Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Бачаи кӣ дар «лагер»-и Русия аст?

Иҷтимоъ 10.08.2013 11:31

MuhojirПас аз як ҳафтаи амалиёти вижаи пулиси Маскав Сафорати Тоҷикистон дар Маскав эълом дошт, ки 10 шаҳрванди тоҷик дар лагери барои муҳоҷирони боздоштшуда сохтаи мақомоти Русия қарор доранд.Сафорат дар иттилоъияе, ки рӯзи 6 август нашр кард, мегӯяд, ду намояндааш - Абукарим Абдураҳимов ва Афзалӣ Саидҷаъфаров  - рӯзи 5 август аз ин "хаймазиндон"-и воқеъ дар гузаргоҳи Иртиш -2 дар  ноҳияи Голяновои пойтахти Русия дидан карданд.Фиристодаҳои сафорат мегӯянд, аксари бошандагони ин лагер зоҳиран шаҳрвандони Ветнам ҳастанд ва танҳо 10 нафари онҳо аз Тоҷикистон буда, аз рӯзи 31 июл дар боздошт қарор доштаанд. Сафорат рӯйхати ин муҳоҷирони тоҷики боздоштшударо, ки аз 18 то 38 сол доштаанд, нашр кардааст:

1. Ризвоншоев Нусратулло Мусофирович, соли таваллуд; 14.06.1971, сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ, деҳаи Лоҳутӣ;

2. Валиев Акбар Муродович, соли таваллуд; 05.03.1962, сокини ноҳияи Муминобод, деҳаи Навоӣ 76/1;

3. Ҳусайнов Абдулҳалим Файзуллоевич, соли таваллуд; 03.08.1975, сокини ш. Кӯлоб, ҷамоати Даҳана, уч. Гулзор;

4. Ганҷалов Мирсаид Анварович, 28.11.1990 соли таваллуд, сокини ноҳияи Носири Хисрав, деҳаи Подвоз;

5. Назаров Абдураҳмон Игамбердиевич, соли таваллуд; 27.06.1992, сокини ноҳияи Қумсангир, деҳаи Маданият;

6. Баҳромов Фурқат, соли таваллуд; 18. 09.1987, сокини н. Ҳисор, шаҳраки Ҳисор;

7. Нурбеков Исмоил Аҳмадович, соли таваллуд; 16.03.1993, сокини маркази ноҳияи Ҷиликӯл;

8. Қувватов Бахталӣ Маҳанович, соли таваллуд: 02.11.1991, сокини ноҳияи Ёвон, ҷамоати Даҳана;

9. Самадов Ҷ. А., соли таваллуд; 07.01.1995, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Р. Набиев.

10. Раҳимов Ҷаҳонгир Мирзоевич, соли таваллуд; 23.10.1991, сокини ш. Кӯлоб, кӯчаи И. Сомонӣ.

Ба гуфтаи фиристодаҳои сафорати Тоҷикистон, дар лагери муҳоҷирон "теъдоди зиёди истиқоматгоҳҳои палаткагин барои хоби боздоштшудагон омода карда шуда, ин мавзеъ бо ҳоҷатхонаҳо ва кабинаҳои оббозӣ ҷиҳозонида шудааст."

Сафорат дар иттилоияи хеш ҳамчунин менависад, "зимни суҳбат ҳамагӣ шаҳрвандони тоҷикистонии боздоштшуда иқрор мешаванд, ки дар ҳақиқат зимни будубош дар ин кишвар тартиботи муайяншударо вайрон намудаанд. Аммо дар рафти суҳбат аз камбудиҳо ва танқисиҳои худ низ дар ин лагер ба кормандони сафорат шикоят намудаанд."

Мақомоти додгоҳии Маскав ба намояндаи сафорати Тоҷикистон гуфтаанд, ки шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик ба нақзи қоидаҳои иқомат дар Русия айбдор шуда, "аксарияти онҳо ба маблағи то 2000 рубл ҷарима карда мешаванд." Аммо то кунун танҳо нисбат ба яке аз шаҳрвандони тоҷик қарори додгоҳ содир шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Светлана Ганнушкина, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар, ки низ аз ин лагери муҳоҷирон дидан кардааст, рӯзи 5 август ба "Озодӣ" гуфтааст,  шаҳрвандони тоҷик ба ӯ аз боздошти ғайриқонунӣ ва ба ин лагер мунтақил шудани худ шикоят кардаанд.

