ТАҲОҶУМИ ФАРҲАНГӢ - ЗАБОН ДАР ХАТАР

Иҷтимоъ 10.02.2014 09:48

Ё МУШКИЛИ ЗАБОН БОЯД ҲАМЕША МАВЗӮИ БАҲС БОШАД

Professor Komilzoda(Анҷом)

ТАҲОҶУМИ ФАРҲАНГӢ

Дар шаҳри Душанбе, ки пойтахти кишвар аст ва масъулияти пахшу густариши фарҳангу маънавиёти миллат, бавижа забони онро дорад, даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳои кӯчабозорӣ ҳам ба забони миллӣ ва ҳам ба забонҳои ғайр нашру паҳн мешавад. Бо таъкид бояд гуфт, ки ин гуна нашрияҳо дар густариши фарҳангу забонҳои ғайр дар миёни насли ҷавону ноогоҳи кишвари мо нақши умда ва душманонаро мебозанд. Муҳтавойи бештарини ин нашрияҳо холӣ аз ҷавҳари донишу маълумот ва маънавиёт буда, танҳо зоҳири фиребанда доранд. Дар ин гуна нашрияҳо амалан матолиби рӯзномаҳои кӯчабозории Русия рӯйнавис шуда, саросар аз таблиғот, маводи фолбинӣ, ҷадвалу муаммо ва саргармиҳойи бефоида иборатанд, ки як қишри ҷавони ҷомеаи моро ба сӯйи худ кашидааст.

ИДОМАИ МУШКИЛОТ

Сиёсати забонии шӯравӣ, ки нисбат ба забони форсии тоҷикӣ хеле душманона буд, имрӯз низ дар ҷомеи мо то андозае ҳукмрон аст. Ин сиёсат дар тӯли даҳсолаҳо кадрҳои "ихтисоснок"-еро барои худ тарбия кардааст, ин кадрҳо ҳанӯз ҳам бо унвонҳои болохонадор дар сари дегу кафлези фарҳангу забони мо бо дасту остин барзада, барои мардуми мо "ғизо" медиҳанд. Ин "устодони забону фарҳанг" ба осонӣ вожаҳои (копрук, қушун, қурол, тумшуқ, прокурор, студент ва даҳҳо вожаи бегона ва ҷумлаҳои шикаста)-ро вориди забони мо кардаанд ва агар лозим шавад, дар ин бора фармони ҳукуматро содир мекунанд. Чунки онҳо мисли устодони шарқшиноси советиашон аз он тарс доранд, ки мабодо ягон калимаи ба қавли худашон "иронча ё афғонча" ба Тоҷикистон наояд. Кор ба ҷойе кашидааст, ки ҳар касе дар ин кишвар, агар як вожаи тоҷикии навро шунавад, онро иронӣ ё афғонӣ ҳукм мекунад ва ин ҳукмро тарзе баён мекунад, ки гӯё гӯяндааш гуноҳи азиме содир карда бошад. Барои мисол, агар шумо ба касе "дуруд" бигӯед, ба шумо бо шубҳа нигоҳ мекунад. Вале агар "копрук" ё "қушун" бигӯед, шуморо аз худ медонад. Албатта, касоне, ки ҳамеша ин мардумро аз номи Ирон ва Афғонистон метарсонданд, то як андоза бефараҳ шудаанд. Зеро имрӯз дигар зӯри онҳо барои бартараф кардани вожаҳои асили тоҷикӣ чун "фурӯдгоҳ, чархбол, донишгоҳ, пажӯҳишгоҳ, фарҳангистон" ва садҳо калимаи дигар, ки ҳамагӣ 10-15 сол пеш онҳоро иронӣ хонда мардумро метарсонданд, намерасад. Маълум аст, ки мутобиқ ба фармудаҳои ҳукумат бояд истилоҳоти "Президент, суд, прокурор" ва даҳҳо калимаи ба инҳо монанд иҷборӣ истифода шаванд. Вале аксари мардум "Раиси Ҷумҳур, додгоҳ, додситон"-ро истифода мебаранд. Бовар кунед, ин гуна вожаҳо ҳам аз нигоҳи маънӣ ва ҳам аз нигоҳи табиати забониашон ба зеҳни мардум хеле наздику худианд.

