Асардӯзди ин мурғдӯздӣ нест, ки дигарон пай набаранд

Иҷтимоъ 13.11.2013 22:16

Ilhomjon  -Асардӯздӣ -плагиат барқасдона ва дидаю дониста аз худ кардани муаллифият  ва асари шахси дигар (дар ҳаҷми пурра ё қисман). Сарфи назар аз  нашри мавод амали шахс асардӯздӣ  дониста мешавад.Ба  ҳаммуаллифи маҷбур намудан  низ асардӯздӣ мешавад. Асардӯздиро  бояд аз таҳқиқ, пайравӣ, истифода, ҳам муаллифӣ  ва дигар ҳолатҳои монанд фарқ кард. Инчунин истифодаи  мазмуни  асар аз тарафи шахси дигар  асардӯздӣ дониста намешавад. Объекти асардӯздӣ  на мазмун , балки  шакли он  мебошад.

Аксаран асардӯздӣ дар шакли нашри асари ғайр бо номи худ, истифодаи қисми асари шахси дигар бидуни истинод ва манбаъ ифода меёбад. Аломати асосии асардӯздӣ ин соҳибият ва муаллифӣ аст. Роҳҳои вайронкунии ҳуқуқи муаллиф  дар адабиёти ҳуқуқӣ "роҳзанӣ" ном гирифта аст. Ин мафҳум васеъ аст ва як ҷузъи асардӯздиро ташкил медиҳад

Аз замоне ки фикри инсон дар шакли муайян таҷассум ёфт ва асар ба муаллифи он обрӯ, даромади молиявӣ овард асардӯздӣ ба мушоҳида мерасад. Дар байни эҷодкорон ва умуман ҷо-меъаи  ҷаҳон, чунин ашхос маҳкум мешаванд ва ин амал бо истилоҳи гуногун plgiatus (лотинӣ дуздидашуда) ва сирқат (форсӣ -шеърдӯзд) ,вале ба як маъно  азхудкунандаи эҷоди (асари) шахси дигар, истифода мешавад. Асардӯздӣ  дар маънии зикршуда дар забонҳои европоӣ аз асри 17 инҷониб  дар шакли плагиат (фр - plagiat) истифода мешавад. (Энсклопедияи тоҷик ҷилди 1, Душанбе  2012.)

Ҳафтаи гузашта чанд расонаи украинӣ аз он ҷумла "Аргументы и Факты Украина"  таҳти сарлавҳаи "Атрофиёни президенти Тоҷикистон идеяҳои Януковичро дӯздидаанд", "Полит Арена" - "Командаи президенти Тоҷикистон бо плагиат боздошт шуд" ва ҳамчунин хабаргузории "Лента ру" - и  Русия - "Тарғибгари тоҷик барои гирифтани идеяҳои Янукович муттаҳам шуд" хабару гузоришоҳоро интишор намуданд.    

 Мақолаи Илҳомҷон Ҳамдамов "Чаро ман ба Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳам?" чунин шурӯъ мешавад: "Тоҷикистон имрӯз дар остонаи озмоишҳои ҷадид дар як гирдбоди  чолишҳои бузурги миқёси   ҷаҳонӣ қарор дорад,ки ниёз  ба таҳкими ҷомеъа ва  ҳади аксари талошҳои муштараки мо дорад. Воқеъияти бисёр печида аз мақомоти аршади кишвар бо ҳадафи ғалаба бар буҳрон посухи сареъ ва муассир ва иқдомоти муътадил ва ҳа-моҳангро тақозо мекунад  Ин қисмати мақолаи И.  Ҳамдамов калима ба калима такрори оғози барномаи пеш аз интихоботии Янукович дар интихоботи соли 2009 ин кишвар аст. Ин ҷо фақат ба ҷои калимаи "Украина" "Тоҷикистон" оварда шудааст. Агар мо ин амали ӯро дар қолаби иқтибоси дар боло овардашуда  муқоиса кунем ба плагиат, яъне асардӯздӣ даст доштани ӯ ҳамагуна гумону шубҳаро ботил мегардонад. 

Дар суҳбатҳои марҳамонаю  чойхонагӣ ва ҳамчунин  гузоришҳои расонанаҳои мустақил гилаву шикоят аз атрофиёни раиси ҷумҳур хеле зиёд аст ва аксарият тамоми нокомии ҳукуматро аз дасти онҳо медонанд. Шояд ин чиро раиси ҷумҳур, ки воқеан як сиёсатмадори пуртаҷриба аст, низ дарк карда бошад. Муссалам аст, ки имрӯз сохтори идоравӣ ва мудирияти кишвар ба як ислоҳоти ҷиддие  ниёз дорад. Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ин даъфа ҳам дар интихоботи 6 - ноябр раиси ҷумҳури ҳозира аз нав ба ин симмат интихоб мешавад ва  шояд ӯ аз ҳисоби нерӯҳои ҷавони кишвар қасди пиёда кардани чунин ислоҳотро дошта бошад.Аз рӯи  қоида  ин ё он номзад ба мансаби раёсати ҷумҳур дар сурати комёб гардиданаш, аксари ахшоси боэътимоди худро ба вазифаҳои муҳим ва калидӣ пешниҳод ва таъин мекунад.

Оё  аз ин пас  раиси ҷумҳур метавонад ба Илҳомҷон Ҳамидов  эътимод кунад?  Инро "ҷаноби Вақт" ба мо хохад гуфт.

Н. Неъматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97