Тоҷик кай истироҳат мекунад?

Иҷтимоъ 25.06.2013 07:20

zontiki otdyx Чанд рӯзе аз фасли тобистон даргузар аст. Баъдан имсол Рамазон боз ҳам тобистон меҳмони мост. Ҳар сол ба назар мерасид, ки бо расидани фасли тобистон хиёбонҳои пойтахт камодам мешуд. Аммо имсол таътили тобистона ҳам ба таъхир уфтод. Шояд аз ин рӯст, ки рӯзҳои аввали тобистон пойтахт пуршулуғтар аз солҳои дигар аст. Аз ин рӯ аз чанде аз ошноён пурсидем: Тобистон аст, ба қавле фасли истироҳат. Ба назари шумо чанд дар сади мардуми тоҷик истироҳат мекунанд? Ва шахсан худи шумо кай истироҳат мекунед?

Kaymarsi AtoКаюмарси Ато, хабарнигор:

- Ба назари ман, танҳо барои 10 ё 15 дарсади аҳолии Тоҷикистон, яъне онҳое, ки соҳибмансабанд, кори доимиву маоши хуб ва тиҷорати хуб доранд, тобистон фасли истироҳат аст. Барои боқии аҳолии кишвар тобистон фасли кор ва ҷустуҷӯи ризқу рӯзист. Мардуми кишоварзи Тоҷикистон дар ин фасл бештар ба ҷамъоварии ҳосилу хушк кардани меваҳо машғуланду аксари муҳоҷирон дар Русия андармони сохтмони биноҳо. Истироҳат ҳамон вақте мешавад, ки одам камбудии зиёд надошта бошад ва серу пур бошад. Шумо бигӯед, ки чӣ қадар аз аҳолии Тоҷикистон серу пур асту хотири ҷамъ дорад?

Агар худи маро мепурсед, шахсан бештар аз даҳ сол аст, ки тобистонро ҳамчун фасли истироҳат намешиносам!

Muhammadiqbol AtoevМуҳаммадиқбол Атоев, мудири шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон:

- Азбаски мо дар давлати демократӣ зиндагӣ мекунем, аз рӯи хусусиятҳои ин сохт барои истироҳат кардан фасли муайян ва ё хосе вуҷуд надорад. Аз рӯи принсипҳои зиндагии шарқиёнаи мо фасли истироҳат-фасли зимистон аст, ки аксари мардум дар ин фасл корҳои саҳроӣ надоранд. Дигар ин ки фасли баҳор барои кишту кор, тобистону тирамоҳ барои парвариш ва ҷамъоварист. Дар сардии зимистон мардум пушти печкаи гармакак истироҳат мекунанд.

Аммо давлати демократӣ барои мо муайян кардааст, ки ҳар вақте ки хоҳем истироҳат мекунем, ҳар вақте ки хоҳем кор мекунем, албатта вобаста ба имконият ва мавқеъю вазифаамон.

Umed JayhuniУмед Ҷайҳонӣ, муҳоҷир, шаҳри Маскав:

- Акнун солҳст, ки тобистон барои бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон фасли кору бор аст. Ман ҳам кор мекунам, зеро бо гардишгарӣ сару кор дорам ва дар ширкати гардишгариву ҷаҳонгардӣ кор мекунам. Аз Ирон бароям меҳмон меояд ва ман онҳоро дар Маскав гардиш мебарам.

Ман зимистон таътил дорам.

 

Parvina IbodovaПарвина Ибодова, ҳуқуқшинос:

- Фикр меунам, ки мардуми тоҷик на он қадар пули бисёр дорад, ки тавонад истироҳат бикунад, чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷ аз он. Вале ҳастанд нафарон, оилаҳое, ки ҳар сол барои истироҳат ба хориҷа мераванд ва ё дар ҷойҳои махсуси истироҳатии Тоҷикистон тобистонро мегузаронанд. Аммо афсус, шумораи ин нафарон кам аст ва асосан ин сокинони шаҳри Душанбе ва ё шаҳрҳои калони кишвар мебошанд. Лекин аксар мардуми шаҳру ноҳияҳои дурдаст аз ин неъмат маҳруманд.

 

Abubakri FayzaliАбубакри Файзалӣ, хабарнигори муҳоҷир, ш. Маскав:

- Мафҳуми истироҳат ва Тоҷик ба фикрам бегона шудаанд. Ёд дорам, 8 сол пеш ҳамроҳ бо кӯдаконам 1 ҳафта дар дараи Ромит истироҳат доштем. Дигар ёд надорам, ки кай истироҳат карда бошам. Моҳи март аз Русия ба Ватан бо сафари корӣ ба қавле "истироҳат" омадам. Аз ҷаври кори рӯзгору тармими шикасту рехти хона як рӯз ҳам истироҳат накардам. Дар коргоҳ ҳамаро пурсиданд, ки кай мехоҳанд истироҳат бираванд, барои рухсатӣ дар моҳҳои тобистон талош бархост. Чун навбати ман расид, каме гаранг шудам, надонистам, ки оё истироҳат кардан мехоҳам ё не? Зеро ончунон ба кор одат кардаему истироҳатро фаромӯш, ки ҳатто организмамон дигар талаби истироҳат намекунад.

Дирӯз бародарзодаам, ки дар яке аз анборҳои Маскав кор мекунад, маъюсу малул хона омад, сабаб пурсидам, гуфт; аз ин ба баъд моро дар як ҳафта як рӯз истироҳат медиҳанд. Гуфтам, хурсанд бош охир, гуфт, чӣ, мо дамгирӣ омадем ин ҷо! Ҳатто 2 рӯзи истироҳати ҳафта барои мо муҳоҷирини Маскав тулонӣ асту нолозим, ба фикрам: Аммо, ҳатман сари истироҳат ҳам бояд андеша кард...

Mehrali ToshmuhammadovМеҳралӣ Тошмуҳаммадов, сокини шаҳри Душанбе:

 - Теъдодро шумурдан душвор ҳаст, вале худи фарҳангу сифати истироҳат хеле тағйир ёфтааст. Аксарияти мардум бо шаклҳои маъмулӣ истироҳатро дар диёри ниёгон дар иҳотаи хешу ақрабо, қисмате дар истироҳатгоҳҳои дохили кишвар, ба истилоҳ "Тоҷикони нав" дар саёҳати кишварҳои хориҷ мегузаронанд.

Ман бештар ҷойҳои бостонӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро сайру гашт мекунам.

SHoira RahimjonШоира Раҳимҷон, хабарнигор:

- Мардуми тоҷик меҳнатпарваранд. Истироҳатро қисми зиёд дар хоб мебинанд. Умуман барои истироҳат кардану истироҳатгоҳ рафтан як каме маблағ лозим аст. Магар бо чунин сатҳи иқтисодие, ки аз касе пушида нест, истироҳат карда мешавад? Табиист, ки НЕ!

Худи ман тобистонро барои рӯзҳои дарозаш дӯст медорам. Чунки корҳоямро ба сомон расонида метавонам. Бинобар ин дар ин фасл аз истироҳат куллан дур ҳастам. Албатта сарфи назар аз рӯзҳое, ки бо фарзандонам ба табиат меравему он рӯзҳо куллан бо онҳо ва дар андешаи фардои онҳо, бидуни кор, фаъолияти эҷодӣ, қабули зангҳои телефонӣ сипарӣ хоҳад шуд!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97