МЕЪЁРРО РИОЯТ КУНЕМ

Дар иртибот ба ҳамин ғалатгуфториҳо мехоҳам бигӯям, ки ҳар журналист, корманди васоити ахбор ба таври қатъӣ вазифадор аст, ки нормаҳои меъёрии забонро риоя кунад ва ҳамеша тобеъи он бошад. Барои мисол, солҳои ахир мӯд шудааст, ки хеле аз хабарнигорон мухотаби худ (шахси якуми танҳо)-ро дар навиштаҳояшон ба унвони эҳтиром дар шакли шахси севуми ҷамъ ном мебаранд. Масалан: "фалонӣ гуфтанд, фалонӣ карданд, фалонӣ рафтанд". Баён дар шакли исми танҳо дар хусуси касе бар пояи талаботи забони меъёр набояд беэҳтиромӣ дониста шавад. Дар ин миён жанри мусоҳиба истисност. Масалан, мо дар бораи як қаҳрамони дӯстдоштаамон, агар аз ҷонишинҳои эҳтиромии шахси севуми ҷамъ истифода мебарем, пас мо ҳамаи шоиру нависандагон, қаҳрамонон, ниҳоят ҳама одамонро дӯст медорем. Шояд ҳамаи онҳоро дар шакли ҷамъ унвон кунем - он гоҳ меъёри забон чӣ мешавад?

Дар коҳиш ёфтани фасоҳату асолати забони модарии мо, мутаассифона, шабакаҳои телевизионии кишварамон (албатта, то ҳадде) нақши манфӣ мебозанд. Гоҳе ба назар мерасад, ки шабакаҳои телевизионии мо ба забони адабии тоҷикӣ назари сатҳӣ доранд. Ба далели беэътинойӣ, бетаваҷҷуҳӣ, мавҷуд набудани касбият дар миёни кормандои гуногуни ин навъи ВАО ғалатгуӯйӣ афзоиш пайдо кардааст. Амалан касоне, ки аз забони тоҷикӣ огоҳии кам доранд, бо истифода аз ин минбар озодона ба баёни андешаҳои ғалат, бегона, бадтар аз ин, ба ғалатбаёнии фоҳиш роҳ медиҳанд ва аз даричаи ин воситаи муҳими тарбияи мардум аз навиштаҳои барғалат чашм наканда сактахонӣ мекунанд. Имрӯзҳо саҳнаи телевизионҳо ба майдони худнамойиҳоиҳо табдил шудааст. Касоне, ки аз илми журналистика ва суханофаринӣ огоҳие надоранд ва бо мавзӯъҳои мавриди баҳс комилан ошно нестанд, микрофонро гирифта аз рӯйи матнҳои сохтаву бофта бо ҷумлаҳои худсохтаи ғалат мардумро ба сӯйи гумроҳӣ мебаранд. Омӯзгорон ва устодоне, ки мутахассиси соҳаҳои дигари илму омӯзиш ҳастанд, ноогоҳона ва барғалат дар бораи забон ва соҳаҳои барои онҳо комилан номафҳум ҳукми девонсолорона мебароранд. Ва кор ба ҷойе кашидааст, ки ҳатто хонандаҳои мактаб аз пардаи телевизион бо гӯйиши ғалату вожаву ҷумлаҳои шикаста мардумро ақл ёд медиҳанд, насиҳат мекунанд. Ин дар ҳолест ки духтарону писарони зебову хушқади мо ба унвони гӯяндаи барнома, бидуни он ки ин андешаҳои барғалатро ислоҳ кунанд, дубора ҳамин гуна саволҳои ғайримантиқиро дар барномаҳо матраҳ мекунанд. Зеро ин ҷавонони хушгил, ки ба дасташон микрофони барои як журналисти огоҳро додаанд, худашон аз мавзӯи баҳс огоҳии комил надоранд.

