Бӯйи ғарази Шӯрои ВАО

Иҷтимоъ 14.02.2014 16:50

Naziri NusratДигаронро насиҳат мекунанду худ ба "меъёрҳо" кор надоранд

Нигаронии мо аз "баҳогузорӣ" ё ҳамон тавре ки гуфта мешавад, ба ном мониторинги Шӯрои ВАО ҷойи худро дорад. Агар дарвоқеъ, "калаванда" муайян шудани "ИмрӯзNews" аз ҷониби нафарони ба ном "коршинос"-и Шӯро асоснок ва воқеӣ мебуд, ҳеч нигароние надоштем ва ба таъбири Шӯро, эродҳои пайгиронро хуш пазироӣ мекардем. Ин ҷо даҳҳо далелҳое ҳастанд, ки аз "Мулоҳизаҳо дар ҷамъбасти мониторинги Шӯрои ВАО" бӯйи ғараз меояд.

Пеш аз ҳама, ба Шӯрои ВАО кӣ ин ҳаққро додааст, ки матбуотро ба хубу ганда, ё солиму носолим ҷудо кунад? Дар низомнома ё оинномаи Шӯрои ВАО гуфта нашудааст, ки Шӯро ҳаққи ба худиву бегона, хубу ганда ва ё "калаванда" ҷудо кардани расонаҳоро дорад. Пас, оё Шӯро ҳаққи қонунии чунин муайянкуниро дорад?

Ҳоло вақте мониторинг (агар ҳамин тавр номидан мумкин бошад) нашр шудааст, мо, яъне рӯзномаи "ИмрӯзNews" ба гуруҳи "калаванда" шомил шудаем, мехоҳам аз раҳбарияти Шӯро пурсам, ки дар чӣ асосе ба чунин хулоса расидаанд? Мехоҳам пурсам, оё ягон меъёре ҳаст, ки маҳз ҳамин шеваи баҳогузориро шарҳ диҳад? Ин мониторинг аст, ё феҳрист? Оё нафарони ба ном коршиноси Шӯрои ВАО иҷозатнома, салоҳият ё ҳадди ақал, сертификати гузаронидани мониторингро доранд?

"ИмрӯзNews" натиҷаҳои ин баҳогузориро эътироф надорад ва онро муғризона ва ҳадафнок арзёбӣ мекунад. Ва барои ин далел ҳам дорад.

Аввалан ин ки мониторинг кори як-ду нафар нест. Онро гуруҳи мутахассисони беғараз мегузаронанд. На онҳое, ки дар як вақт сармуҳаррирӣ ё раҳбарии ин ё он нашрияро ба зимма доранд.

Дуввум, мониторинг дар асоси омӯзиш аст ва як давраи муайянро фаро мегирад. Хуб, ҳоло агар даъвои Шӯрои ВАО ин аст, ки тақрибан 5 моҳро ба баррасӣ гирифтаанд, эътироф бояд кунанд, ки дар асл, воқеиятро сарфи назар кардаанд. Барои мисол, агар ҳамин 5 моҳро дар назар дошта бошем, "ИмрӯзNews" дар ин муддат наздик ба 100 шумора нашр шуд. Ҳоло суол ба Шӯрои ВАО ин аст, ки кадоме аз ин шумораҳоро ба баррасӣ гирифтанд?

Мо эътироф мекунем, ки дар яке аз мониторингҳои Шӯрои ВАО камбудии моро гуфтаанд. Агар он холисона аст, мо бе шакку шубҳа пайи ислоҳаш шудем. Поинтар ба ин мавзӯъ бармегардем.

Саввум, дар бораи муғризона будани мавқеъгирӣ ё ба ном мониторинги Шӯрои ВАО мо қаблан ҳам нигаронӣ кардем ва телефонӣ огоҳ намудем. Ба ёд меорем маводеро, ки марбут ба ифшо шудани номи як гуруҳ ҷабрдидагони ноболиғ аз сӯйи ВКД буд. ВКД номи ҷабрдидаҳоро нашр кард, "ИмрӯзNews" навишт, ки ин ғайриқонунист, Шӯрои ВАО "муайян кард", ки мо меъёрҳои ахлоқиро риоя накардаем. Баъдан матни мониторинг тағйир ёфт ва гуфта шуд, "Дар се (17-18-19.09) шумораи рӯзномаи "ИмрӯзNews" ба назар мерасад, ки кормандони он тамоми маводҳои ин cе шумораро бо назардошти "Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон" омода намудаанд. Бояд ёдовар шавем, ки дар шумораи рӯзи 28.08.2013 рӯзнома як маводи басо ҷолиберо бо номи "ВКД Сарқонунро вайрон кард" дарҷ намуда буд, ки дар он аз коҳишёбии ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, ки дахнопазиранд, сухан мерафт. Дар рафти мақола маълум мегардад, ки ВКД дар натиҷаи пахши хабарҳои худ Меъёрҳои ахлоқӣ ва қонунро риоя накардааст. Ин мавод бояд барои тамоми ҳафтаномаву рӯзномаҳо ҳамчун як роҳнамо хизмат намояд. Зеро аксари ҳафтаномаҳои кишвар бо назардошти он, ки мавод аз ҷониби Маркази матбуоти ВКД омода гардидааст, онро бидуни таҳрир, бо овардани ному насаби ҷабрдидагон, таҷовузгаштагон, гумонбарҳо, рӯи чоп омеоваранд, ки ин ҳама хилофи Меъёрҳои ахлоқ ва қонунҳои кишваранд.

