1937. Террори миллат

Иҷтимоъ 30.08.2013 09:47

Shohsaidi SaishohФард меёбад зи миллат эҳтиром,

Миллат аз афрод  меёбад низом.

                                         Иқбол

Репрессияи сталинӣ баъд аз нимаи дуввуми солҳои бистуми асри гузашта шуруъ гардида, то рӯзҳои охири дар сари қудрат будани ӯ идома меёбад. Баъди террори С.М. Киров, солҳои 1937-1938 он бениҳоят пуршиддат шуда, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ бо ҷурми "душмани халқ" мегардад. Бинобар густариши бемислу монанд ёфтани саҳнаи амали террор дар соли 1937, ин сол ҳамчун нуқтаи кулминатсионии ин саҳнаи хунин дар хотираи халқи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бо номи террори сталинии соли 37, яъне чун ҷамъбасти фаъолияти чорякасраи  хунхоронаи диктатор боқӣ мондааст. Баъди вафоти Сталин  Н. С. Хрушев ба сари кор омада дар Анҷумани ХХ Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ, дар маърузаи худ "Дар бораи шахспарастӣ" пардаро аз рӯи ин саҳнаи хунин бардошта ҳамаи қурбониёни бегуноҳи террори сталиниро (реаблитатсия) сафед кард. Марҳилаи дуввуми сафед кардани қурбониёни сталинӣ дар замони бозсозии М.С. Горбачев сурат гирифт.

Оё ҳанӯз ҳам "марги як тан фоҷиа ва марги миллионҳо омор аст"?!

Дар ин миён мардумони ҳушёр ва зираки дигар ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ ба хотири гиромидошти фарзандони қурбонии худ ва сабақ гирифтан аз ин ҳодисаи нангин ва хунин, даҳҳо кинофилмҳо, намоишномҳои театрӣ, асарҳои бадеӣ ва таърихӣ, муҷассамаҳоӣ ёдгорӣ офаридаанд ва ин мавзуъро дар расонаҳо пушишҳои густурда додаанд.

Дар Тоҷикистон дар ин масъала қариб, ки ҳеҷ кори назаррас анҷом дода нашудааст. Баъд аз Оштии миллӣ, дақиқтар дар соли 2001 танҳо аз ду нафар Шириншоҳ Шотемур ва Нусратулло Махсум ёдоварӣ шуда барои абадӣ гардонидани хотираи онҳо ба ҳар ду унвони олии Қаҳрамони халқи тоҷик дода шуд. Вале чанги фаромушӣ дар рӯи хотираи даҳҳо тан аз ҳамқадамон ва ҳамкорони онҳо мисли Чинор Имомов… ва ғайра ва ҳазорони дигар боқӣ мондааст.

Худи "доҳии ҳамаи давру замон ва ҳамаи миллатҳо" Сталин дар ҷое навишта буд: "Марги як тан фоҷиа аст, марги миллонҳо ин омор аст". Ин барои худи диктатор чунин буд, барои миллати ҷафокашида ва дар тули таърих азобу уқубат дидаи тоҷик, хуни бағайриҳақи рехта шудаи ҳазорон ҳамватан ҳамчун фоҷиа пазируфта мешавад ва руҳи поки онон гиромӣ дошта мешавад.

Таърихро барои сабақ гирифтан омӯзед!

Пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ дар охири солҳои 80 -уми асри гузашта, ин мавзӯъ чун дар дигар ҷамоҳири собиқи шуравӣ дар ҷомеъаи тоҷик низ бояд ҳамҷониба таҳлилу баррасӣ мегашт ва шояд ин амал боиси то ба ин ҳад авҷ гирифтани террор дар аввали солҳои навади асри гузашта дар кишвар  мегашт ва тоҷик боз ҳам ба дасти бегонагон бо часпонидани лақаби манфури "вовчик" ва "юрчик" ин қадар қавми худро террор намекард ва фарзандони арҷманд ва тақдирсозашро аз даст намедод.

…Муҳаммад Осимӣ… ва ҳазорон нафар ин рӯйхатро такмил медиҳанд, ки сафҳаи ин мақтаи замонии таърихро бо хуни худ рангин кардаанд.