МАВҶИ НАВИ ҲУҶУМИ БЕГОНА

Магар ин мушкилоти пешин камтар буд, ки дар бистари забони миллати мо раванди нави мубориза оғоз шудааст. Акнун ин бор сели калимаҳои бегона ва тақлидӣ дару девори шаҳру рустои кишварро фаро гирифтааст. Номҳои бегонае чун "Фурӯшгоҳи Эдик", "Ороишгоҳи Шахноза", "Мағозаи Гулноза", "Эдем", "Кайнак", "Мерве", "Тахтача", "Мавиз", "Кишмиш", номи фарзанду маъшуқаҳо, ки ба тарзи хадамоташон мувофиқат намкунад, хеле фаровонанд. Дар паҳлӯи Фурӯшгоҳи марказӣ овезаҳое ба назар мерасад, ки ҳангоми тамошо бовар наметавон кард, ки ин ҷо маркази шаҳри Душанбе - пойтахти давлати Тоҷикистон аст. Ман танҳо номи ин овезаҳоро номбар мекунам: "Мағозаи Эмир", "Маркази савдои Дивидишка", "Детские потребности", "Парда Қисмат", "Суратбарорӣ" (Манзураш чопи акс аст), "Мағозаи коллексияи хонагӣ", "Модные детки", "La cite", "Bessini", "Маркази ҳусн", "Elegant", "У Аллы", "Avesta", "Jordini", "Trend-N"… Ҳам чиз ҳаст, ғайри овезаҳои тоҷикӣ ва агар ягон овезаи тоҷикӣ бошад, он ҳам номафҳум аст. Мисли: "Парда "Қисмат"", "Маркази ҳусн" ва "Мағозаи коллексияи хонагӣ".

Номгузориҳои ҷуғрофӣ низ дар кишвари мо ба хараҷу мараҷ рӯбарӯст. Иқдоми ҳукумат барои табдили номи мавзеъу макон (дар забоншиносӣ онро топонимика мегӯянд), яъне исмҳои ҷуғрофӣ пардохт, ки воқеан гоми ватандӯстона аст. Аммо дар ҳамин раванди волои ватандӯстӣ ҳам чанд камбуди ҷиддӣ мушоҳида мешавад: нахуст, дар фарҳанги ҳазорсолаи мо хеле кам ба назар мерасад, ки номҳои ҷуғрофӣ - номи шаҳру вилоят, ноҳияву деҳкадаҳо ба номи шахс гузошта шаванд. Мисли ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Фирдавсӣ, Сино ва садҳо номи дигар. Чунки бо ҳукми девонсолоронаи бархе ба забон овардани "Ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ" кори сангинест. Хуб мебуд, агар бар пояи фарҳанги арзишманди гузаштагон номи шаҳру деҳот бо исми ҷуғрофӣ гузошта шавад: Гулистон, Баҳористон, Бохтар, Хуросон… Дуввум, бо дастдарозӣ ва пешоҳангии муғризонаи касоне, ҳукумат ба иваз кардани номҳои хеле арзишманду торихие чун Кофарниҳон, Дарбанд ва Ғарм даст зад. Ба хусус, ба ҷойи исми таърихии "Кофарниҳон" ё "Андигон" сифати "Ваҳдат"-ро ҷойгузин кардан лойиқи пайравӣ нест.

Бо ин ҳама, дар раванди поксозӣ ва ислоҳот дар забони форсии Варорӯд (забони форсии тоҷикӣ ин масъулиятро ба дӯш дорад), ки аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми кишвар оғоз шудааст, метавон корҳои бунёдӣ анҷом дода шавад. Барои ин самимият ва қотеияти ҳукумат, ҷилавгирӣ аз дахолати ғаразхоҳон ва дилсӯзии бештари аҳли донишу фарҳанг лозим аст. Ҳоло ҳукумату мардуми мо бояд бо таҳаммул ва бо истифода аз луғату истилоҳоти забони классикӣ ва ҳамзабононамон низоми истилоҳот ва забони меъёрро дар баъзе арсаҳо ба вуҷуд биёварем.

Аҳмадшоҳ  КОМИЛЗОДА

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97