Миллат! Рустам Назаровро дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир танҳо нагузоред!

Иҷтимоъ 04.12.2013 22:15

narkotikЧандест ба сайти Ожонси мубориза бо гардиши ғайриқо-нунии маводи мухадири  вобаста ба Ҳукумати Тоҷикистон сар мезанам ва бо матолиби он ошно мегардам. Шиносоӣ бо муҳтавои торнома  баёнгари ин ҳақиқат аст, ки  роҳбарияти Ожонс дар баробари мубориза  бо афрод ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ба пешгирии ин беморӣ ва балои хатарнок барои миллату давлат таваҷҷуҳи асосиро қоил мешаванд.

Бо амри тақдир муддати 20 сол аст дар кишвари Қирғизистон буду бош дорам. Аз соли 1995 дар Созмони тоҷикони ин кишвар, ки номи устод Рӯдакиро ба худ гирифтааст, ба таври довталабона кор мекунам. Дар ҳудуди 9 сол боз ба унвони муовини раиси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ҷиҳати беҳбуди забону фарҳанги миллатамон талош ба харҷ медиҳам. Инчунин нашрияи тоҷикии "Паёми Ала Тоо"- ро сарпарастӣ менамоям, ки то кунун 29 шумораи он ба ҳамзабонон пешкаш шудааст.

Ҳоло бармегардам ба асли сӯҳбат. Бинобар тақозои вазифа дар аксар нишасту конфронтсҳои Бишкек ширкат намуда ва бо доираҳои коршиносӣ ва хабарнигории ин кишвар аз наздик ошноӣ дорам. Инчунин аз фаолияти Ожонси мубориза бо маводи мухадири Қирғизистон аз тариқи расонаҳои гуруҳӣ ва ҳамоишҳои мухталиф хабар дорам. Бароям ба унвони як тоҷик он нукта хушҳолкунанда аст, ки дар ин ҷо оид ба кору фаолияти Ожонси мубориза бо маводи мухадири Тоҷикистон диди мусбат ҳукмфармост. Борҳо дар мавриди амалиётҳои муваффақи кормандони ин Ожонс дар нашрияҳои Бишкек матолибу мақолаҳо чоп шуда ва аз муқовимати онҳо дар баробари гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳ тамҷид ба амал омадааст.

Тарафи қирғизӣ таҷрубаи ҳамкорони тоҷики худро дар ин росто қобили қабул ва пайравӣ меҳисобанд, ки баёнгари заҳмату талошҳои афсарону кормандони қатории Ожонс дар тайи чанд солҳои ахир мебошад.

Албатта , дар ин росто расонаҳои Русия истисно мебошанд. Зеро миқёс ва ҷойгоҳи ин кишвар бо соир ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ қобили муқоҳиса намебошад. Бар асоси мақоли машҳури "Ҳама роҳҳо ба Рум мебаранд", ҳоло тавре шудааст, ки мо хоҳем ё нахоҳем роҳҳои сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сӯи Маскав нигаронида шудааст. Боре ба манзури ошноӣ бо рӯзгори тоҷикон аз тариқи Гугл вориди интернет шуда, аз ин корам сахт пушаймон шудам. Зеро дар ҳаҷми садҳо саҳфа матлабу гузоришҳои расонаҳои чопӣ ва электрониро мушоҳида кардам, ки қариб тамоми бадбахтиҳои навҷавонони Русияро дар симои қочоқчиёни тоҷик баррасӣ намуда буданд. Пеши худ андешидам, ки мо барои сохтани чунин чеҳраи хашин ва ҷиноятпеша аз миллати кӯҳанбунёди худ, хеле осон фурсатро ба дасти нотавонбинонамон додем. Акнун танҳо худо медонад, ки чандин солҳо лозим аст то ин намоди бофтаи душманони халқу миллатро аз хотира ва ҳофизаи одамон зудуда намоем.

Ба назарам дар ин росто рисолати Ожонси мубориза бо маводи мухадири Тоҷикистон ба унвони як ниҳоди қавӣ ва соҳибтаҷриба басо муҳим ва муассир мебошад. Дуруст аст, ки кормандони Ожонс дар танҳоӣ наметавонанд дар ин роҳ муваффақ бошанд. Балки ҳузури густурдаи ҷомиаи шаҳрвандии кишвар қодир аст ин равандро тақвият бахшида ва ҷиҳати пешгирии ин вабои аср корсоз бошад. Равшан аст, ки дар ҷомиаи кунунии Тоҷикистон нақш ва ҷойгоҳи рӯҳонияти исломӣ тақвият ёфта аст. Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки беш аз 95 дарсади сокинони кишвар пайрави дини мубини ислом мебошанд ва арзишҳои исломӣ бо гузашти замон роиҷ мегарданд, ниҳоду мақомоти марбутаи давлатиро лозим аст аз ин фурсат истифодаи бештар ба амал оваранд.