То ба имрӯз тарсу ҳарос аз ин террорҳо ва амалҳои номатлуби машинаи бюрократӣ дар кишвар пой бар ҷо буда, боиси тарк кардани ҳазорон "ақлҳо" аз кишвар гаштааст. Чунин даҳшат дар гузашта ба сари  фарзандони  халқи тоҷик мисли Абуалӣ Сино, Абуҳанифа, Мавлоно Ҷалолудини Вахшии румигашта, Камоли Хуҷандӣ ва ғайра низ омада аст ва онҳо ҳам тарки ватан карда буданд.

Ҳафтаномаи "Миллат" барои гиромидошти хотираи шаҳидон ва чун сабақи сангини таърих дар ёд мондани ин ҳодисаи хунин тасмим гирифааст, ки дар бораи ин қурбониёни "Террори бузург" дар саҳифаҳои худ матлабҳоеро ҷой бидидиҳад ва дар охир ин мақолоту санадҳоро дар шакли китоб нашр намояд.

Барзу рост мегӯяд!

Чанде қабл муаллифи ин сатрҳо ба ноҳияи Мастчоҳ сафар карда буд ва бо дӯсти худ, Саидшо Акрамов ҷарроҳи шинохта ва дар ҳақиқат шахси рушанфикр вохӯрд. Дар рафти суҳбат ва ба миён гузоштани ин мавзуъ доктор аз мусоҳибаи ҳунарманди варзидаи мо Барзу ёдовар шуд ва афзуд, ки воқеан ин масъалаи ба миён гузоштаи ӯ (бетафовутии мо ба тақдири қурбониёни террори соли 1937) месазад, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи "Миллат" пажуҳиш ва баррасӣ шавад. Аз доктор хоҳиш кардам, ки дар ин бора ягон сарчашмаро медонанд ва ё наздикони ашхоси қурбон шударо мешиносанд, ба мо бигӯянд. С. Акрамов гуфтанд, ки худораҳматии тағояшон замоне як арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ буда ва он кас соли 1937 эъдом шудааст. Дар як фурсати ниҳоят кӯтоҳ доктори муҳтарам барои мо маводи заруриро омода намуданд ва ин хидмати эшон сабаби рӯи саҳифаи рӯзнома омадани матлаби дар поён ба табъ расида шуд.

Хонандагони гиромиқадр! Агар шумо низ аз ҳамватанони шаҳидгаштаи мо дар замони террори сталинӣ огоҳӣ доред ва ё дар бораи онҳо шунида  ё матлабе доред барои мо ирсол намоед. Мо навиштаҳои шуморо бо камоли майлу рағбат дар нашрия интишор хоҳем кард.

Инак, мухлисони азизи "Миллат" аввалин матлаби худро аз ин силсила ба хотири руҳи ҳамватанони шаҳид пешкаши шумо менамоем.

Наҷотбахше, ки худ қурбон шуд

(Иқтибос аз энсиклопедияи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр. Соли нашр 1987. Шаҳри Душанбе.)

Шоҳсаидов Саидшоҳ(1904-1937)Ходими партиявии советӣ, яке аз муборизони роҳи озодӣ барои барпо намудани ҳокимияти советӣ дар Тоҷикистон. Аз оилаи деҳқони камбағал. Узви ҳизби коммунист (аз соли 1926).

Соли 1923 ба отряди Армияи Сурх дохил шуда, таҳти роҳбарии командири отряди сурх Триполский бар зидди  мири Мастчоҳ Аҳмадхоҷа аслиҳа дар даст мубориза бурд.

Солҳои 1925- 1926 шунавандаи мактаби партиявӣ- советии Самарқанд. Ташкилкунандаи аввалин ячейкаҳои комсомолӣ дар деҳаҳои Падрох, Виткон, Пастиғав, Камодони… Мастчоҳ (1926) буд.

Солҳои 1926-29 котиби ташкилоти партиявӣ ва Раиси Комиҷрояи вилояти Уротеппа, солҳои 1932- 33 мудири шуъбаи Ҳизби коммунисти вилояти Ленинобод, солҳои 1933-34 котиби якуми комитети партиявии райони Мастчоҳ. Соли 1934 шунавандаи курси яксолаи Университети Коммунистии Осиёи Миёна (шаҳри Тошканд). Солҳои 1935- 37 котиби якуми комитетҳои  партиявии районҳои Файзобод ва Орҷонкидзеобод. Аъзои КМ ПК, КИМ-и Тоҷикистон буд. Соли 1937 дар як вақт бо Шириншоҳ Шотемур "душмани халқ" эълом шуда дар маҳбасхонаи ИНКВД бо ҷурми "душмани халқ" дар синни 33 солагӣ парронда шуд.