Пас аз чопи ин мавод, дар рафти фаъолияти рӯзнома ба назар чунин мерасад, ки аҳли эҷоди он масъулият шиносанд".

Чаҳорум, "ИмрӯзNews" нусхаи асли мониторингро дастрас кард. Як нафар омӯхтаву муайян кардааст, ки матбуоти Тоҷикистон чӣ навъест. Онро дар шакли хаттӣ ба роҳбарияти Шӯрои ВАО пешниҳод кардааст. Аз ҷумла, агар "ИмрӯзNews"-ро бигирем, дар матни аслӣ ҳеч чизе дар борааш гуфта нашудааст. Ҳатто рӯзномаро ҷое ном набурдаанд. Инро нафаре кардааст, ки мониторинг гузаронидааст, ё ба шакли дигар гӯем, давоми панҷ моҳ шумораҳои рӯзномаро омӯхтааст ва чизе баду хуб, солиму носолим ва "калаванда" наёфтааст. Мониторинг ба дасти "болоӣ"-ҳо рафту хулосаҳои рӯзи 23 январ нашршуда ба вуҷуд омад.

Панҷум, оне, ки мониторинг гузаронидааст ва гузориш навиштааст, дар асл, намедонад, ки аз номаш чиҳо чоп шудаанд.

Шашум, ин чӣ мониторинг аст, ки дар он расонаҳои сиёсиву ҷамъиятиву ҳукумативу кӯдакона… дар як шакл ва аз рӯйи меъёрҳои якхела баҳогузорӣ шуданд? Мантиқан, оё ҳамин навъи баҳогузорӣ дуруст аст?

Ҳафтум, Шӯрои ВАО дар гузориши ҷамъбастии солонааш навиштааст, ки "…Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи "Нигоҳ". Мантиқан, вақте намедонӣ, ки дар бораи кӣ менависӣ, оё имкон дорад, ки беғараз нависӣ?

Ин ва бисёр дигар паҳлуҳои мониторинг дарвоқеъ, боиси нигарониянд.

Он чӣ ки болотар гуфтем, "ИмрӯзNews" эътироф мекунад, ки дар яке аз мониторингҳои Шӯрои ВАО камбудии рӯзномаро гуфтанд. Ин мониторинги давраи 15-уми июл - 13-уми августи соли 2013 буд. Ва таъкид мекунем, ки агар он холисона аст, мо бе шакку шубҳа пайи ислоҳаш шудем:

"ИмрӯзNews", № 137 (676), аз 12.08.2013:

"Роҳҳои бесоҳиби пойтахт ва қатли донишҷӯдухтар" (Олим Сафолов, фейсбукчӣ.)

Бо чунин сарлавҳа маводеро дар саҳифаи сеюми худ ҷой додааст, ки дар он муаллиф беягон далелу асос бо роҳи тахмину ғаразҳо чандин андешаашро баён дошта, бе ҳеч як асноди тасдиқ кунанда ба масъулини БДА дарафтода, дарди дили худро болои онҳо холӣ мекунад. Маълум, ки Олим Сафолов, рӯзноманигори касбӣ нест ва ӯ ҳангоми баёни андешаҳояш бедалел ҳарф мезанад. Аммо идораи рӯзномаро чӣ шуда, ки ин маводи хомро, ки аз доираи касбият берун аст дар саҳифаи рӯзномаи худ ҷой додаанд. Дар сурате, ки фейсбук ҳанӯз ВАО ба шумор намеравад.

Дар натиҷа идораи рӯзнома моддаи 1-и "Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон"  (Ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон…)-ро нодида гирифтааст. Гарчанде, оид ба кормандони БДА ҳар гуна сару садоҳое ҳаст, лек бояд идораи рӯзнома барои эътимоднокии суханонаш бо далел такя мекард".

