Ҷаҳонбинии ту "ҷаҳонбинии шикамӣ" аст!

Иҷтимоъ 01.07.2013 16:16

Dr-Ali-ShariatiМо дар дунёи пурасроре ба сар мебарем, ки зоҳиран чун пари товус зебову чун пойи он гоҳ нохушоянд аст. Ин дунё сармояест, ки шинохти он бисёр муфид ва ноогоҳӣ аз рамзу рамузҳояш хатарнок мебошад. Унсурулмаолии Кайковус бар абас нагуфтааст, ки "ақл бузургтарин саодати одамӣ ва ҷаҳолату нодонӣ аз бадтарин мусибатҳои ӯст".

Мавзӯи баҳс ва ҳадафи мо дар ин нигошта дур будан аз таассуб аст, зеро бисёре аз нуқсу айби инсон аз таассуб сарчашма мегирад. Таассуб барҳамзанандаи хушиҳои зиндагӣ ва қатъкунандаи риштаҳои дӯстист.

Аз нигоҳи луғавӣ таассуб аз решаи "асаб" ва "асабоният" баргирифта шуда ба маънои; барошуфтан, тундӣ кардан, пархош кардан, дуруштӣ кардан, ҷонибдорӣ кардан, ҳимоят кардан, сахт гирифтан ва бар хилофи ҷавонмардӣ ва мадорогароӣ таъбир шудааст. Бар ин асос метавон гуфт, ки "таассуб" дар фазои гусаста ва канора гирифтан аз фарҳангҳову донишҳо ва дастовардҳои дигарон шакл мегирад ва шахси мутаассиб наметавонад андеша ва тафаккури мухолифи худро бипазирад, балки чунин ашхос худро барҳақ ва дигаронро ночизу беҳуда ва гумроҳ мебинанд ва ҳамвора хештанро дурусту дигаронро хато мешуморанд.

Афроде, ки аз хештану фарҳанги худ ва афкору ақидаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии ҷаҳони имрӯз огоҳ ҳастанд ва онро хуб дарк мекунанд, таассубро инкор ва бо шахси мутаассиб муқовимат мекунанд.

Дар иртибот бо ин гуфтаҳо мехоҳам китоби донишманд ва файласуфи фақиди иронӣ доктор Алии Шариатӣ, ки зери унвонӣ "Падар! Модар! Мо муттаҳамем" аст, онро чун милок ва ё мояи гуфтаҳои хеш қарор диҳам.

Дар ин китоб нависанда мутаассибонро ба шиддат зери тозиёнаи  танқид қарор дода, бо волидайн, ки фарзандро ба таассубгароӣ водор  менамоянд, забон ба эътироз кушода бо эшон то ҳадде пархошҷӯӣ мекунад.

Алии Шариатӣ инсонҳоро аз гирдоби таассуб ба сӯи равшангароиву равшанфикрӣ иршод мекунад ва ӯ таъкид мекунад, ки: "...равшанфикр касе аст ба навъи тоза биандешад. Агар савод надорад, надошта бошад, фалсафа намедонад, надонад, фақеҳ нест, набошад, физикдону кимиёдону муарриху адиб нест, набошад, вале замонашро ҳис кунад, мардумро бифаҳмад, бифаҳмад, ки акнун чи гуна бояд биандешад ва бифаҳмад, ки чи гуна масъулиятеро бояд ҳис кунад ва бар асоси ин масъулият фидокорӣ дошта бошад...равшанфикр, яъне касе, ки даркаш ва огоҳияш бисёр боло аст.

Алии Шариатӣ худро аз таассуб дур мегирад. Вале ин дур будану фирор карданро бо андешаҳо ва суханони нешдор ба хонандаи хеш, ба гунае баён мекунад, ки синон ба сувайдои дили ӯ мегузорад, чунончӣ: "Падар! Модар! Ту мегӯӣ: намоз хондан бо Худо сухан гуфтан аст. Тасаввурашро бикун, касе бо мухотабе машғули ҳарф задан бошад, аммо худаш нафаҳмад, ки дорад чӣ мегӯяд? Фақат тамоми кӯшишаш ин бошад, ки бо диққат ва васвоси мазҳакӣ алфозу ҳарфро аз махориҷи аслиаш содир кунад! Агар ҳангоми ҳарф задан "сод"-ро "син" талаффуз кунад, ҳарф заданаш ғалат мешавад, аммо агар аслан нафаҳмид чӣ ҳарфҳое мезнад ва ба мухотабаш чи мегӯяд "ғалат намешавад!""