Иқтибос аз гуфтаи хоҳарзодаи Саидшоҳ Шоҳсаидов доктор Саидшоҳ Акрамов: "Бо  Шириншоҳ Шоҳтемур дӯстии наздик дошт ва ҳамроҳи вай бо як ҷурм эъдом гашт. Дар давраи роҳбарии худ Шоҳтемур райони Мастчоҳро ҳамчун райони кӯҳистони аҳолияш камбағал ва бидуни роҳ аз андоз озод намуд. Шоҳтемур ба ноҳияи Мастчоҳ аз рӯи пешниҳоди ҳамсафи хеш чунин кумак карда буд.

Овони бачагӣ ва ҷавонӣ

Дар асл насаби Шоҳсаидов Саидшоҳ чунин буд: Шоҳсаиди Саидшоҳ. (Номи ин кас Шоҳсаид, номи падараш Саидшоҳ буд.)

Шоҳсаид дар овони бачагӣ, 8- солагӣ бо ҳамроҳии ду хоҳари худ пас аз марги падар ятим мемонад. Ӯро амакаш Мирзонабот тарбия намуда аз овони бачагӣ истеъдоди фитрии ӯро ба ҳисоб гирифта, дар мактаби  куҳна имконияти илмомӯзиро барояш фароҳам меоварад. Дар назди мударрисони деҳаи Виткон, Камодон, аз Ҳафтяк, Қуръон Чоркитоб, девони ғазалиёти Ҳофиз, Бедил ва "Мухтасар" меомӯзад ва донишманди хуб мегардад. Истеъдоди шоирӣ низ дошт. Даҳҳо рубоӣ ва ғазал иншо менамояд. Яке аз беҳтарин китобдори замони худ ба ҳисоб мерафт.

Хонаи Шоҳсаид дар соҳили рӯдхонаи "Зарафшон" ҷойгир буд. Пас аз маҳбас шудани вай, ҳамаи дафтарҳои ашъор ва китобҳоро ба дарёи "Зарафшон" ҳаво медиҳанд.

Баъди хатми мадраса вай соҳиби мактаб гашта ба бачаҳои деҳаҳои Виткон, Камодон, Патрохин сабақ меомӯзонад. Аз сабаби он ки босавод ва ятим буд, соли 1924 ӯ аз тарафи  комитети инқилобӣ барои таҳсил фиристонида мешавад. Вай мактаби партиявии шаҳри Самарқандро  аз сабаби дониш ва фаҳмиши хуб доштанаш дар муҳлати ду сол ба таври  экстернӣ (мактаб 4 сола буд) хатм мекунад.

То соли 1926 Матчоҳ уезди ноҳияи Панҷакант буд. Бо кӯшиши Шоҳсаиди Саидшоҳ дар ин сол ноҳияи Мастчоҳ таъсис дода мешавад ва худи ӯ дар ҳоле, ки ҳамагӣ 22 сол дошт, раиси комиҷроя таъин мегардад.