Борҳо мушоҳида кардаам, ки намояндагони рӯҳонияти Тоҷикистон зимни ироаи назар перомуни тавлид, фурӯш ва истеъмоли шаробу алкул бо сароҳат ва вазоҳат сӯҳбат мекунанд. Бо овардани мисолу далоил аз кутуби гуногун, омилони ин амалро гунаҳкору осӣ қаламдод менамоянд. Вале ман то ҳол камтар шунидаам ,ки ҳамин рӯҳоният ба ҳамин вазоҳату шафофият омилони қочоқу фуруши маводи мухадирро маҳкум карда бошанд. Ҳатто банда боре аз тариқи саволу ҷавоб, ки дар яке аз хабаргузориҳо доир шуда буд, хостам таваҷҷӯҳи як рӯҳонии шинохтаро ба ин қазия ҷалб кунам ва аммо посухи равшанро дарёфт накардам. Албатта, шаробу майхорагӣ амали бад мебошад ва ба андешаи ман фурӯшу истеъмоли маводи мухадар низ аз ҷумлаи амалҳои ғайриинсонӣ ба ҳисоб меравад. Замоне ки ин амал ба обрӯ ва ҷойгоҳи миллатамон дар миёни ҷомиаи ҷаҳони зарба мезанад, боз ҳам кирдори пасти гурӯҳҳои ҷиноятпешаро ба намоиш мегузорад.

Аз ин хотир агар дастандаркорони Ожонс, аз тариқи баргузории семинару нишастҳо ва бо ҷалби намояндагони шоистаи дини ислом, ба ин бахшҳои қазия равшанӣ андозанд,  фикр мекунам дар роҳи пешгирии ин бадбахтӣ, натиҷаи амалӣ ҳосил мегардад. Дар ҳоли ҳозир мо кӯшиш мекунем чанде аз воқеиятҳоро изҳор накунем ва ё вонамуд намоем, ки онро надида истодаем. Чунончӣ, хуб медонем фалонӣ аз ҳисоби қочоқи маводи мухадар ба зиёрати хонаи Худо рафтааст. Вале ҳангоме ин шахс аз сафар баргашта ва суфра меорояд, аксарамон ба манзилаш рафта ва дар ҳақаш сифатҳои олии инсониро изҳор медорем. Ва ё агар чунин одамон ба бунёди масҷид иқдом кунанд, касе омода нест ин матлабро гӯяд, ки ай фалонӣ, манбаи даромади ту ин шоистагиро намедиҳад макони муқаддасро барпо намоӣ.

Агар афроде,ки ба фурӯши маводи мухадар сару кор доранд, хуб бидонанд ба хонаашон ва масҷиди сохтаашон касе ворид намешавад,  ба ин осудагӣ ва боварӣ чунин амалҳои қабеҳро анҷом намедиҳанд.

Соле чанд аз ин пеш, дар расонаҳои русӣ аз қавли гурӯҳи Толибони Афғонистон матлабе хонда будам ба ин мазмун: Мусулмонон маводи мухадирро парвариш намуда ва ба Русияву мамолики ғарбӣ мефиристанд, то ғайримусулмононро маҳв созанд. Чунин ахбори ноқизу насанҷида ба бархе афроди фурсатталаби Русия, амсоли В. Жириновский ва чанде дигар миллатгароён имконро фароҳам меоварад нисбати мусулмонон ва қабл аз ҳама тоҷикон туҳмату бӯҳтон бизананд. Дар ин росто чеҳраҳои саршиноси рӯҳониятро зарур аст бо рад намудани ҳамчунин ақида, ки гӯё мусулмонон дар пайи нобудии пайравони дигар адён мебошанд, ин дағдаға ва давои миллатгароёни русро аз байн бибаранд.

Албатта , барои пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи қочоқ ва истеъмоли маводи мухадар омилҳои зиёд таъсиргузор мебошанд, ки аввалтар аз ҳама беҳбуди авзои дохилии кишвари ҳамсоя ва ҳамзабони Афғонистон мебошад. Гузашта аз ин рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва соир ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин росто муҳим аст, ки баррасии ҳамачонибаи ин мавзуъ дар чаҳорчӯби мақолаҳои ҷудогона имконпазир мебошад.

Қодиршои Мурувват, Узви иттиҳодияи журналистони СССР Бишкек, қирғизистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97