ё ҳамаи қурутобхонаҳоро бубандед
«Орёл и решка»
«Орёл и решка» як барномаи муаллифии телевизиони украинист, ки тариқи телевизиони «Пятница» пахш мешавад. Муҳтавои ин барнома сафаргуфтаҳоест, ки ду хабарнигор ба кишварҳои гуногун сафар мекунанд ва бо роҳи қуръапартоӣ рӯзҳои истироҳатро дар гӯшае аз ин кишварҳо пушти сар мекунанд. Ба ин тариқ аз ҳолу аҳвол ва зиндагии он шаҳру кишвар иттилоъ ба даст меоваранд ва таассуроти худро аз ин сафар дар барномае ба маърази тамошо мегузоранд.
Ин барнома дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёде пайдо кард ва ҳар рӯз тариқи ин шабака хатсайри он эълом мешуд, ки рӯзе ба Душанбе пойтахти тоҷикон низ сафар хоҳанд кард. Билохира рӯзҳои сафари он маълум шуд ва рӯзи 4 октябр хабаргузории «Озодагон» низ эълон кард, ки «Орел ва решка»-ро дар Душанбе ба навор мегиранд. Дар ин хабар омадааст: Таҳиягарони «Орел и решка» барномаи машҳури маърифатӣ-фароғатӣ, моҳи равон ба Душанбе омада, як қисми барномаро дар пойтахти Тоҷикистон наворбардорӣ мекунанд.
Тавре таҳиягарони барнома дар сафҳаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, дар мавсими нав, ҳамаи қисмҳои барнома ба кишварҳои собиқ Шӯравӣ бахшида хоҳанд шуд. Орел и решка барномаи машҳури украинӣ буда, дар шабакаҳои телевизионҳои бархе аз кишварҳои ИДМ низ намоиш дода мешавад… Дар охири ҳар барнома барандагон дар ҳар шаҳри ҳузурдоштаашон 100 доллари амрикоиро пинҳон мекунанд, ки баъдан сокинони шаҳр метавонанд онро пайдо кунанд.»
Ин хабар на танҳо дар ин сайти хабарии Тоҷикистон нашр шуд, балки хабари он тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар як они воҳид тамоми мухлисони ин барнома ва онҳоеро, ки ба роҳи омадани таҳиягарони барномаи «Орёл и решка» чашмони чор доштанд, бохабар ва хушҳол кард.
Ҳама бохабар, ҳукумат бехабар
Аҷиб ин аст, ки аз омадани таҳиягарони «Орёл и решка» ҳама бохабар шуданд, ба ҷуз масъулони давлати Тоҷикистон. (Шояд омадани ӯ ба рӯзҳои сарнавиштсози интихобот рост омаду тамоми рукнҳои давлатдории мо ба он банд буд ва ба нохост … ин «Орёл и решка» аз назари масъулон дур монд?!)
Ва боз ҳам рӯзи 24 ноябр ҳамин хабаргузорӣ хабаре нашр кард, ки дар он омадааст:
«Орел и решка барномаи машҳури маърифатӣ-фароғатӣ, ки нимаи моҳи октябр дар шаҳри Душанбе ва куҳҳои Помир наворбардорӣ шуда буд, ахиран тариқи шабакаи Пятница» пахш гардид.
Анастасия Короткая ва Андрей Бедняков, барандаҳои барнома дар рӯзҳои истироҳат ба шаҳрҳои мухталифи дунё мераванд ва аз рӯи шарти барнома яке аз барандагон бояд рӯзҳои шанбе ва якшанберо бо харҷи ҳамагӣ 100 доллар ва дигаре бо маблағи бемаҳдуд дар корти бонкияш рӯзҳои истироҳатро пушти сар кунад. Онро, ки кадоме аз барандаҳо шоҳона ва кадоме сарфакорӣ хоҳад кард, қуръапартоӣ, яъне "орел" ё "решка" муайян мекунад.
Қуръапартоӣ муайян кард, ки Андрей Бедняков бояд дар Душанбе, ҳамагӣ бо харҷи 100 доллар рӯзҳои истироҳат гузаронад. Ӯ нархҳои Душанберо хеле арзон дарёфт ва таъкид намуд, ки бо 100 доллар худро дар пойтахти Тоҷикистон чун миллионер эҳсос мекунад. Бедняков аз кӯчаҳои Душанбе, майдонҳо, масҷиди марказӣ, хонаи сокинони оддӣ дидан карда, таассуроташро баён намуд.
Анастасия Короткая, ки корти тиллоӣ дар ихтиёр дошт, қарор кард аз Помир дидан намояд ва роҳи бузурги Абрешимро аз наздик бинад.
Дар охири барнома Короткая ба Душанбе баргашта, дар тарафи Боғи Айнӣ, таги як харсанге, 100 доллари амрикоиро пинҳон намуд, ки ҳар сокини шаҳр метавонанд онро пайдо кунад.»