Алии Шариатӣ бар ин назар аст, ки ҳар кас бояд ҳиммат кунад, ки чун дар пешгоҳи Худованд меистад ва бо ӯ муноҷот мекунад, бидонад чӣ мегӯяд. Бадеҳӣ аст, ки ибодат бо ин кайфияти бештар ва маънавияти зиёдтар дорад. Ӯ бар ин андеша нест, ки агар касе маънии намозро надонад намозаш ботил аст, балки ӯ бо ин иборот ва ин тарзи гуфтор намозеро, ки намозгузораш таваҷҷуҳ ба маънои он надорад, то ҳадде беарзиш ва амали лағву беҳуда талаққӣ кардааст.

Вале ба андешаи мо чунин тарзи фикрронӣ чандон қобили қабул ва шоистаи таҳсину сутудан нест, зеро мо аз  дафтари дувуми "Маснавии маънавӣ"-и Ҷалолиддини Румӣ достони "Инкор кардани Мусо (а) бар муноҷоти шӯбон"-ро ба хотир дорем ва онро қисман шоҳид меорем:

Дид Мусо як шӯбонеро ба роҳ,

К-ӯ ҳамегуфт: Эй гузинанда илоҳ.

Ту куҷоӣ, то шавам ман чокарат,

Чоруқат дӯзам кунам шона сарат.

Ҷомаат шӯям, шабушҳоят кушам,

Шир пешат оварам, эй муҳташам.

Дастакат бӯсам, бимолам поякат,

Вақти хоб ояд, бирӯбам ҷоякат.

Эй фидои Ту ҳама бузҳои ман,

Эй ба ёдат ҳай-ҳайю ҳай-ҳойи ман.

Ин намат беҳуда мегуфт он шӯбон,

 Гуфт, Мусо: Бо кияст ин эй фулон?

Гуфт: Бо он кас, ки моро офарид,

Ин замину чарх аз Ӯ омад падид.

Гуфт Мусо: ҳой, бас мудбир шудӣ,

Худ мусалмон ношуда кофар шудӣ...

Шарҳи  кутоҳи достон чунин аст: "Рӯзе ҳазрати Мусо (а)  ба чӯпоне бархӯрд, ки бо забони сода ва бепироя Худоро ёд мекунад. Масалан мегуфт:  Эй Худо Ту куҷо ҳастӣ, ки ман навкарии Ту кунам, мӯзаатро бидӯзам ва шона бар гесувонат кашам, шапушҳои ҷомаатро бикушам ва аз шири гӯсфандон ба Ту ғизо диҳам, дастону пойҳоятро навозиш кунам ва хобҷойи туро поку покиза кунам." Аз ин суханҳо ҳазрати Мусо барошуфт ва ӯро накуҳиш кард. Чӯпон дилшикаставу ғамгин роҳи биёбон дар пеш гирифту рафт. Аз он сӯй ҳақ таоло ба ҳазрати Мусо ваҳй фиристод ва зимни он, сахт ӯро мавриди итоб қарор дод, ки чаро он бандаи мухлиси маро аз мо ҷудо кардӣ?! ҳазрати Мусо бедаранг ба дунболи чӯпон давид...

Мо забонро нангарему қолро,

Мо дарунро бингарему ҳолро.

ҳамон гуна ки Алии Шариатӣ дар оғози китоб гуфтааст: "Шумо сухани маро гӯш бидиҳед; аз шумо намехоҳам, ки ҳар чӣ мегӯям бипазиред... ҳарфе, ки ман мезанам танҳо ба хотири ҳақиқат аст ва агар назарам дуруст набошад, ниятам дуруст аст ва фарёдам аз сари масъулияту дард."

Ба андешаи Алии Шариатӣ онҳое, ки минбар, меҳроб ва либоси руҳонӣ доранду муридони пулдор меҷӯянд ва дар дарёи таассуб шино мекунанд, онҳо наметавонанд рушди иқтисодии кишварро муайян ва онро вусъату густариш диҳанд. Балки ӯ таъкид мекунад, ки мазҳари ҷомеа дар замони имрӯз адибу нависанда, мутафаккиру файласуф табибу равоншинос, иқтисоддону ҷомеашинос, муҳандис ва дигар афроди кордон буда метавонад.

Алии Шариатӣ аз як сафари худ ба Макка ёдовар шуда, чунин нигоштааст: "...як сол рафтам Макка то дар як конфронси байналмилалӣ суханронӣ кунам. Матни суханрониро додам; рад карданд ва гуфтанд, ин: "шиаи ғолӣ", яъне шиаи ифротӣ, шиае, ки дар бораи Алӣ муболиға мекунад. Вақте  ба ман хабар доданд, ки ба иттиҳоми "шиаи ғолӣ" будан ва "алипараст" будан дар Арабистони Саудӣ маро аз ширкат дар конфронси исломӣ мамнуъ карданд, Худоро шукр кардам, ки маро ба роҳе ронда, ки "дар Ирон муттаҳам ба тасаннун ҳастам ва дар Арабистон муттаҳам ба ташайюъ! Ба ҳар ҳол, агар роҳи ман дуруст ҳам набошад, лоақал ба ҳақиқат наздиктар аст..."

