Тоҳири дилҳо

Иҷтимоъ 22.07.2013 14:30

Ahmadsho va tohirСимбули озодӣ. Микрафони шаш. Тоҳири дилҳо. Меъмори истиқлол. Шахсияти нодир.

Ӯ мегуфт: ҳар касе ҳанӯз ҳам агар эътирозе дорад, бигӯяд, ман кадом вақт, дар кадом макон, дар кадом ҳолат ҳарфи ғалат ва ё дурӯғ гуфтам, омодаам бипазирам. Вале чунин коре накардаам. Аввалин ҳарф ва талошамон ин буд, ки гуфтем, бояд истиқлол дошта бошем - магар ғалат буд!

(Тоҳири Абдуҷаббор)

Тоҳири Абдуҷабборе, ки солҳои 80-90-ум барои озодии мардум ва истиқлоли кишвараш бебокона ва ҷасурона, ба сӯи орзую умеди мардум, роҳ пеш гирифт ва дар ин роҳ ҷони азизи худро дареғ надошт ва қурбон кард.Аз ин ҷост, ки Аҳмадшоҳи Комил тартибдиҳандаи китобе бо номи "Меъмори истиқлоли Тоҷикистон" дар бораи ин марди худогоҳ навиштааст: "Тоҳири Абдуҷаббор як шахсияти нодир, донишманд, фаъол ва мубориз буд ва дар таърихи зиндагии як давраи Тоҷикистон, он ҳам замони бозсозии сиёсати миллӣ ва эҳёгарӣ нақши рӯшане дорад", ҳақ ба ҷониби ӯст.

Дар бораи муборизаи истиқлолталабии шодравон Тоҳири Абдуҷаббор рӯзноманигор, дӯст ва шогирди устодРаҳматкарими Давлат мегӯяд: "Ман тамоми рӯзнома ва нашриёти солҳои 1989-1990-ро тагурӯ кардам. Вале аз як нафар ҳам нахондам, ки ба сароҳат гуфта бошад; Тоҷикистон бояд давлати мустақил бошад.Ба ҷуз ӯ. Азизон мебахшед, бо ҳама бузургиатон, аммо санаде дар номи касе ба ҷуз аз Тоҳири Абдуҷаббор сабт нашудааст. Пас андешаи истиқлол ҳаққи ҳалоли ӯст. То ин муҳимро эътироф накунем, адолатамон ноқис хоҳад буд"…

Кист ин шахсияти нотакрор? Чӣ кулборе дар бозувони худ дошту чӣ кулвореро бо худ бурд, кист он нафаре, ки дар дилу дидаи ҳамасрон, ҳамақидаҳо, ҳамсафон, дӯсту душман, шогирдон, мансабдорону бемансабон ҷой гирифтааст? Кадом модари тоҷик ӯро ба дунё овардаву парвариш намудааст. Кадом мавзеи Ватани азизу гиромӣ ӯро бо ҳавои тоза парвариш додааст?

Тоҳир 10-феврали соли 1946 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт, вилояти Суғд дар оилаи Абдуҷаббор Калонов чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Пас аз итмоми мактаби таҳсилоти ҳамагонии деҳааш соли 1962 ба факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда ва соли 1966 бо умеду орзуҳои зиёд онрохатм карда, ба фаъолият пардохтааст. Ӯ фаъолияти кории худро дар Пажӯҳишгоҳи ботаника оғоз карда, сипасаз соли 1968 дар  Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон идома додааст. Соли 1969 ба аспирантура дохил шуда, шурӯъ аз ҳамон сол дар пойитахти Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳри Маскав дар  Пажӯҳишгоҳи ховаршиносииФУ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил кардааст. Соли 1974 соли хеле хуб ва бурдбориҳо барои Устод буд. Ӯ рисолаи номзадии худро бо номи "Масоили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Покистон" бо муваффақият дифоъ карда ва сазовори унвони Номзади илми иқтисод шуд.

