АЗ ЧАШМИ МОДАР

Иҷтимоъ 27.11.2013 10:58

Saif 02Дар паҳнаи  фарҳангу адаби ҷаҳонӣ шояд матраҳ-тарин  мавзӯъ  хонавода, пайванду иртиботи хонаводагӣ ва муҳимтар аз ҳама  ситоишу такрими пойдевори конуни хонаводагӣ модар ва бузургии он ба шумор ояд. Миёни шоирону нависандагони классику муосири ҷаҳон ба нудрат адиберо метавон пайдо намуд, ки дар хилоли рӯзгори эҷодии хеш ба ин мавзӯи ҷовидонӣ рӯ наоварда бошад.

Адабиёти муосири мо низ дар ин замина намунаҳои дилчаспу хондание дорад. Ҳадафи мо дар ин мақола нигоҳи иҷмолӣ перомуни мавзӯи мазкур аст. Бояд ёдовар шуд, ҳар гоҳ сухан аз модар ва ҷойгоҳи он дар  миён меафтад, қабл аз ҳама номи шоирони маҳбуби мо шодравон устод М. Турсунзода ва зиндаёд Л. Шералӣ ба зеҳн мерасанд. Симои меҳрбору пурнаҷобате, ки дар модарномаи ин бузургворон мунъакис шуда, танҳо моли мо нест, балки намунаи модари умумибашарист. Мисоли саҳнаҳои рангини зиндагии ин модаронро дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон, дар дурдасттарин шаҳристону рустоҳо метавон диду эҳсос намуд. Зеро модар мардум дар атрофу акнофи гетӣ як рисолат дорад ва он иборат аз модар будан аст.

Дар ин навишта мо бар онем то ҷилваҳои ин зебодарахти ҳамешасабзро дар наққошиҳои нависандаи ҷавонрафта, равоншод Сайф Раҳимзоди Афардӣ тамошо кунем.

Дар осори Сайф камтар ба навиштае дучор меоем, ки мустақим ба ситоишу арҷгузории мақому манзалати модар бахшида шуда бошад. Вале  модар ва  масдари нӯшофарини "модар доштан" ҳаргиз аз мадди назараш дур набудааст. Бозтоби мавзӯи ёдшуда дар мероси ҷавонии ин нависандаи нодирандеш ба суратест, ки агар ҳамаи нигоштаҳояшро аз миёни осораш ҷудо созем, бетардид як маҷмӯа гули саршор аз  меҳру муҳаббату самимиятро ташкил медиҳад.

Маъмулан шоирону нависандагон пас аз расидан ба марҳилаи муайяне аз зиндагӣ бо бозгашти ҳасратолуде ба овони кӯдакӣ андешаҳои хешро дар атрофи модар ва нақши ӯ дар зиндагӣ баён доштаанд. Дар қиёс бо ағлаби адибон шеваву сабки Сайф ба масъалаи мазкур дигаргуна аст. Вай дар нахустин навиштаҳо ва осори маншураш дар ҳадди олии назокату зебоӣ, бо қалбе саршор аз меҳру дӯстдорӣ, муҳаббати фарзандӣ ба ин мавзӯъ бархӯрд намудааст.

Соли 1984 барои нахустин бор китоби Сайф ба номи "Ситораҳои сари танӯр" мунташир шуд. Мо ба дидгоҳҳои ҳама адабиётшиносоне, ки мунсифона дар корномаи ин нависандаи нотакрор таҳқиқ намудаанд, мувофиқем. Пайроҳаи Сайф дар тавсифу бозтоби симои наҷиби модар ва рӯзгори хуби модар доштан ба ҳайси як ҳунарманд ба таври ҷиддӣ маҳз бо нашри "Ситораҳо…" оғоз мегардад. Домони ҳар саҳифа дар ин китоби хонданӣ аз ҳузури гулрезу гулбези модар мавҷ мезанад.

Нависанда дар матлаби худ ба модар аз чашми зеҳни як кӯдак назар меафканад. Барои қаҳрамони навраси қиссаи "Ситораҳо…" ҳама мав- ҷудоти олам, падидаву рухдодҳои ҳастӣ дар сари модар хулоса мешавад. Ин асари адиб танҳо як қиссаи мансур нест, балки як шоҳкори ҳунарист. Дар батни он ҳар ҳарфу ҳиҷо садои хос, бӯи махсус дорад. Ба гумони мо "Ситораҳо…" як симфонияи мутантане аст, ки садояш тамоми аҷсоми табиатро бедор месозад, ба ҷӯшу хурӯш меорад ва ҳамаи ин гӯшнавозиву ҷаззобияту кашандагӣ аз баракати ҳузури модар аст.