Хулоса «Орёл и решка» то ин ки мақомоти масъули давлатии Тоҷикистон фориғ шаванду хабар биёбанд, Тоҷикистон омаданду меҳмон шуданду навор гирифтанду Бадахшон ҳам рафтанду пас гашта ба ватани худ рафтанд ва барномаеро аз диданиҳои Душанбе (ба гуфтаи Андрей Бедняков яке аз ду ровии ин барнома «Понедельник» тяжёлый день»)- Тоҷикистон тариқи моҳвора пахш карданд. Ҳанӯз ҳам, ки мақомоти масъули давлати тоҷикон дар ҳоли бехабарӣ қарор доштанд, ин барнома дар сафҳаҳои иҷтимоии Интернет аз сӯи бархе аз ҷавонони ба ору номуси миллат мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Ба ин баҳс ҳатто ҷавонони беодоб ва бесалиқа низ ҳамроҳ шуданд ва бори дигар «фарҳанг»-и худро ба маърази тамошо ва масхара гузоштанд.
Бархе, таҳиягарони барномаро ба арзёбии нодуруст дар нисбати Тоҷикистон муттаҳам кардаанд. Ба ақидаи онҳо таҳиягарони ин барнома танҳо ҷанбаҳои манфии Тоҷикистонро ба маърази тамошо гузоштаанд.
Аммо қисме дигар аз баҳскунандагон аз ин барнома ҷонибдорӣ мекунанд ва мегӯянд, ҳеҷ гуна таҳқир ва ё бадгӯиеро нисбат ба тоҷикону Тоҷикистон дар ин барнома намебинанд, чун он чи онҳо ба намоиш гузоштаанд, воқеиятест, ки ҳар рӯз ҳар сокини кишвар мебинад.
Продюсер ва оҳангсоз Олим Ширинов менависад, он чи хабарнигорон дар ин барнома зикр кардаанд, аз ҷумла бо даст хӯрдани таом ва ҳам вазъи табобатгоҳҳоро мо ҳамарӯза мебинем ва ин ҷои интиқод аз ин барномаро надорад, зеро хабарнигори хориҷӣ он чиро тасвир кардааст, ки дидааст. Вай меафзояд, ин масъалаҳо дар расонаҳову баҳсҳои интернетӣ матраҳ мешаванд ва барои ӯ рӯшан нест, ки чаро як идда аз ин барнома таҳти ниқоби ватандӯстӣ интиқод мекунанд.
Ахиран таҳиякунандагони барномаи «Орёл и решка» ба ин баҳсҳо вокуниш карда, дар сафҳаи иҷтимоии худ бо муроҷиат ба тамошогарони норозӣ навиштаанд, ки ба ин ҳама интиқоду таҳқир тоқат наоварда, маҷбур шудаанд, посух бидиҳанд. Онҳо менависанд, ки ҳадафашон омода кардани филмҳои таблиғотӣ нест, балки нишон додани фарҳанги мардум аст. Онҳо изҳори таассуф кардаанд, сокинони ИДМ барномаи онҳоро «кӯркӯрона» тамошо мекунанд ва хубиҳоеро, ки дар он ҳаст, намешунаванду намебинанд. Таҳиягарони барнома гуфтаанд, ки ба хотири чунин интиқодҳо нияти тағйир додани барномаро надоранд.
«Орёл и решка» гунаҳкор ё мо?
Мирзошо Ватаншо, як собиқадори расонаӣ бар он аст, ки набояд ба чунин навиштаҳою филмҳою дискҳою наворҳо зиёд таваҷҷӯҳ кард ва аҳамият дод. Ӯ мегӯяд: «Аввалан, навиштаҳою наворҳои муғризона дар бораи кишвари мо ва мардуми мо буданд, минбаъд низ даҳҳову садҳо хоҳанд буд…Дар ин ҷои шакк нест…
Дуввум, вокуниши ғашовару истерики мо бефоида аст. Рақси баъд аз тӯй аст. Чунки он барои онҳое, ки «даркор» буд, натиҷаашро аллакай дод. Аммо барои мо вокуниши шадид ва таваҷҷӯҳи зиёд ба он заифии худамон, бечорагию нотавонмандии мо ва нобоварии моро ба худи мо нишон медиҳад. Солисан, инҳо як «шоу» ҳастанд. Дар ҷаҳони Ғарб ва дар Русия имрӯз дар матбуоту радиою телевизион «шоу» - ҳангома мусаллат аст, ки сарчашмаю ҳидоятгару мағзу ҳастияш ҳам пул - доллар аст. Ба қавли шоири араб Холид Абдулқодир:
Симу зар гардида мавлои замон,
Ҳеҷ касеро нест з-ин мавло амон.