Устод Тоҳири Абдуҷаббор моҳи феврали соли 1976 бо роҳхати Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии ФУ Тоҷикистон чун мутахассиси соҳаи иқтисодии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба Афғонистон эъзом шуд ва ба унвони тарҷумон ва мушовир дар сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон кор кардааст.Сафари минбаъдааш ба ин кишвар соли 1983 ба вуқӯъ мепайвандад. Ӯ дар баробари кор дар сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1985-87 дар Донишгоҳи улуми иҷтимоии шаҳри Кобул ба тадрис машғул будааст. Пас аз бозгашт ба Ватан дар соли 1987 дар Донишгоҳи кооперативӣ ва Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон омӯзгор буд ва ба шогирдон бо самимияте, ки хоси ӯ буд, дарс гуфтааст.

Шурӯъ аз соли 1989 дар фаъолияти Ҷунбиши демократӣ ва истиқлолиятхоҳӣ ба унвони созмондеҳ иштирок карда, тавонистааст, ки диққати бисёриҳоро бо калому матонате, ки дошт ҷалб кунад. Ӯ тавонист ҳадафҳои муборизаи миллӣ ва истиқлолхоҳироба сурати дуруст муаррифӣ куна два гурӯҳи калони мардумро ба роҳи рост ҳидоят намояд.

Ҳамин муборизаҳо ва рӯшангариҳо сабаб шуд, ки Созмони мардумии Растохезро ба саҳнаи сиёсат овард, ки ҳукумати вақт 21-июни соли 1991 ин созмонро номнавис кард. Роҳбарии ин созмон дар пешорӯи нофаҳмиҳо ва мухолифати шадиди гурӯҳҳои гуногун ба дӯши устоди арҷманд афтод.

"Созмони Растохез бар зидди системаи мавҷудаи бюрократӣ бар зидди диктатураи ҳизб, ки даҳсолаҳо инҷониб принсипҳои сотсиализму демократия, адлу инсоф ва ахлоқи инсониро нодида мегирифт, мубориза мебурд. Растохез тарафдори ҳақиқат, адолат, озодӣ ва баробарию бародарӣ буд ва мекӯшид, ки ҳеҷ касе (гурӯҳе ҳизбе) болои касони дигар ҳукумату фармонравоӣ накунад, ҳаққи дигаронро нахӯрад. Ҳама ва ҳар кас озоду соҳибихтиёр бошад ва фақат аз ҳисоби кору заҳмати худ зиндагӣ бикунад".(Аз барномаи Растохез). Дар бораи ҳадафҳои созмон устодТоҳири Абдучаббор чунин гуфта буд: "Ҳадафи мо баррасии мушкилоти мардум ва пешниҳод кардани назариёти худ ба ҳукумат буд, на талоши мансаб. Ба андешаи шахсии ман, мансабталабӣ кори зишт аст. Ҳадафи мо озодӣ буд, озодии инсон. Мо барои қудрат талош накардаем ва парвои онро ҳам надорем".

Устод Тоҳир 25-феврали соли 1990 дар нахустин интихоботи рақобатии Тоҷикистон вакили мардумии Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум интихоб шуд.Ӯ дар иҷлосия 16-ум соли 1992 ширкат дошт. Дар кишвар марҳалаи нави ҷанги бародаркуш оғоз гардид ӯ маҷбур шуд, ки берун аз кишвар биравад ва муҳоҷир бишавад. Дар ин муддат чанде дар Русия, Ирон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба сар бурда, ба тадрису таҳияи китобу мақолаҳо машғул шудааст. Устод то пояи профессорӣ расида, хеле заҳматҳоро паси сар кардааст.

Ба гуфтаи бисёриҳо, ҷои устод Тоҷикистон буд, чунки ӯ дар ин ҷо лозим буд, инро дӯстон хеле хуб дарк мекарданд. Ҳадафи дӯстони устод Тоҳир - аз хориҷ ба дохили кишвар овардани ӯ, истифода аз донишу маърифати беназираш ба манфиати кишвар ва насли ҷавони тоҷик будааст. Мо шоҳид ҳастем, ки ҳатто дар як муддати кӯтоҳ андешаҳои арзишманди ин ҷомеашиноси беназир дар миёни мардум ва ҳатто сиёсатшиносони кишвар пайрав пайдо кардаанд, мегӯянд касоне, ки ӯро мешинохтанд. Соли 2005 ба Ватан баргашт ва фаъолияти худро дар соҳаи таҳлилу таҳқиқи масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, ва фарҳангӣ идома дод ва навиштаҳои зиёде дар матбуот дарҷ кард. Аз қабили "Дониш ва маърифат", "Нархҳо ҳикоят мекунанд", "Миллат ва ормони он", "Роғун бояд моли давлати Тоҷикистон бошад", "Суду зиёни муҳоҷирати нируи кор", "Омилҳои ваҳдаткуш ва ваҳдатзо", "Роғунро бе Русия ҳам метавон сохт" ва чанде дигар аз ҷумлаи таҳлилу пешгӯиҳои донишмандонае ҳастанд, ки барои тақдири кишвари мо аҳамияти хоса доранд.