Саҳнаҳое, ки дар асар гардонанд, ёдвораҳое мебошанд, ки нависанда замоне шабеҳи онҳоро дар зиндагии рустоиён дида ва ё таҷруба намудааст. Дар ин қисса бошад ӯ дар гӯшае нишаста ва мазоҳири пешин, бозингарони қадимиро бо ҳамон башошату шодобӣ, шӯру шавқи даврони наврасӣ тамошо мекунад.

Нақли намунае чанд аз тасвирҳои Сайф, метавонад сидқу ҳақиқати андешаҳои мазбурро нишон диҳад.

Дар қисса дар ҷое қаҳрамони  наврас зимни ранҷиш аз бузургсолон ба гиря меафтад. Яке аз қаҳрамонон ба ӯ ҳушдор медиҳад, ки беҷо гиря накунад. Магар чашмонаш ба ӯ даркор нестанд? Ин ҳушдори саридастӣ ба шевае ба қаҳрамони хурдсол таъсир мерасонад, ки дар як они воҳид ҳазор андешаи изтироболуд зеҳнашро ба ҷунбиш меорад, ба умқи ин ҳақиқат мерасад, ки чашмҳо воқеан ҳам барои вай лозиманд, зеро модар, ягона ҳамдаму мунисаш дар конуни хонаводагӣ анҷоми корҳои зиёдеро хоҳиш мекунад ва хостаҳои модарро бидуни чашмон бароварда сохтан муҳол аст. Аз зеҳнаш чунин  афкор мегузарад: "Ҳоло чашмҳо лозиманд: вақте ки модарам ба сари роҳ мефирастад, то бубинам гови пешонасафедамон аз пода меояд ё не ё ба сари дег мешинонад, то аз дамидани шир ӯро бохабар кунам: гоҳо мехоҳад,  пероҳани навашро дар бараш бубинам, мезебад ё не. Мезебад, мезебад. Ба ӯ ҳама чиз мезебад; шиштани лаби танӯр, чашмони тараш низ…"

Ҳушдори мусоҳиби тасодуфӣ дар хусуси ҳифзи чашмон хаёли ин кӯдаки фориғ аз ғаму андӯҳи дунёро таҳти фармони худ мегирад. Ҳолати равонии модар, мазоҳири зиндагиашро дар чаҳордевори як кулбаи содаи деҳотӣ пеши назараш меорад. Аз сарвату дороии русто ва ҳама шайъу мавҷудоте, ки бо зиндагии модар пайванду иртиботе доранд, ҳеҷ чизе аз чашми ӯ пинҳон намемонад. Ин кӯдаки маъсум медонад, ки мӯҷиби чашмони мартуби модар чӣ чизест? Чашмони модар мояи умеду дилгармии ӯ ба зиндагист. Зиндагие, ки зеҳни тоза погирифтааш ҳанӯз қодир нест ба умқу моҳияти он бирасад. Мехоҳад дар муҳити зисташ вуҷуде шабеҳи чашмони модар пайдо кунад. Дар ин ковишу ҷустуҷӯ ва сайрҳои равонист, ки дурахшандагии ситорагонро монанду шабеҳи чашмони модар пайдо мекунад.

Дар ин пораи кӯтоҳ мо шоҳиди чанд манзарае аз бунёди муносибати роиҷ миёни  инсонҳо  ҳастем.

Нахуст иртиботи зебои пайванди фарзанду модар. Дувум зода шудани масъулияти фарзандӣ, ки аслан дар хонаводаҳои солим бар мабнои тарбияти дурусти солим сурат мепазирад. Ин масъулият ба мурури замон  камолу боландагӣ пайдо мекунад, доман мезанад, бузург мегардад ва бо сари баланду рӯи сурх ба синаи иҷтимоъ гом мениҳад.

