Оё хони Рамазонии тоҷик пурнозу неъмат аст?

Иҷтимоъ 19.07.2013 17:04

SabadМоҳи шарифи Рамазон дар остона дар мекӯбад. Бо дар кӯбидани ин моҳ нархи маводи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон якбора ба боло меҷаҳад ва боиси асабонӣ шудани мардуми рӯзадори камбизоат мегардад. Дар бисёре аз кишварҳои дунё ба муносибати ин моҳи муборак анвоъи ғизоии дастрас барои мардум таҳия мешавад. Ҳамчунин қишри доро дари саховатро дар ин моҳ боз карда, ба қишри камбизоат нони худро қисмат мекунад ва садақоту хайроти зиёд мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон чӣ? Бо суоли зер, ба суроғи чанде аз ҳамватанон рафтем?

Дар сабади истеъмолии мардум дар моҳи шарифи Рамазон кадом навъи ғизоҳо бояд бошад? Ва ба назари шумо чанд дар сади мардум ба ин сабади пуранвоъ дастрасӣ доранд?

ShokirjonШокир Ҳакимов,  муовини раиси ҲСДТ:

- Дар сабади истеъмолии мардум дар моҳи шарифи Рамазон меваҳо, гӯшт, нон ва дигар маҳсулоти зарурӣ барои тайёр намудани хӯроки серғизо лозим аст. Вале одатан чун савдогарони мо аз фарҳанги соҳибкорӣ огоҳӣ надоранд, кӯшиш мекунанд, ки навобаста аз фасли тобистон нархҳоро ба таври сунъӣ баланд бардоранд. Ин албатта дастрасии мардумро ба ғизо мушкилтар менамояд. Маълум аст, ки сатҳи зиндагии мардум хеле паст буда, қобилияти харидории онҳо низ ба талаботи замон мувофиқат намекунад.

OrzuxОрзу Карим, хабарнигор:

-Дар сурфаи рамазонӣ бояд ширу шакар ва ширинии маъмулии мардум нишолло ва дигар меваҷоту сабзаҷот бошад. Гӯшту равған бошаду сурфаи рӯзадорон пур бошад. Бояд тарбуз харбуза, себу ангур ва меваи хушк ва хурмои хушк низ бошад. Лекин ин вобаста аст, ба сатҳи шароити молии хонаводаҳо. Онҳо имкони харидории ин чизҳоро надоранд. Масалан як килограми гӯшт дар бозор то 30 сомонӣ ҳаст, ки барои мардуме, ки маъоши ҳади ақал 400 сомонӣ аст, ин имконро намедиҳад то ҳар чӣ дил бихоҳад бихаранд.

Sadii MahdiСаъдии Маҳдӣ, устоди ДМТ:

Суоли бисёр ҷолиб ва актуалӣ аст. Рамазон моҳи бисёр бузург ва моҳи афви тамоми гуноҳҳои мост. Пас мусалмон бояд барои ин моҳ омодагӣ бинад. Мо, манзур оилаи мо ҳар сол ҳамин гуна мекунем. Бояд дар дастархони ҳар оила нон, мевагӣ аз қабили тарбузу харбуза, себ, олу, гелос кам-кам бошад, то ки то рӯзакушоӣ хон ороста бошад. Нӯшобаи хунук, аз қабили обу чой низ ҳатмист. Дар моҳи шариф хӯрокҳои гуногуни болаззат пухтан даркор аст. Албатта, барои ҳама оилаҳо ин дастрас нест, вале шахс бояд пеш аз рамазон ниятро холис бигирад, то дар нақшаи ояндаи худ онро дарорад. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон агар шахс камтар биҷунбад- яъне меҳнат бикунад, ин неъматҳоро фароҳам оварда метавонад.

Бар иловаи ин шахсони саховатпеша низ ҳастанд, ки дар моҳи шарифи Рамазон садақа мекунанд, закот медиҳанд, зеро хайру садақа дар ин моҳ як бар ҳазор аст.

Моҳи Рамазон муборак ҳамватанон!!!

Ato MirkhojaАто Мирхоҷа, шоир:

- Маъзарат, ман, ки рӯза намегирам. Аммо ман ба ҳар хонае, ки рафтаам, касе аз беғизоӣ шикоят накардааст. Шукри Худо, ҳама хӯрок доштаанд.

 

 

Mustafo SurkhovМустафо Сурхов, коршинос:

- Рамазон моҳи муборак аст ва қудуми хуҷастаи онро ба ҳама мусалмонон табрик мегӯям ва умед дорам, ки дар ин моҳи шариф барои мардуми тоҷик хайру баракати фаровоне насиб гардад. Сабади истеъмолии мардуми мо бояд бо анвои маҳсулоти ғизоии асосӣ аз ҷумла гӯшту ширу паниру маскаву мошу биринҷу нахуду лӯбиё, меваву сабзавот пур бошад ва савдогарон дар ин моҳи муборак аз инсоф кор бигиранду набояд нархҳоро боло бибаранд. Ба фикри ман 75-80% мардум ба ин сабади истеъмолӣ дастрасӣ доранд. Дар бисёр кишварҳои исломӣ дар моҳи Рамазон давлат арзиши бисёре аз маводи ғизоиро коҳиш медиҳад, то табақаҳои камбизоат ва миёнаҳол битавонанд ба сабади истеъмолӣ дастрасӣ пайдо кунанд ва умед аст, ки дар кишвари мо ҳам чунин иқдоми нек роҳандозӣ шавад.

Abdullo AshurovАбдулло Ашӯров, хабарнигор:

- Мувофиқи омори расмӣ ҳудуди 40 дарсади мардуми Тоҷикистон камбизоат шинохта шудаанд. Аммо мо медонем, ки оморҳои расмӣ воқеиятро чандон бозгӯ намекунанд. Аз ин ҷо мантиқан метавон гуфт, ки тахминан 45 дарсади мардуми Тоҷикистон ба хӯроки серғизо, солим ва кофӣ дастрасӣ надоранд.

 

 

Munavvari MunavarzodМунаввар Мунавварзод, рӯзноманигор:

- Нон, гӯшт, тухм, шакалот, панир, нишолло, палав... ягон 0,1 дарсад ба он дастрасӣ доранд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97