Наҷотдиҳандаи одамони бегуноҳ

Дар солҳои роҳбари ноҳияи Мастчоҳ будани худ даҳҳо одамони донишманде, ки бо ном эшон, муфтӣ, қозиро маҳбас карда нобуд кардан мехостанд, наҷот медиҳад. Яке аз онҳое, ки аз чунин таъқиб наҷот ёфт эшони муфтии Муллоаҳмад буданд. Шоҳсаид духтари тағои худро (модари Мирзо Аҳмадов доктор -профессори риштаи адабиёт) ба ӯ ба занӣ дода мардуми деҳаи Витконро талқин мекунад, ки агар эшони  муфтӣ хоҳанд ба воситаи илми худ самти ҳаракати рӯдхонаи  Зарафшонро ба тарафи муқобил мегардонанд. Манзур аз ин гуфтаҳояш он буд, ки мардуми ин деҳа мабодо он касро наранҷонанд. Дар тӯли 30 соли зиндагонии худ эшони Муллоаҳмад дар ин деҳа эҳтироми олидараҷа ёфт. Эшони муфтии Муллоаҳмад бузургтарин ориф, шоир, фақеҳ донишманди соҳибдевон, солики аҳли тариқат, инсони комил ва вораста буданд. Ин шахс дар миёни ҳамҳалқагони Туғрал, Устод Айнӣ,  Домулло Икромча (падари устод  Ҷалол Икромӣ), Садри Зиё эҳтироми хосае доштанд ва дар мадрасаи Мири Араб таҳсил намудаанд. Пас аз хатми  ин мадраса муфтии Фалғар таъин гаштанд. Дар солҳои мирии Аҳмадхуҷа ба ҳайси Вазири корҳои хориҷа бо роҳбари инқилобии рус  дар Варзи Манор вохӯрда, Эъломияи Мастчоҳро ҳамчун давлати мустақил (то марти соли 1923) имзо намуданд. Пеш аз вохурӣ бо намояндаи рус ва гуфтушунид шарт мегузоранд, ки онҳо бояд иҷозат диҳанд то ҷасади шоир Туғрал, ки аз тарафи аскарони сурх парронда шуда буд, дар деҳаи Зоғсун ба хок супоранд. Эшон муваффақ шуданд, ки  ҷанозаи Туғралро хонда, ҷасади ӯро ҳамчун шаҳиди аъло ба хок супоранд. Эшони муфтӣ ҳам домод ва ҳам пири маънавии Шоҳсаид буданд. Шоҳсаид ҳамчун роҳбари вақт ин шахси наҷибро аз репрессия наҷот дода, дар деҳаи худ маскан медиҳад.

Дар ба дарӣ ва ҳалокати модар

Пас аз душмани халқ эълом шудани Шоҳсаид модари вай Нусратмоҳро бо ҳамроҳи арӯси писараш- Мастура ва фарзандони хурдсол аз деҳа меронанд. Модари вай аз қашшоқию нодорӣ дар деҳаи номуайяни водии Зарафшон аз ғаму ғуссаи фарзандон ва нокомию, ноҷавонмардии баъзе аз ашхоси ҷоҳталаб бедарак аз наздикон вафот меёбад ва ҳамаи фарзандони хурдсоли вай низ аз гуруснагӣ вафот мекунанд.

Дар соли 1959 пас аз марги Сталин (замони Хрушев) дар бораи  сафед гаштани (реаблитатсия ) ӯ ҳамчун як ходими ҳизбию давлатӣ нома дастраси наздиконаш мегардад. Мирзонабот тавонист, ки яке аз фарзандони ӯро, ки Гуландом ном дошт, наҷот бидиҳад. Имрӯз набераи  вай Нозимбек устоди беҳтарини варзиш аст ва бо шарафи бобояш номи писари бузурги худро Шоҳсаид гузоштааст.

Писарамаки Шоҳсаид ва шавҳари хоҳари ӯ Саидакрам Наботов яке аз аввалин муаллимони ноҳияи Мастчоҳ, поягузори маориф дар ин ноҳия, аввалин муаллими дорои маълумоти олӣ тамоми умри худро дар роҳи донишомӯзии мастчоҳиён сарф намудааст, то даме ки ба яке аз  сеъздҳои ҳизби коммунист мактуб навишта ҷавоби мусбӣ гирифтан ҳамчун домод ва  писарамаки "душмани халқ" азияти бисёре аз дасти ҳукуматдорони замон дида, ба  сафи ҳизби коммунистӣ қабул карда нашуд.

Бешубҳа ҳақ ба ҷониби ҳамсуҳбати ман доктор Саидшоҳ Акрамов аст, ки дар охири суҳбатамон гуфт: "Бузургтарин гуноҳи Шоҳсаид донишманд будани ӯ буд. Дар он замон роҳбарони донишманд ва худшинос зарур набуданд, чунки онҳо директиваҳои аблаҳонаро иҷро намекарданд. Аз ин сабаб донишмандонро бо тамғаи "душмани халқ" куштанд ва ба ҷои онҳо шахсони бесаводу нодонро роҳбар таъин мекарданд, то ки ба "ҷои сала кала биёранд".

Неъмат Неъматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97