Саволи рӯз: Бо сармо ва барфи ахир чи гуна дасту панҷа нарм (мубориза) мекунед?

Иҷтимоъ 17.02.2014 15:11

sarmo zimistonМавҷуда Соҳибназарова, шореҳи иқтисодӣ:

- Ҳар сол дар охирҳои фасли тобистон бо иштироки сатҳи баланди мансабдорони давлатӣ ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба омодагии хоҷагии халқи кишвар ба мавсими тирамоҳ ва зимистон гузаронда мешавад, ки дар он масъулини соҳоти гуногун дар бораи омодагии хеш ба фасли сармо ҳисобот медиҳанд. Кишвари мо имрӯз соҳиби парчами баландтарин дар ҷаҳон аст, мо аз дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун мефахрем. Аммо солҳост, ки масъалаи аз байн бурдани таътили маҷбурии зимистонаро ёфта наметавонем, яъне мо дар мағз мағзи кӯдаконамон ҷо кардаем, ки дар зимистон бояд чун хирс ба хоби зимистона раванд ва мақомот қудрат надорад, ки мушкилоти дар зимистон бе танаффус  фаъолият кардани муассисаҳои соҳаи маорифро пайдо кунад.

Мардумро ҳар сол ба умед мекунанд, ки ин зимистон омодагии хуб дидаанд, вале мардум аллакай медонанд, ки гузаронидани чунин ҷаласаҳо ва ҳисобот доданҳо одати муқаррарӣ шудааст ва он ба ҷуз тибқи нақша ва дар муҳлати муайяншуда гузаронидани ҷаласа чизи дигаре беш  нест. Дар воқеъ мардуми мо на газ мепурсанду на оби гарм. Ба ҷуз барқ, ки ҳаққи онро мардум имрӯз ба ҳар қиммате, ки бошад, мепардозанд ва нақлиёту ба талабот ҷавобгӯ будани роҳҳо. Мутаассифона, сардии чанд рӯзи охир исбот сохт, ки  бори дигар умеди мардум  ба боди фано рафт. Чаро, ки  масъулони бемасъулияти мо ҳеч омодагие надидаанд, на дар роҳҳо қум захира шудаву на нақлиёти ҷамъиятӣ барои кашондани мусофирон дар чунин рӯзҳои сахти сармо омода аст. Мардуми маҳалҳои алоҳидаи шаҳр соатҳо аз барқ маҳрум монданд. Дар бораи мушкилоти мардуми навоҳӣ ва деҳот ҳоҷати гап задан нест. Аҳвол бадтар аз ин аст.

Бижан Муҳаббатшоев, ҳуқуқшинос:

- Дар хона ҳамагон дар як ҳуҷра гирд омадаем ва ҳамонро гарм нигоҳ медорем. Дар ин шабу рӯзҳои сард хурсандам, ки фарзандони хурдсол надораму ҳанӯз бобо нашудаам…

Абдуқодир Раҳимов, ҳуқуқшинос:

- Худоро шукр, ки дар ин рӯзҳои сармои зимистон барқи минтақаи мо хомӯш нашудааст, аммо боз ҳам бо сабру ҳавсала ва ҳамкорию ҳамёрии дастаҷамъии ҳамсоягону дӯстон барфрӯбӣ ва тоза кардани роҳраву атрофи маҳалли зиндагиямон аз яхбандии барфҳо машғулем. Инҷо мехоҳам як нуктаи муҳимро ёдоварӣ намоям, дар хеле аз кишварҳои пешрафта фарҳанги ҳамкорӣ ва ҳамёрии дастаҷамъонаи истиқоматкунандагони як бино ё як маҳалла ба таври худҷӯш ва самимона вуҷуд дорад. Ин фарҳангу маърифат дар миллати азизи мо ҳам вуҷуд дорад, бояд ин фарҳанги хуби ҳамкорию ҳамёрии истиқоматкунандагони ҳар бино ё ҳар маҳалла барои беҳдошту тозагӣ ва зебоии муҳит ва роҳатии фарзандону худи онон эҳё ва тақвият шавад. Албатта назорад ва таъмини беҳдошту тозагӣ ин вазифаи раисону масъулону коргарони ҳар маҳалла аст, ки беаҳамиятӣ ва бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд. Аммо мо истиқоматкунандагон бояд даст рӯи даст гузошта тамошогар набошему як коре барои беҳдошту тозагӣ ва роҳатии ҳамсару фарзандонамон анҷом бидиҳем, то инки Худо накарда худамону оилаамону амволамон ба ягон мушкили мисли афтидану тару намноку сармохӯрдагию шикастагии аъзои бадан нашавад ё мошину таҷҳизоти зарурии зиндагиамон дучори осеб нашавад. Як муҳити шоду руҳиябахш, бозиҳои шавқовар барои фарзандону оилаамон дар ин барфи зебои зимистонӣ фароҳам намоем. Кӯдакону фарзандон аслан кор надоранд, ки кӣ бемасъулиятӣ нишон медиҳад, фақат онон мехоҳанд муҳити шоду бозиҳои зимистонаи шавқовари худро дошта бошанд. Пас биёед муҳити шодро барояшон агарчи кам ҳам ҳаст, фароҳам кунем. Аз шикояту доду фарёд кардан як амали ислоҳӣ кардан беҳтар аст! Масали хубе аст; "Ба ҷои мазаммати торикӣ агар тавони шамъе дар он равшон намоӣ беҳтар аст".