Гузашта аз ин ҷилваҳои ҳунарии қалами нависандае чирадаст пеши назари мо рух намоён мекунад. "Мижгони ситора" дар радифи истиораи зебову тасвири ҷаззоб буданаш бори дигари маъноиро ба дӯш дорад. Шуарои мо аз мижгон ва зебоиҳояш садҳо тасвиру ташбеҳ, истиороти дилангезу дилнишин сохтаанд. Вале ба гумони мо то Сайф Раҳимзод шояд камтар ҳунарманде феъли "халидан"-ро, ки ҳатто шуниданаш дар зеҳн падидаҳои нохушоянди азсаргузаштаро зинда месозад, бо вожаи зебои мижгон ҳамдӯшу ҳамнафас сохта бошад. Бо баракати мижгон  дараҷаи нишони озорандагиву азияттинатии феъли мазкур коҳиш пайдо мекунад. "Халише", ки бо пояҳои нозуки мижгон анҷом мегирад, дардафзову ранҷзо нест, балки мояи ҳаловату лаззате ширин аст.

Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки миёни жанрҳои адабӣ филмноманависӣ нисбат ба дигар анвоъ заҳмату диққати зиёдеро тақозо мекунад. Вале ба андешаи мо адибоне, ки бихоҳанд аз рӯи осори Сайф Раҳимзоди Афардӣ чунин кореро анҷом бидиҳанд, роҳашон  ҳамвор  хоҳад буд. Зеро Сайф дар сабки нигориши худ ба гунае дақиқу мумтоз аст, ки руҷӯи эҳтимолии филмноманависонро аз мадди назар дур надошта. Худи ӯ дар ин замина дасти расову чашми ҳамабин дошт.

Даст ба мисоли дигаре мезанем, ки дар ҳар заминае ниёзҳои моро дар таълифи мақолаи мавриди назар бароварда месозад: "Модар дарро боз кард; шамолаки бесадо даромаду чароғи пинакрафтаро тарсонд, он як қад париду мурд. Хона торик шуд. Хиш-хиши ҷорӯби модарам хомӯшии хонаро мехарошид. Тилисми шаб шикаст"…

Буду бош дар домани як хонаи муҳаққари деҳотӣ, танҳо бо модар будан, қаҳрамони хурдсолро ба гунае  ҳассосу дилбастаи модар намуда, ки тамоми ҳастии модар, ҳаракату аъмолаш, вокунишаш ба ашёи муҳити зист, бархӯрдаш ба падидаҳову рухдодҳоро зери назорат қарор медиҳад. Нависанда, ки дар матн ҳузури пинҳон дорад, ба хотири нирумандсозии эҳсосу хаёлоти қаҳрамонаш аз санъати ташхис хеле баҷо истифода мекунад, ки шоҳидаш мисоли болоист.

Қаҳрамони хурдсоли "Ситораҳо…" ба андозае шефтаву дилбохтаи модар аст, ки ағлаби замонро бо андешаву тааммул перомуни модар ва сафҳаҳои рӯзгори маъмулиаш сипарӣ мекунад. Ин наврас, ки қалбаш аз ҳама зиштиҳои инҷаҳонӣ пок аст, бинишу назари наҷибонае дорад. Вай дунёро шабеҳи модар поку тамиз, софу беолоиш дидан мехоҳад! "Ман ба торикӣ чанг мезанам, ангуштонам ба дидаи нарми сияҳ фурӯ мераванд; торикӣ ин қадар нарм аст! Гӯё сарам зери домани камзули модарам бошад… Модаракам! Гоҳе, ки ӯ сар шустанӣ шавад, камзулашро ба сари ман мекашад; пати нарми он пеши чашмонамро мегирад. Не, не, ман пати махмали сияҳро намеканам, ба онҳо танҳо ангушт мезанам; мехоҳам торикиро бишикофам ва дунёро бубинам. Медонам, дунё мисли модари ман аст- сафеду покизаву зебо ва шармгин-вақте ки мехоҳад пираҳанашро дигар кунад ё мехоҳад танашро бишӯяд,оббозӣ кунаду зеботар шавад, чашмони маро мебандад".

