Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Бобои барфӣ чаро барои ҳукумат бегона шуд?

Иҷтимоъ 13.01.2014 16:01

Ё сояи шаб, шаби сарди зимистонӣ…

reWalls.com 58414Дар он ҳафтаву рӯзҳои ахири соли 2013 рӯйдодшиносонамон ончунон гарми ҷамъбасти сол ва баршумурдани "муҳимтарин" ва "хотирмонтарин" рӯйдодҳои сол буданд, ки муҳимтарин ва хотирмонтарин рӯйдоди солро, ки дар зери биниашон иттифоқ уфтод, надиданд. Дидану дарк кардани ин падида, воқеан ҳам, осон набуд, мисли сояе буд, ки ноаёну "дуздона"мехазид, доман мегустарид, рӯи офтобро панаҳ мекард...

Бале, бале сухан аз таҷлили Соли Нав аст, Соли нави, ба гуфти баъзеҳо - масеҳӣ, ба гуфти баъзеи дигар-ҷашне, ки реша дар умқи таълимоту эътиқодоти аждоди худамон Зардушти Испинтамон дорад ва ба гуфти саввумиҳо, марбути ҳеч адёне нест, мероси "шӯравӣ" асту бас. Вале агар ба дидаи таҳқиқ бингарем, магар ҳама зарроти сиришти мо нақше, осоре, ангезае, андудае аз ин ҳама таҳаввулоти таърихиро дар худ надорад? Магар мо, инсонҳо, ба таъбири зебои Расул Ғамзатов, "ҳама аз як чашма об нахӯрдаем"?...

Ҳоло аз инҳо бигзарем ва биравем суроғи он ки чаро ман ин рӯйдодро, аниқтараш бархурди имсолаи ҷомеаи Тоҷикистонро ба таҷлили Соли нав, падидаи муҳимтарини соли 2013 меҳисобам, балки беш аз он амалкарде мешуморам, ки аз шеб ё фарозҳои сарнавишти ояндаи миллатамон паёмҳоеро бар мо ироъа медорад. Рӯшантар бигӯем, ин бархурд монои айсберге ҳаст, он аз маддуҷазрҳо, ҷараёнҳо ва равандҳои зериобие дарак медиҳад, ки доранд сафинаи ҷомеаи Тоҷикистонро оҳиставу пайваста ба самте раҳнамун месозанд.

Гап сари арчаи солинавию Бобои барфӣ нест, азизонам. Мавзуъ хеле ҷиддитар, фарохтар ва сарнавиштсозтар (ё сарнавиштбарандозтар) аз инҳост. Сухан роҷеъ аз он аст, ки мову шумо, фарзандони мову шумо, баъди 20 солу аз он ба баъд Тоҷикистонро дар куҷову дар чи ҳол хоҳем дид. Кишваре бо чеҳраи хос ва ҷойгоҳи устувори худ дар миёни мамолики мутамаддин, пешрафта ва озод ё миллате залил, вомонда, подаргили мухолифатҳои мазҳабӣ (ман суннию ту шиъа, ки ҳеч поён пазируфтанӣ нест), равияти (ман ҳанафӣ, ту исмоилӣ, ӯ салафӣ...), ақидатӣ (ман мусалмони тоза, ту нимчамусалмон) бо тафаккур, биниш ва менталитети асримиёнагӣ. Барои пай бурдан ба ин ҷараёнҳо ва равандҳо муҳим нест кас файласуф, ҷомеашинос ё сиёсатмадор бошад ва ба жарфои ҳаводис фуру биравад. Кофист фақат ба таҳаввулоти ҳамин чанд рӯзи охири соли 2013 таваҷҷуҳе кунед; баҳсҳо дар интернет ва расонаҳои даврӣ перомуни ҷашни Соли нав, фатвои Тураҷонзодаҳо роҷеъ ба раво будани тиҷорати тумору таштобу оби рукяхонда, пешниҳоди эшони Қиёмиддин дар бораи баргашт ба тақвими ҳиҷрӣ, пештар аз инҳо бархурдҳои густарда роҷеъ ба шарофату шафоати ришу дастору ҳиҷобу остин ва ғайра. Ҷиддият, ҳарорат ва тезутундии ин баҳсҳо ба дараҷаеанд, ки гӯӣ ҳаёту мамоти кишвар ва ҷомеа ҳамин ҷо, сари ҳамин мавзуъот ҳаллу фасл мешаванд...

Натоиҷи як назарсанҷии бунгоҳи иттилоъотии "Зеркало", ки ҳамин чанд рӯз пеш расонаӣ шуд, метавонад доманаи мавзуи мавриди назарамонро густурдатар бисозад. Ба суоле дар бораи ин ки " Оё ҷашни Соли навро таҷлил мекунед?", 82 дарсади пурсидашудагон посухи мусбат додаанду 18 дарсад манфӣ. Оё ин таносуб - 82/18 дар зеҳни шумо хотираҳоеро бедор намесозад? Агар ба гузаштае дуртар назар андозем, оё ин 18 ҳамон дарсаде нест, ки зимни як пурсиш дар паҳнаҳои Шӯравии собиқ ба ҷонибдории фурупошии ин абарқудрат раъй дода буд (ҳоло ба ҷанбаҳои мусбату манфии ин рӯйдод кор надорем)?