 

Абдураҳим Шукуров, наворбардор:

- Ростӣ намедонам бо чӣ шевае ба ин савол ҷавоб бигӯям.  Зеро дар ду рӯзи охир маҷбур шудам, ки калушу маҳсӣ бипӯшаму ба кор бароям. Дар хона бо вуҷуде, ки дастгоҳҳои гармидиҳӣ ҳаст, бо курпа печида менишинем.

Ҳамза Ҳакимзода, адвокат:

- Аслан медонистам, ки ин барфу сармои қаҳратун, ки тавассути телевизион аз мамолики хориҷ ҳар замон намоиш медиҳанд, рӯзе дарамро хоҳад куфт, вале боварӣ надоштам, ки ин қадар ба зудӣ ва ин қадар бо сардиву ногаҳонӣ меҳмонамон мегардад. Замин машоми баҳор мекард. Бовар кунед, дар роҳ аллакай гули бойчечак дар даст бачаҳо ба мошинҳо имои фурухтан доштанд. Ва инак, ман то ба ҳол бемори зуком нашуда будам, ва ҳамон рӯз бидуни зарурат ба марказ ба утоқи кориам омадам. Кош намеомадам. Чанд кило гӯшти гӯсфанд харида зимни бозгашт аз сармо гӯшу биниам карахт гашта буд. ҳарчанд дар Сибир хидмати аскарӣ кардам, аммо дар ин сармои шадиди ватан ҳис кардам, ки аз сардӣ ҳатто ба сулфидан даромадаам. Ҷин занад, ин мусофирбарҳоро, ки ҳатто печи дохили нақлиёташонро кор намефармоянд, наход кас барои саломатиаш сарфаҷӯӣ кунад. Ва бегоҳ ба хона расидам. Аллакай чаҳор бино бе барқ буданду системаи гармидиҳӣ аз фаъолият монда будааст. «О дирӯзакак маблағҷамкунӣ омада буданд- ку?»- ғурунгидам ман. Хайрият бинои истиқоматии мо барқ дошт. Дилам ба ҳамсояҳо сухт, на барқ доштанду на оби гарм. Аҷибаш ин, ки вақти ҳавои гарму муътадил будан ҳам инашро доштанду ҳам онашро. Ҳамсояамон акаи Ҳикмат гуфтанд, ки комиссияро мунтазиранд. Ҳаво бениҳоят сард буд. Онҳоро ба хона даъват кардам, нахостанд, гуфтанд, ки комиссияро интизор мешаванд. Хайру хушро нася гузошта, назди хона раиси маҳалла ва сардори Раёсати биноҳоро дидам, ки дохили мошин гарм мешуданд ва онҳо низ интизори комиссия буданд. Бо дидани ман аз нақлиёт берун шуда, ба шиква даромаданд, ки на барқ доранду на гармӣ. Онҳоро ба хона даъват кардам, ки нахостанд ва гуфтанд: «Ташкилиро бин, меоем». Ба хона даромадам ва худро гарм печонида асбоби гармидиҳандаро ба оғуш гирифтам, ки «рашк»-и рафиқ занак омад; - он тараф ист, о як дам дар ҷои корат биншинӣ намешавад, - гуфту худ асбоби гармидиҳиро ба оғуш гирифт.

Мунаввар Мунавварзод, рӯзноманигор:

 - Камтар тапак дорем ҳоло...

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97