Сайф дар мисоли оббозии модар зиндагии марсуму шаклгирифтаи занони деҳотиро бо кумаки зеҳни кунҷкобу тезбини қаҳрамони хурдсол инъикос месозад. Нуқтаи ҷолиб инҷост, ки модар ба хотири пинҳон нигоҳдории аъмолу амали обтанӣ аз фарзанд бо камзул чашмҳояшро мепӯшонад, бехабар аз он, ки ин кораш бештар ҳисси кунҷобиву решаёбиро дар вуҷуди фарзанд бедор месозад. Фарзанд аз зери камзуле, ки болои чашмонашро мастур сохта дунёҳои дигареро кашф мекунад, ба қавли ӯ "гӯшҳояш  чашм мешаванд". Чи ҳиссомезии зебое: "Ва ӯ чашмонамро бо камзулаш маҳкам мекунад, баъд гӯшҳоям чашм мешаванд. Ман ба гӯшам дунёро мебинам. Ман аз гӯшам ба торикӣ нигоҳ мекунам. Ба лаби сатил расидани косаро мешунавам, мебинам, ки чакраҳои об чи гуна аз лаби коса ба рӯи тафсони печка мечаканд ва оҳи сӯзон мешаванд. Не, не ба оҳи модараки ман ҳеҷ монанд нестанд. Маро агар хоб набарад меҷунбам. Ҷунбидаму ҷунбидам, ки ҷои тугма ба рӯи чашмам фаромад. Ва модарамро дидам; сап-сафед даруни тағораи сафолӣ нишаста буд ва бо сараш аз косаи чинӣ об мерехт. Якбора дилам се чиз хост; шир, шакар ва биринҷ. Тавба! Медонам кафки собун аст, ки дар миёни синаҳои сафедаш оҳиста поён мелағжад, вале ман онро маска мепиндорам, маскаи болои ширбиринҷ".

Умуман тасвирҳои нодири ҳунармандона, арзёбиҳои рангину амиқи фалсафӣ дар атрофи модару гирифториҳои ӯ, ки аз зеҳну дидаи қаҳрамони наврас таровидаанд ва саршор аз меҳру садоқати фарзандианд, дар қиссаи "Ситораҳо" ниҳоят зиёданд ва имкони зикри ҳамаи онҳо нест. Зеро модар бо симову сурати ҷозибтаре дар дигар осори Сайф ҳузур пайдо мекунад.

Яке аз марғубтарин навиштаҳои Сайф қиссаи "Аз ёдҳо аз ёдҳо" мебошад, ки бозигару гардонандаи аслии он модар аст. Бунмояи асосии ин достон тасвири беқалбтарин даврони таърих ,Ҷанги бузурги Ватанӣ аст.

Ҳарчанд майдони набарду ҷабҳаҳои ҷангӣ аз кишвари мо ҳазорон километр дур буд, вале  асари шуми он дар ҳар хонаи тоҷик соя афканда буд. Аз дигар сӯ ин пораи таърих барои мардум як марҳалаи озмоиш буд. Давроне, ки инсонияти инсон, рӯҳу равони онро дар қиболи сангиниву душвориҳо, гуруснагиву қаҳтӣ меозмуд.

Макони вуқӯи рухдодҳо дар достони мазкур ақибгоҳ ё пушти ҷабҳа аст. Ақибгоҳе, ки алорағми тамоми мушкилот бояд шона хам намекард ва ҷабҳаҳои гармро бо маводи зарурии аввалия, хӯрданиву ошомиданӣ, пӯшиданӣ, таъмин менамуд ва гузашта аз ҳамаи ин бо номаҳои самимиву равоннавозу нирубахш падарону фарзандонро дар корзори хунину гушношунид алайҳи душманони савганд хӯрдаи мо муқовиму боландарӯҳ месохт. Тасаввур кунед, замон чи бори сангини камаршиканеро рӯи шонаҳои наҳифу нозуки занону модарони мо фуругузор намуда буд. Дар радифи ниёзҳои ҷабҳа занони мо бояд тифлакони худро дур аз падарон аз панҷаи бераҳмӣ, қаҳтӣ, гуруснагӣ, сармо, ҳифз мекарданд. Сайф Раҳимзод дар ин қиссаи кӯтоҳе, ки ба як романи бузург паҳлӯ мезанад, воқеияти замонро бо тамоми ҷузъиёташ, муҷассам сохтааст, ки зикру баёни он аз ҳавсалаи ин мухтасар берун аст. Такяи мо рӯи бахше аз қисса аст, ки ба модар ва саъю талошҳои шигифтангези вай ба хотири ҳифзи ҷони фарзандон ва идомаи зиндагӣ дар конуни хонаводагӣ марбут аст.