Устод аз моҳи майи соли 2007 дар Донишгоҳи Байналмилалии Тоҷикистон ба тадрис оғоз ва то охири умр дар он ҷо фаъолият кард.

Тоҳири Абдуҷаббор 21-апрели соли 2009 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт, ки зодгоҳи ӯст даргузашт, ки аз ин мусибат ҳама дӯстону пайвандон ва шахсоне, ки ӯро мешинохтанд ғамгину андуҳнок шуданд. Бо рафтани ӯ гӯё сутуни илм ва дониш фурӯ рафт ва як инсони бедор, ки бедареғ ғами ин миллатро мехӯрд, ба ҷовидонӣ пайваст шуд ва Худованд, ки қадршиноси инсонҳост, ӯро ба назди худ бурд.

Дар хиёбонҳои сарсабзу сояпӯши Душанбе қадам мезанему, аз файзи истиқлол ва истиқболи кишвар, аз озодии нисбие, ки насиби ин миллати ҷафокашидаю ҷафодидаи мо шудааст шукр мегӯем. Медонам, ки замоне дар ин хиёбону ин роҳравҳо Устоди арҷманд Тоҳири Абдуҷаббор низ қадам задааст.Ёдам меояд, рӯзи 26-уми январи соли 1990 дар хиёбони марказии пойтахт, ки ҳоло номи Рӯдакиро дорад, аз чорроҳи Хонаи матбуот то назди қасри Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист нахустин роҳпаймоии начандон калоне баргузор шуд, ки онро устод сарварӣ мекард. Ӯ ба гарданаш шиоре овехта ва бо шиору суханонаш аз озодии сухан, ҳуқуқҳои инсон ва интихоботи шаффоф ҳимоят мекард.

Бале, ин хиёбону майдонҳои пойтахт шоҳиди воқеаҳои зиёде мебошанд. Ва ба фикри банда, ҳар як ваҷаби ин хиёбонҳо шоҳиди талошу мубориза барои истиқлолият, мақоми забони миллии мо ва беҳбуди зиндагӣ ҳастанд, ки пешвои ин муборизаҳо устод Тоҳири Абдуҷаббор буд. Барои ман ҳар ваҷаб хоки ин хиёбонҳо чун ёдгоре аз муборизаи ҳақталошона бо роҳбарии устод Тоҳирхеле азизанд. Чунки дар ин сарзамин 20-21 сол пеш дар ҳамин хиёбонҳо, балки дар саросари ин сарзамин, ки Тоҷикистон ном дорад, номи истиқлол вуҷуд надошт ва ин неъмати воқеан бузург бо талоши нируҳои зеҳнии ин сарзамин барои мардуми кишвар бо такопуи зиёд ва ҷуброни ҷонию молӣ насиб шуд. Дар он замон ва шояд ҳоло ҳам қисме аз мардум ба ин мафҳум шинос нашудаанд, вале истиқлол озодии кишвар, озодии мардум ва манбаи пешрафти миллат аст. Дуруст аст, ки дар оғоз мушкилоте вуҷуд дорад. Вале дар маҷмӯъ доштани ҳукумати миллӣ бо ҳама атрибутҳояш дар сатҳи ҷаҳон ифтихору қаноатмандии бузург аст. Имрӯз роҳҳои Тоҷикистон ба хориҷ боз шудаанд, кишвари мо бо ҷаҳон тиҷорат мекунад, фарзандони мо дар хориҷ таҳсил мекунанд, мардум ба дидани кишварҳои ҷаҳон мераванд - ҳамаи ин намунае аз неъматҳои истиқлол ҳастанд. Мушкилиҳо пушти сар мешаванд, вазъи зиндагӣ беҳтар мешавад, чунки мо Истиқлол дорем. Ба ҳамин сабаб набояд фаромӯш кард, мардоне буданд, ки хеле барвақт ормони истиқлолро ба сар мепарвариданд ва ба дил меҷамиданд ва барои расидан ба ин ормони бузургтарҳҳо мекашиданд ва роҳҳои амалан ба он расиданро ҷустуҷӯ мекарданд.