Оё ин ҳамон 18 (бо андаке +/-) дарсаде нест, ки Тоҷикистонро кишваре бо сохтори шариат дидан мехост? Оё ин ҳамон камобеш 18 дарсаде нест, ки аз ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи гузашта худдорӣ варзид? Ва билохира, оё ин ҳамон 18 дарсади эҳтимолие нест, ки дар ин авохир мавзуоти бозгашт ба алифбои арабӣ, солшумории ҳиҷрӣ, бознигарии маводи таълимӣ бо қоил будани ҳаққи афзалият ба омӯзиши фармудаҳои динӣ ва ғайраро доман задааст?

Табиист, мо гуфтан намехоҳем, ки ин 18 дарсад дар ҳама маворид айни ҳамон ашхос ҳастанд. Не, албатта. Муҳим, ҷолиб ва андешабарангез худи ин таносуб ва ин ки чаро он тайи ин муддат ва бо вучуди авомили зиёди таъсиргузор эҳтимолан ҳеч тағйиротеро мутаҳаммил нашудааст.

Таҳлилу баррасии ин ҳама ҷараёнҳо ва равандҳои зериобии воқеияти имрӯзаи Тоҷикистонро ба мавриди дигаре вомегузорем ва бармегардем ба суроғи дӯстамон Бобои барфӣ. Ӯ ин бор дастхуши бархурдҳои ақидатӣ ва идеюлужие қарор гирифт, ки ба худи "шахсият"-и ӯ ҳеч иртиботи мустақиме надоранд. Ҳама гуфтанд мӯйсафеди хубу меҳрабоне ҳаст, туҳфаҳо медиҳад. Тураҷонзода фармуданд, туҳфаашро гиред, вале дар ҷашнаш ширкат накунед, ҳаром аст. Дӯстамон Темур Варқӣ гуфтанд, мӯйсафед ба мо бегона нест, бо он ҷомаю кулоҳи сурх ва кулбори пурҳадяаш аз умқи таърихи дури худамон- аз пешгоҳи Худои Митро ва Паёмбар Зардушт расидааст. Питерим-епископи Душанбе ва умумитоҷикистонӣ изҳор доштанд, ки Соли нав бо масеҳият ҳеч иртиботе надорад ва Бобои барфӣ пасоварди замони ҷоҳилият аст.

Ҳоло мерасем ба шигифтовартарин ва андешабарангезтарин падидаи сол, ки метавонад он таносуби 82/18 дарсадаи муддати 20 сол побарҷоро барҳам бизанад: Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шахси муовини раисаш Муҳаммадалии Ҳайит изҳор дошт, ки ҲНИТ ба ҷашни Соли нав эҳтиром мегузорад ва ба баргузории он ҳеч ихтилофе надорад. Вале намояндагони воломақоми сохторҳои калидии давлати дунявию ҳуқуқбунёди Тоҷикистон дар шахси роҳбари дастгоҳи иҷроияи Раиси Ҷумҳур Бахтиёр Худоёров, вазири маориф ва илм Нуриддин Саидов, муовини раиси кумитаи радио ва телевизион Саидалӣ Сиддиқов дар ҷомае ҷилва карданд, ки онро қаблан дар тани наҳзатиҳо ва соири мазҳабиҳо медидем, изҳороте пахш намуданд, ки мантиқан мебоист аз забони мухолифони идеолужии онҳо садо медод. Гуфтанд: Соли нави масеҳӣ ба оин ва фарҳанги миллати мо бегона аст ва бар хилофи ҳама муқаддасоти як давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ки Сарқонуни кишвар эълом доштааст, таҷлили ин ҷашн ва баргузории русуми марбут ба онро ғайри қобили қабул донистанд. Ҳоло муаммо ин ҷост, ки рӯйдоди мазкур боз як маъракаи соддалавҳонаи сохторҳои ҳукуматӣ буд, ки хостанд "эҳсоси волои меҳандӯстию миллатпарастӣ"- и хешро ба намоиш гузоранд, ё манёври тактикии наҳзатиён буд, ки аз роҳи пайдо кардани рахна дар рукнҳои калидии ҳукумат хостаҳои стротежии худро бароварда мегардонанд!?

Шумо чи фикр мекунед, хонандаи азиз, оё маънидоди саввум ё беш аз ин ҳам метавонад дар ин қазия вуҷуд дошта бошад?

  АЗИЗ САНГИН ш. КОПЕНГАГЕН, ДАНИЯ (махсус барои "МИЛЛАТ")

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97