Светлана Ганнушкина мегӯяд, ӯ дар қароргоҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистон суҳбат дошт ва яке аз онҳо шиква кардааст, ки ҳангоми боздошт кормандони полис ноутбук ва ҳуҷҷатҳояшро гирифтаанд. Ҳамаи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ аз сӯи додгоҳ барои истирдод маҳкум шудаанд, вале маълум нест, ки мурофиаи додгоҳии онҳо чӣ гуна сурат гирифтааст, зеро  барои баррасии парвандаи ҳар як нафар ҳамагӣ чанд дақиқа ҷудо шуда буд ва онҳо имкони дифоъ аз худро надоштанд.

Светолана Ганнушкина меафзояд, ки яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон - Нусратулло Ризвоншоевро кормандони полис ?айриқонунӣ, як рӯз пеш аз хатми сабти номаш, боздошт карданд. Ба гуфтаи ӯ, "дар як додгоҳ додрас аз истирдоди Нусратулло сарпечӣ кардааст, зеро асноди ӯ мушкиле надоштанд. Аммо кормандони полис ба ҷойи раҳо кардани Ризвоншоев ӯро ба дигар додгоҳ бурданд ва гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳояш тақаллубианд."

Светлана Ганнушкина гуфт, ки вазъи "хаймазиндон" тоқатфарсо аст, зеро дар ҳар хаймаи на он қадар бузург чиҳил кати симини дуқабата гузошта шудааст. "Дохили ин хаймаҳо даромадан ваҳшатнок аст, зеро баъд аз чанд дақиқа кас худро дар "камераи газӣ" эҳсос мекунад", -мегӯяд ин ҳомии ҳуқуқи башар. Ӯ меафзояд, ки аз ин амали мақомоти Русия шармаш меояд. Аз нигоҳи ҳомии ҳуқуқи башар, "ҳама муҳоҷирон, агар ҳатто ғайриқонунӣ ҳам кор мекарданд, қурбонии системи заҳмати ғуломона ва ғайриқонуниянд, ки дар Русия дар пеши чашми ҳама арзи вуҷуд кардааст. Аз байн бурдани ин низомро на аз қурбониён, балки аз манбаъҳои он бояд шуруъ кард," - мегӯяд Светлана Ганнушкина.

Рая, хонуми Нусратулло Ризвоншоев, дар сӯҳбати телефонӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ба ӯ рӯзи душанбе ҳам кормандони полис ба ӯ иҷоза надоданд, ки ба шавҳараш либоси тозаву ҷӯроб ва хамираи дандон расонад. "Шавҳари ман се рӯз боз дар қароргоҳ аст ва ман се рӯз боз барои ӯ либоси тоза мебарам, аммо кормандони пулис қабул намекунанд. Шабҳо дар хайма ҳаво сард аст, шавҳари ман бошад бемории сармохӯрдагӣ дорад ва вақте ӯро боздошт карданд, дар танаш фақат як футболка дошт", - мегӯяд ӯ.

Ӯ меафзояд, "ман ба сафорати Тоҷикистон телефон кардам, гуфтам, ки мо ин ҷо тамоман бесоҳиб мондаем. Шавҳарам гуфт, дар он ҷо барқ нест, ҷойи оббозӣ нест, дар як рӯз фақат ду бор гречка  медиҳанд ва он ҳам бе нон…".

Амалиёти "поккорӣ дар бозорҳои Маскав" баъд он шуруъ шуд, ки рӯзи 27 июл маъмури пулис Антон Кудряшов ҳангоми талоши боздошти як гумонбар дар бозори "Матвеевский"-и Маскав ҳадафи ҳамлаи гурӯҳи қафқозиҳо  қарор гирифт. Кудряшов то ҳол дар бемористони ба номи Бурденко таҳти табобат қарор дорад. Нафари гумонбар дар таҷовуз Магомед Магомедов, ки талоши боздошти ӯ дар бозор ба занозанӣ ва латукӯби афсари пулис мунҷар шуд, ҳамроҳ бо хоҳараш Ҳалимат Расулова ва шавҳари ӯ Магомед Расулов алакай дастгир шудаанд.

Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки ба пулис ҳамла карда, сари ӯро зада кафондаанд. Расулов ин иттиҳомро радд карда, гуфтааст, кормандони пулисро авбошони мусаллаҳ гумон бурдааст. Бар пояи ду банди Қонуни ҷиноии Русия (317 ва 318)  ҳуҷум ба ходими пулис ҷурми ҷиддӣ арзёбӣ мешавад ва муҷрим метавонад ба ҳабси якумрӣ маҳкум шавад.