Бояд гуфт, ки ҳамин тоифаи рӯшанзамиру асилзода бо фаро расидани фурсати муносиб аз истиқлолу озодӣ садо баланд карданд. Аммо дар ин миён устоди арҷманд Тоҳири Абдуҷаббор гоҳе танҳо ба танҳо бо ҳама пастиҳо ва мушкилот мубориза кардааст ва аз баъзе зимомдорони давр таҳқиру тавҳин, сарзанишу маломат ва бадбиниву хусумат дидааст, чун оини зиндагӣ дар бисёр давру замон ин гуна будааст. Инсонҳо ба иборае, гоҳе аз худиҳо, на аз бегонагон ҷабрҳо кашидаанд. Худиҳо дар гардиши таърих, яъне ҳамтоифаҳои мо аз қаблу қабоили худамон моро он чунон ҷафоҳо додаанд, ки бегонагон шояд надодаанд. Албатта, бисёр ҳодисаҳое низ рух додааст, ки гоҳе худиҳо бо дасти бегонагон худиҳоро саркуб кардаанд.

Дар миёнаҳои солҳои 1989 ин абармарди донишманд, тарҳи Эъломияи истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистонро дар рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" нашр кард, ки албатта аз сӯи порлумон бандҳое аз он пазируфта шуд, вале бо сурати комил қабул нашуд.

Дар 24 августи соли 1990, акнун вақте ки вакили маҷлис, яъне Шӯрои Олии Тоҷикистон буд, ба сароҳат се намуна аз Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро пешниҳод кард. Тарҳи сеюми Эъломияи ӯ, ки дар ҳоли рост истодан дар назди микрофони шаш эҷод шуда буд, иборат аз як банд буд. Ва он ҳам иборат аз як ҷумла ва ин: "Тоҷикистон давлати мустақил ва соҳибихтиёр мебошад".

Эъломияи пешниҳодкардаи ӯ дар маҷмуъ аз 26-модда иборат аст. Дар моддаи 11 ин Эъломия омадааст:"ҶШС Тоҷикистон давлати демократии ҳуқуқбунёд буда, дар он тамоми қудрати давлатӣ ба халқ тааллуқ дорад ва халқ онро (қудрати давлатиро) бевосита ва ҳам аз тариқи намояндагони худ амалӣ месозад. Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон (сарфи назар аз миллаташон) халқи тоҷикро ташкил медиҳанд. Халқи тоҷик соҳибихтиёр ва манбаи ягонаи қудрати давлатӣ мебошад. ҶШС Тоҷикистон давлати миллии халқи тоҷикро ҳимоя ва ҳифозат мекунад".

Дар моддаи 22-и Эъломия гуфта шудааст: "Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки афроди ҷомеаро бар хилофи қонун гунаҳкор, боздошт ё ҳабс намояд. Ашхосе, ки бидуни риояти аҳкоми қонун, худсарона фармон содир мекунад ва ё онро иҷро мекунад ва ҳамаи онҳое, ки аҳкоми қонуниро ба тарзу шеваҳои ғайриқонунӣ ва дур аз ахлоқи инсонӣ иҷро мекунанд, шадидан ҷазо дода мешаванд".

Замоне ки ин ҳуҷҷат рӯи кор омад, ҳанӯз равшан набуд, ки он чӣ гуна амалӣ мешавад. Имрӯз айён шуд, ки беҳтарин ҳуҷҷат барои мардуми Тоҷикистон будааст ва саривақтӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Тоҷикистон бо пофишории як идда намояндагони рӯшанфикри мардумӣ қабул гардид ва имрӯз як ҳуҷҷати арзандаю шарафманди таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин санади тақдирсози миллат ба андешаи воло ва ба дасти марди шариф Тоҳири Абдуҷаббор эҷод шудааст. Устод бар пояи фитрати бақуввати инсонию ирфоние, ки дошт, даст ба ин амри бузург задааст. Аз ин ҷост, ки дар бораи ӯ бисёр шахсони варзидаи кишвар сухану гуфтори арзишманде ироа кардаанд.

