Дар атрофи Бозор бозори дигар насозед, ҷанобон!

Иҷтимоъ 03.07.2013 20:12

Bozor S -Агар ҷомеъаи тоҷик воқеан як ҷомеъаи  ҷиддӣ ва аз нигоҳи равонӣ солим мебуд (барои ин густохиам аз миллат узр мехоҳам) ва дар миёни ин ҷомеъа рӯзноманигорони касбӣ (на рӯзноманигорони хаёлпардоз) бештар мебуданд, баргашти шоири дар муҳоҷират буда, Бозор Собирро тахминан ба  ҳамин  монанд хабарҳо расонаӣ мекарданд:

"Шоири тавонои замонӣ шуравӣ, ки он замон чун диссидент шинохта мешуд, ниҳоят баъди мусофирати тулонӣ бо даъвати раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашт. Бинобар иттилоъи дафтари матбуотии раёсати ҷумҳур, раиси ҷумҳур Эмомалӣ  Раҳмон тасмим гирифтааст, ки шоирро дар Кохи миллат пазироӣ кунад. ҳукумати Бозор Собир тӯҳфа кардани  хонаи се ҳуҷадорро дар яке аз сохтмонҳои тозабунёди шаҳр дар назар гирифтааст.

Хонадони Бозор Собир яке аз шоирони саршиноси тоҷик замони ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон ба Амрико кӯч баста буд ва то ин замон дар ин кишвар сукунат дошт. Шоир дар ин муддат чанд  маҷмуъаи шеърҳои тозаэҷоди худро ба табъ расонида, хонандаи шеъри нобро бебаҳра нагузошт».

Баъд аз ин шоири пири  аз мусофират хеле хасташударо ба ҳоли худ мегузоштанд, то ки дар хонаи наваш муддате нафаси осуда гирифта, нируи кории худро барқарор кунад. 

Аммо ин тавр нашуд. Рӯз-номанигорони ҳангоматалаби аз эҷодиёти шоир дида,  бештар ба феъу атвори хоси вай ошноӣ дошта, бо умеди чанд ҳарфи ғайри маъмулӣ ва на ҳамеша ва на ба ҳама қобили қабули ӯ барои ҳангома ва ҷалби хонандагони бештар ба нашрияҳои  худ, шоири хастаҳолро ба ҳоли ҷони худ намонда, мусоҳиба гирифтанро оғоз карданд.

Ҳар рӯзноманигоре мансуб ба рангу ҷилои мухталиф интизори он мешуд, ки аз забони шоир як ҳарфе ба манфиати хоҷагони ӯ берун шавад ва аз он чанд калимаи берабт ва гоҳе орӣ аз мантиқи устодро, ки ин гуна суханон хоси суҳбатҳои маҳрамона мебошанд ва ҳар як бандаи хокӣ дар кишвар ба ин монанд суханонро миёни худ низ мегӯянд, расонаӣ бикунанд ва онро бо як шеваи берун аз ахлоқи инсонӣ ва касбӣ нашр намуда, садоқати худро бори дигар ба хоҷагони худ исбот намоянд. Аксари шарҳнависон шоирро барои он мазаммат мекунанд, ки (аз ҳама бештар як "шореҳи"-и гумном бо номи "бобои мастчоҳӣ") ӯ аввалҳо СССР-ро танқид мекарду акнун онро таъриф дорад. Бозор Собир он замон ба хотири зиндагии  бештар осудаву обод Иттиҳоди шуравиро танқид мекард ва барои мардуми кишвараш ҳаёти аз он хубтарро мехост. Пас аз худкушии шуравӣ ҳама соҳиби истқлолият гардиданд. Агар  дар замони истиқлолият мо воқеан, як ҷомеъаи боадолат ва осудаву оромтарро месохтем, ки зиндагӣ дар он аз даври  шуравӣ беҳтар мебуд, шоир ҳаргиз дар фироқи шуравӣ ин қадар намесухт. Ба ҷое он ки рӯи шеър ва гуфтаҳои шоир дурустару аниқтар андеша намоем, дар ҳаққи ӯ суханони носазо мегӯем.

Вақте ки дар интернет ба навиштаҳои мардуми мо дар бораи ин ё он рӯйдод ва ё ҳодиса аз наздик ошно мешавед, бешубҳа ба фикри банда дар мазаммати ҷомеъ-аи мо хоҳу нохоҳ розӣ мешавед. Дар шарҳҳои навиштаи онҳо ба вижа дар бораи Бозор Собир чи ҳарзаҳоеро намехонӣ. Яке шоир пирамардро ба осмони ҳафтум мебардорад, дигаре ӯро ба хок зада яксон мекунад ва боз ҳарзаҳои дигари бешумореро дар ҳаққи ӯ раво мебинанд.