(тарҷимаи К. Бекзода)
Дар Амрико аз интихоботи раиси ҷумҳураш сар карда, то қабул кардани буҷеташон дар Конгресс як «шоу» аст…
Чунин наворҳо мол ҳастанд, бояд харидор ёбанд, бояд бозоргир бошанд ва барои ин ҳангома зарур аст…
Ин рӯзноманигори рӯзгордида мегӯяд, ки агар бар ин гуна амалкард вокуниш нишон надод, пас чӣ кор бояд кард? Ва худ посух медиҳад, ки «фақат як роҳ ҳаст; бояд хубтар таҳсил карду бештар омӯхт, бояд беҳтар кор кард, бояд филми хуби бадеӣ ё мустанад офарида, дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ иштирок кард, бояд мо низ чунин наворҳоро бардошта, аз тариқи шабакаи ҷаҳонии Интернет паҳн кунем, бояд аксҳои хуби манзараҳои нотакрори диёрамонро гирифта, дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ширкат кард, бояд дар ҳар гуна озмунҳои байналмилалӣ фаъолонатар иштирок намуд, бояд нотаҳаммулии мазҳабиву дунявӣ ва хурофотро як тараф гузошт ва пайрави содиқ будани худ ба мазҳаби таҳамулпазири бузург Имом Абуҳанифаро собит кард, бояд забонҳои хориҷиро омӯхт, бояд ба муҳоҷирони мо, ки маҷбуранд дар Русия кор кунанд, кумак кард, ки забони русиро хубтар донанд. Умуман, Ватани худро бояд сохт, ба ҷаҳониён муаррафӣ кард ва ҳайсияту имиҷи онро дар ҷаҳон бардошт. Ба пеш бинигарем, на ба қафо…Худ муаррафгару таблиғгари Ватани худ бошем ва ба дигарон маҷолу фурсат надиҳем…
Масалан, чаро муҳоҷирони меҳнатии Қирғизистон камтар мавриди истеҳзо қарор мегиранд? Чунки онҳо забони русиро хубтар медонанд…
Мисоли равшан ва намуна барои мо имрӯз метавонад, кишвари ҳамзабон Ирон бошад, ки чӣ тавр ба пешрафтатарин технологияи муосири ҳастаӣ даст ёфта ва дар як муқобила бо абарқудратҳо пирӯз шудааст. Зеро ирониён ба як масали хеле соддаи худ ва ба ин ҳақиқати содда пайравӣ мекунанд: «Доштам, доштам ҳисоб нест, дорам, дорам ҳисоб аст»…
«Орёл и решка» меҳмони кӣ буд?
Ба ҳар сурат мо хабар надорем, ки таҳиягарони «Орёл и решка»» -ро дар Тоҷикистон кӣ меҳмонӣ кард, бо кӣ машварату маслиҳат карданд ва аз кӣ иҷозаи наворгирии филмро гирифтанд, аммо мухлисон ҳар кадом бо зовияи фарҳангу фаросату ахлоқи худ онҳоро истиқбол ва пазироӣ карданд. Соф тоҷикона. STOP! Осемасар нашавед, лозим нест, ки ин софдилии тоҷиконаро маломат бикунед ва ҳамаи онҳоеро, ки аз ин меҳмонон ба таври худ пазироӣ карданд, таҳти таъқиб қарор бидиҳед, балки бояд худро, атрофро, ҷомеъаро ислоҳ кард, аз қурутобфурӯше, ки дар ошхонаи ғайрисанитарӣ машғули кор аст, то масъули умури давлатӣ, ки дар утоқи гарму нарм такя ба курсии давлат задаасту зомини нангу номуси ин мардуму кишвар аст.
Қурутобхонаҳоро дар бандед!
Аз муҳтарам Зиёвуддин Авғонов, сардори идораи санитарии шаҳри Душанбе, хоҳиш мекунем то ислоҳ шудан тамоми қурутобхонаҳои Душанберо дар бубандед. Қурутобхона гуфта, набояд асри миёнаро ба намоиш гузошт, қурутобкунӣ ва қурутобхона ҳам бояд мудерн бошад. Ҷавобгӯ ба талаботи замон. Деги аз оташ зардшудаву ношӯста, табақи лабкандаву пайвандшуда, ки ин ҳама тариқи моҳвора ба намоиш даромад, ҷойи ифтихор надорад, мояи шармандагист. Он ҳам барои миллате ориёӣ!
Магар шаҳри мо дарвоза надорад?!
Мутмаинан, кори ҳамаи хабарнигорони тоҷик таҳти назари ниҳодҳои марбута ҳаст, аммо суоле, ки аз ҳамин ниҳодҳои марбута бояд шавад, ин аст, ки чаро натавонистанд, аз омаду рафт ва кори "Орёл и решка" низ огоҳ бошанд. Мувофиқи муқаррароти таъйин намудаи ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, ки санади ҳуқуқӣ ҳисоб мешавад, (аз моҳи августи соли 1995) фаъолияти хабарнигор ё расонаи хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон бидуни сабти ном ва ё иҷозаи расмии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мумкин нест. Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки ин хабарнигоронро сабти ном ё акредитатсия накардааст. Суол ин аст, чаро аз фаъолияти ғайри қонунии (фаъолияти бидуни акредитатсия) як расонаи хориҷӣ ҷилавгирӣ нашуд?
«Миллат»