"Ман аз ҷавонӣ ва аз дараҷаи таҳсилоти донишгоҳи Устод чизе мушаххасан намедонам. Танҳо ба худ тахмин мекунам, ки шояд ғурури Шамс барои Тоҳир дарси ибрате шуда бошад. Чаро, ки баъдҳо дар шеваи зиндагии амалиаш шабоҳатҳое ба зиндагии Шамс мушоҳида намудам. Ин шабоҳатҳо; ғурури саркаш, қотеъият, ҷасорат, устуворӣ ва шарофати инсонӣ дар ҳадди хеле боло… Ва болотар аз боло буд", - навиштааст файласуф Комил Бекзода.

"Тоҳири Абдуҷаббор- беҳтарин намунаи рӯшанфикри комили тоҷик дар қарни бистум аст", - нигоштааст шоир ва рӯзноманигор Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ.

"Миллати тоҷик дар даҳсолаҳои баъдӣ шахсияти пешрафтае назири Тоҳири Абдуҷаббор нахоҳад дошт. Мутаассифона, сиёсатмадорон ва рӯшанфикрони феълӣ, ҳанӯз дар пояи андешаҳои даҳаи 1980-и Тоҳири Абдуҷаббор қарор доранд ва бо гузашти солҳо мо метавонем танҳо бар пояи як дарсади андешаҳои вай бирасем" , гуфтааст сиёсатшинос ва донишманд Муҳиддин Кабирӣ.

"Ростӣ, барои ман Устод Тоҳир намунаи он "бенавоҳое" буду ҳаст, ки ба гардани на ҳамаи "номуваффақҳо" таънаи бисёр задан мумкин аст. Оё кӣ метавонад сатҳи саводу ҷаҳонбинии ӯро ба вазири дилхоҳи феълии тоҷик баробар донад? Оё Ӯ наметавонист, агар ҳадаф зиндагии шахсиаш буд, онро бароварда созад?" - навиштааст сиёсатшинос Раҷаби Мирзо.

"Гӯянд марги олиме марги олам аст. Устоди гаронқадри мо симбули озодӣ ва истиқлол ин ҷаҳонро падруд гуфт. Офтоби тобони ростиву адлу озодипарастӣ ғуруб кард…Вой, дареғо. Сад ҳазор дареғ. Марде аз дунёи номард рафт, ки ба сари танҳояш миллат буд. Аз он ки дар ҷанозаи ин азиз, ин бузурги миллат натавонистам ширкат бикунам, хеле мутаассифам. Ман имрӯз ҳар як вохӯрӣ ва ҳар як сӯҳбати худро ба он Тоҷики Бузург пеши назар меоварам. Ҳар чӣ мо имрӯз аз истиқлолу пешрафт дорем, бешак моли андешаву муборизаи Устод Тоҳир аст. Ӯ воқеан Тоҳир буд, пок буд, софу беғашу беолоиш буд. Барояш то қиёмат месӯзам. Мо дар зиндагӣ ба қадри ин Марди Худо нарасидем. Ӯ сазовор ба ҳама мақому мартаба буд. Ӯ беҳтарин ва арзандатарин фарзанди миллати тоҷик дар таи ҳамин 500-соли охир буд. Худо раҳмат кунад устоди азизи моро". Сӯгномаи интернетӣ аз Толибшоҳ (Душанбе).

Миёни сиёсатмадорон ва донишмандону рӯшанфикрон Тоҳири Абдуҷабор шахсе буд бекина, сазовор, беғараз. Ӯ ҳеҷ гоҳ рашки сиёсӣ ва ҳасуди сиёсӣ надошт. Таърифу тавсифро дӯст намедошт, бинобарон касоне, ки ғараз надоранд, ному ҷойгоҳи ӯро сазовор ва шоиста медонанд.

Гуфтани ҳастам, ки пешниҳоди Аҳмадшоҳи Комил дар мавриди "Пешвои ҳаракати истиқлолталабӣ Тоҳири Абдуҷаббор сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон аст"-ро саривактӣ шуморида, онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоям.

Мамлакат ҶАЙЧИЕВА.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97