Баҳраҷӯӣ аз расму суннат, боварҳои мардумӣ ба хотири нақлу баёни воқеият шеваи хоси нависандаи маҳбубе буд, ки бахши поёнӣ аз сарчашмаи он зиёд обҳо хӯрда: "Охирин нони хона…Нони хушки панҷсоларо, ки ҳамсоли додаракам буд- охирин умеди худро ба мо додӣ модар! Чанд соат тоқат кардам, онро нашикастам. Охир дар он нон ҷони падарамро зинда медоштӣ. Медонам, онро таги сари додарам, даруни гаҳвора мемондӣ, то фариштаҳое, ки сари гаҳвораи додарам менишинанд, ҷони падарамро низ ҳифз кунанд; ту онро ба мо додӣ модарам. Ва ҳамон лаҳза, ки гушнагӣ сабри моро шикаст ва порчаи нони хушкро ба даҳонам бурдам, дод гуфтӣ! Хонаи дарун даромадӣ. Рӯзи дароз дар он будӣ ва бегоҳӣ аз хона сиёҳпӯш баромадӣ! Умед, муҳаббат ишқат, ҳаёти падарамро, ба мо, ба мо додӣ. Мо онро хӯрдем, ки намирем.  Мо ҷони падарамро хӯрдем… Мӯят сафед набуд, баъд сафед шуд, баъди ҳамон".

Ин пора як навъ муноҷоти мансурест, ки дар ҳар ҳиҷову ҳарфаш хуни шеър меҷӯшад. Ё сипосномаи фарзандест, ки бо гузашти солҳо  ва расидан ба марҳилаи булуғ бо дареғу ҳасрат воқеияти бараҳнаи овони кӯдакиашро дар панҷаи зеҳн эҳё менамояд ва дар қадамгоҳи модар сари суҷуд  меорад.

Дар пардаи зеҳни фарзанди баркамол манозири муассиртаре аз он рӯзҳо зуҳур мекунад. Занҷираи вожагоне, ки саҳнаи ғамолуди он рӯзгорро бозтоб намуда гӯё миёни хокистари сӯзони ғаму андӯҳ, ҳасрату нола хобидаанд ва бо ковише номаҳсус метавонанд оташ бигирад: "Додарам панҷсола буд, вале дар гаҳвора мехобид. Қад накашид, раҳ намегашт, мадор надошт, фақат забон бароварда буд. Гап мезад. Ӯ хомӯшона гӯш мекард. Баъд шири буз хушк шуд… Беҳол будам, беҳуш будам, вале ҳис кардам, чашм кушодаму дидам; пистонашро ба даҳони ман гузоштааст ва то ба по бархостанам маро ҳам маконидӣ… ёд дорам. Дукаса шири туро мехӯрдем, модарам ба ҳурмати шири сафедат, ба ҳурмати шири ба хун олудаат…"

Достони "Аз ёдҳо, аз ёдҳо" низ мисли қиссаи "Ситораҳо…" саршори ситоишу такрим, арҷгузории модар аст. Бо гардиши ҳар варақе ҷумлаҳову ибороти зебову гӯшнишини нашъатгирифта аз замири нависандаи хушқалбу хушнигару хушназар пеши чашми мо шабеҳи парвонаҳои рангинбол ҳувайдо мешаванд Симои маъсуму биҳиштии модар дар замини зеҳни мо қад мекашад ва умеде ҳасратолуду шӯрангезро дар вуҷуди мо бедор месозад. Вале маслиҳат ин аст, ки ҷилваи ин мавзӯи дӯстдоштаниро мо дар дигар осори Сайф дунбол кунем. "Аз розҳо, аз розҳо" ҳикояти дигари нависанда аст, ки бо маросими ба хок супории ин олиҳаи зебову дустдоштанӣ  модар оғоз мегардад. Дар ин ҳикоят ҳарчанд сухан аз даргузашти вуҷуде саропо наҷобату меҳрубонист, вале нависанда бо сабку шевае, ки вижаи ӯст, хеле муаддабона ишороте ба номеҳрубониҳои мо мардум дар муносибат ба гӯристонҳо мекунад. Ишора ба қабристонҳое менамояд, ки мо зиндагон муддатҳост эҳтироми мусофирони хомӯши онро фаромӯш кардаем. Синаи онҳоро подаҷову ҷойи гашти чаҳорпоён намудаем: "Ман ин қабристонро хуб мешиносам. Он на ваҳшат дорад, на ҷазаба. Инҷо гоҳо пода андохтаем. Ва низ ҳар баҳор барои пилла танидани кирмакҳои абрешим дар ин гӯристон буттаҳое бо номи ҷорӯб мечидем ва даста мебастем. Ва дастаҳо аз хоки ин гӯристон мерӯиданд. Модарам пиллакор буд. Ва он замон, ки инҷо дастачинӣ мекардам, кӯдаке беш набудам ва ману модарам чи модариву фарзандии ҷононае доштем. Вале ин ҳама як замоне буд дур, ончунон дур, ки гӯё ману ин ҷисм, ки ҳоло ба хок месупоранд, ҳеҷ гоҳ ба ҳам пайванде надоштем. Ба ҳам бегона будем. Вале ӯ модари ман аст! Модарам аст ва ӯро мегӯронидем. Аслан онҳоянд, ки мегӯронанд. Яъне, хешовандону наздикону ҳамсоягон."