Чунонки аз гуфтаҳои нависанда бармеояд ӯ дар он ҳангом бо шахсони мутаассиб дучор шудааст, зеро чунин ашхос ба шиддат ба самти як назар гароиш доранд ва бо хушунат аз он дифоъ мекунанд ва сухани ҷониби муқобили худро ҳаргиз намехоҳанд, ки шунаванд. ҳол он ки агар касе танҳо ба як сухан гӯш фаро диҳад, мусалламан ба беҳтарин гуфта даст намеёбад.

Алии Шариатӣ дар идомаи андешаҳои худ бо суханони пӯстканда, тунду талх ва интиқодҳои кубанда боз ба падару модари хеш мубоҳаса мекунад. "Ту ҳар солу ҳар моҳ ва ҳар ҳафтаву ҳар шабу ҳар рӯз барои достоне бо номи Карбало гиря мекардӣ ва гиря мекунӣ, ман намедонам, ки он достон чӣ ҳаст! Ту ҳам намедонӣ, ҳар вақт ҳам аз ту пурсидам, фақат як чизҳои мубҳам ва куллӣ гуфтӣ, ки аслан нафаҳмидам чӣ буд? Чун худат ҳам намедонистӣ. На падар! Хаёлатро роҳат кунам, ман аз ин ошуро ва инқилоб ва равзаву синазанӣ ва мусибату доду бедод ва гиряву Карбалои ту чизе нафаҳмидам, раҳо кардам. Ба ман ҳақ намедиҳӣ падар! Модар!" ҳақ намедиҳӣ, ки ин ҳамаро канор бирезам ва биравам ба дунболи кору зиндагиям, ба дунболи илму фикру фалсафа ва адабиёту ҳунар?

Таассуб ақлро кӯр мекунад ва инсонро аз аъмоли андеша ва фикр кардан боз медорад ва тавони диққат ва нек нигаристан дар гузиниши мавзуи нав ва дурустро аз ӯ мерабояд; ба ҳамин иллат таассуб мавзуи бехирадона ва дар таззод бо ақлоният ва зидди арзишҳо ва меъёрҳои хирадварзӣ аст.

Доктор Алии Шариатӣ бо таассуф иброз кардааст: "Хеле аз ашхос ба мо эрод мегиранд..., ҳатто чизҳои кучакро ҳам бар мо намебахшанд, мисли он ки: "Чаро кровот (гарданбанд, галстук- А.Ҷ.) мезанӣ?", "Чаро ришатро метарошӣ?", "Чаро дар суханат ба андозаи кофӣ салавот нафиристодаӣ?",... "Чаро исми Умар ва Абубакр, ки зикр шуда, фаҳши номус надодаӣ?!"

"Инҳо аст бузургтарин хатарот ва даҳшатноктарин хатоҳо ва инҳирофу ноҳинҷориҳо ва суқутҳои ғайри қобили таҳаммул, ки дар муҳити иҷтимоӣ ва дунёи фикриву маънавии муътақидоти мазҳабии онҳо рух додааст ва ошуфташон кардааст."

Хулоса, дар ин китоб доктор Алии Шариатӣ ба ин масъала мепардозад, ки иддае, яъне ҳамин мардуми мутаасиб, намоз мехонанду рӯза мегиранд ва дуо мекунанд ва ба ёди ҳусайн ба сари синаҳошон мезананд, аммо мутаваҷҷеҳи хатаре, ки динро таҳдид мекунад, нестанд. Онҳо ҳамвора худро маҳдуд мекунанд ва саъй мекунанд аз дунёи атрофашон бе иттилоъ бошанд ва ин гуна дар оромиш ба сар мебаранд.

Фаровонанд афроде, ки матлаби дигаронро ба ришханд гирифта, барчасбҳои нораво ба онҳо мезананд; чун худашон онро нахондаанд, нашунидаанд ва надидаанд ё дақиқан нисбат ба он фикр накардаанд. Ва шоир ба ин гуна афрод хитоб карда гуфтааст:

Чу бишнавӣ сухани аҳли дил магӯ, ки хатост,

Суханшинос наӣ ҷони ман, хато инҷост.

Ҷумъахон Абдулҳадов, номзади илмҳои филология,

устоди факултети забонҳои Осиё ва Аврупо

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97