Як села кабутарем кардем парвоз...

Иҷтимоъ 10.01.2014 17:24

 

Аз рӯзгори тоҷикони Қирғизистон

 

Taj osh raynОшноӣ ва сӯҳбат бо тоҷикони сокини Қирғизистон дар баробари кайфияти маънавӣ, барои кас мавод ва матолиби фаровонро ҳадя месозад. Ҷолиб он нукта аст, ки ин гуна мавод дастнахурда буда ва барои анҷоми масъалаҳои таҳқиқотӣ зарур мебошанд.

 

Дар ин росто баррасии таърихи тоҷикони шаҳр ва вилояти Ӯш қобили аҳамият аст. Бояд тазаккур дод, ки тоҷикон аз аҳди дур дар ин сарзамин зиндагӣ доштаанд ва ба қавли муаллифони китоби "Тоҷикони Қирғизистон", (Таджики Киргизстана, Бишкек, 2007) фарғониҳои қадим гузаштагони тоҷикони имрӯзӣ ба ҳисоб мераванд. Тайи қарнҳои баъдӣ, бахше аз мардуми Хуҷанд ва Истаравшан бинобар далоили мухталиф дар ин минтақа маскан ёфтанд.

 

 

Тибқи ривоёти таърихӣ, ҷамъе аз аҳли Дарвоз ва Бадахшон низ (солҳои 1870) ба ин марзу бум кӯч бастанд. Дар солҳои 30- юми қарни ХХ, дар даврони Ҳокимияти Шӯравӣ низ, сокинони манотиқи Қаротегин барои дарёфти кор, ба корхонаҳои пахтатозакунии Қирғизистон омада, ин ҷоро ватан интихоб карданд.

 

Назар ба омори расмӣ дар қаламрави вилояти Ӯш дар ҳудуди 6700 тоҷикон ба сар мебаранд. Онҳо дар маҳаллаҳои Қашқарқишлоқ, Янгиер, Гагарини шаҳри Ӯш, ноҳияҳои Аравон, Қаросу, Навкати вилояти Ӯш буду бош доранд.

 

Vipusniki TAJ shkola KRДар ин росто саргузашти тоҷикони деҳаҳои Жаниариқ ва Правдаи ноҳияи Қаросу басо ҷолиб аст. Бо як гурӯҳ фаъолони ин деҳаҳо, тобистони соли 2012 ошноӣ пайдо кардам. Сӯҳбатҳое, ки бо ришсафедони ин қарияҳо доштам, бароям имкон дод оид ба паҳлӯҳои норавшани рӯзгори онҳо маълумот дарёбам.

 

Ба нақли Наҷмиддин Ҳомидов - раиси маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Ӯш , дар маркази ноҳияи Қаросу беш аз 60 хонаводаи тоҷик ба сар мебарад. Вале теъдоди асосии ҳамзабононамон дар деҳаҳои Жаниариқ ва Правда буду бош доранд.

 

Раиси маркази тоҷикони вилоят мегӯяд, ки гузаштагонашон дар солҳои 70-уми қарни Х1Х милодӣ аз манотиқи Камаров, Ҳоит, Тоҷикобод, Тавилдара, Ғарм ва Ҷиргатол ба ин сарзамин омаданд. Ин мардум, сараввал дар ноҳияи Бозор қурғони вилояти Ӯш таваққуф намуда, сипас Қаросуро макони доимӣ интихоб намуданд. Дар ҳоли ҳозир дар ин деҳаҳо беш аз 370 хонаводаи тоҷиктабор зиндагӣ дорад.

 

Наҷмиддин Ҳомидов мегӯяд, ки мардумони ин минтақа то имрӯз номҳои аввалин муҳоҷирон- Собир Тойибов ва Абдурашид Абдураҳимовро бо эҳтиром ба забон меоранд. Бинобар заҳмат ва талошҳои Хушбахт Ҷобиров аз соли 1930 ба ин тараф дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии деҳаи Правда синфҳои тоҷикӣ амал мекунад. Он нукта мавриди ризояти ҳамзабононамон қарор гирифтааст, ки аз панҷ сол ба ин тараф теъдоде аз фарзандони онҳо ба донишгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд қабул шуда ва таҳсил мекунанд. Ин ҷавонон аз ҳисоби бурсияи Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, ки барои ҳамзабонони бурунмарзӣ пешбинӣ шудааст, ба ин имкон даст ёфтаанд.

 

Сокинони деҳа ҳамчунин, хотираи Собир Мамарасуловро бо некӣ ёд мекунанд. Ба қавли Наҷмиддин Ҳомидов, ин марди накӯхислат то поёни умр сарварии мардумро ба уҳда дошт ва бо номи "Собир райис" шӯҳрат ёфта буд. Ҷои хушҳолӣ аст, ки фарзандону наберагон номи Собир Мамарасуловро зиндаву поянда нигаҳ медоранд. Хусусан, зиндагӣ ва рӯзгори Ҳоҷӣ Озодбек, фарзанди бузурги Собир Мамарасулов қобили қайд мебошад. Ин марди сахӣ 11 фарзанди солеҳро тарбият кардааст. Вай соли 2000 милодӣ дунёи фониро тарк гуфт. Барои банда мушоҳидаи ду нукта хушоянд буд ва фикр мекунам ин мавзӯъ барои бақои намояндагони миллатамон дар мамолики хориҷӣ муҳим аст. Навобаста аз зиндагии тӯлонӣ дар ин минтақа ва дурӣ аз Тоҷикистон, ҳамзабонони мо дар ноҳияи Қаросу зоҳиру ботин ва вижагиҳои миллиро тавонистаанд ҳифз кунанд. Гузашта аз ин онҳо забони модариро ба хубӣ нигаҳдорӣ намуда, ба гӯиши поку зебои кӯҳистони Тоҷикистон такаллум мекунанд. Тоҷикони Қаросу бо заҳмату талоши худ мавриди эҳтиром ва тамҷиди дигар қавму миллиятҳои сокини ин сарзамин шудаанд. Онҳо асосан ба заминдориву чорподорӣ ва парвариши боғҳои мевадиҳанда шуғл дошта, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ низ роҳу равиши зиндагиву рӯзгори худу фарзандонро пайдо кардаанд.

 

Оре, тоҷикони Қаросу, ки сарзамини меҳмоннавози Қирғизистонро ватан хондаанд, дар маҳфил ва ҷамъомадҳои хоса диёри кӯҳистонии гузаштагонашонро ёд мекунанд. Дар сурати пайдо шудани имкон Тоҷикистон рафта, ба диёри файзбори Қаротегин, ки ҳоло Рашт ном гирифтааст, низ сафарҳоро анҷом медиҳанд. Мӯйсафедон гоҳо ба аёми кӯдакӣ ва навҷавонии худ баргашта, рубоиеро замзама мекунанд, ки кӯҳистониён дар аёми мусофиратҳои тӯлонӣ, дар ёди диёр ва дилдодаи раҳдур месуруданд:

 

Як села кабутарем кардем парвоз,

 

Нимун ба Қаротегин, нимун Дарвоз,

 

Ай бори худо, кабутари сабз шавам,

 

То лона кунам шохои чанори Дарвоз.

Қодиршои Мурувват сармуҳаррири нашрияи тоҷикии "Паёми Ала-Тоо",  Қирғизистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97