Бахши поёнии матн шояд ҷонгудозтарин саҳнаи рӯзгори мардуми деҳнишин бошад. Дафни модари аздастрафта бо иҷрои тамоми расму суннати марсум миёни мардум сурат мегирад. Вале афсӯсу дареғи қаҳрамон танҳо ба даргузашти азизтарин мавҷуд марбут нест. Қалбашро ин андешаи ҳасратолуд ба фиғон меорад, ки чаро занону модарони эшон пешонии шӯр, сарнавишти печида ба дарду ранҷ доранд. Умри ширинро  гирифтори садҳо мушкилу муъзил ба поён мерасонанд ва ҳангоми марг низ дастагули орзуву умеди хешро ба гӯр мебаранд: "Модарамро ба лаҳад ниҳоданд. Банди кафанашро кушоданд. Чеҳраашро боз намуданд ва сӯи қибла баргардониданд. Ин сӯи сараш кулӯхаке гузоштанд ва он хешаш, ки ин ҳамаро саранҷом мекард аз даҳони танги лаҳад берун омад. Пас як дона чим ба дасташ доданд, то даҳони лаҳад зад. Мехост дувум чимро бигирад, ки хоки гӯр ба шӯр омад. Аввал як оҳе аз шикоф берун баромад. Гӯр оҳ мекашид. Тӯфоне аз шикофи гӯр хест ва ҳаво пургард шуд".

Гуфтем, дар нигоштаҳои Сайф модар ва рисолати калидиаш дар муҳити башарӣ ҳузури ҳамешагӣ дорад. Зимни тарҳи масоили хурду бузурги воқеияти мо нависанда даст ба домони модар мезанад, аз таҷрубаву зеҳну хиради вай мадад меҷӯяд, ки беш аз ин имкони зикри мисолу шавоҳид нест. Вале дар поёни мақола таъкиди чанд нуктаро муносиб медонам.

Ҳама мо шоҳиди он будем, ки президенти кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон зимни пешниҳоди Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ дар радифи таҳлили масоили дигар ба вазъи ҷаҳони имрӯз, раванди ҷаҳонишавӣ, расму сунани миллӣ, хештаншиносӣ, рушди маорифу фарҳанг, тарбияти насли ҷавон дар руҳи меҳанпарастиву ватандорӣ, фарогириву камоли забони тоҷикӣ ва фановарӣ ишора намуданд.

Ҷои шаку тардид нест, ки бар мабнои Паёми сохторҳои марбута, вазоратҳову муассисот нақшачорабиниҳо месозанд ва иҷрои онро дастури кору фаъолияти хеш қарор медиҳанд. Ин хуб аст, вале кофӣ нест. Бояд омӯзиши мавзӯоти калидии Паём миёни ҷомеаи донишгоҳӣ ба шеваҳои муассиртаре сурат бигирад. Замоне мо аз хештаншиносӣ, аз ватанпарастӣ, ҳифзу нигаҳдошти расму ойин, пайванди фарзанду волидайн, масъулияти падару модар ва ғайра суҳбат оғоз мекунем, бояд намунаҳои зинда, ҷондор, коргар, зеҳннишин дошта бошем. Мусаллам аст, ки ин намунаҳоро мо метавонем танҳо аз мероси гаронсанги дирӯзу имрӯзи худ бардорем ва пешкаши ҷавонони хеш созем. Барои таҳаққуқи ин кор ба гумони мо яке аз сарчашмаҳои ибратомӯз нигоштаҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ аст.

Иҷрои ин масъулияти бузургест, ки ба дӯши устодон аст. Эшон бояд дар радифи тадрису таълим заҳмати омӯзиши шарҳу баёни масоили мазкурро бар пояи осори ҳунармандон ба зимма бигиранд, то бишавад насли воқеан сазовору ватандор, масъулу азхудгузашта, дӯстдори ин сарзамин тарбият намуд.

                Умар Сафар, профессори ДМТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97