҳи мазҳабӣ, хурофотӣ, таассуб, шӯру ҷазаба, афсонаву ривоёт, каромот ва тафаккури сӯфиёнаву нақлию асримиёнагӣ дар зеҳни бештари мардуми мо то имрӯз ҳокимият дорад. Ин балоест азим ва халосӣ аз он дар асри фатҳи кайҳон ва техникишавии ҷаҳон ногузир ва як амри ҳаётист. Бояд имрӯз тамоми ҷомеа, ба вижа равшанфикрон, шуарову удабову фузалову сиёсатмадорон, аҳли таълиму тарбия, олимону рӯҳониёни мутараққӣ, ҷавонони боистеъдод, ки ба моҳияти ҳаёт оқилона назар менамоянд ва ба воқеъияти зиндагӣ баҳои одилона дода метавонанд, пиромуни ин масъалаи ҳаётӣ бияндешанд ва роҳҳои берунрафт аз ин фоҷиаи миллӣ ва инсониро биёбанд. Имрӯз бояд ҳамгомӣ, ҳамгароӣ бо ҷомиаи ҷаҳонӣ, афкори мутараққӣ, гароиш ба илму дониши замонавӣ дар зеҳни тамоми аҳли кишвар ҳоким бошад ва рукни муҳимми зиндагии мардум ва андешаи эшон қарор бигирад ва мардум ба саодати ин дунёӣ ва он дунёӣ баробар арҷ биниҳанд. Рӯзгор ва аҳволи худро бо рӯзгору аҳволи миллатҳои мутамаддин ва кишварҳои пешрафта қиёс бинамоянд, сабабҳои рушди миллатҳову кишварҳо ва таназзули худро оқилонаву одилона дарёбанд, баррасӣ намоянд ва алалфавр ба ислоҳи он бипардозанд, зеро фардо дер хоҳад шуд. Ин корро ҳамин соат, ҳамин рӯз бояд шӯрӯъ кард. Дигар, ба хештан суол бидиҳанд, ки чаро дигарон пешрафти зиёд кардаанд, лекин мо, ки замоне ливобардори илму маърифат будем, имрӯз қафо мондем? Агар мо имрӯз аз даричаи ақлу хирад ба зиндагӣ нигоҳ накунем, илму маърифатгароӣ нанамоем ва дар ҳамон доираи танги таассуби асримиёнагӣ ва хурофоти ибтидоӣ ва билхусус ақлситезӣ ва донишгурезӣ, бимонем, ба ҷое нахоҳем расид. Ба қавли Саъдӣ:      

Тарсам, нарасӣ ба Каъба, эй аъробӣ,

К-ин раҳ, ки ту меравӣ, ба Туркистон аст!24

Ҷамолиддин САИДЗОДА

ПАЙНАВИШТҲО:

1. Ҳаёт ва эҷодиёти Хусрави Деҳлавӣ.Душанбе,Дониш,1975,с.191.

2. Ҳамон ҷо, ҳамон саҳ.

3. Маснавии маънавӣ.Теҳрон, 2001 сол.

4. Фонии Кашмирӣ.Мунтахаби ашъор. Душанбе,Ирфон, 1986, саҳ.55.

5. Ҳамон ҷо, саҳ.33.

6. Ҳамон ҷо, саҳ.107.

7. Ҳамон ҷо, саҳ.105.

8. Девони Анварӣ. Душанбе, Ирфон, 1971, саҳ.138-139.

9. Ҳамон ҷо, саҳ.13

10. Ҳамон ҷо, саҳ.172.

11. Ҳамон ҷо, саҳ.19.

12. Ҳамон ҷо, саҳ.123.

13. Кошинотҳ Пандито. Андешаҳо оид ба адабиёти форс-тоҷик. Садои Шарқ, №6. 1983, саҳ. 109-112.

14. К.Биноӣ. Ҳикоёт ва тамсилот. Нашр. дав. Тоҷ., 1963, саҳ.195.

15. Ҳамон ҷо, саҳ.31-32.

16. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. Душанбе, Адиб, 2007, саҳ.329.

17. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Душанбе, Адиб, 2007, саҳ.151.

18. Шоҳбайтҳои "Шоҳнома". Душанбе, Адиб, 1990. саҳ.40.

19. Асадии Тӯсӣ. Гаршоспнома. Душанбе, Адиб, 2001, саҳ.152.

20. Ҳаким Саноӣ. Осори мунтахаб, ҷ.2, Душанбе, Адиб, 2004, саҳ.176.

21. Девони Хоқонии Шервонӣ. Теҳрон, 1368, саҳ.172.

22. Маснавии маънавӣ. Теҳрон, 2001, саҳ.554.

23. Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. Душанбе, Ирфон, 1983, саҳ.218.

24. Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ. Гулистон, Теҳрон,1371, саҳ.85.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97