Ба иттилои раёсати умури дохилаи Маскав, дар ҷараёни амалиёт дар бозорҳои пойтахт 1436 тан аз муҳоҷирони ?айриқонунӣ боздошт шуданд. Беш аз 4,5 ҳазор муҳоҷир мавриди тафтиши кормандони полис қарор гирифтаанд. Фақат дар як амалиёт дар шарқи Маскав 1200 шаҳрванди Вйетнам дастгир шуданд, ки дар 20 коргоҳи ?айриқонунӣ ба тавлиди либосҳои тақаллубӣ машғул буданд. Дар ҳамон минтақа 200 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Миср, Марокаш, Сурия, Узбакистон ва Озарбойҷон низ ҳангоми кор дар корхонаҳои бидуни иҷоза ошкор шуданд. Сафорати Ветнам дар Маскав аз шароити буду боши муҳоҷирони мунтазири истирдод дар шаҳраки хаймаҳои Голяново шадидан интиқод кард. Раҳбари консулгарии Вйетнам дар Маскав Ле Хонг Чюнг гуфтааст, ки "шароит дар қароргоҳ хело бад аст, дар як хаймаи андозааш 50 метри мураббаъ 40 нафар ба сар мебаранд, ин шароити комилан ғайрибашарист."

Бо ин ҳол, амалиёти зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба вилояти Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия густариш меёбад. Ба иттилои расонаҳо, рӯзи 5 август дар шаҳри Долгопруднийи канори Маскав беш аз 600 муҳоҷири ғайриқонунӣ ва дар Твер 264 нафар боздошт шудаанд.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки қарор аст, дар сартосари Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунии боздоштшуда ба мисли "хаймазиндон"-и Голяново 83 қароргоҳ таъсис шавад.

Имрӯзҳо мавзӯъи аввалин тамоми расонаҳои хабарии ҷаҳон дар Русия боз кардани лагерҳо барои вайронкунандагони қоидаҳои буду бош дар ин кишвар  мебошад. Сохтани ин гуна зиндонҳо худи ҳомиёни башари ин кишварро низ нигарон кардааст, зеро ки нигоҳдории  40 нафар  одамон дар  хаймазиндонҳои 50 метри мураббаъ масоҳат дошта,  комилан як амали  ғайрибашарӣ ҳисобида мешавад. Мо ин ҷо дар бораи мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ягон ҳарфи муқобил надорем. Мубориза бо он ҳаққи ҳар кишвар, аз он ҷумла Русия низ аст. Аммо он бояд дар як шакли башардӯстона ва дар чорчӯбаи қонун сурат бигирад.

Мақомоти баландпояи  Русия даъво мекунанд,ки кишвари онҳо мамлакати гуногунмазҳаб буда, ба ҳамаи эътиқодмандони динҳо ба вижа ислом ҳурмату эҳтиромро қоиланд. Дар моҳи Рамазон ва иди мубораки он, ки барои ҳар мусалмон муборак аст, нигоҳдории пайравони ин дин дар чунин шароити ғайри инсонӣ ҳақонӣ будани ин даъвои онҳоро ба зери шубҳа мегузорад.

Баъди хондани ин гуна хабарҳо хоҳу нохоҳ чунин суол худ аз худ ба миён меояд. Кадом давлати иттифоқчӣ ва шарик ба шаҳрвандони кишвари дӯст ва иттифоқии худ чунин муносибати хушунатборро муносиб мебинад?

Барои чӣ Ҳукумати Тоҷикистон ва азҳоби сиёсии кишвар ва дигар созмону иттиҳодияи ҷамъияти ин аҳволро нодида гирифта ба тақдири ҳамватонони худ чунин беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Охир ин 10 нафар фарзанди Тоҷикистонанд, фарзанди мову шумо, халқиву демократӣ, сотсиал-демократу коммунисту исломисту ҳоказоҳои дигар.

Худо кунад, ки масъулону ходимони сиёсии кишвар дар арафаи Иди мубораки Рамазон дилашон ба ҳоли ин ҳамватанон бисӯзаду аз пайи озод кардани онҳо шаванд. Аҳзоби сиёсӣ ҳам агар аз хоб бедор шаванду ёдашон биёяд, сиёҳ кардани чанд сатр рӯи варақ ба хотири дифоъ аз фарзандони ин сарзамин кори чандон мушкиле нахоҳад буд. Танҳо ирода мехоҳад.

Ба ҳар сурат дар пеш маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихобот аст ва раъйи ин муҳоҷирони овораву бечора боз барои ҳамин ҳизбҳои сиёсӣ лозим мешавад. Не?! 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97