Ин иқтибос аз мониторинги зикршуда аст. Ин хулосаи "коршиносон"-и Шӯрои ВАО аст, ки Фейсбук ҳанӯз ВАО нест. Бигзор чунин бошад, аммо расонаҳое ҳам буданд, ки барои баҳсҳои фейсбукӣ саҳифа ва гӯшаи махсус ҷудо карданд. Чаро аз чашми "коршиносон" пинҳон монд?

Илова ба ин, даҳҳо хабари Агентиҳои иттилоотиро метавон мисол овард, ки сарчашмаашон маҳз Фейсбук, ё саҳифаҳои афроди алоҳида дар ин сомона аст. Чаро дар мониторингҳои расонаҳои интернетӣ гуфта нашуд, ки "фейсбук ҳанӯз ВАО ба шумор намеравад"?

Боз ҳам бар иловаи ин, чаро худи Шӯрои ВАО маҳз бо такя ба Фейсбук хабар таҳия мекунад:

"Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки ахиран аз ҷониби ИНИТ ҳамчун номзади ягона барои иштирок дар интихоботи президентӣ пешбарӣ шуд, дар сафҳаи Фейсбукии худ аз намояндагони ВАО ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват кард, ки ӯро ҳамчун доғи судӣ дошта муаррифӣ накунанд.

Ӯ ҳамчунин менависад:  "Ман гӯё ки доғи судӣ доштаам ва афв ё аминистия шудаам. Лекин ҳамчун ҳуқуқшинос, ба ҳамаи шумо мерасонам, ки дар нисбати ман моҳи октябр то ноябри соли 1993 танҳо тафтишот бурда шуда буд.

Пас аз як моҳ, манро бо сабабе, ки Президенти ҶТ афв кардааст, озод намуданд. Ногуфта намонад, ки афв (помилование) ва ё амнистия, танҳо дар нисбати шахсе, ки барои ӯ ҳукми судӣ бароварда шудааст, дида ё эълон карда мешавад. Дар нисбати ман бошад, на ҷаласаҳои судӣ баргузор шуда буд ва на ҳукм бароварда шудааст. Яъне, ки танҳо суд метавонад шахсро дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор намояд.

Odob.tj".

Ин иқтибос аз саҳифаи http://odob.tj/index.php?option=com_cont-ent&view=article&id=138%3A2013-09-19-10-12-52&catid=1%3A2011-11-19-11-50-21&Itemid=89&lang=tj аст. Ва ин ягона хабаре нест, ки Шӯрои ВАО маҳз бо такя ба саҳифаи иҷтимоии Фейсбук онро нашр кардааст. Яъне сарчашмаи ахбори Шӯрои ВАО маҳз Фейсбук аст. Ҳамон Шӯрои ВАО-е, ки мегӯяд, "фейсбук ҳанӯз ВАО ба шумор намеравад" ва маҳз дар ҳамин замина муайян мекунад, ки "Имрӯз- News" меъёрҳоро нақз кардааст.

Ҳамаи ин дар ҳолест, ки матлаби мазкури дар "ИмрӯзNews" нашршударо мо маҳз моли шаҳрванде бо номи Олим Сафолов ва ҷойи нашршудаи онро Фейсбук гуфтем. На онро моли худ гуфтаем ва на даъвои муаллифӣ кардаем, балки навиштаем, "Ин ҳодисаву мулоҳизарониро пешорӯи, бахусус масъулини ВКД мегузорем".

Ҳоло метавон хулоса кард, ки барои Шӯрои ВАО нақзи меъёрҳо мумкин будааст, аммо оне, ки думболаи Шӯро меравад, ба вайронкунии меъёр муттаҳам мешавад. Инро чӣ гуна фаҳмидану чӣ гуна шарҳ додан мумкин аст?

Дар идомаи ҳамин нукта. Чизи дигари аҷиб ҳам ҳаст. Айнан дар ҳамин мониторинг расонаҳое ҳам зикр шудаанд, ки "бандҳои 1,,3,5,7,10,12, "Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон"-ро нақз кардаанд". Ҳоло суол ин аст, ки чаро ин расонаҳо дар мониторинги ҷамъбастӣ дар гуруҳҳои гуногун ҷой гирифтанд, яке дар гуруҳи "ВАО-и солим" ва дигаре дар гуруҳи "ВАО-и калаванда"? Ин суол ба раҳбарият ва "коршиносон"-и Шӯрои ВАО аст.

Ин ва далелҳои дигаре ҳастанд, ки шаффофият ва беғаразии Шӯрои ВАО зери суол мебаранд. Бо дарназардошти ин, "ИмрӯзNews" на танҳо натиҷаҳои мониторингро эътироф намекунад, балки шурӯъ аз имрӯз, 27 январи соли 2014, аз узвияти ин Шӯро хориҷ мешавад. Ва ин то замони муайян аст.

Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи "ИмрӯзNews"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97