Бародарони ҳамкасби мо низ дар ин маърака аз хонандагони худ ақиб намемонанд. Кӣ ба онҳо иҷозат додааст, ки ба хотири манофеъи гурӯҳӣ, ҳизбӣ ва ғайра аз як шоири баруманд ва дар ҳақиқат боистеъоди  миллат, як типи Жириновский гунаро  бисозанд?!

Барои чӣ, як "сюрпризи каломӣ"-и ӯро дар бораи бастани ҳизби наҳзати исломӣ ҷою ноҷой истифода мекунед? Инсонҳои солим ақл медонанд, ки бастани дари як ҳизбе, ки ҳазорон аъзо дораду Қонуни Асосии кишвар эътирофаш кардааст, ҳаргиз ба гуфтаи як шоир анҷом дода намешавад.

Барои чӣ, дигар бародарони ҳамхун шарм накарда аз шоир  барои худ, як худои ломазҳабӣ месозед? Агар ҳар касе бар чеҳраи устод хубтар зеҳн монад, бидуни муболиға дар рӯи ӯ як нуреро мебинед, ки мутаҷҷалло аз нури илоҳист. Ӯ марди бехудо нест, балки ин гуфтаҳои ӯ як нақизи нозпарвардона ва суфиёна аст, мисли кӯдаконе барои коҳиши ҷони волидон ва наздикон нақизбозӣ мекунанд. Ҳаминро мо хуб медонем, ки  устод аз бисёрии муллоҳои мо якрӯй ва парҳезгортар аст. Агар Худо накарда шайтон дар камини устод ҷой гирифта бошад, дуогӯи онем, ки Худованд тавфиқашро ҳар чӣ ба зудӣ бидиҳад.

Устод Бозор аслан аз сиёсат хеле дур аст ва ягон таҳлилу ташхиси мушаххаси вазъи сиёсии кишварро дар даст надорад. Аз рӯи суннати аҷдодии мо шахси тоза ворид гардида, ба маконе ҳар чанд он ҷо ватани ӯст меҳмон дониста мешавад. Аз ин рӯ раиси ҷумҳур аз рӯи ин суннати миллӣ шоирро пазироӣ кард. Агар ӯ аз вазъи сиёсии кишвар огаҳӣ медошт, аз мизбони олиқадри худ дархост мекард, ки бо хотири оромӣ ва осоиши ҷомеъа дар чунин як давраи бениҳоят ҳассос ва эҳтироми принсипи инсондӯстӣ Зайд Саидови маъюби модарзодро озод кунад. Ин хоҳиши меҳмони худро раиси ҷумҳури кишвар аз рӯи олиҳимматӣ, ки хос хулқи эшон аст, ҳаргиз рад намекарданд.

Ҷанобони арҷманд, аз шумо хоҳиш мекунем аз Бозори шоир бозори дигари ҳангомаю валвала бар нафъи кори худ насозед. Ноорому нороҳат кардани як пирамарди солхӯрда, ҳаргиз аз рӯи одоб нест ва нахоҳад буд.

Халқи тоҷик як хусусияти хоси миллии худро дорад, ки монандии он дар дигар халқу миллатҳо кам дида мешавад. Аз сарваронаш саркарда то навкаронаш дар ҳар давру замон ба ҳарфи шоирон эътимод доранд ва аз дигарон дида, бештар ба гуфтаи онҳо гӯш медиҳанд. Як сухани устод Рӯдакӣ "Бӯи ҷӯи Муллиён ояд ҳаме…" аз гузоришҳои мас-ъулону мушовирони давлатӣ бештар ба амири сомонӣ кора кард, ки аспро мегӯянд бе зину абзол савор шуда, сӯи Бухоро раҳсипор гардид.

Боварӣ ва эътимоди халқи авом  ба сухани шоир тамоман ғалатист, онҳо гӯё дар симои ӯ Хуҷаи Хизрро мебинанд ва гумон доранд, ки ҳар чи ӯ гӯяд, ҳамон хоҳад шуд.

Ба ватан бозпас овардани чунин шоири якрӯй ва рӯиростгӯй ва орӣ аз хушомаду чоплусӣ амали хайр ва қобили табрик буда, бар наъфи кори кишвар аст. Худое накарда Бозор Собир нею як муташоири чоплусу хушомадгӯй ба ин марҳамат сазовор дониста мешуд, онгоҳ  ҳаросу нороҳатӣ ба маврид мебуд. Кӣ гуфта метавонад, мадҳу сано ва таърифу тафсифи беасосу пояи шоирони дарбори Сомониён дар шикасти ин давлат бетаъсир буда аст?

Торих барои сабақомӯзист, на ифтихори ҳубобӣ!

Неъмат Неъматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97