Ҳай-ҳай: «Барака» мубалиғи фарҳанги мо, мо мубалиғи бефарҳангӣ?!

Иҷтимоъ 16.08.2013 18:53

BarakaГуруҳи ҳунарии "Барака"-и Латвия мегӯяд, дар роҳи бозгашт аз Душанбе ба Рига, дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Тоҷикистон, бо онҳо рафтори ношоиста сурат гирифтааст.Дмитирй Евсиков, раҳбари гуруҳи "Барака"-и Латвия дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ навиштааст, ки пас аз хатми сафари ҳунарӣ, ба ҳангоми бозгашт дар фурудгоҳи Душанбе аз тарафи кормандони СИП-толор мавриди бадрафторӣ ва муносибати ношоиста қарор гирифтаанд.

Дмитрий Евсиков, раҳбари гуруҳи «Барака»-и Латвия пас аз бозгашт ба кишвари худ бо навиштани хотираи нек аз Тоҷикистони офотобрӯя зикр кардааст, ки пас анҷоми барномаи ҳунарӣ, соати 2-и шаб ба толори СИП-и фурудгоҳ омаданд ва кормандони навбатдори фурудгоҳ аз онҳо барои интиқоли асбобҳои ҳунариву дигар васоили мусиқӣ, ду маротиба бештар пул талаб намуданд.

Дмитрий Евсиков мегӯяд, «сарфи назар аз он, ки бонуи ҳунарпешаи гуруҳи мо ба танг омада гиря мекард, вале кормандони фурудгоҳ ҳамоно исрор мекарданд, ки агар маблағи гуфтаи онҳоро надиҳанд, ба ҳавопаймо савор шуда наметавонанд, мо намедонистем, ки дар инҷо ба дасти киҳо афтодаем.»Дмитрий Евсиков навиштааст, вақте онҳо бағочи худро гузарониданд ва акнун мебоист аз назорати нуқтаи марз гузаранд, аз нав дарди сар оғоз шуд: «Дар дасти мо ду гитор ва се сетор буд, ки яке аз онҳоро аз Хона музеи Наргис Бандишоева ба мо модари Наргис тақдим карда буд, вале азбаски мо маблағи гуфтаи онҳоро надодем, ҳамон корманди фурудгоҳ омада ба марзбонон ба таври махфӣ чизе гуфт ва онҳо ба толори интизор гузаштани моро бо асбобҳои мусиқӣ, манъ карданд.»Раҳбари гуруҳи "Барака" мегӯяд, «ҳарчанд мо исрор мекардем, ки асбобҳои нозукро наметавонем ба багаж бисупорем, вале онҳо ҳамчунон намегузоштанд, ки мо ба толор ворид шавем».

Дмитрий Евсиков афзудааст, ки барои муддати зиёд кормандони фурудгоҳ ва гумрук нагузоштанд, ки онҳо бо асбобҳои мусиқиашон дохили ҳавопаймо шаванд. Ба иловаи ин, кормандони фурудгоҳ гузарномаи парвозро (пасадочний талон) то ба Маскав пур карданд. Ҳоло он, ки онҳо тариқи транзит бояд аз фурудгоҳи Маскав ба шаҳри Рига парвоз мекарданд.Ба нақли сардори гуруҳи ҳунарӣ, дар фурудгоҳи Маскав бинобар надоштани талон онҳоро барои убур аз як терминал ба терминали дигар иҷозат надоданд ва хулоса аз барои саҳлангориҳои кормандони фурудгоҳи Душанбе, то расидан ба Рига онҳо дучори мушкил шудаанд.

Бахши амнияти фурудгоҳи Душанбе мегӯяд, ҳоло ба баррасии қазияи мазкур оғоз кардааст. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 14-уми август ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки масъулини фурудгоҳ аз рух додани чунин ҳолат хеле мутаассиф ҳастанд ва барои мушаххас кардани ин ҳодиса, Бахши амниятии фурудгоҳ ба баррасии ин масъала оғоз кардааст. Онҳо бо такя ба навори дурбинҳои дохили фурудгоҳ дастандаркорони ин бадрафториро мушаххас хоҳанд кард ва дар нисбати онҳо чораҷуӣ хоҳанд намуд.

Дмитрий Евсиков, сардори гуруҳи «Барака»-и Латвия меафзояд, ки сарфи назар аз ин муносибати кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, аммо вай Тоҷикистонро бо мардуми меҳмоннавозаш дӯст медорад.

«Барака», (ба маъноми Баракат) як гурӯҳи мусиқӣ аз Латвия 9 август дар шаҳри Хоруғи Бадахшон ва рӯзи 11 август дар толори меҳмонхонаи «Серена»-и Душанбе барнома иҷро кард. Ин барнома «Эҳдо ба Наргис» унвон дошт ва муаррифии албоми ҳамном аст, ки ба Наргис Бандишоева, овозхони марҳум бахшида шуда, гуруҳи латвиягӣ таронаҳои ӯро дигарбора хондаву сабт кардааст. Ва ин севвумин албоми «Барака» аст, ки ба забони тоҷикӣ садо медиҳад. Сафари гуруҳ ба Тоҷикистон бо ибтикори ширкати «Ориёно - Медиа», пуштибонии молии ТАЛКО ва дастгирии иттилоотии сомонаи «Tonight.tj» сурат гирифта буд.

Аз ин дида шармандагӣ магар мешавад?! Намояндагони миллате фарсахҳо аз мо дур тараннумгари мусиқӣ ва фарҳанги мо бошад ва мо бидуни ҳаё ва берун аз ваколати хидматии худ ба меҳмони азизи кишвари худ чунин муносибат мекунем. Ин ҳам дар ҳолест, ки то чанд рӯзи дигар Тоҷикистон мизбони конфронси байналмилалии об хоҳад буд ва меҳмонони зиёди олиқадр ба кишвари мо хоҳанд омад ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо пахши хабаре омодагии хешро барои пазириши шоиста аз ин меҳмонони гиромӣ эълом доштааст. Ҳанӯз ин хабар дар фазои хабарӣ доғ буд ва сард ҳам нашуда буд, ки раҳбари гуруҳи «Барака» аз «меҳмоннавози»-и кормандони фурудгоҳи Душанбе дар ҷаҳон овоза кард. Яқинан, ин на танҳо латма ба имиҷи Фурудгоҳи Душанбе зад, балки имиҷи кишвари Тоҷикистонро низ латмадор кард.

«Миллат» қаблан ҳам ба дастандаркорони «Талко», замоне ки таблиғи Тоҷикистонро бо сарфи маблағи зиёде дар шабакаи «Евронюс» шуруъ кард, таъкид карда буд, ки пеш аз даъвати меҳмон хонаро бояд ҷорӯб зад. Акнун пас аз ин ҳама «мушти пас аз ҷанг»-ро бар сари кӣ бояд кӯфт? 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97